Главная / Илм / Салҷуқиҳо ва суқути давлати Ғазнавиён

Салҷуқиҳо ва суқути давлати Ғазнавиён

Як гурӯҳ амалдорони олимақоми дарбори ғазнавӣ бо сардории ҳоҷиб ба васияти султон Маҳмуд амал намуда, писари хурди ӯ — Муҳаммадро ба тахт нишонданд. Вале писари бузурги вай — Масъуд аз ин ҳол бохабар шуда, ба муқобили Муҳаммад сар бардошт. Масъуд ба чашмони Муҳаммад мил кашида, ӯро бо фарзандонаш дар қалъае ҳабс кард ва салтанатро ба дасти худ гирифт.

Дар давраи ҳукуматдории Масъуд (1030–1041), ки дар ҳарисӣ ва хасисӣ аз падари худ монданӣ надошт, тороҷ гардидани аҳолӣ аз ҳад гузашт. ҳокимони вилоятҳои ҷудогона ба воситаи ришвагирӣ ва андозҳои ғайриқонунӣ халқро тамоман хонахароб менамуданд. Азбаски як қисми сарвати бо ин роҳҳо ғуншуда ба тариқи тӯҳфа ва пешкаш ба султон дода мешуд, ӯ на ин ки бар зидди ин қабил беадолатиҳо мубориза намебурд, балки онро бо ҳар васила пуштибонӣ мекард.

Масъуд нисбат ба Қарохониҳо ҳамон сиёсати падари худро давом медод ва кӯшиш менамуд, ки ҳама вақт бо онҳо муносибати дӯстонаи ҳамсоявӣ дошта бошад, зеро дар чунин шароите ки шӯришҳои халқ ва задухӯрдҳои дохили мамлакат қувват мегирифт, равияи душманона доштани Қарохониҳо барои давлати ғазнавӣ хеле хавфовар буд. Мактуби зерини Хоразмшоҳ Олтунтош, ки дар соли 1030 ба Масъуд навиштааст, моҳияти ин муносибатро равшан нишон медиҳад: «Ошкор аст, ки амири марҳум (Маҳмуди Ғазнавӣ) барои ба тахти хонӣ нишастани Қодирхони Қарохонӣ кӯшиши зиёде намуда, сарвати беандозае ҳам дар ин роҳ сарф кард. ҳоло зарур аст, ки ӯро ҳимоя кунем, то ки дӯстии байни мо ва ӯ мустаҳкам гардад. Онҳо (Қарохониҳо) дӯстони ҳақиқии мо нахоҳанд шуд, вале дар ҳар сурат дар зоҳир муносибати дӯстии худро бо мо нигоҳ дошта истода, дигаронро бар зидди давлати ғазнавӣ нахоҳанд шӯронид».[1]

Хоразм, ки зоҳиран дар тобеияти Ғазнавиён бошад ҳам, вале амалан ҳамчун давлати мустақиле буд, дар ҳалли тақдири давлати ғазнавӣ роли бағоят калоне бозид. Агарчанде Масъуд пас аз марги Олтунтош барои кам кардани ҳуқуқи ҳукмрони Хоразм чораҳои лозима дид, аммо мамлакатро боз ба дасти ворисони ӯ боқӣ гузошт. Масъуд унвони «Хоразмшоҳӣ»-ро ба писари худ дода, писари Олтунтош ҳорунро ҳамчун ноибуссалтана ба ҳукмронии Хоразм таъин кард. Албатта, ин рафтори Масъуд ба фарзандони Олтунтош таъсири бад накарда наметавонист. Ин буд, ки ҳорун бо Алитегини Қарохонӣ ва салҷуқиҳо муносибати дӯстӣ барқарор намуда, дар соли 1034 Хоразмро мустақил эълон кард ва номи султони ғазнавиро аз хутба бардошт. Дар баҳори соли 1035 ҳорун ба Хуросон лашкар кашид. Фарзандони Алитегин (худи Алитегин дар соли 1034 вафот карда буд) ҳаракати ҳорунро ҳимоя карда, аз тарафи дигар, ба сарзамини Ғазнавиён ҳуҷум намуданд. Лекин вақте ки ҳорун дар рӯзҳои аввали лашкаркашӣ ба дасти ғуломони худ, ки ба Масъуд фурӯхта шуда буданд, қатл гардид, фарзандони Алитегин ба Самарқанд баргаштанд. Масъуд ба музокироти оштӣ бо Қарохониҳо шурӯъ намуд, ки ба туфайли ин гуфтугузор дар байни онҳо алоқаи дӯстӣ ва хешӣ барқарор гардид. Ба ҳамин тариқ, хавфи ҳуҷуме, ки аз тарафи Хоразм ва Қарохониён ба давлати ғазнавӣ таҳдид мекард, бо роҳи дипломатӣ бартараф карда шуд.

seljukskoe_gosudarstvo

Дар худи ҳамон соли 1035 Масъуд мебоист ба муқобили туркони салҷуқӣ, ки ба Хуросон ҳуҷумовар шуда буданд, лашкар бикашад. Султон Маҳмуд дар давраи мубориза бар зидди Қарохониҳо, ки барои Мовароуннаҳр мебурд, ба як гурӯҳи Салҷуқиҳо барои маскан намудан дар шимоли Хуросон ба онҳо рухсат дода буд. Кӯшиши озод шудан аз ҷабри андозҳои вазнин ва ба даст овардани замину чарогоҳҳои нав борҳо боиси исён намудани Салҷуқиҳо гардид. Мубориза аввалҳо гоҳ ба фоидаи Салҷуқиёни Хуросон ва гоҳ ба фоидаи ҳукумати ғазнавӣ давом менамуд. Соли 1035 ҳуҷуми нави Салҷуқиён оғоз ёфт. Масъуд аз Нишопур қувваи зиёди ҳарбиро бар зидди салҷуқиҳо ба Нисо равона намуд. Дар ин муҳориба, агарчанде аввал аскарони ғазнавӣ ғалаба ба даст оварданд, лекин салҷуқиҳо ба қароргоҳи онон шабохун зада, ба лашкари Масъуд зарбаи сахт доданд.

Баъдтар Салҷуқиён ба Ғазнавиён якчанд мартаба зарбаҳои сахт ворид оварда, қисми зиёди Хуросон, аз ҷумла, Нишопурро ишғол карданд. Султон Масъуд тамоми қувваҳои аскари худро ҷамъ карда, ба сӯи истиқоматгоҳи Салҷуқиҳо ҳаракат намуд. Баҳорони соли 1040 дар наздикии Дандонақон (Тошработи ҳозира) муҳорибаи ҳалкунанда ба вуқӯъ пайваст.

Дар натиҷаи ин муҳориба (аз рӯи маълумоти сарчашмаҳо мумкин аст онро яке аз хунинтарин ҷангҳо дар таърихи халқҳои Осиёи Миёна донист) салтанати Ғазнавиҳо дар Хуросон ба таври доимӣ хотима ёфт. Дар баробари тамом шудани ҳарбу зарб сардори Салҷуқиҳо — Туғрал дар майдони ҷанг тахте ороста бар он нишаст ва худро ҳокими кулли Хуросон эълон намуд.[2] Бояд қайд кард, ки аъёну ашрофи шаҳрҳои Марву Нишопур, ки манфиатҳои онон аз тарафи Ғазнавиҳо маҳдуд карда шуда буд, ба Салҷуқиҳо кӯмаки бузурге расониданд.

Султон Масъуд аз дарёи Марвурруд гузашта, ба Ғазнин омад, вале бо вуҷуди ин, ӯ барои дубора ҷамъ кардани қувваи ҳарбӣ бар зидди Салҷуқиҳо ҷуръат накард. Зеро ба вай аён буд, ки дар миёни оммаи васеъ ҳимоят нахоҳад дид. На аъёну ашрофи ба муқобили марказият сар бардошта, на аҳолии аз хироҷу андозҳои бешумор муфлисгардидаи Хуросону Тахористон, на мардуми гирду атрофи Ғазнин, Систон ва мамлакати кӯҳистони Ғур нияти муҳофизат кардани давлати Ғазнавиёнро надоштанд. Дар муҳорибаи назди Дандонақон аз душман рӯ ба гурез ниҳодани гурӯҳ — гурӯҳ аскарон, ки Масъуд бо чашмони худ дида буд, ба ин ҳол хеле равшан гувоҳӣ медод. Аз ин сабаб Масъуд ба қароре омад, ки бояд ҳар чӣ зудтар ба ҳиндустон рафта, дар он ҷо лашкари пурқувват ҳозир намояд, то ки ба ин восита боздоштани ҳаракати Салҷуқиҳо мумкин гардад.

Чунон ки Байҳақӣ менависад, Масъуд пеш аз ба ҳиндустон сафар кардани худ ба Арслонхон номае фиристода, дар муборизаи зидди Салҷуқиҳо аз ӯ кӯмак хост. Сипас, вай амр дод, то бародараш Муҳаммадро, ки ҳамроҳи ӯ ба ҳиндустон рафтанӣ буд, аз ҳабс бароваранд. Тарафдорони Муҳаммад бо ҳам забон як карда, ба Масъуд ҳуҷум намуданд ва ӯро ба ҳабс гирифта, Муҳаммадро ба султонӣ бардоштанд. Масъуд баъди чанд рӯзи дигар ба дасти одамони Муҳаммад кушта шуд (с.1041).

Мавдуд – писари султон Масъуд дар баробари шунидани қатли падараш дар моҳи апрели ҳамон сол ба Ғазнин омада, худро султон эълон намуд. Пас дар ҷанги назди Динур (Фатҳобод) қувваи ҳарбии Муҳаммадро шикаст дода, ӯро тақрибан бо ҳамаи фарзандонаш ба қатл расонид.

Мавдуд на фақат муқобилати бародарони тоҷутахтталаби худро бартараф карда тавонист, дар айни замон, ба нигоҳ доштани Ғазнин ва ҳам Тирмизу Балх дар дасти худ муваффақ гардид. Пас аз ин ба зудӣ дар ҳиндустон қӯшуни пурқуввате фароҳам оварда, ба муқобили Салҷуқиҳо равона намуд. Вале Салҷуқиҳо ин қувваи султони ғазнавиро ҳам торумор карданд. Ниҳоят Мавдуд бо подшоҳони ҳиндустон, Туркистон ва дигар кишварҳои ҳамсоя иттифоқ баста, дар солҳои 1049–1050 бо қувваи зиёде ба Хуросон ҳаракат намуд, аммо дар роҳ касал шуда, ба Ғазнин баргашт ва дар он ҷо вафот кард.

Дар соли 1059 Салҷуқиҳо Балхро забт намуда, алоқаи байни Мовароуннаҳр ва давлати ғазнавиро буриданд. Баъд аз ин давлати Ғазнавиён рӯз то рӯз иқтидори худро гум кардан гирифт. Дар охири асри ХII охирин султони ғазнавӣ ба дасти лашкари Ғур – давлати нав дар сарзамини Афғонистон, ки дар интиҳои асри ХI ва ибтидои асри ХII ба вуҷуд омада буд, асир афтод.

[1] Байҳаrӣ, 1962, с. 108

[2] Доир ба ин муҳориба маrолаи махсусе ҳаст: Заходер Б.Н., 1943.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …