Главная / Чамъият / ТАХСИЛОТИ ОЛИИ КАСБИ

ТАХСИЛОТИ ОЛИИ КАСБИ

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАХСИЛОТИ ОЛИИ КАСБИ ВА ТАХСИЛОТИ КАСБИИ БАЪД АЗ МУАССИСАИ ОЛИИ ТАЪЛИМИ

 (Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 2009, №5, мод. 338; с. 2014, №7, к. 2, мод. 423; с. 2016, №7, мод. 628; Конуни ЧТ аз 28.08.2017 с., №1465)

donishgoh Конуни мазкур сиёсати давлатро дар сохаи тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими мукаррар ва ба танзим дароварда, барои таъмини хукукхои конститутсионии хар як шахс чихати дарёфти тахсилоти олии касби шароит фарохам меоварад.

 БОБИ 1.

МУКАРРАРОТИ УМУМИ

Моддаи 1. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими

 Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими ба Конститутсияи Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф намудааст, иборат мебошад.  (КЧТ аз 28.08.17 с., №1465)

Моддаи 2. Мафхумхои асоси

Мафхумхои асосие, ки дар Конуни мазкур истифода мешаванд:

аккредитатсия – тартиби муайян намудани макоми муассисаи таълими дар пешбурди фаъолияти таълими мутобики стандартхои тахсилоти олии касби;

аспирант мутахассиси дорои маълумоти олии касби ё магистри, ки бо максади тахияи рисола ва омодаги барои дарёфти дарачаи номзади илм дар аспирантураи муассисаи тахсилоти олии касби, муассисаи илми ва ё муассисаи тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими тахсил мекунад;

аттестатсия – тартиби мукаррар кардани мувофикати мазмун, сатх ва сифати омодагии хатмкардагони муассисаи олии таълими ба талаботи стандартхои давлатии таълимии тахсилоти олии касби аз руи сохахои таълим (ихтисос);

аттестатсияи нихоии давлатии донишчу – тартибест, ки дарачаи фарогирии донишчуро ба стандарти хатмии давлатии сатхи марбутаи таълим муайян намуда, аз руи натичаи он ба донишчу хуччати дорои тахсилоти дахлдор дода мешавад;

бакалавр – дарачаи аввали тахсилоти олии касби буда, шахси дорои ин тахсилот доир ба назария ва амалияи самти ихтисосаш дониш, малака ва махорати касби хосил менамояд;

бозомузии касби – дарёфти дониш, махорат, малака ва васеъ намудани тахассус бо максади мутобик гардидан ба шароити нави иктисодиву ичтимои аз руи барномахои таълими, ки омузиши фанхои алохида, кисматхои муайяни илм, техника ва технологияи барои ичрои фаъолияти касби зарурро дар бар мегирад;

доктори PhD, доктор аз руи ихтисос – дарачаи олии академи, ки ба шахсони барномаи касбии докторантураро аз руи ихтисоси муайян аз бар намудаанд, дода мешавад;

докторант – шахсе, ки сохиби дарачаи илмии номзади илм буда, барои дарёфти дарачаи доктори илм ба докторантура кабул шудааст;

донишчу – шахсе, ки тибки тартиби мукарраршуда ба муассисаи тахсилоти олии касби кабул гардидааст ва дар шуъбахои рузона, шабона, гоибона ё бо максади дарёфти дарачаи муайяни тахсилот ва ихтисос ба тарики экстернат тахсил мекунад;

ихтисос – мачмуи дониш ва махорату малака, ки бо рохи омузиши хадафнок ва тачрибаи кори хосил шуда, барои навъи муайяни фаъолият зарур мебошанд ва бо хуччатхои мувофик дар бораи тахсилот тасдик карда мешаванд;

ичозатномадихи – тартиби эътироф кардани имконоти муассисаи тахсилоти олии касбии шакли муайян барои огози фаъолияти таълими, ки ба  гирифтани тахсилоти олии касби  ва ихтисос мутобики талаботи стандартхои тахсилоти олии касби, инчунин талаботи давлати оид ба таъминоти кадри, илмию методи ва моддию техники алокаманд аст;

касб – намуди асосии шугл ва фаъолияти мехнатии инсон буда, бо хуччати марбут ба тахсилот тасдик мегардад;

курсант – шахсе, ки бо тартиби мукарраршуда ба муассисаи тахсилоти олии касбии харби (ва ё махсус) кабул гардидааст ва барои ба дарачаи муайяни тахсилот ва ихтисос сохиб шудан тахсил мекунад;

магистр – дарачаи тахсилоти олии касби, ки баъди супоридани имтихони давлати ё химояи рисолаи магистри ба хатмкунандагони муассисахои тахсилоти олии касби дода мешавад. Магистр, асосан ба сохаи муайяни илм машгул шуда, корхои илмию тахкикоти мебарад ва аз руи ихтисос дар муассисахои таълими, илми ва дигар вазифахое, ки ба сатхи тахсилоти у мувофиканд, кор мекунад;

мазмуни таълим – сохтор, мундарича ва хачми барномаи таълимиест, ки азхуд намудани он ба шахс имкони дарёфти тахсилоти олии касби ва ихтисоси муайянро таъмин менамояд;

муассисаи тахсилоти олии касби – муассисаи таълими, таълимии илми, ки барномаи таълимии касбии тахсилоти олиро аз руи стандарт ва самти муайяни таълим ва маърифату тахассус татбик менамояд, таълиму тарбия ва тайёрии касбии шахрвандонро вобаста ба майлу хохиш, кобилият ва талаботи меъёрии сохаи тахсилоти олии касби таъмин мекунад, инчунин фаъолияти илми ва илмию техникиро амали мегардонад;

муассисаи тахсилоти олии касбии давлати – муассисаи олии таълимие, ки аз чониби давлат таъсис дода шуда, аз бучети давлати ё дигар манбаъхо маблаггузори мешавад ва ба макоми ваколатдори Хукумати Чумхурии Точикистон тобеъ мебошад;

муассисаи тахсилоти олии касбии гайридавлати – муассисаи олии таълимие, ки ба моликияти гайридавлати ва хусуси асос ёфта, ба муассис (муассисон) тобеъ аст;

–  мутахассис – шахсе, ки сохиби тахсилоти олии касби буда, доир ба назария ва амалияи самти ихтисосаш дониш, малака ва махорати касбиро сохиб шудааст ва барои ичро намудани кори илми кобилият дорад;

– низоми кредитии таълим низоми баходихии микдори ба мазмуни барномахои таълим ва натичахои азхудкунии онхо мебошад. Кредит (ё соати кредити) ин меъёри вактест, ки барои омузиши фанни таълими хар хафта дар давоми як семестр сарф мешавад ва дар сурати бомуваффакият супоридани имтихон аз ин фан донишчу ба ин кредит (ё кредитхо) сохиб мегардад;

озодии академи – озодии баёни мазмуни таълим аз руи салохдиди худ дар доираи барномахои таълими, интихоби мавзуъ барои тахкикоти илми ва халли он бо методхои худ, инчунин озодии омузандагон дар гирифтани дониш вобаста ба майли худ дар доираи барномахои таълими;

стандарти тахсилоти олии касби – мачмуи меъёрхое, ки мазмуни тахсилоти олии касби, мохияту мухлати таълим ва усулхои ташхиси сифати тахсилоти олиро бо назардошти дастовардхои умумибашари муайян мекунанд;

такмили ихтисоси касби – таълиме, ки мутобики сатхи тахсилоти касби ва бо максади такмили ихтисос дар ин ё он касб дода мешавад;

тахассус – намуд ва дарачаи омодагии касбии хатмкунанда барои ичрои фаъолияти касби ё давом додани тахсил, ки дар хуччати дорои тахсилоти марбута инъикос мешавад;

тахсилот – раванди муттасили таълиму тарбия, ки максад аз он ноил шудан ба сатхи  баланди инкишофи маънави, зехни, фарханги, чисмони ва салохияти касбии шахс мебошад;

тахсилоти иловаги – раванди тарбия ва таълим, ки дар асоси  барномахои таълимии иловагии хама сатххо бо максади хамачониба каноатманд гардонидани талаботи маърифатии шахрванд, чамъият ва давлат сурат мегирад;

тахсилоти олии касби – дарачаи тахсилотест, ки шахс ба он дар муассисаи тахсилоти олии касби дар натичаи раванди мунтазам, бонизом ва максадноки фарогирии мазмуни таълим, ки он ба тахсилоти миёнаи умуми асос ёфта, бо гирифтани тахассуси муайян аз руи чамъбасти аттестатсияи нихоии давлати ба анчом мерасад, сохиб мегардад;

тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими – тахсилотест, ки ба хар шахс имкони боло бурдани сатхи тахсил ва тахассусро дар заминаи тахсилоти олии касби медихад;

таълими фосилави – яке аз шаклхои ба даст овардани касб, ки шахс берун аз муассисаи тахсилоти олии касби, тавассути воситахои электрони ва телекоммуникатсиони тахсилоти олии касбиро сохиб мегардад;

унвончу – шахсе, ки тахсилоти олии касби дошта, ба аспирантура ва ё докторантураи муассисаи тахсилоти олии касби ё муассисаи илми вобаста шудааст ва барои дарёфти дарачаи илмии номзади илм бидуни тахсил дар аспирантура рисолаи илми таълиф мекунад ва ё шахсе, ки дорои дарачаи илмии номзади илм буда, барои гирифтани дарачаи илмии доктори бидуни тахсил дар докторантура рисолаи илми таълиф мекунад;

фаъолияти таълими – фаъолияте, ки бо рохи пешниход намудани хизматхо барои дарёфти тахсилоти олии касби ва додани хуччати дорои тахсилоти дахлдор алокаманд аст;

худмухтори – шакли олии раванди таълим ва чорабинихои академи, ки масъулияти муассисаи тахсилоти олии касбиро дар назди муассис (муассисон) муайян мекунад;

экстерн – шахсе, ки омузиши мустакилонаи фанхоро аз руи барномаи асосии таълимии тахсилоти олии касби дар сохаи таълим (ихтисос) интихоб намудааст ва минбаъд дар муассисаи тахсилоти олии касби аз аттестатсияи чори ва нихои мегузарад;

экстернат – омузиши мустакилонаи фанхои таълими мутобики барномахои асосии таълимии тахсилоти олии касби аз руи самти интихобнамудаи тайёри (тахассус) бо аттестатсияи нихои (чори ва нихои) дар муассисаи тахсилоти олии касби.

Моддаи 3. Принсипхои асоси дар сохаи тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими

 Тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими ба чунин принсипхо асос меёбанд:

дастрас будани тахсилоти олии касби вобаста ба кобилият, истеъдод ва талаботи хар як шахс;

– муайян намудани самтхои афзалиятноки пешрафти илму техника, технология, инчунин тайёр намудани мутахассисон, бозомузи ва такмили ихтисоси кормандон;

–  тарбияи шахрванди;

– хифз ва рушди дастовард ва анъанахои муассисахои тахсилоти олии касби;

– хамохангсозии низоми тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими  бо фазои чахонии тахсилот;

– мунтазами ва давомнокии раванди таълим;

– дастгирии давлатии мутахассисон, самтхои афзалиятноки тахкикоти бунёди ва амалии илми дар сохаи тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими.

 Моддаи 4. Кафолатхои давлати дар сохаи тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими

 Давлат бартарии рушди тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимиро ба шахрвандон  бо роххои зерин кафолат медихад:

– маблаггузори аз хисоби бучети давлати ё грантхо, хамчунин мухаё кардани  шароити мусоид барои худтаъминкунии молиявии тайёр намудани мутахассисон ва кормандони илмию омузгори тибки меъёрхои мукарраршуда;

– дар асоси фармоиши давлати ва маблаггузории бучети, инчунин грантхои фарди дастрас гардонидани тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими;

– таъмини хукук ва манфиатхои ичтимоии донишчуён, аспирантхо, докторантхо ва дигар донишомузон дар низоми давлатии тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими;

– мухаё кардани шароит барои дастрасии баробар ба тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими;

– чудо намудани грантхо ва карзхои дарозмуддати имтиёзнок ба муассисахои тахсилоти олии касбии гайридавлати барои кабули донишчуён тибки квота дар асоси озмун;

– дар доираи стандартхои давлатии таълим бо рохи озмун ва ба таври ройгон гирифтани тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими дар муассисахои тахсилоти олии касбии давлати ва гайридавлати, агар шахрвандон дар ин сатх бори аввал таълим мегирифта бошанд;

– интихоби озодонаи шаклхои тахсилоти олии касби, муассисаи олии таълими ва ихтисос.

Моддаи 5. Худмухтории муассисахои тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими ва озодихои академии онхо

  1. 1. Худмухтории муассисаи тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими мустакилияти муассисаи тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимро дар интихобу чобачогузории кадрхо, фаъолияти таълими, илми, молиявию хочаги ва гайра, ки Оинномаи онхо мутобики мукаррароти конунгузории Чумхурии Точикистон муайян кардааст, ифода менамояд.
  2. Муассисаи тахсилоти олии касби барои татбики барномахои таълими метавонад технологияи фосилавии донишомузиро кисман ё дар хачми пурра (ба истиснои баъзе аз машгулиятхо) аз руи тартибе, ки макомоти чумхуриявии давлатии идораи маориф мукаррар кардааст, истифода барад.
  3. Назорати мувофикати фаъолияти муассисаи тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими новобаста аз шакли ташкилию хукукиаш бо назардошти максадхои он, ки дар Оинномаи он пешбини шудааст, аз чониби муассиси (муассисони) муассисаи тахсилоти олии касби ва макоми чумхуриявии давлатии идораи маориф, ки дар доираи салохияти худ барои пешбурди фаъолияти таълими ичозатнома додаанд, амали мегардад.
  4. Ба профессорону омузгорон, кормандони илми ва донишчуёни муассисаи тахсилоти олии касби, аз чумла ба омузгорони муассисаи тахсилоти олии касби озодихои академи дода мешавад, то мавзуи дарсро (таълимро) бо усули худ дар доираи барномахои таълими баён кунанд, мавзуи тахкикоти илмиро интихоб намоянд ва бо тарзу усулхои худ гузаронанд.
  5. Дар доираи барномахои таълими ба донишчуён мувофики майлу талаботи онхо озодии академи дода мешавад.

 

Моддаи 6. Вазъи хукуки, намуд ва номи муассисаи тахсилоти олии касби

  1. Муассисаи тахсилоти олии касби шахси хукуки буда, ба муассисаи гайритичорати мансуб аст.
  2. Дар Чумхурии Точикистон шаклхои зерини муассисахои тахсилоти олии касби таъсис дода мешаванд: донишгох, академия, донишкада.
  3. Донишгох муассисаи тахсилоти олии касбиест, ки:

-барномахои таълимии тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимиро аз руи доираи васеи сохахо (ихтисосхо) амали мегардонад;

-кормандони баландихтисос, илми ва илмиву омузгориро тайёр намуда, донишу ихтисоси онхоро такмил медихад;

-дар сохахои гуногуни илм тахкикоти бунёди ва амалиро анчом медихад;

-дар сохахои фаъолияташ маркази пешбари илми ва методи мебошад.

  1. Академия муассисаи тахсилоти олии касбиест, ки:

-барномахои таълимии тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимиро дар сохаи муайяни фаъолият амали мегардонад;

-кормандони баландихтисосро барои сохаи муайяни фаъолияти илми ва илмиву омузгори тайёр намуда, донишу ихтисоси онхоро такмил медихад;

-дар яке аз сохахои илм ё фарханг тахкикоти бунёди ва амалиро анчом медихад;

-дар сохахои фаъолияташ маркази пешбари илми ва методи мебошад.

  1. Донишкада муассисаи тахсилоти олии касбиест, ки:

-барномахои таълимии тахсилоти олии касби ва барномахои таълимии тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимиро дар як ё якчанд самти чудогона амали мегардонад;

-кормандони баландихтисосро барои сохаи муайяни фаъолияти касби тайёр ва донишу ихтисоси онхоро такмил медихад;

-тахкикоти бунёди ва (ё) амали мебарад.

  1. Вазъи хукукии муассисаи тахсилоти олии касби дар номи он ифода меёбад. Номи муассисаи тахсилоти олии касби хангоми таъсис додани он мукаррар гардида, дар сурати тагйир ёфтани вазъи хукукии ин муассиса номи он низ хатман тагйир дода мешавад. Агар дар номи муассисаи тахсилоти олии касби номи махсус истифода гардад (консерватория, омузишгохи оли ва дигар номхо), дар баробари ном шакли муассисаи тахсилоти олии касби нишон дода мешавад.

БОБИ 2.

НИЗОМИ ТАХСИЛОТИ ОЛИИ КАСБИ ВА ТАХСИЛОТИ КАСБИИ БАЪД АЗ МУАССИСАИ ОЛИИ ТАЪЛИМИ

 

Моддаи 7. Сохтори низоми тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими

Низоми тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими иборат аст аз:

– стандартхои давлатии таълимии тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими ва барномахои таълимии тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими;

– муассисахои тахсилоти олии касби ва муассисахои таълимие, ки новобаста аз шаклхои ташкилию хукуки барои таълими тахсилоти марбутаи иловагии касби ичозатнома доранд;

– пажухишгоххои илмию тахкикоти, бюрохои конструктори, хочагихои таълимию тачрибави, стансияхои тачрибави, марказхои таълимию методи ва иттилоотиву тахлили, паркхои техники, корхонахои истехсоли, ташкилоту муассисахои илми, лоихакаши, клиники, муоличавию пешгири, дорусози (фармасевти), фархангию маърифати, ки бо тахкикоти илми машгуланд ва фаъолияту рушди тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимиро таъмин мекунанд;

– макомоти идораи тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими, хамчунин корхона, муассиса ва ташкилотхои тобеи онхо;

– иттифокхо ва иттиходияхои чамъияти (иттифокхои эчоди, ассотсиатсияхои касби, чамъияти, шурохои илмию методи ва дигар иттиходияхо).

 

Моддаи 8. Стандартхои давлатии таълими ва барномахои таълимии тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими

  1. Стандартхои давлатии таълимии тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими иборатанд аз:

– талаботи умуми ба барномахои асосии таълимии тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими ;

– талабот ба хадди акали хатмии мазмуни барномахои асосии таълимии тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими вобаста ба шароити амали гардонидани онхо, аз чумла ба тачрибаи таълимию истехсоли, аттестатсияи нихоии хатмкунандагон ва дарачаи тайёр намудани онхо аз руи сохахои алохидаи таълим (ихтисос);

– мухлати фаро гирифтани барномахои асосии таълимии тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими  дар муассисахои тахсилоти олии касбии давлати ва гайридавлати;

– хачми нихоии сарбории донишчуён ва шунавандагон.

  1. Стандартхои давлатии таълимии тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими таъмини мукаррароти зеринро дар бар мегиранд:

– сифати тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими;

– ягонагии фазои таълим;

– эътироф ва мукаррар намудани баробарарзишии хуччатхои давлатхои хоричи оид ба тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими.

  1. Стандартхои давлатии таълимии тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими, инчунин таснифи равияхо ва ихтисосхои тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимиро Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик менамояд.

Моддаи 9. Мухлат ва шаклхои аз бар кардани зинахои тахсилоти олии касби

  1. Барномахои таълимии муассисахои тахсилоти олии касби метавонанд муттасил ва зина ба зина тавассути низоми кредитии таълим ва ё анъанави, мувофики тартиби муайяннамудаи макомоти чумхуриявии давлатии идораи маориф амали гардонида шаванд.
  2. Дар Чумхурии Точикистон шаклхои зерини тахсилоти олии касби мукаррар карда мешаванд:

– тахсилоти бисёрзинаги:

а) тахсилоти олии касби, ки барои тасдики он ба шахси аз аттестатсияи нихоии давлати бомуваффакиятгузашта тахассуси дарачаи «бакалавр» дода мешавад;

б) тахсилоти олии касби, ки барои тасдики он ба шахси аз аттестатсияи нихоии давлати бомуваффакиятгузашта тахассуси дарачаи «магистр» дода мешавад.

– тахсилоти анъанави:

а) тахсилоти олии касби, ки барои тасдики он ба шахси аз аттестатсияи нихоии давлати бомуваффакиятгузашта тахассуси «мутахассис» дода мешавад.

  1. Тахсилоти шахсоне, ки омузишро аз руи барномаи таълимии асосии тахсилоти олии касби ба итмом нарасонидаанд, аммо аз аттестатсияи чори бомуваффакият гузаштаанд (на камтар аз ду соли тахсил), тахсилоти олии касбии нопурра шуморида мешавад ва ба онхо хуччати академии шакли мукарраршуда дода мешавад.
  2. Мухлати фарогирии барномахои асосии таълимии тахсилоти олии касби (ба истиснои барномахои асосии таълимии тахсилоти олии тибби):

– барои дарёфти тахассуси дарачаи «бакалавр» – на камтар аз чор сол;

– барои дарёфти тахассуси «мутахассис» – на камтар аз панч сол;

– барои дарёфти тахассуси дарачаи «магистр» – ду сол.

  1. Шахсоне, ки оид ба тахсилоти олии касбии зинаи муайян хуччатхои намунаи давлатиро доранд, мутобики ихтисос метавонанд аз руи барномаи таълимии тахсилоти олии касбии зинаи минбаъда таълимро идома диханд.
  2. Аз бар намудани барномаи таълимии тахсилоти олии касбии дарачаи мувофик дар муассисаи тахсилоти олии касбии дорои аккредитатсияи давлати ба шахс барои ишголи вазифаи мувофик дар муассисаи давлати ва гирифтани музди кор ва музди изофа асос мебошад. Барои шахсоне, ки барномахои таълимии тахсилоти олии тибби ва тахсилоти олии фармасевтиро аз бар намудаанд, барои ишголи вазифахои зикршуда тайёрии баъди тахсилоти олии касби дар интернатура, ординатура (резидентура) ва магистратура, ки он бо шаходатномаи шакли мукарраршуда тасдик шудааст, асос мебошад.
  3. Тахассуси дарачаи «бакалавр» хангоми ба кор кабул намудан ба шахрвандон хукуки ишголи вазифаеро медихад, ки барои он мутобики талаботи тахассуси тахсилоти олии касби пешбини шудааст.
  4. Ишголи вазифаи хизмати давлати аз чониби бакалавр, магистр ва мутахассис бо тартибе, ки конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар намудааст, сурат мегирад.
  5. Тахсилоти аввалин, ки шахс онро аз руи барномахои таълимии тахсилоти олии касбии зинахои гуногун гирифтааст, хамчун тахсилоти дуюми олии касби гирифтаи у дониста намешавад.
  6. Барномахои асосии таълимии тахсилоти олии касбиро донишчуён, вобаста ба хачми машгулиятхои хатмии корманди сохаи омузгории муассисаи тахсилоти олии касби метавонанд дар шаклхои таълими рузона, шабона, гоибона, таълими фосилави, хамчунин экстернат аз бар намоянд. Ба омезиши шаклхои гуногуни дарёфти тахсилоти олии касби ичозат дода мешавад.
  7. Номгуи самтхои таълим (ихтисос), ки аз руи онхо имкони дарёфти тахсилоти олии касби дар шакли тахсили шабона, гоибона мумкин нест, аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешавад. Низомнома оид ба экстернат аз чониби макоми давлатии идораи маориф тасдик карда мешавад.
  8. Шахсоне, ки дар муассисахои тахсилоти олии касбии аккредитатсияи давлати надошта тахсил мекунанд ё чунин муассисаи тахсилоти олии касбиро бомуваффакият хатм кардаанд, хукук доранд дар муассисахои тахсилоти олии касбии дорои аккредитатсияи давлати дар асоси шартхои экстернат аз аттестатсияи давлатии чори ва нихои гузаранд.

Моддаи 10. Хуччатхо оид ба тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими

  1. Ба шахсоне, ки тахсилро аз руи барномахои таълимии тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими анчом додаанд ва аз аттестатсияи нихоии давлати гузаштаанд, хуччат дар бораи тахсилоти марбута дода мешавад.
  2. Муассисаи тахсилоти олии касбие, ки аккредитатсияи давлати дорад, ба хатмкунандагон дар бораи тахсилоти марбута хуччати намунаи давлатии дорои нишони давлати ва нишони сарисинагии намунаи мукарраршуда медихад. Шакли хуччати намунаи давлати ва нишони сарисинагиро Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик мекунад.
  3. Хуччатхое, ки хатми зинахои гуногуни тахсилоти олии касбиро тасдик менамоянд, инхоянд:

-дипломи мутахассис;

-дипломи бакалавр;

-дипломи магистр.

  1. Аз руи натичаи химояи рисолаи илми бо тартиби мукарраршуда дипломи номзади илм ё дипломи доктори илм дода мешавад.
  2. Тартиби додани хуччатро дар бораи такмили ихтисос бо рохи гузаштани курсхои гуногун макомоти чумхуриявии давлатии идораи маориф муайян менамояд.
  3. Муассисаи тахсилоти олии касби пас аз гузаштан аз аттестатсия ва аккредитатсияи давлати хукуки додани хуччатхои намунаи давлати дар бораи тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими хукук пайдо мекунад.
  4. Хуччатхо дар бораи тахсилоти олии касбии Чумхурии Точикистон дар тамоми худуди Чумхурии Точикистон эътибор доранд.

Моддаи 11.Вазифахо ва сохтори муассисахои тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими

 

1.Вазифахои асосии муассисаи тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими иборат аст, аз:

-конеъ гардонидани талаботи шахс ба инкишофи зехни, фарханги ва арзишхои маънави бо рохи дарёфти тахсилоти олии касби ва ё тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими;

-рушди илму хунар ба воситаи тахкикоти илми ва фаъолияти эчодии кормандони илмию омузгори ва тахсилкунандагон, истифодаи натичахои хосилшуда дар чараёни таълим ва истехсолот;

-омузиш, бозомузи ва такмили тахассуси кормандони дорои тахсилоти олии касби ва кормандони илмию омузгории баландихтисос;

-дар донишчуён инкишоф додани худшиносии милли, ифтихори ватандори, шаъну шарафи шахрванди ва кобилияти кору зиндагии донишчуён дар шароити имрузаи чахонишави;

– хифз ва афзун намудани арзишхои милли, ахлоки, фарханги, илми ва  анъанахои кишвар;

– тахкими арзишхои маънавии шахрвандон, боло бурдани савияи тахсилот ва фарханги он;

-таъмини шароити мусоид барои тачрибаомузии истехсоли ва омузгории донишчуён.

2.Муассисахои тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими дар ташаккул додани сохтори худ мустакиланд.

3.Муассисахои тахсилоти олии касби метавонанд барномахои таълимии муассисахои тахсилоти умуми, тахсилоти ибтидои ва миёнаи касбиро амали гардонанд, агар дар сохтори онхо муассисахои тахсилоти миёнаи умуми, ибтидои ва миёнаи касби мавчуд бошанд ва барои пешбурди фаъолияти таълими ичозатнома гирифта бошанд.

4.Муассисахои тахсилоти олии касбие, ки макоми донишгохро доранд, бо ризоияти муассис метавонанд дар сохтори худ донишкадахо, академияхои таълими, коллечхо, филиалхо, муассисахои илмию методи, хочагихои таълимию тачрибави, паркхои техники ва дигар вохидхои сохтори дошта бошанд.

5.Филиали муассисаи тахсилоти олии касби ба таври мустакил аз аттестатсия гузашта, ичозатномаи пешбурди фаъолият мегирад, аммо акредитатсияи давлатиро дар хайати муассисаи тахсилоти олии касби мегузарад.

Моддаи 12. Тартиби таъсис, азнавташкилдихи, бархамдихи, ичозатномадихи, аттестатсия ва аккредитатсияи муассисахои тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими

  1. Муассисаи тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими бо дархости муассис (муассисон) мутобики карори он ва ё шартхои шартномаи таъсисдихи ташкил, аз нав ташкил ва бархам дода шуда, мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ба кайди давлати гирифта мешавад.
  2. Муассисаи тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими аз вакти ба кайди давлати гирифтани он таъсисгардида дониста мешавад. Баробари гирифтани ичозатнома хукук пайдо мекунад, ки накша ва барномахои таълимии тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимиро амали гардонад ва аз имтиёзхои пешбининамудаи конунгузори бахравар гардад.
  3. Аттестатсияи муассисаи тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими бо дархости муассисаи тахсилоти олии касби ё худ бо ташаббуси макомоти чумхуриявии давлатии идораи маориф гузаронида мешавад. Тартиби гирифтани ичозатнома тибки талаботи Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи ичозатномадихи ба баъзе намудхои фаъолият» мукаррар мешавад.
  4. Максад ва мухтавои аттестатсия мукаррар кардани мувофикати мазмун, сатх ва сифати таълими хатмкунандагони муассисаи тахсилоти олии касби ба талаботи стандартхои давлатии таълимии тахсилоти олии касби аз руи сохахои таълим (ихтисос) мебошад.
  5. Аккредитатсияи давлатии муассисаи тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими дар асоси натичахои аттестатсияи давлати, ки тартиби онро Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар менамояд, гузаронида мешавад.
  6. Шаходатнома дар бораи аккредитатсияи давлати вазъи хукукии муассисаи тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими, фехристи самтхои таълим (ихтисосхо)-ро, ки аз аккредитатсияи давлати гузаштаанд ва аз руи он муассисаи тахсилоти олии касби хукук дорад ба хатмкунандагон хуччатхои намунаи давлатиро дар бораи тахсилоти олии касби дихад, хамчунин зинахои тахсилоти олии касби ва ихтисос (дарача) – ро мукаррар менамояд.
  7. Таъсисдихандаи муассисахои тахсилоти олии касбие, ки барномахои харбии касбии таълимиро (муассисахои тахсилоти олии касбии харби) татбик мекунанд, танхо Хукумати Чумхурии Точикистон буда метавонад.
  8. Филиалхои муассисахои тахсилоти олии касбии давлатхои хоричи дар асоси шартномахои байнидавлати мутобики санадхои конунгузории Чумхурии Точикистон таъсис ёфта, баъди гирифтани ичозатномаи макоми давлатии идораи маориф дар доираи барномахои таълими ва стандартхои давлатии Чумхурии Точикистон фаъолият менамоянд.
  9. Бархамдихии муассисаи тахсилоти олии касби тибки Кодекси граждании Чумхурии Точикистон сурат мегирад.

Моддаи 13. Кабул ба муассисаи тахсилоти олии касби ва тайёр кардани мутахассисони дорои

                         тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими

  1. Кабул ба муассисаи тахсилоти олии касби мувофики аризаи шахсони дорои тахсилоти миёнаи умуми, тахсилоти ибтидоии касби ва тахсилоти миёнаи касби дар асоси озмун аз руи натичаи имтихонхои дохилшави, ба истиснои холатхои пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон анчом дода мешавад. Тартиби ягонаи ба муассисаи тахсилоти олии касби кабул кардани шахрвандонро, дар холате ки Конуни мазкур мукаррар накарда бошад, Хукумати Чумхурии Точикистон муайян мекунад.
  2. Шартхои озмун бояд риояи хукуки шахрвандонро дар сохаи маориф кафолат дихад ва ба он мусоидат намояд, то шахрвандони кобилияти бештардошта, ба омухтани барномахои таълимии дарача ва (ё) зинаи дахлдор омодаанд, кабул шаванд.
  3. Муассисаи тахсилоти олии касби хукук дорад кабули шахрвандонро танхо дар сурати мавчуд будани ичозатнома эълон намояд. Муассисаи тахсилоти олии касби вазифадор аст довталабонро бо ичозатномаи мазкур, хамчунин бо шаходатномаи аккредитатсияи давлати доир ба хар як сохаи таълим (ихтисос), ки ба муассисаи тахсилоти олии касби хукуки хуччати намунаи давлатиро дар бораи тахсилоти олии касби медихад, шинос намояд. Бо шаходатномаи аккредитатсияи давлати шинос намудани довталаб оид ба кадом сохаи таълим (ихтисос)-ро интихоб кардани у ё набудани чунин шаходатнома дар хуччатхои кабул кайд карда мешавад ва ба он довталабон имзо мегузоранд.
  4. Равияи таълим (ихтисос) дар асоси ичозатнома муайян карда мешавад. Мазмуни чараёни таьлими хар соха (ихтисос) мухлати азхуд кардани барномаи таълимии тахсилоти олии касби ё тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими аз тарафи муассисаи тахсилоти олии касби мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ва стандарти давлатии таълим муайян карда мешавад.
  5. Барои шахсони дорои тахсилоти миёнаи касбии самти дахлдор бо карори Шурои олимони муассисаи тахсилоти олии касби, гирифтани тахсилоти олии касби аз руи барномаи махдуд ё суръатноки омузишии муассисаи тахсилоти олии касби ичозат дода мешавад.
  6. Шумораи умумии донишчуён ва тартиби кабули онхоро, ки барои тахсил аз хисоби маблаги бучет кабул карда мешаванд, хар сол макомоти марбутаи давлати мутобики меъёрхои мукаррарнамудаи Конуни мазкур муайян менамояд.
  7. Шахсоне, ки муассисахои таълимии миёнаи умуми ё муассисаи тахсилоти ибтидоии касбии дорои аккредитатсияи давлатиро бо медалхо, инчунин шахсоне, ки муассисахои таълимии тахсилоти миёнаи касбии аккредитатсияи давлатидоштаро бо бахои «аъло» хатм намудаанд, ба муассисаи тахсилоти олии касби аз руи натичаи сухбат, ба истиснои имтихонхои марказонидаи дохилшави ба муассисахои таълимии тахсилоти олии касби ва санчиши касби аз руи равияе, ки муассисаи тахсилоти олии касби метавонад мукаррар намояд, кабул карда мешаванд. (КЧТ аз 26.07.14с., №1126)
  8. Шахсони зикршуда, ки аз сухбат нагузаштаанд, хукук доранд имтихонхои кабулро мутобики коидахои умуми супоранд.
  9. Дар сурати бомуваффакият супоридани имтихонхои марказонидаи дохилшави (ба даст овардани холхои гузариш аз фанхои таълимии дахлдор) ба муассисахои таълимии тахсилоти олии касби, бо тартиби мукаррарнамудаи макоми ваколатдори давлати дар сохаи маориф ба довталабони зерин имтиёз дода мешавад:

– ятимон;

– бепарасторон;

– кудакони маъюб (тибки хулосаи макоми ваколатдори давлати);

– маъюбони гуруххои I ва II, ки тибки хулосаи макоми ваколатдори давлати дар муассисахои таълимии дахлдор тахсил кардани онхо манъ карда нашудааст;

– шахрвандони Чумхурии Точикистон, ки хизмати харбиро дар Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон адо кардаанд;

– дигар шахрвандоне, ки барои онхо мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон имтиёзхо пешбини шудаанд (КЧТ аз 23.07.16 с., №1350).

  1. Агар муассисаи таълимии тахсилоти олии касби ба низоми имтихонхои марказонидаи дохилшави шомил набошад, кабули довталабони дар кисми 9 моддаи мазкур зикргардида, тибки коидахои умумии кабули донишчуён, ки макоми ваколатдори давлати дар сохаи маориф мукаррар менамояд, ба рох монда мешавад (КЧТ аз 23.07.16 с., №1350).
  2. Довталабон ба таълими пулаки танхо баъди супоридани имтихонхои кабул ва пардохти хакки таълим (мувофики шартнома) кабул карда мешаванд. Аз таълими пулаки ба таълими ройгон ва аз таълими ройгон ба таълими пулаки гузаронидани донишчуён ичозат дода мешавад. Тартиби онро макомоти чумхуриявии давлатии идораи маориф муайян менамояд.
  3. Ба аспирантураи муассисахои тахсилоти олии касби дар асоси озмун шахсоне, ки тахсилоти олии касбии мутахасис ё магистр доранд кабул карда мешаванд. Таълими аспирантура дар шуъбаи рузона 3 сол ва дар шуъбаи гоибона 4 сол мукаррар карда мешавад.
  4. Ба докторантураи муассисаи тахсилоти олии касби шахсоне, ки дарачаи илмии номзади илм доранд, кабул карда мешаванд.
  5. Мухлати тахсил дар докторантураи муассисаи тахсилоти олии касби то се сол мебошад. Инчунин, дар Чумхурии Точикистон барномаи алтернативии докторантура аз руи ихтисоси муайян бо додани дарачаи олии академи-доктори PhD, доктор аз руи ихтисос баъди хатми барномаи таълимии касбии магистратура амали мегардад, ки мухлати тахсил дар он на камтар аз се сол мебошад.
  6. Шахрвандони хоричи ба аспирантура ва докторантураи муассисаи тахсилоти олии касби мутобики шартномахои байналмилали ва созишномахои байнихукумати кабул карда мешаванд.

Моддаи 14. Идоракунии муассисаи тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими

  1. Муассисаи тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими мутобики тартиби мукаррарнамудаи Кодекси граждании Чумхурии Точикистон идора карда мешавад.
  2. Бо максади пешбурди корхои чории фаъолияти муассиса дар асоси усулхои мувофикати яккасардори ва дастачамъи макоми ичроия таъсис дода мешавад ва он ба макоми олии муассиса, ки ректор рохбари менамояд, хисоботдиханда мебошад.
  3. Ректори муассисаи тахсилоти олии касбии давлати аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон ва ректори муассисаи тахсилоти олии касбии хусуси аз тарафи муассис (муассисон) ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.
  4. Тартиби ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани ректор, ваколатхои макомоти ичроияи муассисаи тахсилоти олии касби, тартиби кабули карор ва намояндаги намудан аз номи муассисаро конунгузории Чумхурии Точикистон ва Оинномаи муассисаи тахсилоти олии касбии дахлдор муайян мекунад.
  5. Оинномаи муассисаи тахсилоти олии касби аз тарафи муассис (мачлиси умумии муассисон) ва Шурои олимон тасдик карда мешавад.
  6. Ваколатхои истисноии макоми олии муассисаи тахсилоти олии касби иборатанд аз:

-тасдик намудан ва тагйир додани Оинномаи муассиса, тагйир додани андозаи сармояи оинномавии он;

-таъсиси макоми ичроия, ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани рохбари он;

-тасдики хисоботи солона ва тавозуни мухосибии муассисаи тахсилоти олии касби;

-кабули карор дар бораи азнавтаъсисдихи, азнавташкилдихи ва бархамдихии муассисаи тахсилоти олии касби.

  1. Дар Оинномаи муассисаи тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими ба ваколатхои истисноии макоми олии он халли масъалахои дигар низ вогузор шуда метавонанд. Масъалахое, ки ба ваколати истисноии макоми олии муассисаи тахсилоти олии касби мансубанд, метавонанд ба ваколати макоми ичроияи муассиса гузошта шаванд.
  2. Оинномаи муассисаи тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими пас аз тасдики муассис тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ба кайд гирифта мешавад.

Моддаи 15. Иттиходия (ассотсиатсия, иттифок, созмон)-хои тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими

  1. Муассисахои тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими новобаста аз шакли моликият ва шакли ташкилию хукуки, бо максади хамохангсозии фаъолияти худ, инчунин намояндаги ва хифзи манфиатхои умумии молумулки, хукук доранд, то дар асоси шартнома иттиходияхои гайритичоратиро дар шакли ассотсиатсия (иттифок) – хо таъсис диханд.
  2. Дар холати бо карори иштирокчиён ба зиммаи ассотсиатсия гузоштани фаъолияти сохибкори, ассотсиатсия бояд аз руи тартиби пешбининамудаи конун ба чамъият ё ширкати истехсоли табдил дода шавад. Барои татбики фаъолияти сохибкори ассотсиатсияхои низоми тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими хукук доранд, то чамъиятхои хочагидори таъсис диханд ё дар фаъолияти онхо иштирок намоянд.
  3. Ассотсиатсияхои муассисаи тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими шахси хукуки мебошанд.
  4. Аъзои ассотсиатсияхои муассисаи тахсилоти олии касби мустакилият ва хукуки шахси хукуки будани худро нигох медоранд.
  5. Ассотсиатсияхои муассисаи тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими барои ухдадорихои аъзои худ чавобгар намебошанд.
  6. Аъзои ассотсиатсияхои муассисаи тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими аз руи ухдадорихои ассотсиатсия ба андоза ва мувофики тартиби дар хуччатхои таъсисии ассотсиатсия пешбинишуда масъулияти субсидори доранд.
  7. Номи дакики ассотсиатсияхои дар низоми муассисаи тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими бояд максади асосии ассотсиатсия ва аъзои онро ифода ва калимахои «ассотсиатсия» ё «иттифок»-ро дар худ дошта бошад.

Моддаи 16. Иттиходияхои чамъияти дар низоми муассисаи тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими

  1. Манфиатхои донишчуёни муассисаи тахсилоти олии касбиро иттиходияхои чамъиятии донишчуён химоя менамоянд. Муносибатхои мушаххаси маъмурияти муассисахои тахсилоти олии касби ва иттиходияхои чамъиятии донишчуён бо Оинномаи муассисаи тахсилоти олии касби ва шартномаи байни маъмурияти он ва иттиходияхои чамъиятии донишчуён муайян карда мешаванд.
  2. Дар низоми муассисаи тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими бе таъсис додани шахси хукуки, метавонанд иттиходияхои чамъиятии шакли иттиходияхои таълимию методии муассисаи тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими, шурою комиссияхои илмию методи, илмию техники ва гайра таъсис дода шаванд.
  3. Макоми давлатии идораи маориф, шурохои олимони муассисаи тахсилоти олии касби дар фаъолияти худ тавсияи ташкилотхои чамъияти ва иттиходияхои чамъиятиро дар низоми муассисаи тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими барраси менамоянд ва ба эътибор мегиранд.

 

БОБИ 3.

ФАЪОЛИЯТИ ТАЪЛИМИ, МЕТОДИ ВА ИЛМИИ МУАССИСАХОИ ТАХСИЛОТИ ОЛИИ КАСБИ ВА ТАХСИЛОТИ КАБИИ БАЪД АЗ МУААССИСАИ ОЛИИ ТАЪЛИМИ

 

Моддаи 17. Забони таълим

 

Забони таълим дар муассисахои тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими тибки конунгузории Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.

Моддаи 18. Мазмуни таълим

  1. Фаъолияти таълимии муассисахои тахсилоти олии касби мутобики накшахо ва барномахои таълими, ки дар асоси стандартхои давлатии тахсилоти олии касби тахия ва бо тартиби пешбининамудаи конунгузории сохаи маориф тасдик шудааст, амали гардонида мешавад.
  2. Мушаххас намудани мазмуни таълим бо накша ва барномахои таълими муайян карда мешаванд, ки муассисахои тахсилоти олии касби тасдик намудаанд.

Моддаи 19. Ташкили корхои таълими ва методи

  1. Муассисаи тахсилоти олии касби донишчуён, курсантхо, шунавандагон, аспирантхоро бо воситахои таълим таъмин карда, барои таълим ва кору зиндагии онхо шароити мусоид мухайё месозад.
  2. Муассисахои тахсилоти олии касби дар интихоби низоми бахогузори, шаклу тартиби гузарондани машгулиятхо, аттестатсияи донишчуён ва шунавандагон мустакил мебошанд.
  3. Чалб намудани донишчуён ва шунавандагон ба кор ё фаъолияте, ки ба раванд ва фаъолияти таълим вобастаги надоранд, манъ аст.
  4. Тачрибаомузии таълими ва истехсоли, ки онро стандартхои давлатии таълимии тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими пешбини кардааст, дар асоси шартномахои байни муассисахои тахсилоти олии касби ва корхонаю муассиса ва ташкилотхо сурат мегирад, ки мувофики онхо ин корхонаю муассиса ва ташкилотхо новобаста аз шакли ташкилию хукукиашон ва тобеияти идоравии худ, ухдадоранд барои тачрибаомузии донишчуёни муассисахои тахсилоти олии касбии давлати ва аккредитатсияшудаи гайридавлати чой диханд ва шароити мувофик мухайё созанд.
  5. Фарогирии накшаи таълимии муассисахои тахсилоти олии касби бо аттестатсияи нихоии давлатии донишчуён хотима меёбад.
  6. Муассисаи тахсилоти олии касби кори методиро ташкил мекунад ва ба рох мемонад. Хамохангсозии кори методи дар муассисахои тахсилоти олии касбии давлати аз чониби иттиходияхои (марказхои) таълимию методи амали мегардад.
  7. Вазифахои тарбиявии муассисаи тахсилоти олии касби дар фаъолияти якчояи таълими, илми, эчоди, истехсолии донишчуён ва омузгорон амали гардонида мешавад.

Моддаи 20. Ташкили корхои илмию тахкикоти ва эчоди

  1. Вазифахои асосии муассисаи тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими дар самти кохои илмию тахкикоти аз инхо иборатанд:

-тахияи проблемахои назариявию амали;

-таълифи китобхои дарси ва васоити таълим;

-ичрои корхои тахкикотии дорои хусусияти илмию методи.

  1. Тахкикоти илмие, ки дар муассисахои тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими ба рох монда мешаванд, бо назардошти афзалиятнокии онхо аз хисоби бучети давлати, маблаги аз ичрои корхои шартномахои хочаги бадастомада, карзи бонкхо, маблагхои худи, хайрияхо ва дигар манбаъхо маблаггузори карда мешаванд.
  2. Принсипи асосии илм дар муассисахои тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими аз хамохангсозии он бо чараёни таълим, инчунин бо илмхои академи ва сохави иборат аст.
  3. Муассисаи тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими тахкикоти илми ва корхои эчодиро аз руи накшаи мавзуи, ки онро Шурои олимон тасдик менамояд, амали сохта, истифодаи судманд ва босамари имкониятхои илмии худ, сифати корхои ичрошаванда ва шароити бехатарии мехнат, чалби васеи мутахассисони баландихтисос, донишчуён, курсантхо, шунавандагонро барои иштирок дар корхои илмию тахкикоти ва эчоди таъмин мекунад.

БОБИ 4.

СУБЪЕКТХОИ ФАЪОЛИЯТИ ТАЪЛИМИЮ ИЛМИ ДАР НИЗОМИ ТАХСИЛОТИ ОЛИИ КАСБИ ВА ТАХСИЛОТИ КАСБИИ БАЪД АЗ МУАССИСАИ ОЛИИ ТАЪЛИМИ,

 ХУКУКУ УХДАДОРИХОИ ОНХО

 

Моддаи 21. Хукук ва ухдадорихои донишчуи муассисаи тахсилоти олии касби

  1. Ба донишчуи муассисаи тахсилоти олии касби шаходатномаи донишчу ва дафтарчаи имтихонотии намунаи мукарраргардида дода мешавад.
  2. Донишчуёни муассисахои тахсилоти олии касби хукук доранд:

– дар ташкили мазмуну мундаричаи таълими худ бо риояи талаботи стандартхои давлатии таълимии тахсилоти олии касби иштирок намоянд. Ин хукуки онхо бо шартхои карордоди байни донишчуи муассисаи тахсилоти олии касби ва шахси вокеи ё хукукие, ки барои тахсил ва ба кор таъмин кардани онхо  мусоидат мекунад, махдуд шуда метавонад;

– курсхои факултативи (барои самти нишондодашавандаи таълим (ихтисос)) ва курсхои элективиро (ба таври хатми интихобнамуда), ки аз чониби факултет ва кафедраи дахлдор пешниход мегарданд, интихоб намоянд;

– гайр аз фанхои таълимии (ихтисосии) сохаи интихобшуда хар гуна фанхои дигареро, ки дар муассисаи тахсилоти олии касби  таълим дода мешаванд, бо тартиби мукаррарнамудаи Оинномаи он, инчунин фанхои дар муассисахои тахсилоти олии касбии дигар таълимдодашавандаро аз бар намоянд;

– мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон аз руи тахассуси харби таълим гиранд;

– тибки холатхои пешбининамудаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, аз шакли таълими пулаки ба шакли таълими ройгон гузаранд;

– дар мухокима ва халлу фасли мухимтарин масъалахои муассисахои тахсилоти олии касби, аз чумла, ба воситаи иттиходияхои чамъияти ва макомоти давлатии идораи маориф иштирок намоянд;

– аз китобхонахо, китобхонахои электрони, технологияхои иттилоотию коммуникатсиони, интернет, фондхои иттилоотии муассисахои тахсилоти олии касби, бахшхои таълими, илми, табобати ва бахшхои дигари муассисаи тахсилоти олии касби тибки тартиби мукаррарнамудаи Оинномаи муассисахои тахсилоти олии касби ба таври ройгон истифода намоянд;

– дар корхои илмию тахкикоти, конференсияву симпозиумхо ва махфилу озмунхо иштирок ва баромад намоянд;

– асархои худро барои чоп, аз чумла дар нашрияхои муассисахои тахсилоти олии касби пешниход кунанд;

– аз амру фармонхои маъмурияти муассисахои тахсилоти олии касби тибки тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба макомоти дахлдор шикоят кунанд.

  1. Донишчуёни муассисахои тахсилоти олии касбии давлати, ки дар шуъбахои рузона тахсил мекунанд ва аз хисоби маблаги бучети давлати таълим мегиранд, ба андозаи мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон бо стипендия таъмин карда мешаванд. Тартиби мукаррар ва пардохти стипендия аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.
  2. Донишчуёни муассисаи тахсилоти олии касби дар асоси низомномаи дахлдор хукук доранд стипендияи мукаррарнамудаи шахсони вокеи ва ё хукукиро, ки онхоро барои тахсил фиристодаанд, инчунин стипендияхои шахсан таъиншударо гиранд.
  3. Ба донишчуи муассисахои тахсилоти олии касби аз руи нишондоди тибби ва дар холатхои дигари истиснои бо тартиби мукаррарнамудаи макоми давлатии идораи маориф рухсатии академи дода мешавад.
  4. Барои донишчуёни шакли рузонаи тахсилот, ки дар муассисахои тахсилоти олии касби тахсил мекунанд, мухлати даъват ба хидмати харби мутобики конун дар давраи тахсил ба таъхир андохта мешавад.
  5. Донишчуёни муассисахои тахсилоти олии касби хукук доранд, аз китобхонахои давлати ройгон истифода баранд ва хамчунин ройгон вориди осорхонахои давлати шаванд.
  6. Барои донишчуёни шуъбахои рузона ва шабона дар як соли тахсил на камтар аз ду маротиба таътил мукаррар карда мешавад.
  7. Донишчуи эхтиёчманди манзил дар хобгох (ба шарте ки муассисаи тахсилоти олии касби фонди дахлдори манзил дошта бошад) бо чойи хоб таъмин карда мешавад.
  8. Донишчуёни муассисаи тахсилоти олии касби барои комёбихо дар тахсил ва иштироки фаъолона дар корхои илмию тахкикоти мутобики Оинномаи муассисаи тахсилоти олии касби бо мукофотхои маънави ва ё модди сарфароз гардонида мешаванд.
  9. Донишчу аз муассисаи тахсилоти олии касби дар мавридхои зерин хорич карда мешавад:

– бинобар вазъи саломати дар асоси хуччати комиссияи тиббию машварати;

– бо сабаби гузаштан ба муассисаи тахсилоти олии касбии дигар;

– барои давомоти нокифоя;

– барои карздории академи;

– пас аз рухсатии академи ба таълим шуруъ накардан;

– саривакт напардохтани маблаги тахсил мувофики шартнома;

– дар мухлати мукарраргардида насупоридани се ва зиёда аз он санчишу имтихон;

– барои содир кардани чиноят;

-ба муассисаи таълими омадан бо идора намудани воситахои наклиёти механики;  (КЧТ аз 28.08.17 с., №1465)

– пас аз фавт;

– барои вайрон кардани интизоми таълим, коидахои тартиботи дохили ва Оинномаи муассисаи тахсилоти олии касби.

  1. Барои риоя накардани ухдадорихое, ки дар Оинномаи муассисаи тахсилоти олии касби ва коидахои тартиботи дохили пешбини гардидаанд, баъди гирифтани баёноти хатти, мумкин аст донишчу ба танбехи интизоми кашида ва хатто аз муассисаи тахсилоти олии касби хорич карда шавад.
  2. Ба донишчуи муассисаи тахсилоти олии касби дар раванди таълим истифода бурдани телефонхои мобили манъ аст.
  3. Танбехи интизоми ба донишчу на дертар пас аз як мохи ошкор шудани рафтори у ва на дертар пас аз шаш мохи содир гардидани чунин рафтор дода мешавад, ки ба ин мухлати бемории донишчу ва (ё) вакти таътили у дохил намешавад.
  4. Ба донишчуёни муассисаи тахсилоти олии касби кафолати ба таври озод ба дигар муассисаи тахсилоти олии касби ва ё ихтисоси дигар бо тартиби мукаррарнамудаи макомоти чумхуриявии давлатии идораи маориф гузаштан дода мешавад. Дар мавриди гузаштани донишчу аз як муассисаи тахсилоти олии касби ба муассисаи дигари тахсилоти олии касби тамоми хукукхое, ки барои донишчу бори аввал дар ин зинаи тахсилоти олии касби пешбини шудаанд, махфуз мемонанд.
  5. Донишчу баъди ихтиёран ё бо сабабхои дигар тарк кардани муассисаи олии таълими зимни боки мондани хамон шакли таълим (ройгон ё пулаки), ки мутобикан пеш аз тарк кардан тахсил мекард, хукук дорад барои тахсил ба муассисаи олии таълими баркарор гардад. Дар сурати бо идора намудани воситахои наклиёти механики ба муассисаи таълими омадан, донишчу бе хукуки баркарор шудан ба мухлати се сол аз муассисаи таълими хорич карда мешавад. (КЧТ аз 28.08.17 с., №1465)
  6. Донишчуёни муассисахои тахсилоти олии касби ухдадоранд, ки донишхои назарияви, махорати амали ва методхои муосири тахкикро аз руи ихтисоси интихобнамудаашон азхуд кунанд, дар мухлатхои мукарраршуда хамаи супоришхои дар накшахо ва барномахои таълими пешниходгардидаро ичро намоянд, арзишхои милли, умумибашари ва маънавиро пос доранд ва Оинномаи муассисаи тахсилоти олии касби, коидаи хобгоххо ва дигар талаботи мукарраркардаи конунгузории Чумхурии Точикистонро риоя намоянд.
  7. Дигар хукук ва ухдадорихои донишчуёнро конунгузори ва (ё) Оинномаи муассисаи тахсилоти олии касби мукаррар менамояд.
  8. Макоми донишчуи муассисаи тахсилоти олии касбии гайридавлати, ки аккредитатсияи давлати дорад, нисбат ба хукуку озодихои академи, ба истиснои хукуки гирифтани стипендияи давлати, баробари макоми донишчуи муассисаи тахсилоти олии касбии давлати мебошад.
  9. Макоми донишчуи муассисаи тахсилоти олии касбии гайридавлати, ки аккредитатсияи давлати надорад, дар асоси Оинномаи хамин муассисаи тахсилоти олии касби мукаррар карда мешавад.
  10. Донишчуёни муассисаи тахсилоти олии касбие, ки барои пурра амали намудани барномахои таълими аз технологияи фосилави истифода мебаранд, инчунин филиалхои муассисаи тахсилоти олии касбии зикршуда, хангоми аз чониби онхо амали намудани раванди таълим (ба истиснои машгулиятхои алохида) дар филиалхо ва тамоми намудхои аттестатсияи донишомузони ин филиалхо, хамаи хукук ва ухдадорихои донишомузони хамин шакли мутаносиби дарёфти тахсилотро доранд.

Моддаи 22. Бо кор таъмин намудани хатмкардагони муассисахои тахсилоти олии касби

Бо кор таъмин намудани хатмкардагони шуъбахои рузонаи муассисахои тахсилоти олии касби мутобики санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон сурат мегирад.

Моддаи 23. Имтиёз ба шахсоне, ки дар баробари кор дар муассисахои тахсилоти олии касби тахсил мекунанд

  1. Ба шахсоне, ки дар муассисахои тахсилоти олии касбии дорои аккредитатсияи давлати бомуваффакият тахсил менамоянд, новобаста аз шакли таълими гоибона ва шабона аз чои кор ба максадхои зерин рухсатии иловаги дода шуда, музди миёнаи мехнат, ки бо тартиби мукарраргардидаи рухсатии харсола хисоб карда мешавад (бо имкони якчоя кардани рухсатии иловагии таълими ва рухсатии харсола), пардохт мегардад:

-барои супоридани санчишу имтихонхо дар курсхои якум ва дуюм мутобик ба 30 рузи таквими, дар курсхои минбаъда мутобик ба 40 рузи таквими;

-барои навиштан ва дифои лоихаи (кори) дипломи якчоя бо супоридани аттестатсияи нихоии давлати – чор мох;

-барои аттестатсияи нихоии давлати – як мох.

  1. Рухсатии иловагии бе музди мехнат аз чои кор дода мешавад:

-ба шахсоне, ки ба имтихоноти кабули муассисаи тахсилоти олии касби рох дода шудаанд – понздах рузи таквими;

-ба донишчуёни шуъбаи рузонаи муассисахои тахсилоти олии касби, ки дар баробари тахсил кор мекунанд, барои супоридани санчишу имтихонот-понздах рузи таквими дар соли тахсил;

-барои навиштан ва дифои лоихаи (кори) дипломи якчоя бо супурдани аттестатсияи нихоии давлати – чор мох;

-барои супурдани аттестасияи нихоии давлати – як мох;

-ба шунавандагони шуъбаи тайёрии муассисаи тахсилоти олии касби барои супоридани аттестатсияи нихоии давлати – понздах рузи таквими.

  1. Ба донишчуёни шуъбаи гоибонаи муассисахои олии таълимии дорои аккредитатсияи давлати ташкилоти кордиханда як бор дар соли тахсил харчи рафту омадро то махалли муассисаи тахсилоти олии касби барои ичрои корхои лаборатори, супоридани санчишу имтихонхо ва хамчунин барои супурдани аттестатсияи нихоии давлати, навиштан ва дифои лоихаи (корхои) дипломи мепардозад.
  2. Намунаи маълумотнома-даъватномаро, ки ба донишчу аз чои кор хукуки гирифтани рухсатии иловаги ва дигар имтиёзхоро вобаста ба тахсил дар муассисаи тахсилоти олии касбии дорои аккредитатсияи давлати медихад, макоми давлатии идораи маориф тасдик мекунад.
  3. Барои кормандони корхонахо, ташкилоту муассисахо, новобаста аз шакли ташкилию хукуки ва шакли моликият, ки дар баробари кор дар муассисаи тахсилоти олии касби тахсил мекунанд, дар шартномаи коллективи ё шартномаи мехнати (карордод) дароз кардани мухлати рухсатихои иловаги, додани рухсати бо пардохти маош ба чои рухсатии бе пардохти маош ва имтиёзхои дигар пешбини шуда метавонад.

Моддаи 24. Шунавандагони муассисахои тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими

 

  1. Шунавандагони муассисахои тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими шахсоне ба хисоб мераванд, ки дар таълимгоххои зерин тахсил мекунанд:

– дар шуъбахои тайёрии муассисахои тахсилоти олии касби, факултетхо ва муассисахои такмили ихтисос ва бозомузии кормандон;

– дар ординатураи муассисаи тахсилоти олии касбии тибби.

  1. Вазъи хукукии шунавандагони муассисахои тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими пас аз гирифтани тахсилот ба вазъи хукукии донишчуи муассисаи тахсилоти олии касбии шакли марбутаи таълим баробар аст.
  2. Шахсоне, ки дар ординатура тахсил мекунанд ё тахсили тахассусии тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимиро дар муассисахои тахсилоти олии касбии тибби аз хисоби бучет идома медиханд, бо стипендияи давлати таъмин карда мешаванд ва аз таътили харсолаи 24 – руза истифода мебаранд.

Моддаи 25. Докторантхо, аспирантхо ва унвончуён

  1. Шаклхои асосии тайёр кардани кормандони илми ва илмию омузгори аспирантура ва докторантура мебошанд.
  2. Аспирантура ва докторантура барои тахсилоти муттасил, такмили ихтисоси илмию омузгори ва илмии шахрвандон ва дарёфти дарачаи илмии номзад ё доктори илм шароит мухаё мекунад.
  3. Ба шахсоне, ки ба супоридани имтихони аспирантура ичозат доранд, ба мухлати 30 рузи таквими рухсати, бо пардохти музди миёнаи корашон аз тарафи корхона, дода мешавад.
  4. Барои шахсоне, ки дар бахши рузонаи аспирантура аз хисоби маблаги бучет тахсил мекунанд, стипендияи давлати муайян карда мешавад ва онхо хар сол ба муддати ду мох ба таътил мебароянд.
  5. Аспирантхои бахши гоибона хар сол аз чои кор ба муддати 30 рузи таквими бо пардохти музди миёнаи маош хукук ба рухсатии иловаги доранд.
  6. Аспирантхои бахши гоибона хар хафта барои як руз аз кор озод шудан бо пардохти панчох фоизи музди мехнат хукук доранд. Ташкилоти кордиханда хукук дорад аспирантхоро дар соли чоруми тахсил мувофики хохиши онхо ба таври илова бе пардохти музд хар хафта ду руз аз кор озод намояд.
  7. Аспирантхои бахши гоибона дар давраи супурдани имтихон ва навиштани рисолаи илми бо хобгох таъмин карда мешаванд (ба шарте ки муассисаи тахсилоти олии касби фонди манзил дошта бошад).
  8. Ба докторантхо стипендияи давлати ба андозаи на камтар аз маоши дотсент ва хар сол таътили думоха дода мешавад. Хукукхои дар чои кор пеш аз дохил шудан ба докторантура доштаи докторантхо (хукуки гирифтани манзил, дарачаи илми ва дигар хукукхо) ва хамчунин хукуки баргаштани онхо ба чои кори пешина хифз карда мешавад.
  9. Ба хар аспиранту докторанте, ки аз хисоби маблаги бучет тахсил мекунад, барои хариди китобхои илми хар сол ба андозаи ду стипендия кумакпули дода мешавад.
  10. Унвончуёне, ки дар таълифи рисола барои дарёфти дарачаи илмии доктори илм тахкикот мебаранд ва аз руи масъалаи мубрами ичтимоию иктисоди ё самтхои афзалиятноки тахкикоти бунёдии илми натичахои назаррас ба даст овардаанд, бо максади тахияи рисола барои дарёфти дарачаи илмии доктори илм метавонанд ба мухлати то ду сол ба вазифаи корманди калони илми гузаронида шаванд. Барои унвончуёне, ки ба вазифаи кормандони калони илми гузаронида шудаанд, бо нигох доштани маоши вазифавии пешинаашон, хукуки ба чои кори пештара гузаштан дода мешавад.
  11. Барои анчоми рисолаи илмии дарачаи илмии номзади илм ё доктори илм ба кормандони корхона ва муассисаю ташкилотхо аз чои корашон мутаносибан ба мухлатхои се ва шаш мох бо нигох доштани музди мехнат рухсатии эчоди дода мешавад.
  12. Низомнома оид ба докторантхо, аспирантхо ва унвончуён аз руи тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик карда мешавад.

Моддаи 26. Хукуку ухдадорихои кормандони муассисахои тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими

  1. Дар муассисаи тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими вазифахои кормандони илмию омузгори (хайати профессорону муаллимон, кормандони илми), мухандисию техники, маъмурию хочаги, истехсоли, таълимию ёрирасон ва гайра пешбини мешаванд.
  2. Ба хайати профессорону муаллимон мансабхои декани факултет, мудири кафедра, мудири озмоишгох, вазифахои профессор, дотсент, муаллими калон, муаллим ва ассистент мансубанд.
  3. Ба муассисахои тахсилоти олии касби ба кор кабул кардани кормандони илмию омузгори мутобики шартномаи мехнати амали мешавад. Пеш аз бастани шартномаи мехнати кормандони илмию омузгори аз озмун мегузаранд.
  4. Мудири кафедраи муассисаи тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими дар асоси озмун интихоб мешавад. Низомнома оид ба тартиби ишголи вазифа ва гузаштан аз озмунро барои ичрои вазифаи мудири кафедра макомоти давлатии идораи маориф тахия ва тасдик менамояд.
  5. Кормандони илмию омузгории муассисаи тахсилоти олии касби хукук доранд:

– бо тартиби мукарраргардида ба Шурои олимони муассисаи тахсилоти олии касби интихоб кунанд ва интихоб шаванд;

– дар мухокима ва халли масъалахои марбут ба фаъолияти муассисаи тахсилоти олии касби ширкат намоянд;

– аз хидмати китобхонахо, китобхонахои электрони, технологияи иттилоотию коммуникатсиони, интернет, фондхои иттилооти, шуъбахои илму таълим ва хамчунин аз хидмати шуъбахои ичтимоию маиши, табобати ва шуъбахои дигари сохтории муассисаи тахсилоти олии касби мувофики Оинномаи он ва (ё) шартномаи коллективи ба таври ройгон истифода баранд;

– мазмуни курсхои таълимиро мутобики стандартхои давлатии тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими муайян кунанд;

– усул ва воситахои таълимро, ки ба хусусиятхои фардии хар кадоми онхо бештар чавобгу мебошанд ва сифати баланди раванди таълимро таъмин менамоянд, интихоб намоянд;

– аз болои фармону супоришхои маъмурияти муассисаи тахсилоти олии касби бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузори шикоят кунанд.

  1. Кормандони илмию омузгории муассисаи тахсилоти олии касби ухдадоранд:

– самараи баланди раванди кори омузгори ва илмиро таъмин кунанд;

– талаботи Оинномаи муассисаи тахсилоти олии касбиро риоя намоянд;

– донишомузонро дар рухияи мустакилият, ташаббускори тарбия кунанд, кобилияти эчодии онхоро инкишоф диханд;

– ба арзишхои милли, умумибашари ва ахлокиву маънави эхтиром гузоранд;

– барои такмили ихтисоси худ пайваста кушиш намоянд;

– дар раванди таълим аз телефонхои мобили истифода набаранд.

  1. Кормандони илмии муассисаи тахсилоти олии касби хукук доранд он усулхо ва воситахои гузаронидани тахкикоти илмиеро интихоб намоянд, ки ба талаботи бехатари чавобгу бошанд, ба кобилияти инфиродии онхо бештар мувофикат кунанд ва сифати баланди раванди илмиро таъмин намоянд.
  2. Хукуку ухдадорихои кормандони маъмурию хочаги, мухандисию техники, истехсоли, таълимию ёридиханда ва дигар кормандони муассисаи тахсилоти олии касбиро конунгузори оид ба мехнат, Оинномаи муассисаи тахсилоти олии касби, коидахои тартиботи дохилии муассисаи тахсилоти олии касби ва дастурхои вазифави муайян мекунанд.

Моддаи 27. Омодаги ва такмили ихтисоси кормандони илмию омузгори

  1. Кормандони илмию омузгори дар аспирантура ва докторантураи муассисаи тахсилоти олии касби, муассиса ё ташкилотхои илми ва хамчунин бо рохи вобаста намудани унвончуён ба ин муассисаю ташкилотхо барои навиштан ва дифои рисолаи номзади илм ё доктори илм ё бо рохи ба вазифаи кормандони илми гузаронидани кормандони сохаи омузгори чихати таълифи рисолаи доктори омода карда мешаванд.
  2. Муассисаи тахсилоти олии касби шаклхои зерини такмили ихтисосро низ мукаррар мекунад:

– коромузии илми, омузгори, эчоди, аз чумла, дар корхонахо, институтхои илмию тахкикоти, бюрохои конструктори, дар муассисаи тахсилоти олии касби ва ташкилотхо, аз чумла дар хорича;

– рухсатихои эчоди барои ба итмом расонидани рисолаи илми;

– такмили ихтисос ва бозомузи дар донишкадахо, факултетхо ва марказхои такмили ихтисос ва бозомузии кадрхо;

– бозомузи ва таълим дар факултетхо ва курсхои махсуси назди муассисаи тахсилоти олии касби.

  1. Давлат мухайё кардани шароити заруриро барои на камтар аз як маротиба дар панч сол такмил додани ихтисоси кормандони илмию омузгории ташкилоту муассисахои давлатии низоми тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимиро кафолат дода, ба ин максад аз хисоби бучети давлати маблаги зарури чудо мекунад.
  2. Ихтисоси кормандони илмию омузгориро хамчунин аз руи шартномае, ки шахсони вокеи ва (ё) хукуки бо муассисахои тахсилоти олии касби ва ташкилоту муассисахои илми мебанданд, аз хисоби маблаги шахсони вокеи ва (ё) хукуки метавон амали кард.
  3. Тартиб, намуд ва шаклхои такмили ихтисосро, ки конунгузории Чумхурии Точикистон танзим накардааст, Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар менамояд.

Моддаи 28. Унвонхои илми

  1. Дар Чумхурии Точикистон унвонхои илмии профессор ва дотсент мукаррар карда мешаванд.
  2. Унвони илмии профессор ба шахсе дода мешавад, ки дарачаи илмии доктори илм дошта, дар сохаи тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими ба фаъолияти омузгори, илми ва методи машгул аст.
  3. Унвони илмии дотсент ба шахсе дода мешавад, ки дарачаи илмии номзади илмро дошта, дар муассисахои тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими ба фаъолияти омузгори ва илмию методи машгул аст.
  4. Тартиби додани дарача ва унвонхои илмиро макомоти давлатии идораи маориф майян мекунад.

Моддаи 29. Эътироф ва мукаррар кардани баробарарзишии хуччатхои давлатхои хоричи дар бораи тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими ва унвонхои илми

 

  1. Эътирофи хуччатхои давлатхои хоричи дар бораи тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими ва дар бораи унвонхои илми маънои ризоияти макомоти дахлдори хокимияти давлати ба эътибори конуни доштани ин хуччатхо дар худуди Чумхурии Точикистон дорад. (КЧТ аз 28.08.17 с., №1465)
  2. Баробарарзишии хуччатхои давлатхои хоричи дар бораи тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими ва дар бораи унвонхои илми дар Конуни мазкур маънии онро дорад, ки макомоти дахлдори хокимияти давлати ба дорандагони ин хуччатхо, хамчун ба дорандагони хуччатхои намунаи давлатии Чумхурии Точикистон хукукхои академи ва (ё) касбиро дар бораи тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими ва дар бораи унвонхои илми медихад.
  3. Эътироф ва мукаррар кардани баробарарзишии хуччатхои давлатхои хоричи дар бораи тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими дорандагони ин хуччатхоро ухдадор менамояд, ки талаботи умумии ба муассисахои таълими ё ба кор кабул шуданро, ки низомномахои дахлдор мукаррар кардаанд, риоя намоянд.
  4. Масъалаи эьтироф ва мукаррар кардани баробарарзишии хуччатхои давлатхои хоричи дар бораи тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими дар бораи унвонхои илми мутобики тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон хал мегардад.
  5. Эътироф ва мукаррар кардани баробарии хуччатхои давлатхои хоричи дар бораи тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими ва дар бораи унвонхои илми бо шаходатнома, ки аз тарафи макоми давлатии идораи маориф дода мешавад, тасдик мегардад.

БОБИ 5.

ИДОРАИ НИЗОМИ ТАХСИЛОТИ ОЛИИ  КАСБИ ВА ТАХСИЛОТИ КАСБИИ БАЪД АЗ МУАССИСАИ ОЛИИ ТАЪЛИМИ

 

Моддаи 30. Макомоти идоракунии низоми тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими

 

  1. Идораи низоми тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи маориф амали гардонида мешавад.
  2. Макомоти чумхуриявии давлатии идораи маориф ба муассисахои тахсилоти олии касби, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравияшон рохбарии умумии методиро амали мекунад.
  3. Оинномаи муассисаи тахсилоти олии касбии гайридавлати аз тарафи муассиси (муассисон) тасдик ва мутобики тартиби конунгузории Чумхурии Точикистон ба кайд гирифта мешавад.
  4. Муассисахои тахсилоти олии касбии харби фаъолияти худро мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон амали мекунанд.

Моддаи 31. Салохияти Хукумати Чумхурии Точикистон дар сохаи тахсилоти олии касби ва

                         тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими

Ба салохияти Хукумати Чумхурии Точикистон дар сохаи тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими дохил мешаванд:

-муайян ва амали кардани сиёсати давлати дар сохаи мазкур;

-чудо кардани маблаг аз бучет барои тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими;

-тахияи лоихаи конунхо, кабули санадхои меъёрии хукукие, ки татбики низоми тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимиро муайян мекунанд;

-мукаррар намудани тартиби аттестатсия ва аккредитатсияи муассисахои тахсилоти олии касби;

– тасдики Тартиби гузаронидани имтихонхои марказонидаи дохилшави ба муассисахои таълимии тахсилоти олии касбии Чумхурии Точикистон; (КЧТ аз 26.07.14с., №1126)

-таъсис, азнавташкилдихи ва бархамдихии муассисахои тахсилоти олии касбии давлати;

-ба имзо расондан ва амали кардани шартномахои байналмилали ва байнидавлатие, ки масъалахои тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимиро танзим менамоянд;

-тасдики стандартхои давлатии таълимии тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими, ба истиснои холатхое, ки дар конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини шудаанд;

-мукаррар намудани номгуи сохахои таълими (ихтисоси) тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими;

-муайян кардани меъёри талабот ба кадрхои сохахои гуногун ва дар ин асос ба танзим даровардани тартиби тайёр намудани мутахассисони дорои тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими.

Моддаи 32. Салохияти макомоти чумхуриявии давлатии идораи маориф дар сохаи тахсилоти

                          олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими

 

Ба салохияти макомоти чумхуриявии давлатии идораи маориф оид ба тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими дохил мешаванд:

– якчоя бо дигар макомоти манфиатдори сохавии дорои муассисахои тахсилоти олии касби тахия кардан ва амали гардонидани фаслхои дахлдори барномахои милли ва байналмилали дар сохаи тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими ва тахсилоти марбутаи иловаги;

– тахия ва татбики стандартхои давлатии таълимии тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими, ба истиснои холатхое, ки дар конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини  шудааст;

– тасдики чузъхои давлатии стандартхои дахлдори давлатии таълими, тасдик намудани низомномахо дар бораи аттестатсияи нихоии давлатии донишчуёни муассисахои тахсилоти олии касбии давлати;

– тахия ва тасдики накшахои намунавии таълим ва барномахои таълимии тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими, ташкили нашри китобхои дарси ва тайёр кардани воситахои аёнии таълим;

– мусоидат барои ривоч додан ва амали гардонидани технологияхои нави самарабахши таълим дар сохаи тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими;

– аккредитатсияи давлатии муассисахои тахсилоти олии касби новобаста аз шаклхои ташкилию хукуки ва мансубияти идории онхо ва муассисахои давлатии таълимии тахсилоти дахлдори иловаги;

– мукаррар намудани шакли хуччатхои намунаи давлати дар бораи тахсилоти олии касби ва тахсилоти олии касбии баъд аз муассисаи олии таълими, муайян намудани тартиби эътироф ва мукаррар кардани баробарии хуччатхои давлатхои хоричи дар бораи тахсилоти олии касби ва тахсилоти олии касбии баъд аз муассисаи олии таълими ва унвонхои илми, додани шаходатнома дар бораи мукаррар шудани баробарии хуччатхои зикргардида;

– иштирок дар кори омузиши талабот ба мутахассисон;

– тахияи дурнамои тайёр намудани мутахассисон;

– тахияи пешниход доир ба хачми маблаге, ки аз бучет барои муассисахои тахсилоти олии касби, дигар корхона ва ташкилоту муассисахои низоми тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими ва тахсилоти марбутаи иловаги, ташкилотхои илми ва бахшхои сохтории онхо чудо карда мешавад;

– тахияи пешниход оид ба хачми сохтмони асосии корхонахо, ташкилоту муассисахои мазкур;

– хамохангсозии фаъолияти муассисахои тахсилоти олии касби, системахои сохави ва минтакавии тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими ва муайян кардани хачму сохтори тайёр намудани мутахассисон, ташкили иттиходияи (кооператсияи) байнисохави ва байниминтакавии соха;

– мукаррар намудани коидахои умумии кабули донишчуён, аспирантхо ва докторантхо ба муассисахои тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими; (КЧТ аз 26.07.14с., №1126)

– кушодани аспирантура ва докторантурахо дар муассисахои тахсилоти олии касбии давлати, ташкилотхои илми новобаста аз тобеияти онхо (ба истиснои муассисахое, ки дар системаи Академияи илмхои Чумхурии Точикистон ва академияи сохавии илмхо, ки макоми давлати доранд), тасдик кардани Низомнома дар бораи таълими кормандони илмию омузгори, аз чумла кормандони илми;

– пешбини кардани инкишофи шабакаи муассисахои низоми тахсилоти олии касби, мувофика кардани таъсиси муассисахои нави давлатии низоми тахсилоти олии касби ва тахсилоти дахлдори иловаги;

– ташкили иштироки муассисахои тахсилоти олии касби ва ташкилотхои илмии низоми тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими дар барномахои давлатии илмию техники, тартиб додан ва тасдик кардани барномахои байни муассисахои тахсилоти олии касби доир ба сохахои афзалиятноки илм, бо маблагу воситахо таъмин намудани ин барномахо ва назорати ичрои онхо;

– якчоя бо иттиходияхои чамъияти андешидани тадбирхо ва амали гардонидани онхо барои хифзи ичтимоии донишчуён, аспирантхо, докторантхо, шунавандагон ва кормандони низоми тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими оид ба бехтар кардани шароити таълим, кор, маишат, истирохат ва хизматрасонии тибби ба онхо;

– маблаггузори ба фаъолияти муассисахои тахсилоти олии касби, корхонахо, ташкилоту муассисахои тобеи онхо;

– тасдики низомнома дар бораи тартиби ишголи вазифахои кормандони илмию омузгори;

– тахия ва тасдики низомномаи намунави дар бораи филиалхои муассисахои тахсилоти олии касбии тобеи макомоти хокимияти ичроия, тартиби ташкили филиалхои мазкур:

– нашри санадхои меъёри дар доираи салохияти худ;

– бастани шартномахои байналмилалии дорои хусусияти байниидорави мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон;

– назорат ба риояи стандартхои давлатии таълим дар тамоми муассисахои тахсилоти олии касбии дорои аккредитатсияи давлати новобаста ба шакли ташкилию хукукии онхо;

– таъмини илмию методии аттестатсияи нихои ва назорати сифати омодагии хатмкунандагон пас аз анчоми хар як сатх ва мархилаи тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими мутобики стандартхои давлатии таълимии тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими;

– баррасии пешниходхо ва кабули  карори ба муассисаи тахсилоти олии касби фиристодани шикоят аз сифати таълим ва (ё) мувофикат накардани сифати таълим ба талаботи стандарти дахлдори давлатии таълим;

– ташкили фаъолияти низоми макомоти минтакавии хадамоти давлатии назорат дар сохаи маориф ва аттестатсияи муассисахои тахсилоти олии касби.

Моддаи 33. Назорати давлатии сифати тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими

  1. Назорати давлатии сифати тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими ба татбики сиёсати ягонаи давлати дар сохаи тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими, баланд бардоштани сифати тайёр намудани мутахассисон, окилона харч кардани маблаги бучет, ки барои низоми тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими чудо карда мешавад, равона шудааст.
  2. Назорати давлатиро ба сифати тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими макомоти чумхуриявии давлатии идораи маориф мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон дар сохаи маориф амали мекунад.
  3. Муассисаи олии таълимие, ки аккредитатсияи давлати дорад, новобаста аз шакли ташкилию хукуки ва тобеияти идорави дар давоми на кам аз панч сол як маротиба аз аттестатсияи нихоии давлати мегузарад.

БОБИ 6.

ФАЪОЛИЯТИ МОЛИЯВИЮ ХОЧАГИИ МУАССИСАХОИ ТАХСИЛОТИ ОЛИИ КАСБИ ВА ТАХСИЛОТИ КАСБИИ БАЪД АЗ МУАССИСАИ ТАЪЛИМИ

 

Моддаи 34. Моликият дар низоми тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими

  1. Муассис (муассисон) бо максади таъмини фаъолияти дар Оиннома пешбинишуда биною иншоот, комплексхои молу мулк, тачхизот ва хамчунин дигар молу мулки зарурии истеъмоли, ичтимои, фарханги ва гайраро бо хукуки идораи оперативи ба муассисаи тахсилоти олии касби вобаста менамояд.
  2. Муассисаи тахсилоти олии касби хукуки ихтиёрдори кардан ба маблагу амвол ва дигар намудхои моликиятеро, ки шахсони вокеи ва хукуки барояш тухфа намудаанд, ба тарики хайрия додаанд ё мерос мондаанд, самараи мехнати зехни ва эчодкориро, ки натичаи фаъолияти муассисаи олии таълими мебошад ва хамчунин даромади фаъолияти худ ва объектхои моликияти аз хисоби ин даромад харидаашро дорад.
  3. Муассисахои тахсилоти олии касби хукук доранд ба сифати ичорагир ва (ё) ичорадихандаи моликият тибки конунгузории Чумхурии Точикистон амал намоянд.
  4. Ваколатхои моликон дар бобати ихтиёрдори намудани амволи давлатии низоми тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими нисбат ба молу мулки моликияти давлати ба макоми давлатии идораи маориф вобаста карда мешаванд, ки ин ваколатхоро хамрохи макомоти хокимияти ичроия, ки муассисахои тахсилоти олии касби дар ихтиёраш мебошанд, амали мегардонанд.

Моддаи 35. Маблаггузории муассисахои тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими

 

  1. Маблаггузории фаъолияти таълимии муассисахои тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимии давлати аз хисоби маблаги бучет мутобики фармоиши давлати аз чониби макомоти чумхуриявии давлатии идораи маориф ё макомоти хокимияти ичроия, ки ин муассисахоро дар ихтиёр доранд, барои тайёр намудани мутахассисон, бозомузи ва такмили ихтисоси кормандон дар асоси меъёрхои мукарраргардидаи давлати, аз чумла меъёрхои идоравии маблаггузори, амали карда мешавад.
  2. Фаъолияти муассисахои тахсилоти олии касбии гайридавлати аз чониби муассис (муассисон) мутобики шартномаи байни онхо маблаггузори карда мешавад. Аз руи шартномаи байни муассис (муассисон) ва муассисаи тахсилоти олии касби ин фаъолият метавонад кисман ё пурра бо худмаблаггузори ба амал бароварда шавад.
  3. Тахкикоти илмие, ки муассисахои тахсилоти олии касбии давлати анчом медиханд, аз чониби макомоти чумхуриявии давлатии идораи маориф ва (ё) макомоти хокимияти ичроия, ки ин муассисахои тахсилоти олии касби дар ихтиёри онхо мебошанд, маблаггузори карда мешавад.
  4. Муассисахои тахсилоти олии касбии давлати соха ва тартиби истифодаи маблагеро, ки аз хисоби бучет ва манбаъхои дигар гирифтаанд, тибки мукаррароти конунгузории Чумхурии Точикистон муайян мекунанд. Маблагхои гайрибучетии дар давраи чори (сол, семоха, мох) истифоданакардаи муассисахои тахсилоти олии касбии давлати пас гардонида гирифта ё ба хачми маблаггузории давраи минбаъдаи муассисаи тахсилоти олии касби хисоб карда намешавад.
  5. Муассисаи тахсилоти олии касби дар бонкхо ва ташкилотхои карзии (кредитии) гайрибонки барои нигох доштани пул ва хама гуна хисобхо, амалиёти карздихи ва хазинави, аз чумла додугирифти асъор суратхисобхо кушода метавонад.
  6. Фаъолияти муассисахои тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими, инчунин аз хисоби дигар манбаъхое, ки конунгузории Чумхурии Точикистон манъ накардааст, маблаггузори карда мешавад.

 

Моддаи 36. Фаъолияти пулакии муассисаи тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими

 

  1. Муассисаи тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими мутобики Оинномаи худ дар сохаи таълим ва сохахои дигар, ба шарте, ки он бар зиёни фаъолияти асосии он набошад, метавонад фаъолияти пулакиро ба рох монад.
  2. Фаъолияти пулакии таълим дар муассисаи тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими ба ивази фаъолияти таълими ва дар доирае, ки барои он аз хисоби бучет маблаггузори мешавад, амали шуда наметавонад. Дар акси хол маблаги дар натичаи чунин фаъолият бадастомада мутобики конун мусодира карда мешавад.
  3. Муассисаи тахсилоти олии касбии давлати ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими хукук дорад дар доираи мукаррарнамудаи ичозатнома илова ба маблаггузори аз хисоби бучет, кабули донишчуёнро бо риояи замимаи ичозатнома, ки аз тарафи макомоти давлатии идораи маориф дода шудааст, тибки шартномахо бо пардохти арзиши тахсил аз тарафи шахсони вокеи ва хукуки амали намояд.
  4. Масъалахои бастани шартнома барои фаъолияти пулакии таълим дар муассисахои тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими аз чониби муассисахои тахсилоти олии касби дар асоси шартномахое, ки ба конунгузории Чумхурии Точикистон ва Оинномаи муассисаи тахсилоти олии касби мухолиф нестанд, амали мегардад.

БОБИ 7.

ХАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛИ ВА ФАЪОЛИЯТИ ИКТИСОДИИ ХОРИЧИИ МУАССИСАХОИ ТАХСИЛОТИ ОЛИИ КАСБИ ВА ТАХСИЛОТИ КАСБИИ БАЪД

АЗ МУАССИСАИ ОЛИИ ТАЪЛИМИ

 

Моддаи 37. Хамкории байналмилали

 

  1. Хамкории байналмилалии муассисахои тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими дар доираи фаъолияти сиёсати хоричии давлат ба хамшарикии хакики, эътимоду боварии тарафайн ва ба шартномаю созишномахои байнидавлати асос меёбад.
  2. Макомоти давлатии идораи маорифи хамаи зинахо, муассиса, корхонаю ташкилотхои таълимии низоми маориф хукук доранд бо муассиса, корхонаю ташкилотхои хоричи робитаи бевосита мукаррар намоянд, барномахои байналмилалии таълими, илми ва илмию тахкикотиро амали гардонанд, бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба иттиходияхои байналмилалии чамъиятии таълими ва илми хамрох шаванд.
  3. Давлатхои иштироккунанда дар ташкилотхои байналмилалии сохаи маориф дар доираи созишномахову шартномахои дучониба ва бисёрчониба сиёсати мувофикашударо пеш мегиранд.

Моддаи 38. Фаъолияти иктисодии хоричи

  1. Макомоти чумхуриявии давлатии идораи маориф, муассисахои таълими, корхонаю ташкилотхои таълимии низоми маориф фаъолияти иктисодии хоричиро мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон мустакилона амали мекунанд. Онхо мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон хукуки дар бонкхо ва дигар ташкилотхои карзии гайрибонки кушодани суратхисоби асъорро доранд.
  2. Маблагхои пули ва дигар дороихое, ки муассисаи таълими аз фаъолияти иктисодии хоричи ба даст меоварад, моликияти ин муассисаи таълими буда ва ба он хукуки ихтиёрдории пурра дошта, ба истиснои холатхои мукаррарнамудаи конун мусодира кардани он манъ аст. Ин маблаг барои инкишофи сохаи маориф, музди мехнати кормандон ва пойдор сохтани заминаи моддию техникии он сарф карда мешавад.

БОБИ 8.

МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ

 

Моддаи 39. Чавобгари барои вайрон кардани Конуни мазкур

 

Шахсони вокеи ва хукуки барои риоя накардани Конуни мазкур тибки тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

Моддаи 40. Дар бораи беэътибор донистани Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи

                     тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими»

 

Конуни Чумхурии Точикистон аз 8 декабри соли 2003, №48 «Дар бораи тахсилоти олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими» (Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, соли 2003, №12 моддаи 676; соли 2009, №3, мод. 83) беэътибор дониста шавад.

Моддаи 41. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур

 

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

Президенти

Чумхурии  Точикистон                                                                                      Эмомали Рахмон

 

 ш.Душанбе, 19 майи соли 2009,

 № 531

 

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

oshiqi

Шеърхои ошики – Гулчини бехтарин

Шеъри ошики оиди духтари ношинос Ох, ин хат хати як чононест, Ёфтам ногахаш аз байни …