Главная / Варзиш / ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ

ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ

Тарзи ҳаёти солим бояд чун шакли рафтори фаъол ва ба мақсад равонгардида, ки ҳифз ва нигаҳбонии тўлонии солимии равонӣ ва ҷисмониро таъмин месозад, баррасӣ гардад.

tarzi-hayoti-soli

Мафҳуми «тарзи ҳаёти солим» масъалаҳои зеринро дар бар мегирад:

  • – риояи ратсионалии реҷаи рўз,
  • – пайвастагии кор ва истироҳат;
  • – иҷрои қоидаҳои гигиенаи шахсӣ, обутобдиҳӣ;
  • – хўроки ратсионалӣ;
  • – фаъолиятнокии ҳаракаткунандагии оптималӣ – машғулияти машқҳои варзишӣ ва спортӣ.

Маҳз ҳамин масъалаҳо омилҳои фоидаоваре мебошанд, ки ба саломатии инсон таъсир мерасонанд.

Ба яке аз омилҳои муҳим фаъолияти ҳаракаткунӣ таваққуф менамоем. Фаъолияти ҳаракаткунӣ – ин талаботи табиии инсон ба ҳаракат кардан мебошад.

Миқдори ҳаракат, ки инсон дар тўли чанд вақти давраи ҳаёташ анҷом медиҳад, ҳаҷми фаъолияти ҳаракаткуниро ташкил медиҳад.

Олимон муқаррар намудаанд, ки агар талабот ба ҳаракат қонеъ нагардад, он гоҳ гиподинамия – фаъолияти ҳаракаткунии нокифоя оғоз мегардад. Вай ба фаъолияти ҳамаи узвҳо ва системаҳои организм, ба қобилияти кории ҷисмонӣ ва ақлонӣ таъсири манфӣ мерасонад. Олимон маълум намудаанд, ки меъёри фаъолияти ҳаракаткунии наврасон – 18-25 ҳазор қадам дар давоми рўз, ё 3,5 – 4,5 соат давидан аст.

obozi-kudak

Албатта, ҳамаи фаъолияти ҳаракаткуниро танҳо ба давидан ҳавола кардан лозим нест. Машғулиятҳои муназзами ҷисмонии ҳархела, ки ба гурўҳҳои мушакҳои гуногун таъсир мерасонанд, ба тамоми системаҳои

организм таъсири мусбӣ мерасонанд ва бо худи ҳамин ба таҳкими саломатӣ мувофиқат намуда, пешгирикунанда ва табобаткунандаи бемориҳои мухталифанд.

Пайвастагии машқҳои ҷисмонӣ бо обутобдиҳӣ қобилияти ҳимоявии организмро афзун менамояд. Машғулияти машқҳои ҷисмонӣ, варзиш ба инсон ҳисси чолокӣ, боварӣ ба қувваҳои худ, ҳолати рўҳии ўро боло мебарад.

Ба тарзи ҳаёти солим анъанаҳои оилавӣ аҳамияти калон доранд. Агар дар оила волидайн машқ кунанд, ҳар пагоҳӣ даванд, истироҳати фаъол (ба саёҳат раванд, велосипед ронанд ва ғайра) намоянд, обутоб ёфта, дуруст

хўрок мехўранд. Он гоҳ шумо ҳам ба чунин тарзи ҳаёт одат менамоед. Агар инҳо мавҷуд набошанд, он гоҳ шумо бояд худатон ба саломатии худ ғамхорӣ намоед ва ба машғулиятҳои машқҳои ҷисмонӣ наздиконатонро ҳам ҷалб созед.

Тарзи ҳаёти солим барои ҳамсолонатон ҳам аҳамияти муҳим дорад. Чун қоида бисёре аз шумо машғулият бо варзишро якҷоя бо рафиқони худ ё ҳамсинфонатон оғоз мекунед.

Майлу рағбататон ба ягон намуди варзиш тақозо менамояд, ки шумо аз одатҳои зарарнок ва аз дигар чизҳои носолим дурӣ ҷўед, реҷаи рўзатонро вайрон накунед; ба сифати хўрок, талаботи гигиенӣ, фаъолияти меҳнатӣ риоя намуда, муҳити носолими равонӣ дар оила ва коллективро солим созед.

varzish-003

Ҳиссиёт ё ҳолатҳои рўҳӣ ба саломатии инсон таъсири калон мерасонад. Хабарҳои хуш, шодиовар, табъи болида, муваффақият, комёбӣ, яъне ҳиссиёти мусбат ба ҳиссиёт таъсири мусбат мерасонанд.

Ҳиссиёти манфӣ – тарс, ҳасад, рашк, ошуфтаҳолӣ ва ғайра ба инсон таъсири манфӣ мерасонад. Хиссиёти манфии борҳо такроршаванда метавонад ба бештар бад шудани саломатии одам оварда расонад.

Барои он ки ҳиссиёти худро идора карда тавонед, зарур аст, ки қоидаҳои худтанзимкуниро донед. Ба шумо якчанд қоидаи машғулиятҳои равоншиносиро барои паст гардондани ҳиссиёти манфӣ пешниҳод мена моем.

  1. Дар ҷараёни муошират ба ҳиссиёти бавуҷудомада мудом гўш диҳед, саъй намоед, ки лаҳзаи пайдоиши ҳиссиёти манфиро пайхас намоед ва сади роҳи инкишоф ёфтани он шавед.
  1. Тасаввур намоед, ки ҳамаи хислатҳои манфии ҳамсўҳбат аз тафаккури шумо вобаста нест, тағйир додани он номумкин аст (ин ба камбудиҳои нақшаи ахлоқӣ дахл надорад).
  1. Ҳаракатҳои зерини ҷисмониро анҷом диҳед: оромӣ, хайрхоҳӣ:

мушакҳои рўй ва тамоми баданро ба ҳолати оромӣ дароред, нафаскашиа тонро мураттаб созед. Ҳиссиёти худро хуб идора карда метавонед ҳолати рўҳиатонро беҳтар созед ва асабонияте, ки дар мавриди дидани баъзе камбудиҳои наздикон ва рафиқонатон ба амал меояд аз байн бубаред.

АЗ ОДАМОНИ БУЗУРГ ОМЎЗЕД 

Исмоили Сомонӣ асосгузори давлати Сомониён

Аз рўи ёдгориҳои таърихии гуногун муқаррар гардид, ки дар давраи замони суғдиҳо ва бохтариҳо (асри III то солшумории мелодӣ) ҷанговарон далер ва боқувват будаанд.

Асосгузори давлати Сомониён ҷанговари шуҷоъ, далер ва боқувват буд. Ҳамаи ҷанговарони ў ҷисман омода буда ва дар ҳар гуна лаҳзаву ҳолатҳои мухталиф ба ҳар гуна душман мардонавор зарбаҳои ҷавобӣ ме доданд.

Дар давраи Сомониён олими бузурги тоҷик Абуалӣ Ибни Сино зиндагӣ ва эҷод намудааст. Дар тамоми дунё номи ин олими хеле бузург энсиклопедист, файласуф, шоир, табиб машҳур аст. Ў таълим медод: «Ин-соне, ки мунтазам ба машқҳои ҷисмонӣ машғул мешавад, ба ҳеҷ гуна та бобат эҳтиёҷ надорад.»

 Абуалӣ ибни Сино

Мероси Абуалӣ ибни Сино барои мову шумо ҳам на танҳо равишҳои назариявии тарбияи ҷисмонӣ, балки истифодабарии амалии онҳоро низ меомўзонад.

Дар «Қонуни илми тиб», асосан китоби якумаш, пайваста фикр дар бораи мавқеи машқҳои ҷисмонӣ барои муҳофизати организм аз бемориҳо, мустаҳкамсозии саломатиро талқин менамояд. Ба ақидаи Абуалӣ ибни

Сино хоби мўътадил, ҳавои тоза, нигоҳубини бадан, асосан машқҳои ҷисмонӣ (аз он ҷумла чун воситаи табобатӣ –пешгирикунандаи бемориҳо) барои ҳамаи одамон новобаста аз синну сол фоидаоваранд. Аммо аз ҳама зиёд диққати бештари худро ў ба тарбияи ҷисмонӣ ва ташаккули насли ҷавон равона сохтааст. Ў ба тарбияи ҷисмонӣ дар оила таваҷҷўҳи зиёд зоҳир намуда, мавқеи падарро зикр месозад, ки доир ба бачаҳои худ вазифадор аст ғамхорӣ намояд, хусусан онҳо аз таъсироти бади беруна ҳимоя карда, риояи реҷаи

рўзро барои бачаҳо талқин намояд, ба инкишофи мўътадили хислати бачаҳо мусоидат намояд. Абуалӣ ибни Сино ҷонибдори истироҳати фаъол буд, ки аз фаъолияти ҳаракатии мухталиф бой будааст. Ў ченаки тарбияи ҷисмонӣ, тавсифно маи миқдорӣ ва сифатии онро тавсия медод. Масалан, кўтоҳ, миёна, калон

ва бисёр кўтоҳ; суст, зўр (бақувват), бисёр зўр, босуръат, оҳиста бо афзои ши ҳаҷми ками сарборӣ. Ба машқҳои ҷисмонии босуръат ў болокашӣ, теладиҳӣ бо ёрии дастҳо, тирандозӣ аз камон, давидани бошитоб, найзапартоӣ, ҷаҳидан, овезоншавӣ, шамшербозӣ, аспсаворӣ, машқҳо дар арғунчакҳо, қаиқсавориро дохил мекард.

Ба машқҳои душвор – аспсаворӣ ва арроба шомил мешуд. Ба машқҳои нисбатан душвор – тарзҳои мухталифи роҳравӣ ва давидан, чавгонбозӣ, бозиҳои дигар бо тўб, гуштингирӣ, вазнбардорӣ шомил кардааст.

Бозиҳои серҳаракат, машқ дар ҷой ва дар ҳаракат, машқҳои махсуси дасту пой, қафаси сина, нафас ва ғайраро тавсия додааст. Ў мегуфт:

«Машқҳои сабук ба заифон, машқҳои душвор – ба боқувватон». Ҳангоми беморӣ ў тавсия медиҳад, ки тарбияи ҷисмониро аз чӣ оғоз ва қатъ намояд, кай беморро ташхис намоянд, ҷой ё манзили махсуси ўро

пешниҳод намуда, шароити иқломро ҳам фаромўш накардааст. Абуалӣ ибни Сино ба машқи масҳ аҳамияти бузург додааст. Ў онро чун воситаи амалкунанда дар мубориза ба ошуфтаҳолӣ ва чун чорабинии табобатӣ баррасӣ менамуд. Ў навъҳои зерини масҳро номбар кардааст:

  • – қавӣ – мустаҳкамкунандаи бадан;
  • – заиф (суст) – нармкунанда, мулоим, сусткунандаи бадан;
  • – мудаввом – ба лоғаршавии инсон мусоидаткунанда;
  • – мутавозин – мусоидаткунандаи шукуфои бадан;
  • – омодакунанда – тайёркунанда ба машқҳои ҷисмонӣ;
  • – барқароркунанда ё оромкунанда (баъд аз машқҳои ҷисмонӣ)

Оббозӣ дар оби сард ва шустушўйро тавсия медиҳад, хусусан риояи реҷаи ошомиданро (нўшидани обҳо ва шарбатҳо), истеъмоли ғизои мўътадилро пешниҳод месозад.

Инчунин кобед

Фото Чилучорчашма. Май 2020г.

Чилучорчашма – дар ноҳияи Носири Хусрав 10 сурати беҳтарин

Чилучорчашма (44 Чашма) – манбаи оби муқаддас. Он дар соҳили рости дарёи Кофниҳон, 12 км …