Талаб кардани илм
Расули акрам (с) фармуданд, ки агар бобе аз илм ёд гири, бехтар аст туро аз хазор ракъат намози нофила.
Боз фармуданд: хар касе дар назди олим ду соат нишинад ё ду масъала шунавад ё ду лукмаи таъом хамрохи у хурад ё ду кадам рох хамрохи олим равад, Аллох таъоло барои он банда ду бустон дар чаннат ато кунад.
Расули акрам (с) фармуданд: аз Чабраил алайхи-с-салом пурсидам, ки олим чист?
Гуфтанд, ки олим чароги уммати шумо аст дар дунё ва дар охират. Барои он ки ба рушноии илми олим хамчун чарог авомуннос рохи хакикатро меёбанд. Хушо ба холи касе, ки олимро иззат кунад, вой бар он касе, ки мункири олимон бошад ва душмани онхо гардад.
Хикоят. Овардаанд, ки Пайгамбар (с) ба назди масчиде расиданд ва диданд, ки шайтон бар дари он масчид истода аст.
Гуфтанд: – Эй иблис, бар дари ин масчид ба чи кор истодаи?
Шайтон гуфт: – Шахсе аз авом дар ин масчид намоз мегузорад, мехохам намози уро вайрон кунам, аммо олиме дар ин масчид дар хоб асту аз у метарсам.
Пайгамбар (с) гуфтанд: – Чаро аз намозгузор наметарси, ки у дар ибодат ва муночот аст ва олим дар хоби гафлат.
Шайтон гуфт: – намози ин марди авомро фасод кунам олим аз хоб бедор шуда чизе ба у омузад, ки аз намози фасоди худ савоби зиёдатар ёбад ва мехнати ман барбод равад.
Пайгамбар (с) фармуданд, ки рузи киёмат чахор гурух хисобу азобро нодида бар дари бихишт чамъ шаванд ва хар кадомашон барои аввал даромадан дар бихишт мунозиат кунанд. Аллох таъоло аз барои хукм кардан ба Чабраил алайхи-с-салом амр кунад, аввал аз шахид пурсад, ки дар дунё чи кор карди, ки ба даромадани бихишт пешдасти мекуни?
Шахид гуяд, ки аз барои ризои Аллох таъоло дар маъракаи куфор ба шаходат расидам.
Чабраил алайхи-с-салом гуяд: – Савоби шахидиро аз ки шуниди? Гуяд: – аз олим.
Чабраил алайхи-с-салом гуяд: – эй шахид, адаб нигах дор. Баъд аз он аз хочи пурсад.
Хочи гуяд: – Аз барои ризои Худованд ба гайри риё ва,
фасод хач кардам.
Чабраил алайхи-с-салом гуяд: – Савоби хачро аз ки шуниди?
Гуяд: аз олим.
Чабраил алайхи-с-салом гуяд: – Эй хочи, адаб нигах дор ва пеш аз олим дохил нашав.
Баъд аз он аз сахи пурсад, сахи низ чавоби бо савоб гуяд. Чабраил алайхи-с-салом уро низ гуяд, ки савоби саховатро аз ки омухти?
Гуяд: – Аз олим.
Чабраил алайхи-с-салом гуяд: – Ё сахи, адаб нигох дор.
Баъд аз он аз олим пурсад.
Олим гуяд: – Аз барои ризои Худои таъоло ба машаккатхои зиёде илм омухтам ва дар у амал кардам.
Чабраил алайхи-с-салом гуяд: – Эй Ризвон, дари бихиштро кушода аввал олимро дохил кун.
Олим гуяд: – Худовандо, он чи аз илм ба даст овардам, ба сабаби саховати сахи ва эхсони сахи ба даст овардам.
Худованд гуяд: – Эй олим, рост гуфти. Ба Чабраил алайхи-с- салом амр кунад, ки аввал сахиро дохил кун, баъд аз он дигаронро.
Расули акрам (с) фармуданд, ки шахсе як дирам ба толибилми камбагал дихад, гуё мисли кухи Ухуд аз тиллои сурх дар рохи Аллох таъоло хайр карда бошад, савоби онро ёбад.
Илм шарифтар василате аст барои кариб шудан ба Худованд ва илм сифати хак аст. Ба василати илм ба дарачоти оли тавон расид ба шарте, ки бо уламо хавфу хашият карин бошад, зеро ки сари хама илмхо худотарси асг. Харчанд илм зиёд шавад, бояд, ки тарс аз Худованд бисёртар гардад. Нишонаи тарсидан он аст, ки бад-он илм амал кунад ва онро василати дарачоти охират созад.
Бидон, ки аз арш то зери замини хафтум хеч чиз аз илм шарифтар нест. Ба далели он, ки хамаи пайгамбаронро, ки Хак таъоло ба халоик фиристод, онхоро илм дод, пас маълум шуд, ки агар аз илм бузургтар ва азизтар чизи дигаре мешуд, пайгамбаронро хамон чиз медод.
Яке аз бузургони динро савол карданд, ки агар туро андаке аз умр боки монда бошад, дар чи чиз сарф куни, ки некутар бошад?
Гуфт: – Дар талаби илм, аз барои он ки бехтарини мавчудот Хазрати Мухаммади Мустафо (с) бо вучуде, ки хамаи илмхоро доштанд, боз дуъо мекарданд, ки, эй боро Худоё, илми маро зиёд кун.
Расули акрам (с) фармуданд, ки агар як олим ё як толибилм дар махаллае ё дехае дарояд, ки аз таъоми онхо нахурад ва аз оби онхо нанушад, балки аз як чониб дарояд ва аз чониби дигар барояд. Худои таъоло азобро аз ахли гуристони онхо бардорад, то чихил руз ва агар уро иззат ва мехмондори кунанд, азоб аз ахли гуристони онхо то чихил сол бардорад.
Расули акрам (с) фармуданд, ки як соате аз шаб инсон ба мутолиаи илм машгул бошад, бехтар аст аз он ки тамоми шаб бедор бошад ва ибодат кунад.
Расули акрам (с) фармуданд, ки хар кас мехохад ва дуст медорад, ки назар ва тамошо кунад ба суи озодкардагони Худованд аз оташи дузах, пас назар кунад ба суи талабгори илм.
Омадааст, ки як олим сахттар аст бар шайтону лашкархои вай аз хазор обид, яъне аз рох задани хазор обиди бе илм осонтар аст бар шайтону лашкархои вай, то аз рох задани як олим.
Расули акрам (с) фармудаанд, ки талаб кардани илми тавхид ва худопарасти фариза аст бар хамаи мардон ва занони имондор.
Расули акрам (с) фармуданд, ки чун олими хаккони ба илми худ амал кунад, миёни вай ва миёни пайгамбарон алайхи-с-салом фарк набошад, магар як дарача ва он дарачаи пайгамбари аст, пас ба тахсили илм машгул бояд буд, то бо ин саъодат бираси.
# # #
Эй толиби илм, тарки тахсил макун
Як руз зи умри хеш таътил макун.
Як нукта агар ба оламе бифрушанд,
Он нукта бихар ба оламу кил макун.
Эй бародар ва хохари азиз, илм омуз, то азизи ду чахон гарди.
Хохи, ки хамеша шоду хуррам боши,
Хар чо ки рави, зарифи олам боши.
Такрор куну, чахд куну, или омуз,
То точи сари банини одам боши.
#
Коре, ки зи дузах бирахонад, илм аст.
Моле, ки зи ту кас наситонад, илм аст.
Чуз илм талаб макун, ки дар дунёву дин,
Рохе, ки ба максуд расонад илм аст.
Илохо, хамаи моро илми нофиъ каромат фармои ва аз илми лоянфаъ нигох дори, омин.