Главная / Маданият ва санъат / Таомҳои дуюм аз сабзавот

Таомҳои дуюм аз сабзавот

Таомҳои дуюмро аз як намуди сабзавот тайёр кардан мумкин

(картошкабирён, карами пухтагӣ, лаблабуи дампаз, котлет аз сабзӣ, каду, шалғам ва ғайра). ҳамчунин аз якчанд намуди сабзавот рагуи сабзавотӣ ё дамламаи аз каду, шалғам, сабзӣ картошка бо пиёз, кабудӣ, помидор ё томати помидор, барги тайёр намудан мумкин аст. Дар таркиби қариб ҳамаи таом сирпиёз андохтан мумкин аст. Дар вақти таоми тайёрро ба рӯи миз гузоштан ба рӯи он кабудӣ – петрушка ё шибит ва қайла меандозанд.

Сабзавоти бирёнкарда ва дампазро бисёртар ҳамчун гарнир дар таомҳои аз гӯшти моҳию мурғ истифода мебаранд.

buddha bowl, vegan lunch, tofu fruit vegetables salad.
buddha bowl, vegan lunch, tofu fruit vegetables salad.

Сифати таом ба чунин талабот ҷавоб диҳад:

1.ҳамаи сабзавоти дампазшуда шакли резакардаашро гум накунад ва пухта нагузаштагӣ бошад. Баъд аз пухтан котлети аз сабзи тайёршуда, тухмшакл ва сатҳи рӯяш баробар сурх шуда бошад.

2.Бӯи лаблабу дампаз бояд ба бӯи қаймоқ монанд бошад, рагуи котлети сабзавотӣ бошад ба бӯи сабзавотҳои пухтагӣ хос бошад.

Дар сабзавот бисёр намуди витаминҳое ҳастанд, ки барои организми инсон заруранд.

Кори амалӣ

Карамдамлама (карами дампаз) бо гӯшт

Таҷҳизот: дег, сатилча, карамрезакунак, тахтачаи барои сабзавот ва гӯшт, корд, кафгир.

Миқдори масолеҳ: карам __________– 1 дона, гӯшт – 500 г, пиёз – 200 г, равған –

50 г, як бандча кабудӣ, намак, дорувориҳо мувофиқи табъ. (ҳаҷмаш барои 5 кас).

Рафти иҷрои кор

Карами тару тозаро шуста, ба 4 ҳисса ҷудо карда, пӯсти сахташро гирифта партофта, гӯшти тозаи лаҳми гӯсфандро тоза шуста, майда реза карда, дар равғани на он қадар зиёд бо пиёз, помидор ё қайлаи он бирён мекунем. Баъд камтар об, намак, адвиёт андохта, то пухтанаш дам карда, дар оташи паст пухтанро давом медиҳем. Таоми тайёр ба табақ кашида, қайла, кабудӣ, чошида ба миз дода мешавад.

Ҳисоботи кори иҷрошуда:

1.ҳисоб кардани миқдори маҳсулот барои зергурўҳи худ. Ҳисоб кардани нархи маҳсулот.

2.Талаботро риоя кардан ва баҳо додан ба таоми тайёр.

? Савол ва супориш

1.Коркарди аввали карамро гуфта диҳед.

2.Барои чӣ карамро барои ин таом маҳин реза намекунанд?

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

sanati-od-ibtidoi

САНЪАТИ ОДАМОНИ ИБТИДОӢ.

Бостоншиносон бисёр “асарҳо”-и санъати одамони асри сангро пайдо намудаанд. Қариб сад сол қабл аз ин …