Главная / Гуногун / Драмаи Точики (ЧИНГИЗ ВА БИБИСОРО)

Драмаи Точики (ЧИНГИЗ ВА БИБИСОРО)

Намоиши якум

Иссиккул. Охири тирамох. Хангоми говгум. Лаб-лаби кул тархи танхои марде охиста равон аст. Хар замон бозистода, мисле, ки чизеро чуёст, ба дуродури фазои кул менигарад. Банохост, гуё аз каъри кул, куе пайдо мешавад; садои хазине бароварда, дар кули тирафом шино мекунад. Мисле, ки чизи мечустаашро дида бошад, тархи танхо бо иштиёк ба ку менигарад. Ку, батадрич дур рафта, дар торикие, ки кулро фаро гирифтааст, нопадид мешавад. Пеши чашмони каси танхо тархи ку симои зани сафедпушеро мегирад, ки мавзун мераксад. Боди сарди кул пероханашро алвонч медихад ва у чандон дур меравад, ки дигар зан ва ё ку буданашро ташхис кардан душвор аст. Окибат ба нуктае табдил меёбад ва дар каъри кул ё уфки тирафом нопадид мешавад. Тархи танхо, махзуну ноилоч ба он дурии дур нигариста, дар сохили бекаси кул карахт мемонад.

pdfТарх (худ ба худ, бо хасрат). Бовар намекунам! То хол бовар намекунам. (Ох мекашад). Наход?! Наход?! Худоё!

(Ашки чашмонашро пок мекунад. Лахзае истода, пас лаб-лаби кул равон мешавад. Ки медонад, агар духтари зебое дучораш намешуд, шояд тарк мегуфт у сохилро. Духтар марди дар сохил сарсонро интизори мекашид. Ва, ба умеди аз боди сард эмин мондан гиребони нимпалтояшро бардошта бошад хам, сахт хунук хурда буд. Чун мард наздик омад, духтар охиста садо кард.) Борбардории драмма (Скачать) >>>

Духтар (шармида). Салом, Чингиз-ака.

Чингиз (хануз банди андешахои худ аст). Салом, духтарам. Дар ин чо, танхо чи кор мекуни? Бевакт шудааст.

Духтар (бо хаячон). Шуморо интизор будам.

Чингиз (пурсишомез нигариста). Хуб… Саволе дори?

Духтар (аз хаячон сухан намеёбад). Не… Балки ха… Мехостам як чизро нишонатон бидихам… Агар вактатон бошад… (бо хаячон чузвдони тахи кашашро гирифта, шитобон мекушояд). Ана… хамин чиз… як аз назар мегузарондед… (Дастаи когазро ба Чингиз медихад).

Чингиз (когазхоро гирифта). Манзили маро медони?

Духтар (саросема). Ха, устод… Рафта будам, гуфтанд, ки шумо ин чоед.

Чингиз. Ман баъди як хафта меравам. Дар ин байн хатман ин чизро мехонам. Баъди панч-шаш руз вохурда, сухбат мекунем, хуб?

Духтар (сар мечунбонад). Хуб, устод.

Чингиз (дастхатро аз назар мегузаронад). Чист ин?

Духтар (аз хаячон сурх мешавад) Киносенария.

Чингиз. Киносенария?.. Ачиб. (Вараки аввалро мехонад) «Чингиз ва Бибисоро».

(Духтар, аз шарм сар хам карда, бехаракат меистад.)

Чингиз (холати духтарро дида, хушхолона). Вокеан, ачиб. Ки навиштааст?

Духтар (охиста). Ман.

Чингиз (бо таваччухи бештар). Хуб… Хуб, духтарам. Биё, ин хел кунем. Навиштаатро худи хамин руз мехонам. Пагох, хамин вакт, дар хамин чо вомехурем. Хуб?

Духтар (бо хаячон). Хуб, устод.

Чингиз. Ха, номат чист?

Духтар (бо хаячони афзун). Номам… Асал.

Чингиз. Асал?

Асал. Х-ха…

Чингиз. Инаш хам ачиб (рафтани мешавад).

Лахзае сукут.

Асал (ба худ омада). Устод… мумкин, гуселатон кунам?

Чингиз. Гуселам куни? Хайр, агар вакт дошта боши, ман зид не.

Харду лаб-лаби кул мераванд.

Сахнаи дуюм

Рузи дигар. Асал дар сохили кул ин тараф – он тараф кадам мезанад. Дар хаячон аст, хар замон ба чонибе, ки бояд Айтматов пайдо шавад, менигарад. Окибат тархи Айтматов падид меояд ва бешитоб суи духтар равон мешавад. Изтироби Асал аён аст, вале у, худро ба даст гирифта, ба истикбол мешитобад.

Асал (шармида). Салом, устод.

Чингиз. Салом, духтарам, салом. Хеле интизор шуди, ха?

Асал (шармида). Не, устод, чандон не…

Чингиз. Тамоман ях кардаи-ку, саропоят меларзад.

Асал (хамон хел шармида, саросема). То ба ин чо омадан хеле дар куча будам… вале ях накардаам… бисёр дар хаячонам, аз афташ, барои хамин меларзам.

Чингиз. Мухимаш, ки сармо нахурда боши, вагарна худо накунад, ки касал шави.

Асал (бо шитоб). Не, устод, тамоман хунук нахурдаам.

Чингиз. Ин хел бошад, рафтем, лаб-лаби кул кадам мезанему сухбат мекунем, хуб?

Асал (омодаи рафтан шуда). Хуб, устод.

Лаб-лаби кул равон мешаванд.

Чингиз. Навиштаатро хондам. (каме сукут мекунад) Нагз навиштаи. (Андешамандона) Албатта, он хакикати туст ва хак дорад, ки бошад. Хама чихатро хуб омухтаи, чамъбаст хам карда метавони… (Баъди каме сукут) Лекин баъзе чойхояш… ба гумони ман, чи хосил аз нишон додани ин хама? Хар чи буд, гузашт. Кохи кухнаро бод кардан зарур набудагист.

Асал (Ошуфтахол). Кадом чояшро дар назар доред, устод?

Чингиз. Чое, ки сухан аз «Чамила» меравад.

Асал (бо эхтиёт). Нодуруст навиштаам, устод?

Чингиз. Не, хамааш дуруст, айнан хамин хел буд… Лекин, духтарам, зарур аст оё, хамааш гузашт, охир. Одамон гохо галат мекунанд ва бо мурури замон галаташонро мефахманд.

Асал (шармида, вале катъи). Охир, устод, чи кадар бади карданд онхо ба шумо.

Чингиз. Ха, албатта. Чурми замон. Давр дигар буд.

Асал (бо эхтиёт, вале катъи). Оре, устод, замон хамин хел буд… вале онхо шуморо барои истеъдодатон бад медиданд.

Чингиз. Ин хел набудагист, духтарам. Сабаби хамааш – нофахмихо. Мафкура хам тамоман дигар буд.

Асал (бо хаячон). Ба фикрам, устод, мафкура ин чо дахле надорад. Хамеша бехунарон боистеъдодхоро бад мебинанд. Махсусан, дар мо, киргизхо.

Чингиз. Хайр, ин… Хар чи хам бошад, духтарам, акнун бисёриашон зинда нестанд, охир. Лекин хешу табор доранд, фарзандонашон хастанд, бо зикри ин масъала онхоро дар холати ногувор мемонем.

Асал (андешамандона). Барои чи одамон аз хакикат меранчанд, устод?

Чингиз. Хакикат?.. (баъди сукути кутох) Ин хикмати басо мураккаб аст, духтарам. Хануз касе ба мохияташ нарасидааст. Хар инсон хакикати худро дорад. Албатта, боз хакикати вокеи хаст. (Сукути кутох) Аз афташ, ба ту фахмонда натавонистам, ха?

Асал. Не, фахмондед. Лекин…

(Сукути кутох)

Чингиз. Пас, биё, ин хел маслихат кунем. Ному насабашонро мегирем ва ё тагйир медихем. Масалан, танхо «нависанда» ё «Эшмат Тошматов», «Тошмат Эшматов» навиштан кофист, аз чунин дигаргунихо хакикат зарар намебинад.

Асал (бечуръатона). Одамон нафахманд-чи, устод?

Чингиз. Ба фикрам, мефахманд. (Папкаро кушода варак мезанад) Барои мисол, ана, ин нависанда, бигзор, «Эшмат Тошматов» бошад, дигарашро «Тошмат Эшматов» меномем. Ана, ин занро «Олмахон» биномем, мешудагист.

Асал (нобоварона). Номи рохбари хизбиро хам тагйир додан даркор?

Чингиз. Оре, номи уро хам тагйир медихем. Масалан, «Хасан Хусейнов» меномемаш. Аз ин тагйирот киносенарияат хакконияташро гум намекунад. Ана, акнун, духтарам, бихон.

(Асал, сенарияро ба даст гирифта, мехонад)

Сахнаи сеюм

Асал. Тобистони соли 1959 дар Ленинград филм-балети «Чолпон» ба навор гирифта мешуд, ки дар он Бибисоро Бейшеналиева накши афсунгари маккор Айдайро мебозид.

Дар хамин вакт намояндагие аз Киргизистон ба Ленинград омад, ки дар хайаташ дастпарвари курсхои дусолаи олии Донишкадаи адабии ба номи Горкий, нависандаи чавон, вале аллакай машхур – муаллифи киссахои махбуби мардум «Ру ба ру» ва «Чамила» Чингиз Айтматов низ буд.

То ин мулокот Чингиз ва Бибисоро хамдигарро танхо гоибона медонистанд.

Шаби Ленинград. Хомуширо танхо шарфаи об халалдор мекунад. Дар сохили Нева, зери нури чарогхо ду тархе намоён аст, ки андешамандона ба дарё менигаранд.

Бибисоро (бо хаёчон). Бисёр дуст медорам ин шахрро. Бачагиам дар ин чо гузаштааст. Дар огушаш худро чун дар хонаамон хис мекунам. Бахусус, дар шабхои сафед.

Чингиз. Ха-а… бисёр оличаноб. (баъди сукути кутох). Хушбахтед шумо, ки дар ин шахри муъчиза хондаеду ба камол расидаед. Вокеан, бахт аст ин.

Бибисоро (табассум мекунад). Мехохед, пагох ба омузишгохамон, ба Ваганово бараматон?

Чингиз. Бо майли тамом. Бисёр мехохам омузишгохеро бубинам, ки чунин ситораро тарбият кардааст.

Бибисоро (хандида). Шумо, нависандахо, муболигаро нагз мебинед.

Чингиз. Ин муболига не, хакикат аст. Шумо, дарвокеъ, ахтари навтулуи санъати киргизед.

Бибисоро (хандида сар мечунбонад). Маро шарм надоронед, рухсорахоям алав гирифт, ана, даст кунед. (Дастони уро ба рухсорахояш мерасонад) Месузанд-а?

Чингиз (Худро гум карда). Ха-а… ба фикрам, ха…

Бибисоро (хандида дастони уро охиста сар медихад). Шумо, аз афти кор, пахлавонед-а? Дастонатон дастони Хучамкул-пахлавон барин бакувват. Гуштингири хам кардагистед.

Чингиз (шармида). Дар бачаги карда будам. Бо хамсолонам бисёр гуштин мегирифтем.

Бибисоро (хандида). Зуд-зуд голиб меомадед?

Чингиз (хамчунон хандида). Чи хел бигуям… бисёрихоро ба тахтапушт хобондаам.

Бибисоро. Шумо бояд раккос мешудед. Дар руи чунин дастони пурзур кас худро боэътимод эхсос мекунад. Як паканахо меоянд ба театр, дастонашон харобу бекувват… вакте ки бо дастони ларзон мебардорандат, аз тарс раксро хам фаромуш мекуни! (хандида) Хайронам, ки чи хел хануз устухонхоямро нашикастаам.

Чингиз. (бо хаячон). Илохо, аз даханатон шамол барад. (Харду, дурудароз ба дарё нигариста, хомуш мемонанд).

Бибисоро (механдад). Агар шуморо «Ачинов» биномам, хафа намешавед?

Чингиз. Ачинов? Барои чи махз Ачинов?

Бибисоро (механдад). Мо, раккосон, лолем-ку. Дар сахна, албатта. Ба кавле, «лому мим» намегуем. Дар зиндаги хам тоби сухбатхои тулони надорем. Барои хамин, ба чои «Чингиз Айтматов»-и тулони барои ман мухтасар «Ачинов» гуфтан кулайтар, яъне Айтматов Чингиз.

Чингиз (механдад). Бисёр ачиб садо медихад.

Бибисоро. Яъне, ичоза додед?

Чингиз (хамоно хандида). Мархамат, хатто бисёр хушам меояд. «Ачинов» – то хол касе чунин дустдориам накарда буд.

Бибисоро (хандида). Шумо метавонед маро «Биби» биномед.

Чингиз (чидди). Не, ман ин хел наметавонам, номатонро пурра мегирам.

Бибисоро (бо навозиш). Ихтиёратон. Мачбур намекунам.

Сукути тулони.

Чингиз (каме дар хаячон аст). Шуморо тамоман дигар хел тасаввур мекардам.

Бибисоро (хандида). Хайр, чи хел, ба тасаввуратон мувофикам?

Чингиз (сахт дар хаячон аст). Бисёр дилкушоду чак-чаки будаед.

Бибисоро (хандида). Лутфам низ зиёд, ха?

Чингиз (бо хаячон). Ха…

Сукут.

Бибисоро (бо табассум). Ман тарсидам.

Чингиз (як кад мепарад). Аз чи?

Бибисоро (навозишкорона табассум мекунад). Вакте гуфтед, ки тамоман дигар хелам, аз дилам гузашт, ки симоям ба тимсоли дар хаёл офаридаатон мувофикат накардааст. Гумон кардам, ки аз дидорам ноумед шудаед.

Чингиз (овозаш меларзад). Баръакс, тамоман худро гум кардам.

Бибисоро (хандида). «Артисткаи халкии СССР, прима-балерина…» Хамин шуморо метарсонад?

Чингиз (аз хаячон каме забон хоида). Хайр… чи хел бигуям… шумо барои ман хамеша зани дар хусн бемисле будед! Гайр аз ин, истеъдодатонро бисёр дуст медорам. Хамеша мафтунатон будам. Ва… банохост ин саёхат хамрохи шумо, хатто бовариам намеояд, ки дар пахлуи шумоям… Гумонам, ки хоб мебинам.

Сукут

Бибисоро (бо хаячони ногахони). Вакте шунидам, ки аз Киргизистон намояндагон меоянду дар байнашон Чингиз Айтматов хам хаст, дилам ба таври ачибе тапид ва дигар чои нишастан наёфтам.

Чингиз (бештар ба хаячон омада). Вакте ки бори аввал дар сахни киштии «Аврора» дидаматон, гуё якбора баркам зад.

(Нигоххояшон ба хам бармехурад ва харду сар хам мекунанд. Чингиз мехрубонона дастони занро ба даст мегирад. Харду ба хамдигар наздик мешаванд, якдигарро ба огуш мекашанд ва тулонию ташнакомона мебусанд).

Чингиз (бо хаячон). Дустат медорам!

Бибисоро (хамчунон бо хаячон). Ман хам!

Чингиз (сахт дар хаячон аст). Як умр туро мечустам!

Бибисоро. Ман низ хамеша туро интизор будам!

(Чингиз, уро руи дастон бардошта, гирд мегардад. Бибисоро, хушбахтона хандида, дар огуши Чингиз чарх мезанад.)

Сахнаи чорум

Асал. Лахзахои нотакрори мухаббат… Чи ширинанд онхо! Он бахор Чингизу Бибисоро дар катораи «Москва-Алмаато» хамрох мерафтанд. Ду шабонаруз паси сар шуд ва ба Алмаато наздик омаданд.

(Купе. Чингиз, сарашро руи зонуи Бибисоро монда, дароз кашидааст. Махзун аст. Лахзае сукут).

Бибисоро. Дар бораи чи меандеши, Ачинов?

Чингиз (ба тиреза нигариста). Дар бораи ману ту… Торафт бештар хайфам меояд, ки барои чи барвакттар вонахурдем. Он вакт зиндагиямон дигар хел мешуд.

Бибисоро. Кисмат хамин будааст. (Муи уро сила карда). Окибат вохурдем-ку. Тамоман вонамехурдем, чи кор мекардем? (лахзае сукут)

Чингиз (ох мекашад). Дилам танг аст.

Бибисоро. Барои чи?

Чингиз. Пагох ба Алмаато мерасем, баъд – ба Фрунзе… Боз пинхоншавию рустаконбози ва чун бегонахо бо ишораи сар салом карданхо сар мешавад. Сахт монда шудаам аз чунин зиндаги.

Бибисоро (навозишкорона). Гам нахур, чонам. Дигар хел буда наметавонад.

Чингиз (эътироз мекунад). Барои чи? Хамааш дар дасти худамон! Чи хеле ки хохем, хамон тавр мешавад.

Бибисоро (нарм). Рост мегуи, чонам, хамааш ба иродаи худамон вобаста, вале… (сукути кутох) Мегуянд, вакте ки ошикон хонадор мешаванд, ишк мемирад.

Чингиз (эътироз мекунад). Ин хел шуданаш номумкин! Ба хар хол, мо хонадор шавем, дигар хел хохад буд.

Бибисоро (муи уро сила карда). Бовар мекунам, чонам, бовар мекунам. (баъди каме сукут) Лекин, вакте ки дилдодагон хар руз, хар соат, хар лахза хамдигарро мебинанд, асрори ноаёне аз байн меравад.

Чингиз (эътироз мекунад). Агар хамдигарро сахт дуст доранд, ин хел намешавад.

Бибисоро (ба хамон оханг). Шояд ту хак боши. (Сукути кутох) Вале бехуда намегуянд, ки рузгор мухаббатро мекушад.

Чингиз (ба хамон оханг). Ягон рузгор ишки хакикиро кушта наметавонад.

Бибисоро (ба хамон оханг). Оре… (сукути кутох) Ба ин дашт нигох кун, Ачинов. (Чингиз ба самти гуфтаи Бибисоро менигарад) Чи хел зебо! (Бо хаячон нафас гирифта) Ин муъчизаи табиатро бин.

Чингиз. Ха-а… бисёр ачиб (харду, назди тиреза омада, бо шавк даштро тамошо мекунанд).

Бибисоро (сарашро ба китфи Чингиз монда). Медони, Ачинов, ман дар бораи чи фикр мекунам?

Чингиз. Дар бораи чи?

Бибисоро. Фикр мекунам, ки зиндаги танхо бо чунин лахзахояш зебост. (сукути кутох) Ту, ман, рох… табиати басо зебо… Дар ёди инсон шояд факат чунин лахзахо бимонанд. Бисёр чойхои зеборо дидаам ман, вале дилрабоии табиатро харгиз мисли имруз эхсос накарда будам. (Баъди сукути кутох) Медони, барои чи?.. Барои он ки ишки ману ту дунёро зебо кардааст. Бигу, Ачинов, оё бахт хамин нест?

Чингиз. Хамин аст, чонам (китфони Бибисороро ба огуш гирифта, сахт ба худ мефишорад) Махз хамин аст бахти хакики.

Бибисоро (хушхолона табассум мекунад). Анна, ин гапи дигар. Вакте ки ту гам мехури, дили ман хам танг мешавад.

Чингиз. Дили ман хам.

Бибисоро (бо навозиш). Мефахмам, чонам, хамаашро мефахмам. (Ба дуродур нигариста) Шояд хак ба чониби ту бошад ва замоне чунин руз биёяд.

Чингиз (уро сахттар ба огуш кашида). Чонам! Хамааш дар дасти худамон.

Бибисоро (боз ба дашт нигариста). Ачинов, дар бораи чунин лахзахо як кисса бинавис, хуб?

Чингиз. Менависам, хатман менависам! Аллакай дар сарам мазмуни тозае чарх мезанад. Кахрамони асосиаш Асал ном дорад.

Бибисоро. Асал?

Чингиз (мехрубонона). Оре, Асал, нихолаки румолсурхаки ман.

(Уро руи дастон бардошта, мебусад. Катора равон аст, боде, ки аз тиреза медарояд, муйхояшонро парешон мекунад.)

Сахнаи панчум

Асал. Аввали солхои 60. Пленуми Иттифоки нависандагон давом дорад. Нависандаи шинохта Эшмат Тошматов ба минбар мебарояд.

Эшмат Тошматов. Рафикон! Рафики мухтарам Хасан Хусейнович! Пленуми мо дар остонаи давраи нав баргузор мегардад. Халки совети зери рохбарии хирадмандонаи партияи комунистии азизамон карорхои съезди 22-юмро ба хаёт татбик менамояд. Карорхои съезд барои тамоми инсоният ахамияти давронсози таърихи доранд. Мо бояд тамоми кувваамонро барои ба суи ояндаи комунисти кадами охирину катъи ниходан ба кор барем. Зери рохбарии дилсузонаи котиби якуми Кумитаи Марказии КПСС рафики азиз Никита Сергееевич Хурущёв мо хамаги баъди бист комунизмро бо чашмони худ хохем дид. Шир, наклиёт, китобхои дарси бепул хоханд шуд, он рузи фируз хатман фаро хохад расид. Дар чунин лахзаи дигаргунсоз масъулияти адибони совети, аз чумла адибони киргиз, бахри тарбияи бинокорони хакикии коммунизм меафзояд, дар чунин лахзаи мухим карзи мукаддаси хар як нависанда симои хакикии инсони советиро нишон додан аст. Ба ин пленум нависандагони советии киргиз бо дастоварду муваффакиятхо омадаанд. Ин масъаларо дар маърузаи худ рафик Хасан Хусейновичи мухтарам бисёр хуб инъикос намуданд. Ман дар бораи чизи дигар сухан ронданиам. Мо дар чамъияти пешкадамтарину пешравтарини сотсиалисти зиндаги дорем, аз ин ру, вазифаамон васфи инсони хакикии советист. Вале дар байни мо нафароне хастанд, ки вокеиятро тахриф мекунанд, бо рангхои сиёх тасвир менамоянд, кахрамонони бадахлокеро, ки ба арзишхои сотсиалистии мо бегона ва манфуранд, васф мекунанду ба осмон мебардоранд.

Аз толор. Руирост бигуед.

Эшмат Тошматов. Мегуям, руирост мегуям, гап дар бораи хамон журналист меравад…

Аз толор. Номашро бигиред.

Эшмат Тошматов. Хо, як журналист буд-ку… Айтмат буд, чи буд…

Аз толор. Айтматов.

Эшмат Тошматов. Ха, ха, журналист Айтмат…

Аз толор. Айтмат не, Айтматов.

Эшмат Тошматов. Ха, сухан дар бораи хамон Айтмат меравад. Ин журналист «Чамила» ном киссае навиштааст. Руирост мегуям, рафикон… Чамила образи зани бероха аст. Бигуед, барои чи, вакте ки берохахоро васф менамоянд, мо, адибони совети, мо, комунистон бояд созиш кунем?

Аз толор. Адиби Фаронса Луи Арагон «Чамила»-ро таъриф кард-ку.

Эшмат Тошматов. Хайр-чи?

Аз толор. Луи Арагон хам коммунист аст.

Эшмат Тошматов. У комунисти давлати копиталисти аст. Агар ин хел боакл бошад, бигзор, дар Фаронсаи худаш коммунизм бисозад! Ман хакикатро хамеша ана хамин хел рубару мегуям! Дар «Чамила», рафикон, шавхар хун рехта, ватанро аз фашистони гитлери мухофизат менамояду Чамила бошад, дар ин вакт бо ким-ки ишкбози мекунад. Ва бо кадом як Дониёри маъюб аз хонаи худ мегурезад. Чи маъни дорад хамаи ин?

Аз толор. Ишк аст, охир, ин.

Эшмат Тошматов. Не, ин ишк нест! Вакте ки шавхарро, ватандусти хакикиро партофта мераванд, магар ишк аст? Бадахлоки аст ин, на ишк.

Аз толор. Дониёр, чи, магар ватандуст нест? Ватанро химоя карда маъюб шуд-ку.

Эшмат Тошматов. Ватандусте, ки оилаи бегонаро вайрон мекунад, ватандуст нест! Чи омухта метавонанд ба чавонони совети чунин ашхоси бадахлок? Чи тарбия дода метавонанд?! (Ба толор мурочиат мекунад) Шуморо мепурсам ман, рафикон!

(Сукути кутох)

Кадом инсон ин хел асар навишта метавонад? Факат одаме, ки худаш ахлокан ноустувор ва ба номи коммунист носазовор бошад. Мо хама медонем, ки ин журналист ба чи корхо машгул аст.

Аз толор. Чи кор кардааст?

Эшмат Тошматов. Чи кор карданашро хамаатон нагз медонед! Дар хона зани оличанобаш интизор асту у… ин бадахлокист!

Аз толор. Бепарда гап занед.

Эшмат Тошматов. Вакташ биёяд, хамаашро хохед шунид! Хулласи гап, рафик Хасан Хусейновичи мухтарам, ин одам, ки ба номи баланди нависандаи совети сазовор нест, ин журналист…

Аз толор. Айтматов.

Эшмат Тошматов. Оре, худи худаш… Вале Кумитаи Маркази, ба чои он ки нисбат ба ин Айтмат чора андешад, дастгириаш менамояд, ба вазифаи баланд мемонад, мансаби рохбариро бовараш мекунад. Агар хамин хел давом кардан гирад, мо чамъияти советиро хароб мекунем.

Аз толор. Таклифатонро ошкоро гуед.

Эшмат Тошматов. Дар ин бора ман кайхо ба Кумитаи Маркази навиштаам. Аризаам – дар руи мизи рафик Хасан Хусейновичи мухтарам.

Аз толор. Аризаатон мустаор будагист?

Эшмат Тошматов. Мустаор нест, ошкоро навиштаам ман. Аз шумо хохиш мекунам, рафик Хасан Хусейновичи мухтарам, мактуби маро мухокима кунед ва чора андешед. Дар охири суханам, рафикон, гуфтан мехохам, ки мо, нависандагони совети, бояд ахлокан чун оина поку бегубор бошем ва кодекси аз чониби партия кабулшудаи бинокорони комунизмро ба амал татбик намоем! Ман хамаи шуморо ба ин даъват мекунам. (Аз минбар мефарояд. Чапакзании пурмавч).

Овози раиси мачлис. Сухан ба нависанда Тошмат Эшматов.

(Тошмат Эшматов ба минбар мебарояд, такрибан си-чилсола аст у).

Тошмат Эшматов. Рафикон! Рафики мухтарам Хасан Хусейнович! Ман кутох гап мезанам. Дар бораи хама чизе, ки лозим буд, дар маъруза бисёр дуруст кайд карданд. Баъдан дар ин бора Эшмат Тошматович нагз гап заданд. Ман сад фоиз тарафдори суханони он кас. Мо дар чайби сари синаамон билети сурхи ленини дорем, билете, ки ба аъзои пешкадамтарину бошууртарини чамъиятамон дода мешавад! Мо кисми бошууртарини давлати комунисти хастем. Халк аз мо ибрат мегирад. Бинобар ин, чи хеле ки мураббии маънавиамон Эшмат Тошматович гуфтанд, мо бояд ба номи баланди нависандаи совети сазовор бошем! Барои ин мо бояд ахлокан пок бошем, суханони мо, асархои мо бояд ба халки одди барои ба даст овардани гояхои баланди комунисти хизмат намоянд! Барои онхое, ки номи баланди нависандаи советиро догдор мекунанд, дар байни мо чой нест! Сафхои моро аз чунин касоне, ки, аз як тараф, билетхои сурхи ленини доранд, вале, аз тарафи дигар, бо рафторхои ношоистаашон онро догдор менамоянд, тоза кардан даркор, чунин дуруяхоро аз сафи мо бояд пеш кард!

Аз толор. Думликони бас, руирост гап зан.

Тошмат Эшматов. Ман тамоман ошкоро мегуям. Хамаатон хуб медонед, ки сухан дар бораи кист.

Аз толор. Руирост бигу, охир, аз чи метарси?

Тошмат Эшматов. Аз ягон чиз наметарсам! Коммунистам ман! Нависандаи советиам! (Каме сукут) Кутохи гап, рафикон, фош намудани чунин нависандагон карзи хар яки мо, ки номи баланди нависандаи совети дорем, мебошад! Гапи ман тамом. (Аз минбар мефарояд, чапакзани).

Сахнаи шашум

Дар фойеи толоре, ки пленум мегузарад, бо рухи болида, рохат карда, Эшмат Тошматов сигор мекашад. Дар тарафи мукобил Тошмат Эшматов пайдо мешавад. Саросема аст.

Тошмат Эшматов (дасти Эшмат Тошматовичро фушурда, дуру дароз алвонч медихад). Бисёр хуб гуфтед, устод!

Сукути кутох.

Намедонам, Айтматовро барои чи ин кадар таъриф мекунанд. Истеъдоди бузурге надорад… Дар мукоиса бо шумо барин симохо кист у? «Айтматов, Айтматов»… Гуё гайр аз у нависанда надошта бошанд киргизхо. Медонем мо, Айтматов бо чи рох обру меёбад. Пуштибонаш – Авезов ба Арагон тавсияаш кардааст. Авезову Арагон дустанд-ку. Ба болои ин, Авезов амакбачаи Айтматов аст, чи хел пас хамдигарро дастгири накунанд?!

Сукути кутох.

Дуруст гуфтед, ки «журналист». Айтматов нависанда-пависанда нест. Хомафарсоихояшро дидаем. (Тамасхуромез) Як зоотехник чи хам навишта метавонад? Лекин то хол ягон кас дар ин бора руирост гап намезад. Аз аввал алови чашмашро мегирифтанд, кор ба ин дарача намерасид. Бинед-а, як зани берохаро кахрамони мусби кардааст! Дуруст гуфтед шумо – ин берохагист! Ку ягон каси мо хамин хел менавиштем – СеКа дар як лахза титу торамон мекард. Лекин метарсанд ба Айтматов даст расонанд, намедонам, аз чи метарсанд!

Эшмат Тошматов (худ ба худ). Ха-а, замонхо дигар шуданд… Соли 37-ум мешуд…

Тошмат Эшматов (тез-тез мижа зада, тамаллуккорона сар мечунбонад). Соли 37-ум мешуд, мисли падараш мепаррондандаш. (Писхандомез) Медонед, Эш-ака, писари душмани халк душман мемондааст.

Эшмат Тошматов (худ ба худ). Бехуда намегуянд, ки «Окибат гургзода гург шавад, гарчи бо одами бузург шавад».

Тошмат Эшматов (хамоно сар мечунбонад). Бале, бале, худи худаш!.. (Бо нешханд) Беш аз ин, Эш-ака, худи Чингиз хам чандон пок не. Вай… Бибисоро чи, бехаё! Артистка-да! (Сукути кутох) Киссаашонро хурду калон медонанд. Мисли зану шуянд, дар рузи равшан, дар пеши назари мардум хамрох мегарданд-е…

Эшмат Тошматов (газаболуд). Ягон зарра имону вичдонашон намондааст!

Тошмат Эшматов (тамаллуккорона). Худи худаш!.. Бадахлок ки хаст, худаш барин чамилахоро васф карда мегардад (тахкиромез механдад).

Олмахон меояд.

Олмахон (шармида). Устод, шуморо Хасан Хусейнович сурог доранд.

Эшмат Тошматов, норозиёна сар чунбонда, меравад.

Тошмат Эшматов. Хуб, гуфти?

Олмахон (намефахмад). Дар бораи чи?

Тошмат Эшматов. Дар бораи чи, дар бораи чи… Дар бораи Чингизу Бибисоро, дар бораи муносибатхои нопоки онхо.

Олмахон (хануз нафахмидааст). Ба ки бояд мегуфтам?

Тошмат Эшматов (дагалона). Ба зани Чингиз, ба Корез!

Олмахон. Чаро ин кадар дагали?

Тошмат Эшматов. Худатро ба гули назан, дагали накунам.

Олмахон (ранчишомез, бо нафрат). Чи, одам хак надорад гохе фаромуш кунад?

Тошмат Эшматов (каме ором шуда). Хуб, хуб… Корхо чи хел?

Олмахон (бо зарда). Хич хел!

Тошмат Эшматов. Барои чи?

Олмахон. Надонаму нашиносамаш, чи кор кунам?

Тошмат Эшматов (боз газаболуд). Худат нашиноси, ба воситаи ягон шиносаш бирасон!

Олмахон (бо зарда). Ин кадар боакл боши, худат машгул шав. Ягон шиносашро биёбу хабар бидех.

Тошмат Эшматов (хануз ором нашудааст). Ту зани, охир! Зан забони занро зудтар меёбад! (Сукути кутох) Ман ба ту бовар кардам-а…

Олмахон (бо зарда). Ман хам ягон хохишатро ба замин намондаам. Хар чо, ки гуи, меравам, хар чиз, ки гуи, мекунам.

Тошмат Эшматов (кариб дод зада). Бе гараз намекуни-ку! Ман намешудам, медидам, ки чи кор мекарди!

Олмахон (бо зарда). Ту, чи, худои?! Гумон мекуни, ки аз ту бехтараш нест? Ё фикр мекуни, ки бе ту дар куча мемонам? Лозим шавад, аз ту бехтарашро меёбам! (Сукути кутох)

Тошмат Эшматов (худро ба даст гирифтаву нарм шуда). Хайр, бас акнун, дар нагир, ман аз алам гуфтам, охир… Ин кадар вакт гузашту ду калимаро ба Корез расонда наметавонем…

Олмахон (каме нармтар). Айби худат шуд… Ман бекор нагаштаам-ку. Корез камгапу одамгурез бошад, чи кор кунам?

Тошмат Эшматов (нарм). Занаки беакл. Ба кучо нигох мекунад? Шавхараш бо зани дигар айшу ишрат дораду вай… (Баъде лахзае сукут) Хайр, ба Бибисоро бигу.

Олмахон. Чи бигуям?

Тошмат Эшматов. Бигу, ки хонадор шаванд. (Писхандомез) Агар ин кадар Лайливу Мачнун бошанд Чингизу Бибисоро, бигзор, кисматхояшонро ба хам бипайванданд.

Олмахон (бо карохат). Гумон мекуни, ки маслихати моро гуш мекунанд? Кием ману ту барои онхо?

Тошмат Эшматов. Гуш мекунанд, танхо суханони дилрас ёфтаву ба ин кор таконашон додан лозим. Бигу, ки аз хадафи доимии гайбату тухматхо будан, бехтараш, ки хонадор шаванд. Артистка аст у, артист мардум сабукфикранд ва бо калла фикр карданро наомухтаанд. Хамеша бо мусикии режиссёр мераксанд, «он чо ист» гуяд, он чо меистанд, «ин чо ист» гуяд, ин чо. Ва батадрич ба ин одат мекунанд… Ба у дурустакак фахмондан лозиму тамом.

Олмахон (норозиёна). Одамро ин кадар азоб медихи.

Эшмат Тошматов (ангушти ишораташро мебардорад). Бе мехнат рохат нест! Все вернется стропцей.

Олмахон (кинояомез). Гуфтании, ки «Чингиз ба чои Бибисоро туро мегирад».

Тошмат Эшматов (бо хашм). «Чингиз, Чингиз»… Чи, гахворааш аз осмон омадааст? Ё киргизхо гайр аз у касе надоранд?

Олмахон (оромаш мекунад). Охиста! Мардум мешунаванд!

Тошмат Эшматов. Пас, токатамро ток накун!

Олмахон. Ту, чи, шухиро намефахми? (Бо навозиш) Ба ман гайр аз ту касе даркор нест. Ягона мард барои ман туи, нодонак.

Тошмат Эшматов (ором шуда). Дигар ин хел шухи накун. (Сукути кутох) Баъди мачлис зуд бирав, хуб?

Олмахон. Ба кучо?

Тошмат Эшматов. Ба кучо, ба кучо… Назди Бибисоро.

Олмахон. Хуб, меравам.

Тошмат Эшматов (пичиррос мезанад). Кай вомехурем?

Олмахон. Кайе, ки хохи, биё, дарам барои ту хамеша кушода.

Садои занг, харду суи толор равон мешаванд.

Сахнаи хафтум

Асал. Ишк ба инсон натанхо хушбахти мебахшад, балки аз у худфидоии зиёд хам металабад. Аз ин ру, на хар кас ба ишк тоб меорад ва эхсоси мухаббат на ба хар кас муяссар мешавад. Танхо одамони кавирух, ба  ин захмати  бузург тоб овардаву ба хар курбоние тан дода, дуст дошта метавонанд.

Хонаи Бейшеналиева. Балерина машгули машк аст. Занги дар. Бибисоро, хилъаташро сари китф карда, ба долон мебарояд.

Овози Бибисоро. Кист?

Овози зан. Ман… Олмахон.

Баъди лахзае Бибисоро ва Олмахон ба хона медароянд.

Олмахон (парешонхол). Аз мачлиси нависандахо омада истодаам… Як корхо шуд дар он чо, як корхо шуд… дахшат.

Бибисоро. Чи вокеа руй дод?

Олмахон. Вокеа хам гап… Ин мусафед чунон хайвон будааст, ки!

Бибисоро. Кадом муйсафед?

Олмахон. Хамон… Тошмат Эшматов.

Бибисоро. Чи хел мусафед аст у? Як марди чор кас медидаги!

Олмахон. Мард-пард аст у, як гайбатчии паст аст, аз зан батар аст. Аз минбар дар бораи шумову Чингиз чунон гапхо гуфт, ки…

Бибисоро (бо таваччух). Чихо гуфт?

Олмахон. Масалан… гуфт, ки… (забон мехояд)

Бибисоро (токаташ ток мешавад). Чи гуфт, охир?

Олмахон. Туро ба Чамила… монанд кард.

Бибисоро (бештар таваччух мекунад). Хайр, чи?

Олмахон. Берохаат номид, палид!

Бибисоро (бехол). Айнан хамин хел гуфт?

Олмахон. Айнан. Чи нафратовар! Нависанда не, як беваи гайбатчи! Мард хамин хел мешавад? Чи кор дорад ба шумо? Дуст медоред якдигарро, дуст намедоред – кори у нест, охир, дуруст? Худаш фаришта аст, чи? Кам духтаронро аз рах задааст? Маълум аст, холо хам занро бинад, оби даханаш меравад.

(Каме сукут) Аз ин хама ро токат кардан хонадор мешудед, бехтар буд. Дами хамааш ба дарун мезад.

Бибисоро (андешаманд). Ин номумкин аст.

Олмахон (озмоишкорона нигариста). Аз чи метарсед?

Бибисоро (андешаманд). Шояд…

Олмахон. Харду шинохтаву номдоред, кассе ник гуфта наметавонад, мефахми? Касе! Чингизро худи Москва дастгири мекунад… Ин масъаларо зудтар хал кардан даркор. Кашол додан чи лозим? Набошад, дар хар кучаву паскуча нах заданатон мегиранд. Шояд дар тамоми Киргизистон овоза кунанд, аз дасти инхо меояд. (Баъди сукути кутох) Шумо акаллан якдигарро дуст медоред?

Бибисоро (зураки табассум карда). Дуст намедоштем, ин хамаро токат карда мегаштем?

Олмахон (хушхолона). Пас, тамом! Ба хамдигар бовари доред-ку! (Бибисоро хомуш аст) Ё ту ба вай бовар надори?

Бибисоро (андешаманд). Бовар дорам.

Олмахон. Пас, чиро интизоред? (Сукути кутох) Ё Чингиз зид аст? Хонадор шудан намехохад?

Бибисоро (ох мекашад). Баракс, бисёр мехохад.

Олмахон. Гуфтам, шояд аз газаби модараш метарсад… Гуфта будааст, ки «агар аз Корез чудо шави, бидон, ки дигар ман барои ту мурдаам». (Бибисоро хомуш аст) Хайр, ин табиист, гами келинашро мехурад занак. Лекин агар шумову Чингиз ба хам бирасед, модар созиш мекунад. Илоч хам надорад. Ин гапхояш назди келин худширинкуни асту бас.

Бибисоро (андешаманд). Гап дар модари Чингиз хам не.

Олмахон. Пас сабаб чист?

Бибисоро. Сабаб… сабаб… Намехохам бахти Чингизро помол кунам.

Олмахон. Туро намефахмам…

Бибисоро. Ягон чои нофахмаш нест. Хамин, ки ману Чингиз хонадор шудем, Тошмат Эшматовбаринхо ба у мечаспанду бадномаш кардан мегиранд. Худат хуб медони. Метавонанд барои бадахлоки аз партия биронанд. Аз партия, ки хорич карданд, тамом. Дигар тамоми умр ба по хеста наметавони.

Олмахон (дастафшонда). Вохима накун… агар Чингиз нависандаи одди мебуд, ин хел шуданаш мумкин буд, вале у одди нест.

Бибисоро (бехолона). Содалавхона фикр мекуни.

Олмахон. Содалавхона не, дуруст мегуям ман. Вохима пахшат кардаасту тамом. (Навмедона) хайр, хамин хел, курбони гайбатхо шуда мегардед?

Бибисоро (сарчунбонда). Ту чи маслихат медихи?

Олмахон. Биё ман ба Корез бигуям.

Бибисоро (харосон). Чи мегуи?

Олмахон. Мегуям, ки шумо якдигарро дуст медоред, вай бифахмаду ичозат бидихад, мегуям, ки бисёр хохиш кардед ва барои хамин маро наздаш фиристодед. Агар Корез хап кунад, касе шуморо гам намедихад. Гит-гит мекунанду ором мешаванд.

Бибисоро. Не, не, не! Мон ин фикрхоятро. Бигзор хамааш хамон тавре, ки аст, бимонад.

Олмахон (навмедона). Тамоман туро намефахмам!

Бибисоро. Ин мушкилаи мост. Илтимос, оромамон гузор. Барои гамхориат ташаккур.

Олмахон (ноумедона даст меафшонад). Эх!.. (худ ба худ) палид.

Сахнаи хаштум

Асал. Мазхаканависи бузурги Фаронса Жан Батист Молйер «Тартюф» ном асари човидонае дорад, ки кахрамони асосиаш рамзи зери пардаи покиву порсои пинхон намудани риёкориву дуруяги шудааст. Чунин тартюфхо дар хамаи давру замонхо, дар тамоми сохту чамъиятхо буданду хастанд ва ба хама вазъиятхо худро мувофик мекунанд… Зохирнамоиву мунофики бисёр сахтчонанд. Аз хама бадаш он аст, ки тартюфхо дигаронро ба покдомани таргиб мекунанд!

(Хонаи Олмахон. Занги дар.)

Олмахон (аз дарун). Хозир, омадам. (Хилъатпуш аз хона баромада, дарро мекушояд. Тошмат Эшматов медарояд. Ташнакомона хамдигарро ба огуш кашида, мебусанд. Эшмат Тошматов Олмахонро сари даст бардошта, ба хона равон мешавад.)

Олмахон (бо ноз худро рахо кардани шуда). Сабр кун, охир, аз дар надаромада, хурус барин ба хучум мегузари.

Тошмат Эшматов (чукур-чукур нафас кашида). Наметавонам, чонам, наметавонам!

Олмахон (механдад). Гушнаи садсола барини-е! Шаб занат дар хона набуд, чи?

Тошмат Эшматов (даст меафшонад). Кунда барин хоб меравад! На аз буданаш фоидаву на аз набуданаш. (Шахватомез) Чонам, ширинам! Токат надорам дигар, биё, ба он чо дароем!

Олмахон (ранчишомез). Дар фикрат факат хамон… Намегуи, ки каме навозиш кунам…

Тошмат Эшматов (нафасгардон шуда). Зиндаги бе ин харом, чонам! Аз ин бехтар лаззате хаст оё?

Олмахон (бо кахр). Хайр, камтар бедорам кун, охир…

Тошмат Эшматов. Дар бистар, чонам, дар бистар! (Уро сари даст бардошта, ба хона мебарад.)

(Сукут. Хеле зуд мебароянд, рохравон либосашонро ба тартиб меоранд.

Олмахон (турушру). Факат дар гами худативу хурусат гуям, хафа мешави. Маро хам фикр кун, охир, ман наметавонам ту барин дар як лахза ба шавк ояму дар ду дакика конеъ шавам.

Тошмат Эшматов (гунахкорона). Илтимос, ин хел нагу. Вакташ ояд, ана, баъд… (Бекаророна назди Олмахон омада, аз рухсорааш мучи мекунад.) Акнун накл кун: корхо чи хел, назди Бибисоро рафти?

Олмахон (бо кахр). Рафтам.

Тошмат Эшматов. Гуфти?

Олмахон. Гуфтам.

Тошмат Эшматов. Вай чи гуфт?

Олмахон. «Бахти Чингизро вайрон кардан намехохам» мегуяд.

Тошмат Эшматов. Мегуфти, ки Чингиз Эшмат ё Тошмат нест, ки ягон кас, чуръат карда, гап занад. Натарсида, хонадор шудан гиред.

Олмахон (бебокона). Хамаашро гуфтам.

Тошмат Эшматов. Чи гуфт?

Олмахон. Гуфта буди-ку: «Бибисоро артистка аст, артист мардум сабукфикранд.»

Тошмат Эшматов. Чи, хамин хел нест магар?

Олмахон (ба у таклид карда). «Хамин хел нест магар?» Худат рафта гуй, мебини, ки чи хел «сабукфикр» аст.

Тошмат Эшматов. Чи, тамоми умр маъшукаи вай мондан мегирад?

Олмахон (бо танаффур). Тамоми умр.

Тошмат Эшматов (бо алам). Ба гап дароварда натавонистам, гуй.

Олмахон. Натавонистам.

Тошмат Эшматов (навмедона). Бало занад! (Бехолона ба курси мешинад. Сукути тулони) Хама барбод рафт. Чи бояд кард? Находя гон илоч набошад-а?

Олмахон (бефарк). Аз ин давутоз чизе хосил намешавад.

Сукут.

Тошмат Эшматов (парида мехезад). То ба максад нарасам, намемонам! Айтматовро нест мекунам ман! Холо бо собуни ман чома нашустааст у!..

Сахнаи нухум

Асал. Соли 1963. Чингиз Айтматов барои китоби «Киссахои кухсору даштистон» барандаи Чоизаи Ленини шуд, ки эътирофи вокеии истеъдодаш буд. Волотарин мукофоти Иттифоки Совети буд Чоизаи Ленини ва то хол касе аз намояндагони адабиёти киргиз шарафи ба он сазовор шуданро надошт. Вале ин хам дили ракибони Чингиз Айтматов, бародарони хамкаламашро нарм накард. Хатто чунин рухдод хамкасбони бехад чобуки уро аз рохашон баргардонда натавонист. Чи буд ин – мавкеи бемайлони комммунисти-болшевики ва ё хасаду бахилии оддии инсони? Худатон казоват кунед.

(Кабинети Хасан Хусейнов. Эшмат Тошматов медарояд.)

Хасан Хусейнов (чолокона ба истикбол мебарояд). Биёед, Эш-ака, биёед! Мархамат, аз ин тараф гузаред! (Эшмат Тошматов ба чои нишондодаи Хусейнов мешинад. Баъди лахзае сукут.) Корхоятон чи хел, Эш-ака, ягон китоби нав навишта истодаед?

Эшмат Тошматов (бовикорона). Навишта истодам, асари баландгояе навишта истодам.

Хасан Хусейнов. Умедамон аз шумо хамин. Бояд ибрат нишон дихед! Бигзор, аз шумо омузанд. Бахусус, чавонон.

Сукут.

Эшмат Тошматов (катъи). Чавонон дар пеши чашмамон вайрон шуда истодаанд. (Сукути кутох) Асли гапро гуем, мо, хама коммунистиамонро гум карда истодаем, Хасан Хусейнович.

Хасан Хусейнов. Хуб… давом дихед.

Эшмат Тошматов. Оре, коммунистиамонро гум карда истодаем. Москваю Киргизистон, ки ба чунин кор рох диханд…

Хасан Хусейнов (ошуфтахол). Шуморо намефахмам, Эш-ака…

Эшмат Тошматов. Мефахмед, Хасан Хусейнович, хамаашро мефахмед, хуб мефахмед. Вакти зиёд гузашт, вале аризаи маро хеч барраси намекунед…

Хасан Хусейнов (самимона). Кадом ариза, Эш-ака?

Эшмат Тошматов. Дар бораи хамон журналист…

Хасан Хусейнов (пай бурда). Ха, дар бораи Айтматов?

Эшмат Тошматов. Ха, дар бораи хамон журналист…

Хасан Хусейнов (густохона механдад). Ха, агар он бошад… Худатон мефахмед, Эш-ака, Москва, ки дастгири кард…

Эшмат Тошматов (норозиёна). Барои хамин хам гуфтам, ки коммунистиамонро гум карда истодаем. Ана, барои хамин, барои он ки бахои катъии коммунисти дода наметавонем, душманони гоявиамон моро маглуб мекунанд. (Бо афсус) Ба чои он ки нисбат ба журналисти вассофи бадахлоки чора андешед, ба ин хама чашм мепушед. Инаш кам буд, ки ба Мукофоти Ленини пешбариаш кардед. Бародарону хохаронамон барои хамин чон бохтаву хун рехта буданд?

(Сукут)

Хасан Хусейнов (забон мехояд). Эш-ака, худатон хуб медонед, ки… Айтматовро мо пешбари накардаем. Иттифоки нависандагони СССР пешбари кардааст.

Эшмат Тошматов (даст меафшонад). Ман кудак нестам, Хасан Хусейнович. Агар шумо – СеКа дастгири намекардед, на Иттифоки нависандагони СССР ягон кор карда метавонисту на тамоми халки совети. Ин хама, бо дастгирии ошкоро набошад хам, бо пуштибонии пинхонии шумо сурат мегирад.

Сукут.

Хасан Хусейнов (ногувор механдад). Эш-ака… Охир, ин мукофоти як у не, мукофоти тамоми халки киргиз аст-ку. Намояндаи халки хурдакаки моро ба мукофоти олии СССР пешниход кунанд…

Эшмат Тошматов. Хуб, хуб. Ман хам зид нестам. Бигзор минбаъд хам хамин хел шавад. Бигзор, киргизхо хамин хел камол ёфтан гиранд. Касе ба ин хасад нахохад бурду бахили нахохад кард. Вале, сидкан бигуед, Хасан Хусейнович, магар «Чамила» ба ин мукофоти баланд сазовор аст?

Хасан Хусейнов (саросема). Дар он китоб, Эш-ака, натанхо «Чамила», дигар асархо хам хастанд.

Эшмат Тошматов (бо танаффур). Хамаи он асархо дар бораи ишканд. Нест он чо мавзуи баландгояе, ки ватандусти, коллективони, билохира мехнатро васф намояд. Хамааш дар атрофи сухтам-пухтамхои ночизи ишки чарх мезанад.

Хасан Хусейнов. Магар Сайида, аз киссаи «Рубару», ки шавхари дизертирашро фош мекунад, ватандуст нест? Дар киссаи «Чашми шутур» чи – ёд доред – Камол ба нафаре, ки тилои ёфтаашонро гирифта гурехтани мешавад, чи гуна мукобилият нишон медихад.

Эшмат Тошматов. Илёс чи?

Хасан Хусейнов. Кадом Илёс? Ха… Аз киссаи «Нихоли румолсурхаки ман»…

Эшмат Тошматов. Ха, хамон… Чи фарк дорад Илёс аз Чамила? Харду фосику бероха. Зани халолашро партофта аз пайи маъшукааш меравад. Ана, киро васф мекунад журналисти шумо.

Хасан Хусейнов (бечорахол). Албатта, ин чихат хаст… лекин, бо вучуди ин, Асалро дуст медорад-ку.

Эшмат Тошматов (сухани уро мебурад). Магар одаме, ки дуст медорад, хамин хел рафтор мекунад, дустдоштаашро мепартояд?

Хасан Хусейнов (сухан намеёбад). Дар зиндаги хам чунин вокеахо мешаванд, Эш-ака. Хама хато мекунад, ягон нафари мо фаришта нестем. Мухимаш, хаторо ба гардан гирифтану ислох кардан. Илёс махз аз хамин нуктаи назар нишон дода шудааст. Масъалаи дигар, Эш-ака. Мегуянд, ки ишк мавзуи човидона аст. Хама дар ин мавзуъ навиштаанд. Шекспир дар «Ромеову Чулйета», Низоми дар «Лайливу Мачнун», Навои дар «Фарходу Ширин» мухаббатро тараннум кардаанд. Мардум хам бештар дар бораи ишк мехонад. Яъне, ба одам мухаббат лозим аст, Эш-ака. Киргизхои худамонро гирем, «Олжобой ва Кишимчон», «Ойсалкин ва Кулмирзо»-ямон мисоли хаминанд.

Эшмат Тошматов (сар мечунбонад). Мебинам, Хасан Хусейнович, мебинам, ки сахт дастгири мекунед журналистро. Акнун хамаашро фахмидам. Саломат бошед (рафтани мешавад).

Хасан Хесейнов (часта аз чо мехезад). Эш-ака, акаллан бигуед, ки барои чи омадед, максадатонро бигуед, Эш-ака.

Эшмат Тошматов (бо алам). Акнун бигуям чиву нагуям чи? Чи фоида аз гуфтанам, ки чунин дастгириаш мекунед?

Хасан Хусейнов. Ха-а, он масъала?

Эшмат Тошматов (хафа аст). Оре хамон масъала ва боз…

Хасан Хусейнов. Бигуед, боз чи, бигуед …

Эшмат Тошматов (бо дили нохохам). Хамон гап…

Хасан Хусейнов. Саргардон шуда, ки омадаед, дилатонро холи кунед.

Эшмат Тошматов (бо дили нохохам). Ягон натича набошад…

Хасан Хусейнов. Хама кори имконпазирро мекунем, бигуед.

Эшмат Тошматов (бо дили нохохам). Дар ин бора аллакай гуфтам ва боз мегуям. Вале… боз хамон кисса… киссаи журналисту Бейшеналиева. Шумо, ки асархояшро дастгири мекунед, муносибатхояшонро хам химоя мекардагистед?

Хасан Хусейнов (аз чавоб мегурезад). Хамаатон мегуед – хам шумо, хам дигар нависандахо, лекин ку далел? Ягон далел нест.

Эшмат Тошматов (бо алам). Чи хел нест? Хама медонанд инро! Харду зану шавхар барин ошкоро мегарданд.

Хасан Хусейнов. «Хама медонанд инро» мегуед, вале ку далел, кай онхоро хангоми чиноят доштаед?..

Эшмат Тошматов. Чи, акнун, рафта ба чогахашон дароем? Хамхобаашон шавем?

Хасан Хусейнов (хандида). Далел даркор, Эш-ака. Хеч набошад, шикояти зани Айтматов ё ахли оилааш. Ё шикояти оилаи Бейшеналиева. Вагарна… ягон сабаб нест.

Эшмат Тошматов (сарашро чунбонда). Акнун хамааш фахмо. Вакте ки даркор нест, чашм мепушеду чон халос. (Сукути кутох) Хайр, агар шумо чора андешидан нахохед, ба чои додрас менависам. (Суи дар равон мешавад)

Хасан Хусейнов. Сабр кунед, Эш-ака. Дина як хамкаламатон омада буд (аз миз як даста когаз мебарорад), мархамат бихонед.

(Эшмат Тошматов, когазхоро хонда, рангаш меканад)

(механдад) Рост аст ин хама, Эш-ака?

Эшмат Тошматов. Хайр… дар чавони хар кор мешавад. Хатои чавони-да…

Хасан Хусейнов. Худи худаш! Хамаамон чавон будем, хамаамон галат кардаем. Коммунистем ё каси дигар, хама одамони хокием. Хар касе, ки мард аст, хох-нохох пешпо хурдааст. Шумо хам дар чавониатон аз махфили занхо намегурехтед, охир. Хамин тавр не, Эш-ака?

Эшмат Тошматов (ошуфтахол). Бо шумо забон ёфтан душвор будааст. Хамаашро пешаки фикр кардаед, чойхои дардноки хамаро ёфтаед…

Хасан Хусейнов (баланд механдад). Ха-ха-ха!.. Бехуда дар ин чо, дар паси ин мизи бузург намешинем. (Сукути кутох)

Эшмат Тошматов (турушру). Бо вучуди ин, Хасан Хусейнович, таърих барои ин шуморо намебахшад.

Хасан Хусейнов (писхандомез). Инро баъд мебинем… Хайр, Эш-ака, то боздид. (То назди дар гуселонда, бармегардад) Одами ачиб, худаш то гушхо дар гунох гутидаасту дигаронро махкум мекунад-а…

Сахнаи дахум

Асал. Панч сол гузашт. Дар ин байн, дар синни 35-солаги Чингиз Айтматов Чоизаи Ленини гирифт. Дар байни киссахое, ки сазовори ин чоиза шуданд, «Чамила» хам буд, ки нависандагони киргиз барои васфи тимсоли «зани бероха» танкиду махкумаш карда буданд. Се киссаи дигар – «Нихолаки румолсурхаки ман», «Чашми шутур» ва «Рубару» низ ба ин мавзуи човидона – ишкро тараннум мекарданд. Аллакай дар ин асархо муносибати хосу пурхаячони Айтматов ба мухаббат, ба зан эхсос мешавад. Эчодиёти индавраинаи адибро бо чанд сухан – «Ишк, зан – асоси зиндаги» метавон ифода кард.

Шояд илхомбахши офариниши асархои ошиконаи Айтматов мухаббати бузургаш ба Бибисоро Бейшеналиева бошад? (Сукути кутох)

Дар хамин давра Айтматов киссаи «Алвидоъ, Гулсари!»-ро таълиф намуд. Дар он хам саргузашти махзуни ошикона – мухаббати Танабой ва Бибичон хикоят мешавад. Ба хамохангии ачиби номхо – Бибисоро-Бибичон таваччух кунед. (Сукути кутох) Бисёр мухаккикон чунин мешуморанд, ки дар ин асар Айтматов алайхи сохти коммунисти исён мекунад, лекин касе барои тадкики аввалсабаби ин исён, сарчашмаи ин киём кушиш ба харч намедихад. Касе аз ин мухаккикон алангаи мухаббатро, ки миёни Чингизу Бибисоро фурузон буд, ба эътибор намегирад. (Сукути кутох) Касе аз он хусус намегуяд, ки дар силсилаи арзишхои коммунисти, ки озодии шахсиятро махдуду ба колабхои муайян чо мекард, ба чи фочиа табдил ёфта буд ин мухаббат. Махз хамин фочиа сабабгори исён зидди сохт гардид. Хамеша хамин хел буд, дар тули карнхо дилдодагон хамеша ба мукобили анъанахое, ки озодии ифодаи эхсосотро махдуд мекарданд, зидди одатхо, алайхи сохтхои зиддиинсони исён менамуданд ва дар чараён хамеша чехрахои фочиави буданд. Исёни мухаббат муктадиртарину тезутундтарин исён аст. Хуллас, дар таърихи инсоният мухаббат ба сифати мизони баркашидани беадолати дар чомеа хизмат мекард. Аз ин назар ишки фочиабори Чингизу Бибисоро истисно набуд. «Алвидоъ, Гулсари!» исёни мухаббати Айтматов буд алайхи сохти гайриинсони.

Хонаи Бибисоро. Чингиз ва Бибисоро.

Бибисоро (дар дасташ дастнавис). Бори дигар «Алвидоъ, Гулсари!»-ро хондам.

Чингиз. Бори дигар?

Бибисоро (андешаманд). Оре… Маълум шуд, ки ин асаратро ба ишки ману худат бахшидаи. Чи ноилочии фочиабор! Акнун ба фахмиши комилаш расидам.

Чингиз. Ха… Ман инро мунтазам эхсос мекунам. Эхсос мекунаму нафасгир мешавам. Хар кадар ки якдигарро бештар дуст медорем, гайриинсони будани ин сохтро амиктар хис мекунам. (Бо алам) Ягон нафари онхое, ки дастнависро хонданд, ин чараёни зери обро пай набурданд. Таърифхои колаби карданду тамом. Рости гап, дилам бечо мешавад аз ин.

Бибисоро (мехрубонона огушаш карда). Ин кадар вохима кардан даркор не, Ачинов. Чи илоч, худо худаш хост, ки мо махз дар чунин айём умр ба сар бубарем.

Чингиз (ох кашида). Хама мукобили моянд – хам сохт, хам одамон. Барои чи мо озодона дуст доштаву озодона гашта наметавонем? Барои чи?!

Бибисоро (тасаллибахшона). Замоне ягон кас ба дарки ин ишк мерасад. Умед дорам, ки мерасад.

Чингиз. Кай, охир?

Бибисоро. Имруз набошад, фардо. Фардо набошад, пасфардо…

Чингиз (охиста). Наход мо чунин нобино бошем?

Бибисоро (навозишомез). Бедор шав, Ачинов!.. Ман дар баратам, охир.

Чингиз. Биё, ба ягон чо меравем.

Бибисоро. Баъд чи?

Чингиз (бо алам). Ягон вакт бояд мо хамрох бошем ё не? Бе хамин хам умр кутох аст. Боз нимаш дар фочиа мегузарад.

Бибисоро. Гуфтан мехохи, ки мо курбонием?

Чингиз. Ха! Ха! Ману ту курбонием! Наход хаминро нафахми? (Баъди сукути кутох) Бубахш, чонам…

Бибисоро. Ту гунахкор нести. (Сукут) Бигу, Ачинов…

Чингиз. Чиро?

Бибисоро. Агар Ромеову Чулйетта халок намешуданду ба хам мерасиданд, чи мешуд?

Чингиз (каме худро гум карда). Чи хам шуда метавонист?..  Хайр… хушбахт мебуданд.

Бибисоро. Бовари дори?

Чингиз. Бовари дорам.

Бибисоро. Ман бовари надорам.

Чингиз. Барои чи?

Бибисоро. Хеч фикр накарди, ки пагохаш Ромео, пусткандаи гапро бигуем, зери чашми Чулйеттаро сиёх мекунад?

Чингиз. Не! Кассе, ки дуст медорад, харгиз ба ин рох намедихад.

Бибисоро. Ту дар олами хаёлхои ширини, зиндаги бошад, хеле мураккабтар аст… (Хандида) Медони, барои чи Шекспир онхоро хонадор накард?

Чингиз. Барои чи?

Бибисоро. Барои он ки киштичаи мухаббат хамеша ба сохили рузгор бархурда мешиканад.

Чингиз. Аз фикрат нагаштаи?

Бибисоро. Хакикат хамин аст.

Чингиз. Ману ту одамони дигарем, охир.

Бибисоро. Бале, дигарем. Вале… кисматхои инсони кариб хамеша монанданд.

Чингиз. Бо ин фикрат рози нестам.

Бибисоро. Медонам. То хонадор нашавем, ту харгиз рози нахохи шуд. (Сукути кутох) Барои нигох доштани покии мухаббат танхо як рох аст.

Чингиз. Кадом?

Бибисоро. Дилдодагон набояд хонадор шаванд.

Чингиз. Ту хак нести.

Бибисоро. Бигзор, гуфти ту шавад. Вале ман аз фикрам намегардам.

Чингиз (ранчидахотир). Ту, аз афти кор, маро дуст намедори.

Бибисоро (навозишомез, хандида). Илтимос, Ачинов, маро нахандон.

(Уро огуш мекунад. Хамдигарро мебусанд.)

Чингиз. Мо хатман хонадор мешавем!

Бибисоро (хандида). Ва ба як шайтони дусар табдил меёбем!

Чингиз (хандида). Ха, табдил меёбем!

Бибисоро (хандида). Ва косаву табакхоро мешиканем?

Чингиз (намефахмад). Кадом косаву табакхоро?

Бибисоро (хандида). Вакти чанчол зану шу чи кор мекунанд?

Чингиз. Чаро хатман бояд чанчол кунанд? Намефахмам.

Бибисоро (хандида). Бе чанчол хеч мумкин не.

Чингиз (боэхсос). Гуфтам-ку, зиндагии мо дигар хел мешавад.

Бибисоро (хандида). Барои он ки ману ту аз лойи дигарем?

Чингиз. Бале, аз лойи дигарем мо.

Бибисоро (баноз). Аз лойи мухаббат, ха?

Чингиз (абру чин мекунад). Ха.

Бибисоро. Чи шуд, Ачинов?

Чингиз (бедимог). Хеч чиз.

Бибисоро. Хафа шуди?

Чингиз (базур шунаво). Не.

Бибисоро. Хафа шуди, хафа шуди!

Чингиз (базур шунаво). Не.

Бибисоро. Диди, чи хел ихтилофхост миёни мо?

Чингиз (хафа). Нодуруст.

Бибисоро (бо навозиш). Ачинов.

Чингиз (афсурда). Ха.

Бибисоро (бо навозиш). Илтимос, табассум кун. (Чингиз хомуш аст.) Ха-а-йр… (Чехраи Чингиз кушода мешавад.) Боз, боз… Ях об шуд. (Чингиз табассум мекунад.) Боз камтар. (Чингиз хандида, Бибисороро огушу бусаборон мекунад.)

Чингиз (бо шавк). Акнун диди?

Бибисоро. Чиро?

Чингиз. Дар зиндагии дилдодагон хамеша ана хамин хел. Доим мекушанд, ки якдигарро дастгири кунанд, дили хамдигарро наозоранд. Хозир худат исбот карди.

Бибисоро (механдад). Алхол – яку сифр ба фоидаи ту. Лекин танхо алхол…

Чингиз (механдад). Барвакттар тан медоди, намешуд? Бо рухафтодагиат одамро пачак мекуни.

Бибисоро. Хуб, биё, алхол дигар ба ин мавзуъ дахл намекунем. Вакташ биёяд, баъд мебинем. Хуб?

Чингиз (бо чушу хуруш). Хуб, чонам!.. Хуб! (Ташнакомона хамдигарро мебусанд. Бибисоро, аз огуши Чингиз рахо шуда, мусики мемонаду ба раксидан огоз мекунад.)

Бибисоро (раксон). Ту – Ромео, ман – Чулйетта, ту – Фарход, ман – Ширин, ту – Хосе, ман – Кармен, ту – Тристан, ман – Изолда… Ту – Танабой, ман – Бибичон…

(Чингиз дурудароз ва мафтунона ба Бибисорои раксон менигарад.)

Сахнаи ёздахум

Асал. Касе Айтматову Бейшеналиеваро чудо карда натавонист – на хамкорони пургайрату на шиносони «дилсуз». Хатто сохти зиддиинсони ба мухаббати онхо шафкат намуд. Вале табиат берахмиашро кард.

Хонаи Бейшеналиева. Бейшеналиева, ки чехрааш кохидаву ранги руяш кандааст, назди тиреза истода, ба куча менигарад. Хамин вакт Чингиз медарояд. Онхо хамдигарро ба огуш мегиранд.

Чингиз (дилсузона). Чи шуд ба ту?

Бибисоро (мекушад худро бардам нишон дихад). Хеч чиз…

Чингиз. Аз афти кор, гастрол хастаат кардааст?

Бибисоро.Ха… Хаста шудаам… Дар синну соли ман ба гастрол рафтан мушкил будааст.

(Сукути кутох)

Чингиз (дилсузона). Ранги руят кандааст. Бемор-ку нашудаи?

Бибисоро (базур). Ха… Каме. (сукут) Ачинов… Дар дунё аз хама киматтар чист?

Чингиз (нафахмида). Киматтар чист?

 Бибисоро. Оре.

Чингиз. Зиндаги.

Бибисоро (базур табассум карда). Оре… Киматтарин чиз зиндаги будааст… (Баъди сукут) Зиндаги ва ишк… Зиндаги бе ишк буда наметавонаду ишк бе зиндаги.

Чингиз. Чидди?

Бибисоро. Оре. (Сар ба китфи Чингиз мемонад. Чингиз мехрубонона мебусадаш.) Хайрон шудагисти…

Чингиз. Аз чи?

Бибисоро. Барои чи якбора ба фасафа ру овардам.

Чингиз. Хайр… ин…

Сукут.

Бибисоро (бо алам). Ачинов… Чаро ин хел шуд?

Чингиз. Чи хел?

Бибисоро. Чаро худо тавре кард, ки мо хамдигарро дуст доштем?

Чингиз. Амри кисмат.

Бибисоро (ох кашида). Пас чаро пайвандамон накард?

Чингиз (бо хайрат ба у менигарад). Айби худо чи?

Бибисоро. Худо ё кисмат… Кадомашон ки бошанд… Барои чи?

Чингиз (хамон хел хайрон). Ту худат нахости. Агар мехости…

Бибисоро (бо алам). Ман мехостам! (Чашмонаш пуроб мешаванд.) Ман мехостам! Ки намехохад, ки бо дилдораш бошад? Ки?

Чингиз (хайрон). Пас барои чи хамеша мукобилат мекарди?

Бибисоро (бо алам). Барои чи? (сукути кутох) Ба ту рахмам меомад!.. Намехостам, ки дар сари рохи ту монеахо пайдо шаванд!.. Намехостам, ки истеъдоди ту озор бубинад!

Чингиз (бо алам). Чи лозим буд чунин курбони?! Наход нависонависи ман аз ишк киматтар бошад?!

Бибисоро. Намехостам, ки ту азоб бикаши.

Чингиз (ноилочона). Худоё! Барои чи? Барои чи?

Бибисоро. Дустат медоштам!.. Аз чонам бештар дустат медоштам!

Чингиз (оташин мешавад). Дуст медошти! Мехости бо ман боши! Вале нахости, ки камолоти ман халал ёбад!.. Ин нобахшиданист, Бибисоро!

Бибисоро. Худо бубахшад.

Чингиз. Агар ман медонистам… агар аз аввал…

(Сукут)

Бибисоро. Аз хамон лахзае, ки дил додамат, хамеша мехостам, ки хамеша хамрохат бошад! Хамеша орзу мекардам, ки бо ту зиндаги кунам!

Чингиз (бештар хайрон мешавад). Бибисоро?!

Бибисоро (оташин). Ха!.. Ха!.. Хамеша! (Тоб наоварда, гиря мекунад.)

Чингиз (чизе нафахмида, мекушад таскинаш дихад). Чи шуд, Бибисоро? Бигу, чи шуд?

Бибисоро (гирён). Хеч чиз… Бубахш.

Чингиз (тасалли медихад). Ту чизеро аз ман пинхон медори. (Сукути кутох) Холо хам дер нашудааст, Бибисоро.

Бибисоро. Чи дер нашудааст?

Чингиз. Бахам омадани мо.

Бибсоро (бо афсус). Дер шуд, Ачинов, аллакай дер шуд!

Чингиз. Ман туро намефахмам! Охир, мо хамдигарро дуст медорем, хануз чавонем.

Бибисоро. Не, Ачинов, не!

Чингиз. Ягон чиз намефахмам, Бибисоро! Бигу, чи шуд бо ту? (Сукут.)

Бибисоро (базур ашкашро нигох дошта). Ман аз худо барои ишке, ки ба ману ту дод, бехад миннатдорам. Ин мунаввартарин, киматтарин чизи умрам буд.

Чингиз (базур ашкашро нигох дошта). Ва хамеша хамин тавр хохад монд.

Бибисоро (базур табассум мекунад). Худо хохад…

Чингиз (харосон). Руирост бигу, Бибисоро, бе рамзу киноя бигу. (Сукут)

Бибисоро (аз ашк нафасгардон шуда). Ман беморам! Бемори бедаво! (Бо фигон худро ба сари синаи Чингиз мепартояд.)

Сахнаи дувоздахум

Асал. Актрисаи бузурги халки киргиз мубталои дарди бедавое гардид. Чингиз Айтматов барои табобати у хама кори имконпазирро кард. Ба кавли хампешахояш, кувваи беназире ба харч дод. Мухаббати бузурги у ба ахтари дурахшони сахна он рузхо аён буд. Табибон аз мухаббати он ду шахси бузург, бахусус Бибисоро Бейшеналива, бо эхтирос харф мезаданд. Мухаббати беназири онхоро дида, аз як тараф, дар хайрат мемонданд ва, аз чониби дигар, аз холашон дилхун мешуданд. То имруз аз ин хусус харф мезананд табибон.

(Бибисорои азияткашида нолишкунон руи харак менишинад. Аз дарди токатнопазир лаб мегазад. Аз дур Чингиз намоён мешавад. Дар дасташ – як даста гули лола. Бо вучуди дарди чонкох, Бибисоро хамоно худро ба даст гирифта, бо табассум ба истикболи у меравад. Чингиз ошуфтахол аст.)

Чингиз (дастагулро дароз карда). Барои ту, азизам!..

Бибисоро (бо табассум). Ташаккур, Ачинов! Хар руз ин кадар гулхои хушру меори… Худатро гам надех, чонам.

Чингиз. Не, чонам, хамеша гулат хохам овард, хамеша… (Баъди сукут)

Ахволат чи хел, чонам?..

Бибисоро (базур табассум карда). Ташаккур, нагз. Дардаш камтар шуд.

Чингиз (умедвор). Рост мегуи, чонам?

Бибисоро (базур табассум карда). Рост, рост… Хар руз ду бор меои, Ачинов… Шояд як руз пас биёи, азоб намекаши?..

Чингиз. Ин хел нагу, чонам… Нагу. Хамин ки сихат шуди, хафтахо намеоям, ана баъд ёдам мекуни (овозаш меларзад).

Бибисоро. Албатта, сихат мешавам!.. Хатман сихат мешавам!..

Чингиз (худро ба даст мегирад). Албатта, чонам, албатта…

Бибисоро (базур табассум карда). Чи шуд ба ту, чонам?

Чингиз. Хеч чиз…

Бибисоро (базур табассум карда). Ту хамеша мард буди, охир.

Чингиз. Ман… хеч чиз не…

Бибисоро (базур табассум карда). Овозат меларзад…

Чингиз (гиря гулугираш мекунад). Бибисоро!..

Бибисоро (базур табассум карда). Худатро ба даст гир! Хамааш нагз мешавад…

Чингиз (дидахо пуроб, огушаш мекунад). Бовар мекунам, чонам! Бовар мекунам!..

Бибисоро (базур табассум карда). Бовар кун, чонам, бовар кун!..

Чингиз (ашкашро пок карда). Хуб шудааст, чонакам, хуб шудааст!..

Бибисоро (базур табассум карда). Ачинов, ягон чиз навишта истодаи?

Чингиз (худро ба даст мегирад). Ха-а… Кушиш мекунам бинависам…

Бибисоро. Навис, чонам!.. Навис!.. (баъди сукут) Хар кадар мушкил хам бошад, навис!.. Майлаш, Ачинов?

Чингиз (аз гиря худдори карда). Менависам!.. Албатта, менависам!..

Бибисоро (базур табассум карда). Ёд дори, Ачинов, чих ел бори аввал дар Ленинград вохурдем?

Чингиз (ашкашро фуру бурда). Ёд дорам, чонам, ёд дорам…

Бибисоро. Чи рузхои хуш гузаштанд-а?..

Чингиз (ашкашро нигох дошта). Оре… Вале рузхои хуштар дар пешанд.

Бибисоро (базур табассум карда). Медонам, чонам, медонам… (Баногох нолиш мекунад.)

Чингиз (ташвишомез). Чи шуд, Бибисоро?

Бибисоро (мекушад, ки табассум кунад). Хеч гап не, чонам, хеч гап не…

Чингиз (пешониашро даст карда). Арак кардаи… (Гиря гулугираш мекунад)

Бибисоро (мекушад, ки табассум кунад). Ха… Ин… Вай… (Сукут) Хафа намешави, Ачинов?

Чингиз. Аз чи?

Бибисоро. Ман бояд дорухури биравам.

Чингиз (ашкашро нигох дошта). Чи чои хафаги? Албатта, чонам, бирав, дорухоятро бихур…

(Чингиз, Бибисороро гуселонда, бармегардад. Ва ба чое, ки лахзае пеш хамрох менишастанд, нишаста, мегиряд.)

Чингиз (гирён). Не!.. Не!.. Не!..

(Ашк дар гулу дурудароз мешинад. Пас, аз чо мехезад ва, хар замон ба пас нигариста, ашкрезон меравад.)

Сахнаи сездахум

Асал. 11 майи соли 1973, баъди бемории тулонии бедаво балеринаи бузурги киргиз Бибисоро Бейшеналиева аз олам даргузашт. Вафоти у барои халки киргиз талафоти бузурге буд. (Сукут)

Аз субхи содик, барои видоъ бо хунарманди писандидааш сели мардум равон буду равон.

(Театри опера ва балет. Дар фойе тобути мархум гузошта шудааст. Пайваста мусикии мотам садо медихад. Дар пешсахна – Чингиз Айтматови саропо сиёхпуш, ки аз гиря чашмонаш варам кардаанд. Касеро пайхас накарда, талх мегиряд у. Тошмат Эшматов ва Олмахон, ин тараф-  он тараф равон, ба у менигаранд.)

Тошмат Эшматов (бо сараш ишора карда). Диди?

Олмахон. Дидам. Бояд шарм медошт, атроф – пури одамон, охир. Чи мегуяд мардум? Ахли оилааш, наздиконаш чи мегуянд? Дар ин бора фикр хам намекунад, аз афташ.

Тошмат Эшматов (бо танаффур). Аблах!.. Миллион бор сахттар хам ошик боши, аз дарди ишк бимири хам, ин хел мумкин не, одамон нигох доранд. Гуё дар мотами занаш нишаста бошад (сукути кутох). Акнун фахмиди?

Олмахон. Чиро?

Тошмат Эшматов. Аз худ рафтан даркор не, ки худо нишон медихад. Окибат бояд хамин хел мешуд. Зеро чунон мегаштанд, ки гуё дар тамоми дунё танхо онхо ошиканд. Лайливу Мачнуни сони!

Олмахон. Таъна накун.

Тошмат Эшматов. Ту чи химояашон мекуни, гуё додару хохарат бошанд?

Олмахон (бо нафрат). Ором шав. Ягон кас аз бало эмин нест. Ин руз ба сари хар кас омада метавонад. Банохост ман бимирам, чи?

Тошмат Эшматов. Муносибати ману ту – чизи дигар аст.

Олмахон. (хайрон). Чи хел?

Тошмат Эшматов. Муносибати ману ту дигар аст, охир.

Олмахон. Нафахмида истодаам.

Тошмат Эшматов. Ин дафъа, ки омадам, мефахмонам.

Олмахон. Хуб.

(Ба як чониб меравад, Тошмат ба Чингиз наздик мешавад.)

Тошмат Эшматов (чехраашро хазин гирифта). Чингиз-ака! Чи боистеъдод буд! Дили кас пора мешавад!

(Чингиз, ки гирён аст, Тошматро намешунавад, охиста суи тобути Бибисоро меравад.)

Тошмат Эшматов (бо хашм). Палид!

(Дар ин вакт Хасан Хусейнов ва Эшмат Тошматов, аз тобут дур шуда, ба пешсахна меоянд.)

Хасан Хусейнов (Чингизро бо нигох гуселонда). Уро бинед-а! Ягон кас нест, оромаш кунад…

Эшматов Тошматов (худро андухгин вонамуда, сар мечунбонад). Бо ин ахвол хамаи моро шарманда мекунад ин журналист. Шарму хаёро гум кардааст.

Тошмат Эшматов (кинояомез). Чи илоч, дуст медошт.

Эшмат Тошматов (оташин). Хайр, чи? (Сукути кутох). Ё нависандаи машхур шуда, дигар одамонро хам намебинад?

Тошмат Эшматов (тамаллуккорона). Адибони машхур аз ин дунёи фони набудаанд, Эш-ака. Агар ба чои у мо, бандагони хоки мешудем, Хасан Хусейнович гардамонро мебаровард. Адибони машхур дастнорас мешудаанд. Хама кор мумкинашон будааст.

Хасан Хусейнов (оташин). Чи бояд кард акнун, ягон кас оромаш мекунад ё не?

Эшмат Тошматов. Агар СеКа ягон кор карда натавонад…

Хасан Хусейнов (базур худдори намуда). Ягон нафаратон равед, оромаш кунед.

Тошмат Эшматов. Тавре ки Эшмат Тошматов гуфтанд, ин кор аз дасти СеКа наояд, аз дасти мо намеояд. Анна, хамин хел, Хасан Хусейнович, худатон нозпарвард кардед, бало бардоштед, акнун як дахон гап зада наметавонед.

Эшмат Тошматов. Дуруст мегуяд ин бача. Бехуда дастгири кардед журналистро. (Бо сараш ба суи Чингиз ишора карда) Ана, хосили чидду чахдатон.

Тошмат Эшматов (ризомандона сар мечунбонад). Оре, журналист… шумо комилан дуруст гуфтед! Мо, нависандахо, Хасан Хусейнович, ки будани Айтматовро хуб медонем. Ба як нохуни баъзе нависандахоямон намеарзад у ва ин шухрати арзонро махз бо ёрии шумо ба даст овардааст. Асархояшро бинед – мавзуъхои майда-чайда, эхсосоти ночизи инсони. Барои чи дар бораи дехконони колхозхову коргарони заводу фабрикахо наменависад? Барои он ки аклаш намегирад. Баъд – менависад дар бораи Ким-кадом чамилахо. Мебахшед, Хасан Хусейнович, ман диламро холи кардам. Дер боз дар ин хусус гуфтан мехостам…

Хасан Хусейнов (навмедона). Рафтем, ягон кор кунем. (Харсе суи тобути Бибисоро мераванд. Баъди чанде Чингиз бо чашмони ашкбор ба пешсахна меояд ва, ба сели беохири одами нигариста, карахт мешавад)

Чингиз (худ ба худ). Гашт хомуш нури чашмонам,

                                   Бедаво дард дар дилам чо шуд,

                                   Шуд тихи олами дилу чонам,

                                   Дилу чонам тихи аз ово шуд.

                                   Эй диламро чу рахнамо ахтар,

                                   Бо чунин дард чун кунам тамкин,

                                   Шуди хомуш човидон дигар,

                                   Чи маро медихад дигар таскин?!

Мешунави маро, чонам? Ин чи руз? Ин чи савдо? Бовар намекунам! Бовар намекунам! Акнун бе офтоби руи ту, бе зангулаи садои ту, бе обшори   хандахои ту чи хел зиндаги кунам?! Чи хел?!

Сахнаи чордахум

Ба чои анчом

Айтматов ва Асал.

Чингиз. Хонда тамом карди, духтарам?

Асал. Оре, устод.

(Сукути кутох)

Чингиз. Ха-а, бисёр киссаи гамангез.

(Сукут).

Асал. Киссаи ишки поку бегубор, вале фочиави.

(Сукут)

Чингиз. Рафтем, духтарам, бевакт шуд. Биё, гуселат кунам.

(Лаб-лаби дарё мераванд. Дар он чо, дар дуродур, дар мобайни кул, тимсоле, гох ба ку табдил ёфтаву гох ба зани зебое, ба ким-кучо шино мекунад)

Декабри 1998 – майи 1999

Жаниш КУЛМАМБЕТОВ

ЧИНГИЗ ВА БИБИСОРО

(Драма иборат аз ду кисм)

Тарчумаи Низом КОСИМ

Email: nizom_kosim@mail.ru

 

«Зане, ки зиндагии маро мунаввар намуд,

ситораи санъати киргиз Бибисоро Бейшеналиева буд.»

Чингиз Айтматов

Амал мекунанд:

Чингиз

Бибисоро

Эшмат Тошматов – нависанда

Тошмат Эшматов – нависанда

Хасан Хусейнов – рохбари хизби

Олмахон

Асал

Кисми якум

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …