Главная / Биология / ТАЪРИХ ВА ИНКИШОФИ ИЛМИ ЗООЛОГИЯ ДАР Точикистон

ТАЪРИХ ВА ИНКИШОФИ ИЛМИ ЗООЛОГИЯ ДАР Точикистон

To галабаи инкилоби Октябр дар тамоми Осиёи Миёна, аз чумла Точикистони имруза барои инкишофи хаматарафаи илмхои табиатшиноси, махсусан физика, кимиё, геология, чугрофия, астрономия, биология (ботаника набототшиноси, зоология — махлукшиноси, инсон ё фаъолияти узвхои он) ва дахло шохахои чудогонаи ин илмхо имконият махдуд буд, аз ин ру, фанхои номбурда бо тамоми хусусият ва пахлухояш таълим дода намешуданд.

Оид ба илмхои табиатшиноси ва шохахои чудогонаи он аз асархои илмии Абуали ибни Сино, ал-Беруни, Умари Хайём, Султонмухаммади Балхи, Зикриё Мухаммади Казвини, Хочамухаммади Табрези, Саидхусайни Наср, Абурайхони Берунй ва дигарон баъзе маълумотхои ибтидоиро пайдо карда метавонем.

zologiya-taj

Дар нимаи дуюми асри XIX бо омадани сайёхони рус, олимон ва мутахассисони илмхои чудогона ба Осиёи Миёна омузиши илмхои табиатшиноси огоз ёфт. Масалан. дар омухтани олами хайвоноти Точикистон олимон А.П. Богданов, Г.А. Кожевников, А.П. Семснов-Тяншанский, А.А. Тихомиров, А.П. Федченко. В.Ф. Ошанин, Г.Е. Грум-Гржимайло, Регел, Глазунов, Г.Г. Якобсон ва дигарон хиссаи арзанда гузоштаанд. Махсусан, баъди ба Россия хамрох шудани Осиёи Миёна (1868), ташкилёбии Донишгохи давлатии осиёмиёнаги дар Тошканд (1920), инчунин таъсиси шуъбаи Академияи ил.мхои Россия дар Душанбе (1932), ки сарвари он академик Е.Н. Павловский таъин шуда буд, ба омухтани олами хайвоноти Точикистон ва тайёр кардани мутахассисони илми зоология замина гузоштанд,

Евгенин Никанорович Павловскнй (1884-1965) зоолог ва паразитолог, аъзои хакикии Академияи илмхои собик Иттиходи Шурави, Лауреати секаратаи Мукофоти давлати, Кахрамони Мехнати Сотсиалисти, генерал-лейтенант оид ба илми тибби харби дар шахрчаи Бирючеи музофоти Воронеж таваллуд шудааст. У аз бачаги табиатро бисёр дуст медошт ва кушиш мекард, ки олами хайвонотро бештар омузад. Соли 1902 вай гимназияи Борисоглебскийро бо медали тилло ва соли 1908 Академияи тиббии харбии Петербургро бо дипломи аъло хатм кард ва дар он чо ба кор монд.

Аз соли 1933 то соли 1944 Павловский Е.Н. дар институти тачрибаи тиббии умумииттифоки дар Ленинград кор карда, дар як вакт (1937-1951) ба шуъбаи точикистонии Академияи илмхо рохбарй кардааст. Солхои 1942-1962 — директори институти зоологияи Академияи илмхои Иттиходи Шурави ва солхои 1952- 1964 президенти Чамъияти географхои Иттиходи Шурави буд. ‘Гадкикотхои Павловский Е.Н. асосан ба сохаи илми паразитология бахшида шудаанд. Ин буд. ки бо рохбарии у дар Осиёи Миёна, Закавказе, Крим. Шарки Дур ва дигар нохияхои собик Иттиходи Шурави зиёда аз 100 сафархои илми-тадкикоти оид ба омузиши хашароти паразит: канахо пашшахо ва дигар хайвонот, ки манбаъи касалихои сирояткунанда мебошанд, гузаронида шудааст.

Барои мубориза бо кирми хомушак, ки бавучудоварандаи касалии варача — табларза мебошад, дар захбуру ботлокзорхо ва хавзхо мутобик кардани мохичаи америкои — гамбузияро тавсия кард. Вай инчунин сабаби касалии риштаро муайян намуда буд.

Бо ташаббуси у аз соли 4939 cap карда, дар хавзхои мохипарварии Точикистон бо парвариши загорамохи шуруъ карданд.

У бо хамкорони худ дар бораи вирусхои касалиовар — бактерияхо тадкикот бурда, зиёда аз 600 асари илми-оммави навиштааст.

Баъд аз ташкилёбии Академияи илмхои Точикистон, ки Садриддин Айни Президенти он интихоб шуд, Евгений Никанорович Павловский директори Пажуишгохи илми-тадкикотии зоологияи Академияи илмхои Точикистон таъин шуд. У дар тайёр кардани мутахассисони милли сахми калон гузоштааст, ки яке аз онхо академик М.Н. Нарзикулов мебошад. Барои хизматхои шоёнаш дар омузиши олами хайвоноти Точикистон ва тайёр кардани мутахассисон Пажухишгохи илми-тадкикотии зоология ва паразитологили Академиян илмхои Точикистон ва мактаби миёнаи №8-и шахри Душанбе ба номи Павловский Е.Н. гузошта шудааст.

Дар асрхои IX-XII, махсусан дар давраи давлатдории Сомониён Бухоро маркази тараккиёти илму фарханг ба шумор мерафт.

Тараккиёти илм дар ин асрхо аз он маълум мешавад, ки дар Бухоро растахои китобфуруши вучуд дошта. сухбатхои илми дар авч будааст. Дар Нишопур китобхонаи мадрасаи Собуниён, Дар Марв китобхонаи «Чомеъ-ул-анбар» сохта шуданд. Махсусан, Бухоро бо китобхонаи «Савон – ал хикмат»-и худ шухрат пайдо карда буд. Ин китобхона аз руйи гуфтаи Абуали ибни Сино шуъбахои бисёре доштааст, ки дар хар кадоми он китобхо оид ба ягон сохаи фан. Яъне дар як шуъба – китобхо оид ба тиб, дар шуъбаи дигар – китобхо оид ба фалсафа, дар шуъбаи сеюм – мусаввадахои шоирон ва гайра дар сандукхо нигох дошта мешуданд.

Абуали ибни Сино соли 980 дар дехаи Афшанаи Бухоро таваллуд шуда, соли 1037 вафот кардааст. У дар муддаги умри кутохи худ (57 сол) дар сохаи илмхои гуногун бештар аз 150 асар навиштааст. Китобхои у «Алмачмуъ», «Китоб-уш-шифо» (аз 18 чилд иборат аст), «Доншпномаи Улой». «Рисолаи кимиё». «Алконун» (5 чилд), «Донишнома», «Рисолаи набз», «Мантики форси» ва гайрахо дар тамаддуни чахони хиссаи арзандае гузоштаанд.

Абурайхони Беруни (973-1048) олимн номдори сохаи илмхои табиатшиноси буда, рисолахои «Китоб-ут-тафхим», «Минералогия», «Дар олами ачоибот» ба калами у тааллук доранд. Дар хамин давра аз тарафи муаллифи номаълум китоби «Худудулолам» (чугрофия) навишта шудааст. ки он бо забони форси буда, холо дар фонди тиллоии китобхонаи Санкт-Петербург ба номи Саптиков-Шедрин махфуз аст. Ин китобро М.С. Осими ва А. Турсунов дарёфт карда соли 1984 дар Душанбе бо хуруфи кирили аз чоп бароварда. пешкаши хонандагон кардаанд.

Аз руйи хуччатхон таърихи маълум мсшавад, ки дар асри X дар чойи хозираи нохияи Каровулбозори наздики Бухоро бо фармони шохи онвакта ба дарозию пахнии 40 хазор кадам мамнуъгох (заповедник) сохта будаанд, ки дар чор гушаи он посбонхои давлати назорати доими мебурданд. Холо аз он нишонае намондааст.

Барои омузиши илми хайвоноти Осиёи Миёна бо дархости хокими Бухоро Абдуллохони II (1557-1598) Султонмухаммади Балхи дар асри XVI китоби «Мачмуа-ал-гароиб»-ро навишт, ки аз 15 боб иборат буда, 5 бобаш ба олами хайвонот бахшида шудааст.

Зикриё Мухаммади Казвинй китоби «Ачоиб-ул-махлукот»-ро навиштааст, ки соли 1895 дар Эрону Хиндустон чоп гардидааст Дастхати онро соли 1909 дар Бухоро пайдо кардаанд.

Хочамухаммади Табризи китоби «Хавосат-ул-хайвон»-ро навиштааст, ки соли 1921 дар Техрон чоп шудааст.

Боз як дастхате оид ба олами хайвонот дар китобхонаи Машхади Эрон махфуз хаст, ки 900 сол пеш онро дар варакхои махсус (дар пусти 200 гусола) навиштаанд.

Дар Истамбул оид ба олами хайвоноти водии Фаргона дар асри XIX навипггаеро ёфтанд, ки муаллифаш номаълум аст. Гайр аз ин дастхати китобхои «Хаёт-ул-хайвон», «Махлукнома» дар китобхонаи дастхатхои Самарканд махфузанд.

Соли 1964 Саидхусайн Наср дар Техрон китоби «Назари мутафаккирони ислом дар бораи табиат»-ро аз чоп бароварда буд, ки дар бораи монанди ва фаркияти набототу хайвонот бахс мекунад. Оид ба илми зоология дар Точикистони тошурави китобхои илми-оммави (гайридарси) навишта шуда буданд, ки ба забони форси-точики дастхат шудаанд. Холо дар шуъбаи дастхатхои китобхонаи миллии ба номи Абулкосим Фирдавси ва хазинаи Академияи илмхои чумхури баъзе нусхахое хастанд, ки пеш аз соли 1914 навишта шудаанд. Онхо аз сад як фоиз боки мондааст, зеро сохибони он аз тарсу вахми солхои аввали баъдиинкилобй кариб хама китобхои дар хонаашон бударо хар чо пинхон намуда буданд ( китобхоро ба дарё партофтанд, баъзе ашхос дар замин гур карданд, баъзехо аз тарс сузонданд, дар манзилгоххои кухна пинхон карданд, баъзехо ба давлат фурухтанд ва гайрахо), ба шарофати олими самарканди Пулоди баъзе нусхахои ин китобхо боки мондаанд.

Абдурахмони Чоми соли 1492 «Бахористон»-ро навиштааст. Саъдии Шерози оид ба тарбияи одоб китобхои <Гулистон», ва «Бустон»-ро эчод кардааст. Дар ин китобхо мухофизати хайвонот ва самаранок истифодабарии онхо аз чониби одамон яке аз воситахои асосии тарбия ба хисоб мераванд.

Мухаммад-ал Бухори соли 1852 китоби «Чорбоги гулхо»-ро (дар бораи набототу хайвонот) иншо кардааст.

Султонмухаммад соли 1573 китоби «Бозёфтхои камчин»-ро эчод кард, ки дар он дар бораи одам, хайвонот, растанихо, куху чуйборхо, дашту биёбонхо, каналу дарёхо ва бахру укёнусхо, сангхои киматбахо, ходисахои ачоиби табиат сухан меравад.

Дар пешравии илми зоология дар Точикистон Е.Н. Павловский, М.Н. Нарзикулов, И.А. Абдусаломов, А. Гафуров, Ш. Умаров, И.К. Лопатин, Т. Сатторов, Н. Дониёров, А. Тураев, М. Чалилов ва дигарон хиссаи басо калон гузоштаанд.

