Главная / Маданият ва санъат / Талаб кардани илм

Талаб кардани илм

Талаб кардани илм

Расули акрам (с) фармуданд, ки агар бобе аз илм ёд гирӣ,  беҳтар аст туро аз ҳазор ракъат намози нофила.

Боз фармуданд: ҳар касе дар назди олим ду соат нишинад  ё ду масъала шунавад ё ду луқмаи таъом ҳамроҳи ӯ хӯрад ё ду қадам роҳ ҳамроҳи олим равад, Аллоҳ таъоло барои он банда ду бӯстон дар ҷаннат ато кунад.

 

Расули акрам (с) фармуданд: аз Ҷабраил алайҳи-с-салом пурсидам, ки олим чист?

Гуфтанд, ки олим чароғи уммати шумо аст дар дунё ва  дар охират. Барои он ки ба рӯшноии илми олим ҳамчун чароғ авомуннос роҳи ҳақиқатро меёбанд. Хушо ба ҳоли касе, ки олимро иззат кунад, вой бар он касе, ки мункири олимон бошад ва душмани онҳо гардад.

Ҳикоят. Овардаанд, ки Пайғамбар (с) ба назди масҷиде расиданд ва диданд, ки шайтон бар дари он масҷид истода аст.

Гуфтанд: – Эй иблис, бар дари ин масҷид ба чӣ кор истодаӣ?

Шайтон гуфт: – Шахсе аз авом дар ин масҷид намоз мегузорад, мехоҳам намози ӯро вайрон кунам, аммо олиме дар ин масчид дар хоб асту аз ӯ метарсам.

Пайғамбар (с) гуфтанд: – Чаро аз намозгузор наметарсӣ, ки ӯ дар ибодат ва муноҷот аст ва олим дар хоби ғафлат.

Шайтон гуфт: – намози ин марди авомро фасод кунам олим аз хоб бедор шуда чизе ба ӯ омӯзад, ки аз намози фасоди худ  савоби зиёдатар ёбад ва меҳнати ман барбод равад.

Пайғамбар (с) фармуданд, ки рӯзи қиёмат чаҳор гурӯҳ ҳисобу азобро нодида бар дари биҳишт ҷамъ шаванд ва ҳар кадомашон барои аввал даромадан дар биҳишт мунозиат кунанд. Аллоҳ таъоло аз барои ҳукм кардан ба Ҷабраил алайҳи-с-салом амр кунад, аввал аз шаҳид пурсад, ки дар дунё чӣ кор кардӣ, ки ба даромадани биҳишт пешдастӣ мекунӣ?

Шаҳид гӯяд, ки аз барои ризои Аллоҳ таъоло дар маъракаи куфор ба шаҳодат расидам.

Ҷабраил алайхи-с-салом гӯяд: – Савоби шаҳидиро аз кӣ  шунидӣ? Гӯяд: – аз олим.

Ҷабраил алайҳи-с-салом гӯяд: – эй шаҳид, адаб нигаҳ дор. Баъд аз он аз ҳоҷӣ пурсад.

Ҳоҷӣ гӯяд: – Аз барои ризои Худованд ба ғайри риё ва,

фасод ҳаҷ кардам.

Ҷабраил алайҳи-с-салом гӯяд: – Савоби ҳаҷро аз кӣ шунидӣ?

Гӯяд:  аз олим.

Ҷабраил алайҳи-с-салом гӯяд: – Эй ҳоҷӣ, адаб нигаҳ дор ва пеш аз олим дохил нашав.

Баъд аз он аз сахӣ пурсад, сахӣ низ ҷавоби бо савоб гӯяд. Ҷабраил алайҳи-с-салом ӯро низ гӯяд, ки савоби саховатро аз кӣ омӯхтӣ?

Гӯяд: – Аз олим.

Ҷабраил алайҳи-с-салом гӯяд: – Ё сахӣ, адаб нигоҳ дор.

Баъд аз он аз олим пурсад.

Олим гӯяд: – Аз барои ризои Худои таъоло ба машаққатҳои зиёде илм омӯхтам ва дар ӯ амал кардам.

Ҷабраил алайҳи-с-салом гӯяд: – Эй Ризвон, дари биҳиштро кушода аввал олимро дохил кун.

Олим гӯяд: – Худовандо, он чи аз илм ба даст овардам, ба сабаби саховати сахӣ ва эҳсони сахӣ ба даст овардам.

Худованд гӯяд: – Эй олим, рост гуфтӣ. Ба Ҷабраил алайҳи-с- салом амр кунад, ки аввал сахиро дохил кун, баъд аз он дигаронро.

Расули акрам (с) фармуданд, ки шахсе як дирам ба толибилми камбағал диҳад, гӯё мисли кӯҳи Уҳуд аз тиллои сурх дар роҳи Аллоҳ таъоло хайр карда бошад, савоби онро ёбад.

Илм шарифтар василате аст барои қариб шудан ба Худованд ва илм сифати ҳақ аст. Ба василати илм ба дараҷоти  олӣ тавон расид ба шарте, ки бо уламо хавфу ҳашият карин  бошад, зеро ки сари ҳама илмҳо худотарсӣ асг. Ҳарчанд илм  зиёд шавад, бояд, ки тарс аз Худованд бисёртар гардад. Нишонаи тарсидан он аст, ки бад-он илм амал кунад ва онро василати дараҷоти охират созад.

Бидон, ки аз арш то зери замини ҳафтум ҳеч чиз аз илм шарифтар нест. Ба далели он, ки ҳамаи пайғамбаронро, ки Ҳак таъоло ба ҳалоиқ фиристод, онҳоро илм дод, пас маълум шуд, ки агар аз илм бузургтар ва азизтар чизи дигаре мешуд, пайғамбаронро ҳамон чиз медод.

Яке аз бузургони динро савол карданд, ки агар туро андаке аз умр боқӣ монда бошад, дар чӣ чиз сарф кунӣ, ки некӯтар  бошад?

Гуфт: – Дар талаби илм, аз барои он ки беҳтарини мавҷудот Ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) бо вуҷуде, ки ҳамаи илмҳоро доштанд, боз дуъо мекарданд, ки, эй боро Худоё, илми маро зиёд кун.

Расули акрам (с) фармуданд, ки агар як олим ё як толибилм дар маҳаллае ё деҳае дарояд, ки аз таъоми онҳо нахӯрад ва аз оби онҳо нанӯшад, балки аз як ҷониб дарояд ва аз ҷониби дигар барояд. Худои таъоло азобро аз аҳли гӯристони онҳо бардорад, то чиҳил рӯз ва агар ӯро иззат ва меҳмондорӣ кунанд, азоб аз аҳли гӯристони онҳо то чиҳил сол бардорад.

Расули акрам (с) фармуданд, ки як соате аз шаб инсон ба  мутолиаи илм машғул бошад, беҳтар аст аз он ки тамоми шаб бедор бошад ва ибодат кунад.

Расули акрам (с) фармуданд, ки ҳар кас мехоҳад ва дӯст медорад, ки назар ва тамошо кунад ба сӯи озодкардагони Худованд аз оташи дӯзах, пас назар кунад ба сӯи талабгори илм.

Омадааст, ки як олим сахттар аст бар шайтону лашкарҳои вай аз ҳазор обид, яъне аз роҳ задани ҳазор обиди бе илм осонтар аст бар шайтону лашкарҳои вай, то аз роҳ задани як олим.

Расули акрам (с) фармудаанд, ки талаб кардани илми тавҳид ва худопарастӣ фариза аст бар ҳамаи мардон ва занони имондор.

Расули акрам (с) фармуданд, ки чун олими хаққонӣ ба илми худ амал кунад, миёни вай ва миёни пайғамбарон алайҳи-с-салом фарқ набошад, магар як дараҷа ва он дараҷаи пайғамбарӣ аст, пас ба таҳсили илм машғул бояд буд, то бо ин саъодат бирасӣ.

# # #

Эй толиби илм, тарки таҳсил макун

Як рӯз зи умри хеш таътил макун.

Як нуқта агар ба оламе бифрӯшанд,

Он нукта бихар ба оламу қил макун.

 

Эй бародар ва хохари азиз, илм омӯз, то азизи ду ҷаҳон гардӣ.

Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ,

Ҳар ҷо ки равӣ, зарифи олам бошӣ.

Такрор куну, ҷаҳд куну, или омӯз,

То тоҷи сари банини одам бошӣ.

#

Коре, ки зи дӯзах бираҳонад, илм аст.

Моле, ки зи ту кас наситонад, илм аст.

Ҷуз илм талаб макун, ки дар дунёву дин,

Роҳе, ки ба мақсуд расонад илм аст.

 

Илоҳо, ҳамаи моро илми нофиъ каромат фармоӣ  ва аз илми лоянфаъ нигоҳ дорӣ, омин.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …