Главная / Маданият ва санъат / СОТИМ УЛУГЗОДА

СОТИМ УЛУГЗОДА

Нависанда ва драманависи точик Сотим Улугзода 1-уми сентябри соли 1911 дар дехаи Варзики нохияи Чусти вилояти Намангони Чумхурии Узбекистан дар оилаи дехкон ба дунё омадааст.

СОТИМ УЛУГЗОДАСотим Улугзода дар мактаб-интернати нохияи Чуст тахсил намуда, ба Дорулмуаллимини точикии шахри Тошканд дохил шуда, онро соли 1929 хатм намудааст. Баъди хатми Дорулмуаллимин чанд вакт аз фанни адабиёти точик дар он чо дарс гуфтааст. Соли 1930 ба Душанбе кучида омадааст. У сараввал котиби масъули рузномахои «Комсомоли Точикистон» (холо «Чавонони Точикистон») ва «Точикистони сурх» (холо «Чумхурият»), пас чонишини мухаррири масъули мачаллаи «Барои адабиёти сотсиалисти» ва баъдан котиби масъули Раёсати Иттифоки нависандагони Точикистон шуда кор кардааст.

Соли 1940 ба аспирантураи назди Институти адабиёти чахонии Академияи илмхои Иттиходи Шурави ба номи Горкий ба Маскав фиристода шуд. Баробари саршавии Чанги Бузурги Ватани аз аспиран тура рост ба чанг рафт. Мухбири харбии якчанд рузномахои дивизия ва фронтхо буд.

Дар охирхои соли 1944 аз фронт ба акибгох даъват карда шуд. То соли 1946 раиси Садорати Иттифоки нависандагони Точикистон буд. Соли 1951 узви вобастаи Академияи илмхои Точикистон интихоб шуд.

Фаъолияти эчодиашро ба хайси мунаккид ва адабиётшинос огоз намуда буд. Дар матбуоти даври маколаю асархои тадкикотии Сотим Улугзода аз соли 1930 пайдо шуда мунтазам чоп мешуданд.

Соли 1939 песаи «Шодмон» ва соли 1940 песаи «Калтакдорони сурх», соли 1944 песаи «Дар оташ»-ро ба табъ расонидааст. Дар солхои баъдичанги драмахои таърихии у «Рудаки» (1958), «Темурмалик» (1968), «Алломаи Адхам» (1970), «Восеъ» (1971) таълиф ёфта, ба руи сахна баромаданд.

sotim-ulugzoda-ubayd-rajab

Сотим Улугзода дар сохаи кинодраматургия низ макоми хосе дорад. Киноповести «Ибни Сино» (1954), «Кисмати шоир» (1957), ки соли 1960 дар кинофестивали мамлакатхои Осиё ва Африка сазовори мукофоти «Укоби тиллои» гашта буд, шухрати адабиёт ва санъати точикро дар арсаи чахони бори дигар намоиш доданд.

Асархои мансури Сотим Улугзода: повести «Ёрони бохиммат» (1947), романи «Навобод» (1953), повести «Субхи чавонии мо» (1954), повести «Кахрамони Днестр, Висла ва Одер» (1965), романи «Восеъ» (1967), Достонхои «Шохнома» (дар ду чилд, 1967), романи «Фирдавси» ва повести «Ривояти сугди» (1977) муаллифи худро хамчун нависандаи нобигаю нотакрор ва яке аз саромадони насри точик ба хонанда шинос менамоянд.

Сотим Улугзода – Нависандаи Халкии Точикистон, Корманди Шоистаи Санъати Точикистон соли 25.06.1997 дар шахри Маскав аз хаёт чашм пушид. Бо амри Хукумати Точикистон часади адиб ба Душанбе оварда шуд ва чанд соат сокинони пойтахт тавонистанд, ки дар толори Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айни бо нависанда маъруфи Точикистон видоъ намоянд. Манзили хамешагии Сотим Улугзода дар мазори боги Лучоб карор гирифт.

ПОРЧАХО АЗ «РИВОЯТИ СУГДИ» ВИРКАН

Савдогари гаюр ва корчаллони сугди дар пайи суд ба кучохое ки намерафт. Роххои дуру дарози Хитой, Хиндустон, Эрон, Рум (Византия) ба вай монанди кучахои шахри худаш Самарканд ё Бухоро, ё ки Пайканд шинос буданд.

Корвонхои бозаргонии Сугдиён «Рохи абрешим»-и кабирро, ки бо вай абрешими хитои ба Эрон ва Рум бурда мешуд, мепаймуданд. Тилло, навшодир, зарфхои нукра, карбосу алочаи машхури занданечи, дебо, чарми нафис, кимхоб, гилем, камону сипару чавшанхои аълои сугдиро ба мамолики Шарку Гарб мебурданд. Инчунин, ба тавассути онхо молхои бозаргонии кишвархои мухталиф ба хамдигарашон интикол меёфт. Ачаб нест он бозаргоне, ки ба Шайх

Саъди гуфта буд, ки мехохад гугирди порси ба Чин, косаи чини ба Рум, дебои руми ба Хинд, пулоди хинди ба Халаб, обгинаи халаби ба Яман, бурди (карбоси дурушти) ямани ба Порс бурдан мехохад, бозаргони сугдинажод бошад.

Яке аз он корвонхо дар соли 673 мелоди ба Яман рафта буд, дар он чо бозаргонон шуниданд, ки амири араби Хуросон Убайдуллох ибни Зиёд аз Чайхун гузашта Сугдро тохта, Бухоро, Пайканд ва шахру дехоти дигарро тороч кардааст. Бозаргонон, ки дар Сугд оилахошон монда буданд ва коху кошонахо, молу мулк доштанд, аз ин хабари нохуш ба хавотир афтода, дастгохи тичоратиашонро саросема барчиданду рохи бозгашт пеш гирифтанд.

Корвон бо сохили Бахри Ахмар рохи биёбон мепаймуд. Вайро дастаи мухофиз – бист нафар чокарони (сарбозон) мусаллах, ки онхоро бозаргонон аз чумлаи чавонони далери сугди яккачин карда ба киро гирифта буданд, мушояат (хамрохи) мекарданд. Бештарини чокирон аспсавор буданд, дигархошон дар качовахо ба хар, шутур дунафари савор шуда мерафтанд.

Корвон дар чихил руз ба Мадина расид. Акнун боз хамон гуна рохи дур ва пурмашаккати Шом дар пеш буд.

Офтоб сузон, хавои регзорон чун дами кураи оташ тафсон. Зангулахои панчсаду си уштури пурбор дар хомушии биёбони Хичоз нагмасози макоми якнавохт… Рузи савуми сафар баногох дар акиби корвон аз дурр сиёхии савороне намудор гашт. Саворон аз хомаи баланди рег сарозер шуда тез-тез пеш меомаданд. Сарханги чокарон, ки бо нисфи дастаи худ дар думи корвон буд, аз эхтиёт якеро суи нисфи пешгарди даста давонд, ки огох ва хушёр бошанд.

Саворони пайдошуда бо хамон гуна яроке, ки чокарон доштанд, яъне бо шамшеру ханчару найзахо мусаллах буданд. Маълум набуд онхо кистанд: сипохиёни амири Мадина ё сарбозони ягон шайхи бодия? Ё балки рохзанон бошанд?

Бадтарин гумони корвониён рост баромад: саворони ношинос наздик омада якбора бо хаёху ба болои чокарон тохтанд. Чокарон сари рохи онхоро гирифтанд, задухурд ба вукуь пайваст. Муборизони хар ду тараф дар фаввораи гарди тафсон ба хам омехта шамшер мезаданд ва найза мекуфтанд.

Яке аз чокарон, марди сисолаи тануманд, шонафарох, ришсиёх, чавшан дар бар ва кулаххуди мисин бар сар, савори аспи саманди кашка, бо нахустин хамла ду рохзанро аз асп фуру галтонд ва найзаи савумиро бо як зарби шамшери дарозаш шикаст. Аз як рохзани захмхурда хангоми галтидани у шамшерашро рабуда, бо ду шамшер ба ду даст бар чапу рост ва пасу пеш задан гирифт.

Ин мард сарханги чокарон буд. Виркан ном, гуломи бозаргони бухорои Нуфарн. Яке аз рохзанон, ки хамчунин чавшану кулохдор буд, ба Виркан дарафтид. Виркан араби миёнасоли зеботалъат ва хушсавлатеро дар баробари худ дид, ки зохиран саркардаи рохзанон буд, ришу бурути кутохи базебе, чашмони калону сиёхи шарорафшон дошт, аз вачохаташ шучоат меборид.

«Шояд Молик ибн-ур-Райб хамин мард бошад» – ба дил гузаронид Виркан, зеро корвониён дар Мадина шунида буд данд, ки дар он навохи рохзани бебоке, Молик ибн-ур-Райб ном, бо дастаи горатгарони худ пайдо шудааст. Виркан хато накард: саркардаи рохзанон хакикатан Молик ибн-ур-Райб буд. Дуяшон бо нихояти тунди ва шиддат шамшерзани карданд.

 Ба зуди дасту гардан, китфу ронхои хар ду хунин гашт. Араб дар холи чорхези аспи тозиаш ба чапу рост чандонмехамид, ки сараш кариб ба замин мерасид ва аз таги асп ба шиками аспи хариф ё пои савори он шамшер задани мешуд, хам гохо ба болои зин рост истода хамла меовард. Вокеанчангисавори пурхунаре буд. Аммо пахлавони сугди хам аз вай намемонд. Дар айни задухурд чокарони пешгарди корвон хам даррасиданд ва ба рохзанони латхурдаву чанде курбонхо дода дарафтиданд.

Он гох Молик навмед шуд, у наърае кашида бо забони худ чизе гуфт, зохиран ба шариконаш фармони акиб гаштан дод, ки онхо якбора гурезон шуданд ва баъд саркарда хам аз пасашон фирор кард.

Мактулу мачрухони дастаи Молик дар регзор монданд,аспхои ононро шариконашон етак карда бурданд. Аз чокарон хам як нафар халок, се нафар захми ва маиб шуда галтида монда буданд.

Рафиконашон онхоро бардошта суи корвон, ки пештар рафта карор гирифта буд, равон шуданд. Корвониён онхоро бо нидохои тахсину офарин истикбол карданд. Чанде аз хизматгорон зуд ба гуркови ва дафнии мурда, як корвонии солхурда аз дорухои эхтиётии бозарго нон ба мархам молидан дар чарохатхои се чокари захмдор машгул гардиданд.

 Дар ин асно аз Нуфарн, хочаи Виркан рафторе ба зухур омад, ки хеч кас ва алалхусус, Виркан мунтазири он набуд, Хоча чи гуна бо рохзанон набард кардани гуломашро назора карда буд, холо вай нохост Виркани саропо дар гардурегу хун олударо огуш карда, аз сару пешониаш бусида баситоиш даромад:

– Дер зи, пахлавонам, гурди сафдарам, диловарам!

Агар ту намебуди, холи мо чи мешуд? Ту корвонро начот доди, моро аз ачали муаллик рахониди!

Нуфарн он кадар ба таассур ва риккат омада буд, ки хатто дар чашмони аз офтоби сузон ва гарди биёбон сурхгаштааш ашк халка зада, ду-се катраи он ба риши сиёху сафедаш шорид. Сипас хоча ба корвониён мурочиат карда гуфт:

Вирканро ман ба чорсад дирам харида будам, вай имруз бахои худро садчанд ва балки хазорчанд карда ба ман бозгардонд. Хамин ки сихат- саломат ба ватан расидем, ман ба мукофоти фидокорие, ки дар мухофизати корвон ва чони мою шумо аз ин диловар ба зухур омад ва ба шукронаи начот ёфтанамон аз катлу горат, Виркани азизамро аз гуломиозод мекунам. Оре, ман ба вай озоди мебахшам.

Шумоёнроба хамин кавли худ гувох мегирам. Шарикони бозаргонии Нуфарн, чокарон ва дигар ахли корвон хама ба вай офарин хонданд, олихимматии уро си-

тоиш карданд ва ботинан хурсанд буданд, ки шарики савоби гуломозодкуни шуданд. Бозаргонон ба Виркан, ки аз ин пешомади ногахони, аз ин хушбахтии гайричашмдошт моту махбут ва забонаш лол гашта буд, хитоб мекарданд, ки:

– Ба хочаат таъзим кун, шукр гуй! Дасташонро бибус! Пах лавон саросема ба хочааш хам таъзим кард, хам шукр гуфт ва хам дар пешаш ба зону афтида дасташро бусид…

 Вай аз падари сугди ва модари турк таваллуд ёфта буд.

Падараш Ревахшиён аслан самарканди буда, бисту панч сол дар кишвари туркон

Читтесу (Хафтруд) зист.

Сугдиён дар сарзамини туркон хам то худуди Хитой сокин шуда, дар кади «Рохи абрешим» чо-чо ба худ дехахо, шахрчахо сохта буданд ё ки дар авулхои туркон дар байни бошандагони тагчои мезистанд. Баъзе аз он дехаю авулхо манзилгохи корвонхои рохгузар буданд. Ревахшиён дар яке аз манзилгоххои гумоштаи як нафар бозаргони самарканди буд. Дар хамон чо вай туркдухтареро ба зани гирифт.

Зан дар вакти зоиши аввал мурд, кудакаш зинда монд, вайро бошири буз, оху, асп парвариданд. Бача то бистсолаги дар Читтесу ба тарбияи падараш буд. Монанди хамсолони туркнажоди кучманчии худ аз сесолаги аспсавори омухт.

Чун бавоя расид, чавони бокитфу бозу, неруманд ва нихоят чобуке гардид. Аз аспи савории худ ба пушти аспи ромношудаи гурезон мечахид ва онро то ром накунад, аз пушташ намефаромад. Шикордуст буд, бо шикорчиён пайваста ба шикори гург, рубох, гавазн мерафт.

Падараш дар пирсолаги ба Самарканд баргашт, дар дехаи Ревдод, ки зодгохаш буд, сукунат ихтиёр кард.

Фарзанди даштхои беканор ва куххои баланд-Виркан бадехконию богдори одат накард, хавасаш ба асп ва камон буду бас. Аспе дошт саманди кашка, тезтаки пулодсуми фарбехсинаи пуштфарох, ёлдарози говдум, ки ба вай Рахши пасин ном нихода буд, яъне Рахши пешин аспи Рустами Дастон аст ва ин пас аз вай. Чавон хар гох, ки ба Рахши пасин менишаст, худро шахсавори чахон хис мекард. Бо он

асп ба шикор мерафт, чавгонбози мекард, (чавгонбози писандтарин бозии чавонони Сугд буд), дар маъракахо савора гушти мегирифт. Дар ду бозии охир аксаран голиб мебаромад. Дар байни ин шуглхо вай хафтае як бор-ду бор аз дараи Киштут бо ду уштури падараш ангиштсанг кашонда дар бозори Самарканд мефурухт.

САВОЛ ВА СУПОРИШ:

  1. Зодгох ва айёми бачагии Вирканро шарх дихед.
  2. Виркан дар Ревдод ба чи корхо машгул буд?
  3. Корвони сугдиёнро чи мачбур кард, ки пеш аз мухлат бар ватан баргардад?
  4. Дар рох чи ходисаи мудхиш рух дод?
  5. Виркан дар биёбони Хичоз чи корнамои нишон дод?

НАНИМАНЧА

Дар Ревдод чомашуйзанаке буд. Наниманча ном духтаре дошт, ки хона ба хона гашта пушоки чиркин мегундошт ва баъди шустан онро ба сохибашон оварда медод. Вай хафт дахро пур карда ба хаждах кадам монда бошад хам, шавхар

накарда буд, хол он ки духтарони чордах-понздахсоларо бавоярасида медонистанд ва ба шавхар медоданд. Наниманча худаш шавхар кардан намехост, зеро аз якка мондани модари пири дардмандаш андеша дошт ва модараш хам аз хамин тарсида духтарашро мачбур намекард. Занак барвакт

бева монда, дар чилсолаги аз мехнату машаккати зиндаги пир гашта буд ва хам тез-тез бемор мешуд. Ду бор ду сагирро ёфта хонадомод кардани шуд, лекин духтараш онхоро рад кард. Агар хостгоре мебаромад, ки рози мешуд, ки мо-

дараруси ояндаашро ба хонаи худ бараду пояд, Наниманча шояд холо шавхардор мебуд, аммо чунин хостгоре хануз набаромада буд. Духтарак ба чехра зебо набуд, лекин дил каш буд, пайкари рехтаи мавзуне дошт. Мардон ба вай бо

чашми хавас менигаристанд, чавонон гап мепартофтанд, аммо Наниманча аз чумлаи духтароне буд, ки маколи «Даст расону ба бало мон» дар хакки онхо гуфта шудааст. Вай баболои чакчакию сергайрати шаттох хам буд, бало буд, бо забони тундаш ба як гап ду гап мегардонду ба кулухандоз санг меандохт. Дар хонаводаи гарибашон мардина набуд, лекин ба чои мардина Наниманча бас буд, вай кори чавон мардиро мекард.

Модару духтар пушоки Ревахшиён ва Вирканро хам мешустанд. Рузе аз рузхо пушоки шустаи онхоро ба чои Наниманча модараш овард. Хангоме ки занаки нимчон ва хастахол бухчаи вазнинро ба замин гузошта аз даруни он пушоки падару писарро мебаровард, Ревахшиён ба вай рахмаш омад ва пурсид:

Чаро бухчаро худат бардошта гаштаи, духтарат кучост?

Занак чавоб надода ба замин нигарист, оби ба чашми чуки даи камнураш омадаро бо нуги сарпечи даридааш пок кард.

Чи хабар? Магар ба Наниманча ходисае руй дод? – ба хавотир афтод пирамарди рахмдил.

Ходиса гуфтию монди, чавоб дод занак ва давоми суханашро бо душвори ба забон ронд: – Ин гапро ба кас гуфта намешавад, лекин ба ту мегуям, ту одами бохиради, рози касонро ифшо намекуни. Духтарам… дучон шудааст. Зан дар ин чо боз гирист.

Шармандаам ман, додар. Ба мурданам сад бор розиям, лекин ачал хам ба ман механдаду маро намегирад. . . .

– Аз ки? Аз кадом зиногари нокас бошад?

– Ман чи донам? Вай намегуяд. «Напурс, айб ба худам»,

-мегуяду дигар гап намезанад… Хомилагиаш маълум… Шарм карда аз хона намебарояд.

Ревахшиён андешаманд шуда, дигар пурсуков накард, ба музди чомашуи ним галбер чав бароварда дода, занакро гуселонд. Рози гамангези занак дили пирамардро сиёх кард. Ва ин факат аз рохи рахмдили набуд, балки вачхи дигаре хам дошт.

Чанде пеш Виркан аз падараш хоста буд, ки Наниманчаро ба зании у хостгори кунад. Гуфта буд: «Модарашро хам ба хона меорам, очаю духтар хизмати рузгори туро хам мекунанд». Аммо Ревахшиён ин гапро хатто шунидан нахост, катъиян рад кард. Вай аз хешии чомашуйзанаки дарбадар ор мекард. Холо пирамард аз хаёли он ки бо рад кардани хохиши писараш аз гайри ихтиёри худ як дарача сабабгори бадбахтии духтарак ва модари у шудааст, азияти вичдон мекашид.

Виркан аз шикор баргашт. Ревахшиён розро ба дилаш гунчонида натавониста ба вай гуфт:

– Чомашуйзанак омада буд, гирёну нолон. Духтараш аз кадом як зиногари нокас обистан шудааст.

Виркан якбора дар чои нишастааш безобита шуд, чашмонашро калонтар кушода, суй падараш хамида пурсид:

– Обистан?

– Оре, – аз безобита шудани писараш тааччуб карда чавоб дод Ревахшиён.

Виркан бархост, андешаманд кадаме чанд дар руи хавли гашт, лаби чуй дикак нишаста дар оби он даст шуст, боз хест, мургони сайд кардаашро аз чое, ки гузошта буд, бидуни зарурат бардошта, ба чои дигар гузошт: сипас баргашта назди падараш нишасту гуфт:

– Ман… Падари кудакаш манам.

– Ту? – пирамард ба шунида бовар кардан намехост.

– Оре, падар, ман.

– Ту чи кор карди, лаънати? – шурид Ревахшиён. – Агар ин роз ошкор шавад, туро ба дор мекашанд, уро сангсор мекунанд!

– Ором бош, падар, Наниманчаро ба зани мегирам. Акнун ту не гуфта наметавони. Кайхост, ки дусташ медорам.

Ревахшиён якбора дам фуру баст, хеч нагуфт. Фасли харбузапази буд. Виркан аз полизча, ки падараш дар хаёти пушти боми хонаашон кошта буд, ду харбузаи калонро канда оварда ба хурчин андохт, боз ду нони тобаги ва аз чорто мурги титав, ки он руз сайд карда буд, дутояшро андохт ва хурчинро ба китфаш гирифта равон шуд.

 Нимвайрона кулбаи шустагарзанак дар канори деха ба лаби чилдиробаи сой меистод. Модару духтар аз болои тавораи пастаки хасин Виркани хурчин бар душро, ки калонкалон кадам партофта ба суи дари хавличаи онхо меомад, дида хайрон шуданд: писари Ревахшиён пеш аз ин ба хонаи онхо хеч наёмада буд. Наниманча бошад, ба болои хайраташ бедасту по хам шуд. Виркан низ хар дуро медид ва аз онхо чашм наканда хандон меомад. Наниманчаи бекарор сурх шуд, сафед шуд ва нихоят саросемаю харосон худро ба даруни кулба гирифта дари онро пушид.

Модараш аввал аз ин холу харакати вай тааччуб кард, сониян сабабашро ба фаросат дарёфт. Нахустин бор дарёфт ва ба худ ларзид.

– Шод бош, хола! – ин нидои чавонмард занакро ба худ овард. (Сугдиён хануз «саломалайкум»-и арабиро намедо нистанд, ба чои салом «Шод бош» ё ки «Хуш бош» мегуфтанд.

 Кадбону ба суфачаи зери дарахти пири сершоху барги зардолу пустак андохт. Виркан дар он нишаст.

– Ин камак савготиро бигиру аз имруз маро фарзанд бигу, – чавон ба хурчини дар лаби суфа гузоштааш ишора кард.

– Духтаратро бихон.

Аммо аз занак пештар худи Виркан ба духтарак овоз дод.

– Баро, Наниманча, ман пеши ту омадам. Касон дуи моро ба хам пайвастан нахостанд, Худоён пайвастанд. Ту барои ман пахлавонписаре хохи овард.

Вах, чи суруре аз ин суханон бар синаи Наниманча рохёфт, чи рушноие ба дилаш тофт! Вай гуё аз гайб овози фариштаи сурушро шунид, ки аз толеи фируз ва истикболи рахшонаш башорат медод. Дилшикастаги, тарсу вахми бадноми, гами бекаси ва бепанохи, ки вактхои охир пас аз маълум шудани обистаниаш чони уро дар шиканчаи азоб андохта буданд, ба як бор нопадид гаштанд. Вай даст ба шиками як кадар баромадааш, – хаёлан ба китфи кудаки хануз  ба олам наёмадааш нихода, хушбахт ва ризоманд, хамчун касе, ки гарки орзуи ширине бошад, бо чашмони намгирифта ба дуродур менигарист ва девори хона хам гуё ба ин дурнигарии у монеъ намешуд. Гар дар ин дам назари Виркан ба вай мегалтид, чи малохати дилрабое дар вай медид ва шояд ба худ мегуфт, ки арусаш вокеан зебост, нозанин аст.

Алхак, шодию хушбахти хатто безебро зебо ва пирро барно мегардонад. Факат Виркан дар чавоби даъваташ аз кулба чунин овозе шунид:

– Намебароям! Бирав!

Аммо ин овози ноз буд, на кахр. Виркан хандиду боз гуфт:

– Хуб, барову худатро ба ман бинамой, баъд меравам.

Модар хам духтарашро садо карда:

– Баро! Аз ки шарм медори? Он вакт, ки бо ин чавон хилват мекарди, шарм надошти ва акнун медори? Баро зудтар, бехаё, мехмонро пазирои кун! – гуфт, лекин худаш дахонашро бо нуги остин пушонда табассум мекард; гуфтораш башунидан сарзаниш буд ва ба фахмидан навозиш.

Баъди андак фурсат Наниманча аз дари кулба намоён шуд; руяшро бо банди дасташ панах карда буд, пахлуноки дар дами дар истод. Виркан ба наздаш рафт, охиста даст ба китфаш гузошт, арус китф чунбонда дасти уро дур кард:

домод дар холе, ки лабханд мекард, овозашро касдан дурушттар намуда гуфт:

– Ба ман нигар, духтарак! Тезтар ана он титавхоро пар бикан ва кабоб бикун, ки ман гуруснаам.

Наниманча хам акнун хандида, сурх шуда, як нигохи шармзадаи гурезон ба руи Виркан афканду бо чадал суи суфра равон шуд…

 САВОЛ ВА СУПОРИШ: 

  1. Дар бораи Наниманча ва оилаи у маълумот дихед.
  2. Симои ботини ва зохирии Наниманчаро шарх дихед.
  3. Машгулияти асосии Наниманча аз чи иборат буд?
  4. Модари Наниманча ки буд ва бо кадом хислатхои хоси худ фарк мекард?

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …