Главная / Биология / ТАЪРИХ ВА ИНКИШОФИ ИЛМИ ЗООЛОГИЯ ДАР Тоҷикистон

ТАЪРИХ ВА ИНКИШОФИ ИЛМИ ЗООЛОГИЯ ДАР Тоҷикистон

To ғалабаи инқилоби Октябр дар тамоми Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистони имрӯза барои инкишофи ҳаматарафаи илмҳои табиатшиносӣ, махсусан физика, кимиё, геология, ҷуғрофия, астрономия, биология (ботаника набототшиносӣ, зоология — маҳлукшиносӣ, инсон ё фаъолияти узвҳои он) ва дахло шохаҳои ҷудогонаи ин илмҳо имконият маҳдуд буд, аз ин рӯ, фанҳои номбурда бо тамоми хусусият ва пахлӯҳояш таълим дода намешуданд.

Оид ба илмҳои табиатшиносӣ ва шохаҳои ҷудогонаи он аз асарҳои илмии Абӯалӣ ибни Сино, ал-Берунӣ, Умари Хайём, Султонмуҳаммади Балхӣ, Зикриё Муҳаммади Қазвинӣ, Хоҷамуҳаммади Табрезӣ, Саидхусайни Наср, Абурайҳони Берунй ва дигарон баъзе маълумотҳои ибтидоиро пайдо карда метавонем.

zologiya-taj

Дар нимаи дуюми асри XIX бо омадани сайёҳони рус, олимон ва мутахассисони илмҳои ҷудогона ба Осиёи Миёна омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ оғоз ёфт. Масалан. дар омӯхтани олами ҳайвоноти Тоҷикистон олимон А.П. Богданов, Г.А. Кожевников, А.П. Семснов-Тяншанский, А.А. Тихомиров, А.П. Федченко. В.Ф. Ошанин, Г.Е. Грум-Гржимайло, Регел, Глазунов, Г.Г. Якобсон ва дигарон ҳиссаи арзанда гузоштаанд. Махсусан, баъди ба Россия ҳамроҳ шудани Осиёи Миёна (1868), ташкилёбии Донишгоҳи давлатии осиёмиёнагӣ дар Тошканд (1920), инчунин таъсиси шӯъбаи Академияи ил.мҳои Россия дар Душанбе (1932), ки сарвари он академик Е.Н. Павловский таъин шуда буд, ба омӯхтани олами хайвоноти Тоҷикистон ва тайёр кардани мутахассисони илми зоология замина гузоштанд,

Евгенин Никанорович Павловскнй (1884-1965) зоолог ва паразитолог, аъзои ҳакиқии Академияи илмҳои собик Иттиҳоди Шӯравӣ, Лауреати секаратаи Мукофоти давлатӣ, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, генерал-лейтенант оид ба илми тиббӣ ҳарбӣ дар шаҳрчаи Бирючеи музофоти Воронеж таваллуд шудааст. У аз бачагӣ табиатро бисёр дӯст медошт ва кӯшиш мекард, ки олами ҳайвонотро бештар омӯзад. Соли 1902 вай гимназияи Борисоглебскийро бо медали тилло ва соли 1908 Академияи тиббии харбии Петербургро бо дипломи аъло хатм кард ва дар он ҷо ба кор монд.

Аз соли 1933 то соли 1944 Павловский Е.Н. дар институти таҷрибаи тиббии умумииттифоқӣ дар Ленинград кор карда, дар як вақт (1937-1951) ба шӯъбаи тоҷикистонии Академияи илмҳо роҳбарй кардааст. Солҳои 1942-1962 — директори институти зоологияи Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ва солҳои 1952- 1964 президенти Ҷамъияти географҳои Иттиҳоди Шӯравӣ буд. ‘Гадқиқотҳои Павловский Е.Н. асосан ба соҳаи илми паразитология бахшида шудаанд. Ин буд. ки бо роҳбарии ӯ дар Осиёи Миёна, Закавказе, Қрим. Шарқи Дур ва дигар ноҳияҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ зиёда аз 100 сафархои илмӣ-тадқиқотӣ оид ба омӯзиши ҳашароти паразит: канаҳо пашшаҳо ва дигар ҳайвонот, ки манбаъи касалиҳои сирояткунанда мебошанд, гузаронида шудааст.

Барои мубориза бо кирми хомӯшак, ки бавуҷудоварандаи касалии вараҷа — табларза мебошад, дар заҳбуру ботлоқзорхо ва ҳавзҳо мутобиқ кардани моҳичаи америкоӣ — гамбузияро тавсия кард. Вай инчунин сабаби касалии риштаро муайян намуда буд.

Бо ташаббуси ӯ аз соли 4939 cap карда, дар ҳавзҳои моҳипарварии Тоҷикистон бо парвариши зағорамоҳӣ шурӯъ карданд.

У бо ҳамкорони худ дар бораи вирусҳои касалиовар — бактерияҳо тадқикот бурда, зиёда аз 600 асари илмӣ-оммавӣ навиштааст.

Баъд аз ташкилёбии Академияи илмҳои Тоҷикистон, ки Садриддин Айнӣ Президенти он интихоб шуд, Евгений Никанорович Павловский директори Пажӯишгоҳи илмӣ-тадқиқотии зоологияи Академияи илмҳои Тоҷикистон таъин шуд. Ӯ дар тайёр кардани мутахассисони миллӣ саҳми калон гузоштааст, ки яке аз онҳо академик М.Н. Нарзиқулов мебошад. Барои хизматҳои шоёнаш дар омӯзиши олами ҳайвоноти Тоҷикистон ва тайёр кардани мутахассисон Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадкиқотии зоология ва паразитологили Академиян илмҳои Тоҷикистон ва мактаби миёнаи №8-и шахри Душанбе ба номи Павловский Е.Н. гузошта шудааст.

Дар асрҳои IX-XII, махсусан дар давраи давлатдории Сомониён Бухоро маркази тараккиёти илму фарҳанг ба шумор мерафт.

Тараққиёти илм дар ин асрҳо аз он маълум мешавад, ки дар Бухоро растаҳои китобфурӯшӣ вуҷуд дошта. сӯҳбатҳои илмӣ дар авҷ будааст. Дар Нишопур китобхонаи мадрасаи Собуниён, Дар Марв китобхонаи «Ҷомеъ-ул-анбар» сохта шуданд. Махсусан, Бухоро бо китобхонаи «Савон – ал хикмат»-и худ шӯҳрат пайдо карда буд. Ин китобхона аз рӯйи гуфтаи Абӯалӣ ибни Сино шӯъбахои бисёре доштааст, ки дар ҳар кадоми он китобҳо оид ба ягон соҳаи фан. Яъне дар як шӯъба – китобҳо оид ба тиб, дар шӯъбаи дигар – китобҳо оид ба фалсафа, дар шӯъбаи сеюм – мусаввадаҳои шоирон ва ғайра дар сандуқҳо нигоҳ дошта мешуданд.

Абӯалӣ ибни Сино соли 980 дар дехаи Афшанаи Бухоро таваллуд шуда, соли 1037 вафот кардааст. Ӯ дар муддаги умри кӯтоҳи худ (57 сол) дар соҳаи илмҳои гуногун бештар аз 150 асар навиштааст. Китобҳои ӯ «Алмачмӯъ», «Китоб-уш-шифо» (аз 18 ҷилд иборат аст), «Доншпномаи Улой». «Рисолаи қимиё». «Алконун» (5 ҷилд), «Донишнома», «Рисолаи набз», «Мантиқи форсӣ» ва ғайраҳо дар тамаддуни ҷаҳонӣ ҳиссаи арзандае гузоштаанд.

Абӯрайҳони Берунӣ (973-1048) олимн номдори соҳаи илмҳои табиатшиносӣ буда, рисолаҳои «Китоб-ут-тафҳим», «Минералогия», «Дар олами аҷоибот» ба қалами ӯ тааллуқ доранд. Дар ҳамин давра аз тарафи муаллифи номаълум китоби «Ҳудудулолам» (ҷуғрофия) навишта шудааст. ки он бо забони форсӣ буда, холо дар фонди тиллоии китобхонаи Санкт-Петербург ба номи Саптиков-Шедрин маҳфуз аст. Ин китобро М.С. Осимӣ ва А. Турсунов дарёфт карда соли 1984 дар Душанбе бо хуруфи кирилӣ аз чоп бароварда. пешкаши хонандагон кардаанд.

Аз рӯйи хуҷҷатҳон таърихӣ маълум мсшавад, ки дар асри X дар ҷойи ҳозираи ноҳияи Қаровулбозори наздики Бухоро бо фармони шоҳи онвақта ба дарозию паҳнии 40 ҳазор қадам мамнӯъгоҳ (заповедник) сохта будаанд, ки дар чор гӯшаи он посбонҳои давлатӣ назорати доимӣ мебурданд. Ҳоло аз он нишонае намондааст.

Барои омӯзиши илми ҳайвоноти Осиёи Миёна бо дархости хокими Бухоро Абдуллохони II (1557-1598) Султонмуҳаммади Балхӣ дар асри XVI китоби «Маҷмӯа-ал-гароиб»-ро навишт, ки аз 15 боб иборат буда, 5 бобаш ба олами ҳайвонот бахшида шудааст.

Зикриё Муҳаммади Қазвинй китоби «Аҷоиб-ул-махлукот»-ро навиштааст, ки соли 1895 дар Эрону Ҳиндустон чоп гардидааст Дастхати онро соли 1909 дар Бухоро пайдо кардаанд.

Хоҷамуҳаммади Табризӣ китоби «Хавосат-ул-хайвон»-ро навиштааст, ки соли 1921 дар Теҳрон чоп шудааст.

Боз як дастхате оид ба олами ҳайвонот дар китобхонаи Машхади Эрон маҳфуз ҳаст, ки 900 сол пеш онро дар варақҳои махсус (дар пӯсти 200 гӯсола) навиштаанд.

Дар Истамбул оид ба олами ҳайвоноти водии Фарғона дар асри XIX навипггаеро ёфтанд, ки муаллифаш номаълум аст. Ғайр аз ин дастхати китобҳои «Ҳаёт-ул-ҳайвон», «Махлукнома» дар китобхонаи дастхатҳои Самарқанд маҳфузанд.

Соли 1964 Саидҳусайн Наср дар Теҳрон китоби «Назари мутафаккирони ислом дар бораи табиат»-ро аз чоп бароварда буд, ки дар бораи монандӣ ва фарқияти набототу ҳайвонот баҳс мекунад. Оид ба илми зоология дар Тоҷикистони тошӯравӣ китобҳои илмӣ-оммавӣ (ғайридарсӣ) навишта шуда буданд, ки ба забони форсӣ-тоҷикӣ дастхат шудаанд. Ҳоло дар шӯъбаи дастхатҳои китобхонаи миллии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ ва хазинаи Академияи илмҳои ҷумхурӣ баъзе нусхаҳое ҳастанд, ки пеш аз соли 1914 навишта шудаанд. Онҳо аз сад як фоиз боқӣ мондааст, зеро соҳибони он аз тарсу ваҳми солҳои аввали баъдиинқилобй қариб ҳама китобҳои дар хонаашон бударо ҳар чо пинҳон намуда буданд ( китобҳоро ба дарё партофтанд, баъзе ашхос дар замин гӯр карданд, баъзеҳо аз тарс сӯзонданд, дар манзилгоҳҳои кӯҳна пинҳон карданд, баъзеҳо ба давлат фурӯхтанд ва ғайраҳо), ба шарофати олими самаркандӣ Пӯлодӣ баъзе нусхаҳои ин китобҳо боқӣ мондаанд.

Абдураҳмони Ҷомӣ соли 1492 «Баҳористон»-ро навиштааст. Саъдии Шерозӣ оид ба тарбияи одоб китобҳои <Гулистон», ва «Бӯстон»-ро эҷод кардааст. Дар ин китобҳо муҳофизати ҳайвонот ва самаранок истифодабарии онҳо аз чониби одамон яке аз воситаҳои асосии тарбия ба ҳисоб мераванд.

Муҳаммад-ал Бухорӣ соли 1852 китоби «Чорбоғи гулҳо»-ро (дар бораи набототу ҳайвонот) иншо кардааст.

Султонмуҳаммад соли 1573 китоби «Бозёфтҳои камчин»-ро эҷод кард, ки дар он дар бораи одам, ҳайвонот, растаниҳо, кӯҳу чӯйборҳо, дашту биёбонҳо, каналу дарёҳо ва баҳру уқёнусҳо, сангҳои қиматбахо, ҳодисаҳои аҷоиби табиат сухан меравад.

Дар пешравии илми зоология дар Тоҷикистон Е.Н. Павловский, М.Н. Нарзиқулов, И.А. Абдусаломов, А. Ғафуров, Ш. Умаров, И.К. Лопатин, Т. Сатторов, Н. Дониёров, А. Тӯраев, М. Ҷалилов ва дигарон ҳиссаи басо калон гузоштаанд.

Муҳаммадкул Нарзикулов 10-уми июли соли 1914 дар шаҳри Самарқанд таваллуд ёфтааст. Марҳум олими табиатшинос — биолог, зоолог, энтомолог, афидолог, шакаракшиноси машҳури собиқ шӯравӣ, академики АИ Тоҷикистон, сарвари зоологхои ҷумхурӣ (баъд аз академик Е.Н. Павловский), директори Пажӯхишгоҳи илмӣ-тадқиқотии зоология ва паразитологияи АИ Тоҷикистон, Ходими хизматнишондодаи илми ҷумҳурӣ буд. У дар тайёр кардани мутахассисони илми зоология ҳиссаи калон гузошта, саркотиби илмҳои табиатшиносии АИ Тоҷикистон, сармуҳаррири маҷаллаи «Зоология», аввалин раиси Ҷамъияти муҳофизати табиати ҷумхурӣ буд.

М. Нарзиқулов зиёда аз 550 асару мақолаҳои илмӣ-тадқиқотӣ навиштааст. У чун олими хашаротшинос-энтомолог зиёда аз 100 хели шираи (шакаракҳои) дарахту растаниҳои Осиёи Миёна ва зарари онҳоро муайян карда, аввалин сарвари лабораторияи бо роҳи биологӣ нобуд кардани ҳашароти зараррасони растаниҳо буд, ки ҳоло аз ин усул хоҷагиҳои кишоварзӣ васеъ истифода мебаранд. У 20 ноябри соли 1985 дар Душанбе вафот кардааст.

Давомдиҳандаи корҳои ӯ орнитолог И.А. Абдусаломов узви вобастаи АИ Тоҷикистон ва энтомолог, директори Пажӯхлшгоҳи илмӣ-тадқиқотии зоология ва паразитологияи АИ Тоҷикистон А. Ғафуров мебошанд.

Ф. Ахроров соли 1983 китобчаеро оид ба «Олами хайвонот ва набототи обхавзҳои Тоҷикистон ва муҳофизати он» аз чоп баровард, ки дар бораи ҳайвонҳои обӣ, яънс харчангшаклон, кирмҳо, ҳашарот ва ҳайвоноте, ки ба шароити обҳавзҳои Тоҷикистон мутобиқ шудаанд, инчунин дар хусуси муҳофизати ҳавзҳои обии Тоҷикистон ва моҳиҳои он маълумот медиҳад.

И.Д. Иваненко ва И.К. Лопатин соли 1961 «Ҳайвоноти Точикистон» ном китоберо барои хониши берун аз синфии зоология нашр карданд. Ин китоб барои хонандагони синфхои 7-8 боб буда ба хонаидагон онд ба олами ҳайвоноти кишвар маълтумот медиҳад. Китоб дар бораи ҳайвоноти биёбону нимбиёбон, обанборҳо ва соҳилҳои он, ҳайвоноти водиҳои кӯхсору деҳоти аҳолинишин, ҳайвоноти мӯҳрадори шаҳру деҳоти Тоҷикистон, ҳайвоноти даштҳо ва доманаи кӯҳҳо, ҷангалу даштҳои кӯҳӣ, марғзорҳои алпӣ за буттазорхои баланд, хайвоноти Помир, муҳофизати онҳо дар Тоҷикистон баҳс мекунад.

Р. Селиванов соли 1950 китоби «Табиат ва сарватҳои табиии Тоҷикистон»-ро аз чоп баровард. Дар ин китоб дар қатори дигар боигариҳои табиати Тоҷикистон оид ба олами ҳайвонот, захираҳои олами ҳайвонот, ҳайвоноти шикорӣ, ҳайвоноти пурқимат ва муҳофизати онҳо, мубориза бар зидди ҳайвоноти зарарнок, ба шароити махал одат кунондан ва парвариш кардани зотҳо маълумоти мухтасар дода шудааст.

Соли 1981 И.А. Абдусаломов бо ҳамроҳии ходимони илмии ИЗИП В.Г. Баева ва И.И. Линдт китоби «Олами ҳайвоноти Тоҷикистон»-ро ҳамчун васоити таълим барои хонандагони синфҳои 6-7 аз чоп баровардаанд, ки барои хониши беруназсинфӣ таъин шудааст.

Мутаассифона, имрӯз ин китобҳои ёрирасони фанни зоология ба хонандагон қариб тамоман дастрас нестанд.

Савол ва супоришҳо:

  1. Оид ба олами ҳайвонот кадом навиштаҷоти мутафаккирони форсмаабонро медидем?
  2. Аввалин маъмӯънгоҳи олами ҳайвонот кай, дар қучо ва аз тарафи ташкхис карда шуда буд?
  3. Дар бораи ба «вуҷуд омадани илми зоология саҳми олимонм русро гуфта диҳед.
  4. Дар бораи фаъолиятм академик Павловский Е.Н. нақл кунад.
  5. М.Н. Нарзиқулов дар инкишофи илмм зоология чӣ ҳисса гузоштааст?

 

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …