Главная / Варзиш / ТАРЗИ ХАЁТИ СОЛИМ

ТАРЗИ ХАЁТИ СОЛИМ

Тарзи хаёти солим бояд чун шакли рафтори фаъол ва ба максад равонгардида, ки хифз ва нигахбонии тулонии солимии равони ва чисмониро таъмин месозад, барраси гардад.

tarzi-hayoti-soli

Мафхуми «тарзи хаёти солим» масъалахои зеринро дар бар мегирад:

  • – риояи ратсионалии речаи руз,
  • – пайвастагии кор ва истирохат;
  • – ичрои коидахои гигиенаи шахси, обутобдихи;
  • – хуроки ратсионали;
  • – фаъолиятнокии харакаткунандагии оптимали – машгулияти машкхои варзиши ва спорти.

Махз хамин масъалахо омилхои фоидаоваре мебошанд, ки ба саломатии инсон таъсир мерасонанд.

Ба яке аз омилхои мухим фаъолияти харакаткуни таваккуф менамоем. Фаъолияти харакаткуни – ин талаботи табиии инсон ба харакат кардан мебошад.

Микдори харакат, ки инсон дар тули чанд вакти давраи хаёташ анчом медихад, хачми фаъолияти харакаткуниро ташкил медихад.

Олимон мукаррар намудаанд, ки агар талабот ба харакат конеъ нагардад, он гох гиподинамия – фаъолияти харакаткунии нокифоя огоз мегардад. Вай ба фаъолияти хамаи узвхо ва системахои организм, ба кобилияти кории чисмони ва аклони таъсири манфи мерасонад. Олимон маълум намудаанд, ки меъёри фаъолияти харакаткунии наврасон – 18-25 хазор кадам дар давоми руз, ё 3,5 – 4,5 соат давидан аст.

obozi-kudak

Албатта, хамаи фаъолияти харакаткуниро танхо ба давидан хавола кардан лозим нест. Машгулиятхои муназзами чисмонии хархела, ки ба гуруххои мушакхои гуногун таъсир мерасонанд, ба тамоми системахои

организм таъсири мусби мерасонанд ва бо худи хамин ба тахкими саломати мувофикат намуда, пешгирикунанда ва табобаткунандаи беморихои мухталифанд.

Пайвастагии машкхои чисмони бо обутобдихи кобилияти химоявии организмро афзун менамояд. Машгулияти машкхои чисмони, варзиш ба инсон хисси чолоки, бовари ба куввахои худ, холати рухии уро боло мебарад.

Ба тарзи хаёти солим анъанахои оилави ахамияти калон доранд. Агар дар оила волидайн машк кунанд, хар пагохи даванд, истирохати фаъол (ба саёхат раванд, велосипед ронанд ва гайра) намоянд, обутоб ёфта, дуруст

хурок мехуранд. Он гох шумо хам ба чунин тарзи хаёт одат менамоед. Агар инхо мавчуд набошанд, он гох шумо бояд худатон ба саломатии худ гамхори намоед ва ба машгулиятхои машкхои чисмони наздиконатонро хам чалб созед.

Тарзи хаёти солим барои хамсолонатон хам ахамияти мухим дорад. Чун коида бисёре аз шумо машгулият бо варзишро якчоя бо рафикони худ ё хамсинфонатон огоз мекунед.

Майлу рагбататон ба ягон намуди варзиш такозо менамояд, ки шумо аз одатхои зарарнок ва аз дигар чизхои носолим дури чуед, речаи рузатонро вайрон накунед; ба сифати хурок, талаботи гигиени, фаъолияти мехнати риоя намуда, мухити носолими равони дар оила ва коллективро солим созед.

varzish-003

Хиссиёт ё холатхои рухи ба саломатии инсон таъсири калон мерасонад. Хабархои хуш, шодиовар, табъи болида, муваффакият, комёби, яъне хиссиёти мусбат ба хиссиёт таъсири мусбат мерасонанд.

Хиссиёти манфи – тарс, хасад, рашк, ошуфтахоли ва гайра ба инсон таъсири манфи мерасонад. Хиссиёти манфии борхо такроршаванда метавонад ба бештар бад шудани саломатии одам оварда расонад.

Барои он ки хиссиёти худро идора карда тавонед, зарур аст, ки коидахои худтанзимкуниро донед. Ба шумо якчанд коидаи машгулиятхои равоншиносиро барои паст гардондани хиссиёти манфи пешниход мена моем.

  1. Дар чараёни муошират ба хиссиёти бавучудомада мудом гуш дихед, саъй намоед, ки лахзаи пайдоиши хиссиёти манфиро пайхас намоед ва сади рохи инкишоф ёфтани он шавед.
  1. Тасаввур намоед, ки хамаи хислатхои манфии хамсухбат аз тафаккури шумо вобаста нест, тагйир додани он номумкин аст (ин ба камбудихои накшаи ахлоки дахл надорад).
  1. Харакатхои зерини чисмониро анчом дихед: ороми, хайрхохи:

мушакхои руй ва тамоми баданро ба холати ороми дароред, нафаскашиа тонро мураттаб созед. Хиссиёти худро хуб идора карда метавонед холати рухиатонро бехтар созед ва асабонияте, ки дар мавриди дидани баъзе камбудихои наздикон ва рафиконатон ба амал меояд аз байн бубаред.

АЗ ОДАМОНИ БУЗУРГ ОМУЗЕД 

Исмоили Сомони асосгузори давлати Сомониён

Аз руи ёдгорихои таърихии гуногун мукаррар гардид, ки дар давраи замони сугдихо ва бохтарихо (асри III то солшумории мелоди) чанговарон далер ва бокувват будаанд.

Асосгузори давлати Сомониён чанговари шучоъ, далер ва бокувват буд. Хамаи чанговарони у чисман омода буда ва дар хар гуна лахзаву холатхои мухталиф ба хар гуна душман мардонавор зарбахои чавоби ме доданд.

Дар давраи Сомониён олими бузурги точик Абуали Ибни Сино зиндаги ва эчод намудааст. Дар тамоми дунё номи ин олими хеле бузург энсиклопедист, файласуф, шоир, табиб машхур аст. У таълим медод: «Ин-соне, ки мунтазам ба машкхои чисмони машгул мешавад, ба хеч гуна та бобат эхтиёч надорад.»

 Абуали ибни Сино

Мероси Абуали ибни Сино барои мову шумо хам на танхо равишхои назариявии тарбияи чисмони, балки истифодабарии амалии онхоро низ меомузонад.

Дар «Конуни илми тиб», асосан китоби якумаш, пайваста фикр дар бораи мавкеи машкхои чисмони барои мухофизати организм аз беморихо, мустахкамсозии саломатиро талкин менамояд. Ба акидаи Абуали ибни

Сино хоби муътадил, хавои тоза, нигохубини бадан, асосан машкхои чисмони (аз он чумла чун воситаи табобати –пешгирикунандаи беморихо) барои хамаи одамон новобаста аз синну сол фоидаоваранд. Аммо аз хама зиёд диккати бештари худро у ба тарбияи чисмони ва ташаккули насли чавон равона сохтааст. У ба тарбияи чисмони дар оила таваччухи зиёд зохир намуда, мавкеи падарро зикр месозад, ки доир ба бачахои худ вазифадор аст гамхори намояд, хусусан онхо аз таъсироти бади беруна химоя карда, риояи речаи

рузро барои бачахо талкин намояд, ба инкишофи муътадили хислати бачахо мусоидат намояд. Абуали ибни Сино чонибдори истирохати фаъол буд, ки аз фаъолияти харакатии мухталиф бой будааст. У ченаки тарбияи чисмони, тавсифно маи микдори ва сифатии онро тавсия медод. Масалан, кутох, миёна, калон

ва бисёр кутох; суст, зур (бакувват), бисёр зур, босуръат, охиста бо афзои ши хачми ками сарбори. Ба машкхои чисмонии босуръат у болокаши, теладихи бо ёрии дастхо, тирандози аз камон, давидани бошитоб, найзапартои, чахидан, овезоншави, шамшербози, аспсавори, машкхо дар аргунчакхо, каиксавориро дохил мекард.

Ба машкхои душвор – аспсавори ва арроба шомил мешуд. Ба машкхои нисбатан душвор – тарзхои мухталифи рохрави ва давидан, чавгонбози, бозихои дигар бо туб, гуштингири, вазнбардори шомил кардааст.

Бозихои серхаракат, машк дар чой ва дар харакат, машкхои махсуси дасту пой, кафаси сина, нафас ва гайраро тавсия додааст. У мегуфт:

«Машкхои сабук ба заифон, машкхои душвор – ба бокувватон». Хангоми бемори у тавсия медихад, ки тарбияи чисмониро аз чи огоз ва катъ намояд, кай беморро ташхис намоянд, чой ё манзили махсуси уро

пешниход намуда, шароити икломро хам фаромуш накардааст. Абуали ибни Сино ба машки масх ахамияти бузург додааст. У онро чун воситаи амалкунанда дар мубориза ба ошуфтахоли ва чун чорабинии табобати барраси менамуд. У навъхои зерини масхро номбар кардааст:

  • – кави – мустахкамкунандаи бадан;
  • – заиф (суст) – нармкунанда, мулоим, сусткунандаи бадан;
  • – мудаввом – ба логаршавии инсон мусоидаткунанда;
  • – мутавозин – мусоидаткунандаи шукуфои бадан;
  • – омодакунанда – тайёркунанда ба машкхои чисмони;
  • – баркароркунанда ё оромкунанда (баъд аз машкхои чисмони)

Оббози дар оби сард ва шустушуйро тавсия медихад, хусусан риояи речаи ошомиданро (нушидани обхо ва шарбатхо), истеъмоли гизои муътадилро пешниход месозад.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

varzishii

МАШГУЛИЯТХОИ МУСТАКИЛОНА, НАЗОРАТИ ХУДИ

Ба машгулиятхои мустакилона на танхо ичрои машкхои варзиши дар дарс ва хона, балки назорати харруза …