Мухаммадкул Нарзикулов 10-уми июли соли 1914 дар шахри Самарканд таваллуд ёфтааст. Мархум олими табиатшинос — биолог, зоолог, энтомолог, афидолог, шакаракшиноси машхури собик шурави, академики АИ Точикистон, сарвари зоологхои чумхури (баъд аз академик Е.Н. Павловский), директори Пажухишгохи илми-тадкикотии зоология ва паразитологияи АИ Точикистон, Ходими хизматнишондодаи илми чумхури буд. У дар тайёр кардани мутахассисони илми зоология хиссаи калон гузошта, саркотиби илмхои табиатшиносии АИ Точикистон, сармухаррири мачаллаи «Зоология», аввалин раиси Чамъияти мухофизати табиати чумхури буд.

М. Нарзикулов зиёда аз 550 асару маколахои илми-тадкикоти навиштааст. У чун олими хашаротшинос-энтомолог зиёда аз 100 хели шираи (шакаракхои) дарахту растанихои Осиёи Миёна ва зарари онхоро муайян карда, аввалин сарвари лабораторияи бо рохи биологи нобуд кардани хашароти зараррасони растанихо буд, ки холо аз ин усул хочагихои кишоварзи васеъ истифода мебаранд. У 20 ноябри соли 1985 дар Душанбе вафот кардааст.

Давомдихандаи корхои у орнитолог И.А. Абдусаломов узви вобастаи АИ Точикистон ва энтомолог, директори Пажухлшгохи илми-тадкикотии зоология ва паразитологияи АИ Точикистон А. Гафуров мебошанд.

Ф. Ахроров соли 1983 китобчаеро оид ба «Олами хайвонот ва набототи обхавзхои Точикистон ва мухофизати он» аз чоп баровард, ки дар бораи хайвонхои оби, яънс харчангшаклон, кирмхо, хашарот ва хайвоноте, ки ба шароити обхавзхои Точикистон мутобик шудаанд, инчунин дар хусуси мухофизати хавзхои обии Точикистон ва мохихои он маълумот медихад.

И.Д. Иваненко ва И.К. Лопатин соли 1961 «Хайвоноти Точикистон» ном китоберо барои хониши берун аз синфии зоология нашр карданд. Ин китоб барои хонандагони синфхои 7-8 боб буда ба хонаидагон онд ба олами хайвоноти кишвар маълтумот медихад. Китоб дар бораи хайвоноти биёбону нимбиёбон, обанборхо ва сохилхои он, хайвоноти водихои кухсору дехоти ахолинишин, хайвоноти мухрадори шахру дехоти Точикистон, хайвоноти даштхо ва доманаи куххо, чангалу даштхои кухи, маргзорхои алпи за буттазорхои баланд, хайвоноти Помир, мухофизати онхо дар Точикистон бахс мекунад.

Р. Селиванов соли 1950 китоби «Табиат ва сарватхои табиии Точикистон»-ро аз чоп баровард. Дар ин китоб дар катори дигар боигарихои табиати Точикистон оид ба олами хайвонот, захирахои олами хайвонот, хайвоноти шикори, хайвоноти пуркимат ва мухофизати онхо, мубориза бар зидди хайвоноти зарарнок, ба шароити махал одат кунондан ва парвариш кардани зотхо маълумоти мухтасар дода шудааст.

Соли 1981 И.А. Абдусаломов бо хамрохии ходимони илмии ИЗИП В.Г. Баева ва И.И. Линдт китоби «Олами хайвоноти Точикистон»-ро хамчун васоити таълим барои хонандагони синфхои 6-7 аз чоп баровардаанд, ки барои хониши беруназсинфи таъин шудааст.

Мутаассифона, имруз ин китобхои ёрирасони фанни зоология ба хонандагон кариб тамоман дастрас нестанд.

Савол ва супоришхо:

  1. Оид ба олами хайвонот кадом навиштачоти мутафаккирони форсмаабонро медидем?
  2. Аввалин маъмуънгохи олами хайвонот кай, дар кучо ва аз тарафи ташкхис карда шуда буд?
  3. Дар бораи ба «вучуд омадани илми зоология сахми олимонм русро гуфта дихед.
  4. Дар бораи фаъолиятм академик Павловский Е.Н. накл кунад.
  5. М.Н. Нарзикулов дар инкишофи илмм зоология чи хисса гузоштааст?

 

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …