Главная / Маданият ва санъат / ТОЧИКИСТОН (Шеър)

ТОЧИКИСТОН (Шеър)

kuh-kuli-temurdara

Точикистон, обу хокам обу хоки поки туст,
Ту маро хам чои чон, хам чои дил, хам чои чашм.
Ман кадам чун менихам, дар зери поям хоки туст,
Гарди хокатро табаррук менихам болои чашм.
Гар касе як гарди ту дар бахру бар гумм мекунад,
У на гарди хоки покат, балки сар гум мекунад.
То забон бикшоям аз ишкат, маро бикшо забон,
То ба дехкон чун замини пахта бахшоям сурур.
То ситоям куху водият чу дарёи равон,
Карда гардон паррахоро, к-он шавад дарёи нур.
Ишки ман харгиз набошад дар забон дар сухан,
Баски ишки ту дамида чои чонам дадр бадан.

Бодхо дар пуштахо аз мехри ман хонад суруд,
Мавчхо дар рудхо аз ишки ман хонад газал,
Офтоб аз куллахо аз сидки ман гуяд дуруд,
Точикистон, бахри ту, ишки азизи бебадал.
Ман баландам аз само, то зери гардуни туам,
Дар рагу шарёни ту як катраи хуни туам.

Достони нусрати ту дар замину осмон,
Ахтарон руйи ливоят карда аз гардун нузул.
Гарчи хамчун Точикистон арзу тули ту аён,
Лек хамчун хоки точикон надори арзу тул.
Решаи точик равад аз хиттае бар хиттае,
Бо хама илму фанаш аз китъае бар китъае.

Аз азал ин кухсорон хамчу боми точик аст,
Боми хар як точике бошад ба гардун хамчавор.
Аз ниёгон ёдгори мо чу номи точик аст,
Точикистон асту истиклол аз мо ёдгор.
Сабз боши, хоки точик, хамчавори осмон,
То зиям андар канорат хамканори осмон.

Муаллиф: Аскар Хаким  

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …