Главная / Илм / Салчукихо ва сукути давлати Газнавиён

Салчукихо ва сукути давлати Газнавиён

Як гурух амалдорони олимакоми дарбори газнави бо сардории хочиб ба васияти султон Махмуд амал намуда, писари хурди у — Мухаммадро ба тахт нишонданд. Вале писари бузурги вай — Масъуд аз ин хол бохабар шуда, ба мукобили Мухаммад сар бардошт. Масъуд ба чашмони Мухаммад мил кашида, уро бо фарзандонаш дар калъае хабс кард ва салтанатро ба дасти худ гирифт.

Дар давраи хукуматдории Масъуд (1030–1041), ки дар хариси ва хасиси аз падари худ мондани надошт, тороч гардидани ахоли аз хад гузашт. хокимони вилоятхои чудогона ба воситаи ришвагири ва андозхои гайриконуни халкро тамоман хонахароб менамуданд. Азбаски як кисми сарвати бо ин роххо гуншуда ба тарики тухфа ва пешкаш ба султон дода мешуд, у на ин ки бар зидди ин кабил беадолатихо мубориза намебурд, балки онро бо хар васила пуштибони мекард.

Масъуд нисбат ба Карохонихо хамон сиёсати падари худро давом медод ва кушиш менамуд, ки хама вакт бо онхо муносибати дустонаи хамсояви дошта бошад, зеро дар чунин шароите ки шуришхои халк ва задухурдхои дохили мамлакат кувват мегирифт, равияи душманона доштани Карохонихо барои давлати газнави хеле хавфовар буд. Мактуби зерини Хоразмшох Олтунтош, ки дар соли 1030 ба Масъуд навиштааст, мохияти ин муносибатро равшан нишон медихад: «Ошкор аст, ки амири мархум (Махмуди Газнави) барои ба тахти хони нишастани Кодирхони Карохони кушиши зиёде намуда, сарвати беандозае хам дар ин рох сарф кард. холо зарур аст, ки уро химоя кунем, то ки дустии байни мо ва у мустахкам гардад. Онхо (Карохонихо) дустони хакикии мо нахоханд шуд, вале дар хар сурат дар зохир муносибати дустии худро бо мо нигох дошта истода, дигаронро бар зидди давлати газнави нахоханд шуронид».[1]

Хоразм, ки зохиран дар тобеияти Газнавиён бошад хам, вале амалан хамчун давлати мустакиле буд, дар халли такдири давлати газнави роли багоят калоне бозид. Агарчанде Масъуд пас аз марги Олтунтош барои кам кардани хукуки хукмрони Хоразм чорахои лозима дид, аммо мамлакатро боз ба дасти ворисони у боки гузошт. Масъуд унвони «Хоразмшохи»-ро ба писари худ дода, писари Олтунтош хорунро хамчун ноибуссалтана ба хукмронии Хоразм таъин кард. Албатта, ин рафтори Масъуд ба фарзандони Олтунтош таъсири бад накарда наметавонист. Ин буд, ки хорун бо Алитегини Карохони ва салчукихо муносибати дусти баркарор намуда, дар соли 1034 Хоразмро мустакил эълон кард ва номи султони газнавиро аз хутба бардошт. Дар бахори соли 1035 хорун ба Хуросон лашкар кашид. Фарзандони Алитегин (худи Алитегин дар соли 1034 вафот карда буд) харакати хорунро химоя карда, аз тарафи дигар, ба сарзамини Газнавиён хучум намуданд. Лекин вакте ки хорун дар рузхои аввали лашкаркаши ба дасти гуломони худ, ки ба Масъуд фурухта шуда буданд, катл гардид, фарзандони Алитегин ба Самарканд баргаштанд. Масъуд ба музокироти ошти бо Карохонихо шуруъ намуд, ки ба туфайли ин гуфтугузор дар байни онхо алокаи дусти ва хеши баркарор гардид. Ба хамин тарик, хавфи хучуме, ки аз тарафи Хоразм ва Карохониён ба давлати газнави тахдид мекард, бо рохи дипломати бартараф карда шуд.

seljukskoe_gosudarstvo

Дар худи хамон соли 1035 Масъуд мебоист ба мукобили туркони салчуки, ки ба Хуросон хучумовар шуда буданд, лашкар бикашад. Султон Махмуд дар давраи мубориза бар зидди Карохонихо, ки барои Мовароуннахр мебурд, ба як гурухи Салчукихо барои маскан намудан дар шимоли Хуросон ба онхо рухсат дода буд. Кушиши озод шудан аз чабри андозхои вазнин ва ба даст овардани замину чарогоххои нав борхо боиси исён намудани Салчукихо гардид. Мубориза аввалхо гох ба фоидаи Салчукиёни Хуросон ва гох ба фоидаи хукумати газнави давом менамуд. Соли 1035 хучуми нави Салчукиён огоз ёфт. Масъуд аз Нишопур кувваи зиёди харбиро бар зидди салчукихо ба Нисо равона намуд. Дар ин мухориба, агарчанде аввал аскарони газнави галаба ба даст оварданд, лекин салчукихо ба кароргохи онон шабохун зада, ба лашкари Масъуд зарбаи сахт доданд.

Баъдтар Салчукиён ба Газнавиён якчанд мартаба зарбахои сахт ворид оварда, кисми зиёди Хуросон, аз чумла, Нишопурро ишгол карданд. Султон Масъуд тамоми куввахои аскари худро чамъ карда, ба суи истикоматгохи Салчукихо харакат намуд. Бахорони соли 1040 дар наздикии Дандонакон (Тошработи хозира) мухорибаи халкунанда ба вукуъ пайваст.

Дар натичаи ин мухориба (аз руи маълумоти сарчашмахо мумкин аст онро яке аз хунинтарин чангхо дар таърихи халкхои Осиёи Миёна донист) салтанати Газнавихо дар Хуросон ба таври доими хотима ёфт. Дар баробари тамом шудани харбу зарб сардори Салчукихо — Туграл дар майдони чанг тахте ороста бар он нишаст ва худро хокими кулли Хуросон эълон намуд.[2] Бояд кайд кард, ки аъёну ашрофи шахрхои Марву Нишопур, ки манфиатхои онон аз тарафи Газнавихо махдуд карда шуда буд, ба Салчукихо кумаки бузурге расониданд.

Султон Масъуд аз дарёи Марвурруд гузашта, ба Газнин омад, вале бо вучуди ин, у барои дубора чамъ кардани кувваи харби бар зидди Салчукихо чуръат накард. Зеро ба вай аён буд, ки дар миёни оммаи васеъ химоят нахохад дид. На аъёну ашрофи ба мукобили марказият сар бардошта, на ахолии аз хирочу андозхои бешумор муфлисгардидаи Хуросону Тахористон, на мардуми гирду атрофи Газнин, Систон ва мамлакати кухистони Гур нияти мухофизат кардани давлати Газнавиёнро надоштанд. Дар мухорибаи назди Дандонакон аз душман ру ба гурез ниходани гурух — гурух аскарон, ки Масъуд бо чашмони худ дида буд, ба ин хол хеле равшан гувохи медод. Аз ин сабаб Масъуд ба кароре омад, ки бояд хар чи зудтар ба хиндустон рафта, дар он чо лашкари пуркувват хозир намояд, то ки ба ин восита боздоштани харакати Салчукихо мумкин гардад.

Чунон ки Байхаки менависад, Масъуд пеш аз ба хиндустон сафар кардани худ ба Арслонхон номае фиристода, дар муборизаи зидди Салчукихо аз у кумак хост. Сипас, вай амр дод, то бародараш Мухаммадро, ки хамрохи у ба хиндустон рафтани буд, аз хабс бароваранд. Тарафдорони Мухаммад бо хам забон як карда, ба Масъуд хучум намуданд ва уро ба хабс гирифта, Мухаммадро ба султони бардоштанд. Масъуд баъди чанд рузи дигар ба дасти одамони Мухаммад кушта шуд (с.1041).

Мавдуд – писари султон Масъуд дар баробари шунидани катли падараш дар мохи апрели хамон сол ба Газнин омада, худро султон эълон намуд. Пас дар чанги назди Динур (Фатхобод) кувваи харбии Мухаммадро шикаст дода, уро такрибан бо хамаи фарзандонаш ба катл расонид.

Мавдуд на факат мукобилати бародарони точутахтталаби худро бартараф карда тавонист, дар айни замон, ба нигох доштани Газнин ва хам Тирмизу Балх дар дасти худ муваффак гардид. Пас аз ин ба зуди дар хиндустон кушуни пуркуввате фарохам оварда, ба мукобили Салчукихо равона намуд. Вале Салчукихо ин кувваи султони газнавиро хам торумор карданд. Нихоят Мавдуд бо подшохони хиндустон, Туркистон ва дигар кишвархои хамсоя иттифок баста, дар солхои 1049–1050 бо кувваи зиёде ба Хуросон харакат намуд, аммо дар рох касал шуда, ба Газнин баргашт ва дар он чо вафот кард.

Дар соли 1059 Салчукихо Балхро забт намуда, алокаи байни Мовароуннахр ва давлати газнавиро буриданд. Баъд аз ин давлати Газнавиён руз то руз иктидори худро гум кардан гирифт. Дар охири асри ХII охирин султони газнави ба дасти лашкари Гур – давлати нав дар сарзамини Афгонистон, ки дар интихои асри ХI ва ибтидои асри ХII ба вучуд омада буд, асир афтод.

[1] Байхаrи, 1962, с. 108

[2] Доир ба ин мухориба маrолаи махсусе хаст: Заходер Б.Н., 1943.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …