Главная / Маданият ва санъат / ТОҶИКИСТОН (Шеър)

ТОҶИКИСТОН (Шеър)

kuh-kuli-temurdara

Тоҷикистон, обу хокам обу хоки поки туст,
Ту маро ҳам ҷои ҷон, ҳам ҷои дил, ҳам ҷои чашм.
Ман қадам ҷун мениҳам, дар зери поям хоки туст,
Гарди хокатро табаррук мениҳам болои чашм.
Гар касе як гарди ту дар баҳру бар гумм мекунад,
Ӯ на гарди хоки покат, балки сар гум мекунад.
То забон бикшоям аз ишқат, маро бикшо забон,
То ба деҳкон чун замини пахта бахшоям сурур.
То ситоям кӯҳу водият чу дарёи равон,
Карда гардон парраҳоро, к-он шавад дарёи нур.
Ишқи ман ҳаргиз набошад дар забон дар сухан,
Баски ишқи ту дамида ҷои ҷонам дадр бадан.

Бодҳо дар пуштаҳо аз меҳри ман хонад суруд,
Мавҷҳо дар рӯдҳо аз ишқи ман хонад ғазал,
Офтоб аз қуллаҳо аз сидқи ман гӯяд дуруд,
Тоҷикистон, баҳри ту, ишқи азизи бебадал.
Ман баландам аз само, то зери гардуни туам,
Дар рагу шарёни ту як қатраи хуни туам.

Достони нусрати ту дар замину осмон,
Ахтарон рӯйи ливоят карда аз гардун нузул.
Гарчи ҳамчун Тоҷикистон арзу тӯли ту аён,
Лек ҳамчун хоки тоҷикон надорӣ арзу тӯл.
Решаи тоҷик равад аз хиттае бар хиттае,
Бо ҳама илму фанаш аз қитъае бар қитъае.

Аз азал ин кӯҳсорон ҳамчу боми тоҷик аст,
Боми ҳар як тоҷике бошад ба гардун ҳамҷавор.
Аз ниёгон ёдгори мо чу номи тоҷик аст,
Тоҷикистон асту истиқлол аз мо ёдгор.
Сабз бошӣ, хоки тоҷик, ҳамҷавори осмон,
То зиям андар канорат ҳамканори осмон.

Муаллиф: Аскар Ҳаким  

Загрузка...

Дар борамон anvarj63

Инчунин кобед

krantas

Дар Тоҷикистон мошин истеҳсол хоҳад шуд

Ширкати алюминии “Талко” тасмим дорад то як моҳи дигар дар Тоҷикистон корхонаи истеҳсоли мошинҳои боркашро …