Главная / Маданият ва санъат / СОТИМ УЛУҒЗОДА

СОТИМ УЛУҒЗОДА

Нависанда ва драманависи тоҷик Сотим Улуғзода 1-уми сентябри соли 1911 дар деҳаи Варзики ноҳияи Чусти вилояти Намангони Ҷумҳурии Ўзбекистан дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст.

СОТИМ УЛУҒЗОДАСотим Улуғзода дар мактаб-интернати ноҳияи Чуст таҳсил намуда, ба Дорулмуаллимини тоҷикии шаҳри Тошканд дохил шуда, онро соли 1929 хатм намудааст. Баъди хатми Дорулмуаллимин чанд вақт аз фанни адабиёти тоҷик дар он ҷо дарс гуфтааст. Соли 1930 ба Душанбе кўчида омадааст. Ў сараввал котиби масъули рўзномаҳои «Комсомоли Тоҷикистон» (ҳоло «Ҷавонони Тоҷикистон») ва «Тоҷикистони сурх» (ҳоло «Ҷумҳурият»), пас ҷонишини муҳаррири масъули маҷаллаи «Барои адабиёти сотсиалистӣ» ва баъдан котиби масъули Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон шуда кор кардааст.

Соли 1940 ба аспирантураи назди Институти адабиёти ҷаҳонии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шўравӣ ба номи Горкий ба Маскав фиристода шуд. Баробари саршавии Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз аспиран тура рост ба ҷанг рафт. Мухбири ҳарбии якчанд рўзномаҳои дивизия ва фронтҳо буд.

Дар охирҳои соли 1944 аз фронт ба ақибгоҳ даъват карда шуд. То соли 1946 раиси Садорати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд. Соли 1951 узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон интихоб шуд.

Фаъолияти эҷодиашро ба ҳайси мунаққид ва адабиётшинос оғоз намуда буд. Дар матбуоти даврӣ мақолаю асарҳои тадқиқотии Сотим Улуғзода аз соли 1930 пайдо шуда мунтазам чоп мешуданд.

Соли 1939 песаи «Шодмон» ва соли 1940 песаи «Калтакдорони сурх», соли 1944 песаи «Дар оташ»-ро ба табъ расонидааст. Дар солҳои баъдиҷангӣ драмаҳои таърихии ў «Рўдакӣ» (1958), «Темурмалик» (1968), «Алломаи Адҳам» (1970), «Восеъ» (1971) таълиф ёфта, ба рўи саҳна баромаданд.

sotim-ulugzoda-ubayd-rajab

Сотим Улуғзода дар соҳаи кинодраматургия низ мақоми хосе дорад. Киноповести «Ибни Сино» (1954), «Қисмати шоир» (1957), ки соли 1960 дар кинофестивали мамлакатҳои Осиё ва Африка сазовори мукофоти «Уқоби тиллоӣ» гашта буд, шўҳрати адабиёт ва санъати тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ бори дигар намоиш доданд.

Асарҳои мансури Сотим Улуғзода: повести «Ёрони боҳиммат» (1947), романи «Навобод» (1953), повести «Субҳи ҷавонии мо» (1954), повести «Қаҳрамони Днестр, Висла ва Одер» (1965), романи «Восеъ» (1967), Достонҳои «Шоҳнома» (дар ду ҷилд, 1967), романи «Фирдавсӣ» ва повести «Ривояти суғдӣ» (1977) муаллифи худро ҳамчун нависандаи нобиғаю нотакрор ва яке аз саромадони насри тоҷик ба хонанда шинос менамоянд.

Сотим Улуғзода – Нависандаи Халқии Тоҷикистон, Корманди Шоистаи Санъати Тоҷикистон соли 25.06.1997 дар шаҳри Маскав аз ҳаёт чашм пўшид. Бо амри Ҳукумати Тоҷикистон ҷасади адиб ба Душанбе оварда шуд ва чанд соат сокинони пойтахт тавонистанд, ки дар толори Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бо нависанда маъруфи Тоҷикистон видоъ намоянд. Манзили ҳамешагии Сотим Улуғзода дар мазори боғӣ Лучоб қарор гирифт.

ПОРЧАҲО АЗ «РИВОЯТИ СУҒДӢ» ВИРКАН

Савдогари ғаюр ва корчаллони суғдӣ дар пайи суд ба кўҷоҳое ки намерафт. Роҳҳои дуру дарози Хитой, Ҳиндустон, Эрон, Рум (Византия) ба вай монанди кўчаҳои шаҳри худаш Самарқанд ё Бухоро, ё ки Пайканд шинос буданд.

Корвонҳои бозаргонии Суғдиён «Роҳи абрешим»-и кабирро, ки бо вай абрешими хитоӣ ба Эрон ва Рум бурда мешуд, мепаймуданд. Тилло, навшодир, зарфҳои нуқра, карбосу алочаи машҳури занданеҷӣ, дебо, чарми нафис, кимхоб, гилем, камону сипару ҷавшанҳои аълои суғдиро ба мамолики Шарқу Ғарб мебурданд. Инчунин, ба тавассути онҳо молҳои бозаргонии кишварҳои мухталиф ба ҳамдигарашон интиқол меёфт. Аҷаб нест он бозаргоне, ки ба Шайх

Саъдӣ гуфта буд, ки мехоҳад гўгирди порсӣ ба Чин, косаи чинӣ ба Рум, дебои румӣ ба Ҳинд, пўлоди ҳиндӣ ба Ҳалаб, обгинаи ҳалабӣ ба Яман, бурди (карбоси дурушти) яманӣ ба Порс бурдан мехоҳад, бозаргони суғдинажод бошад.

Яке аз он корвонҳо дар соли 673 мелодӣ ба Яман рафта буд, дар он ҷо бозаргонон шуниданд, ки амири араби Хуросон Убайдуллоҳ ибни Зиёд аз Ҷайҳун гузашта Суғдро тохта, Бухоро, Пайканд ва шаҳру деҳоти дигарро тороҷ кардааст. Бозаргонон, ки дар Суғд оилаҳошон монда буданд ва коху кошонаҳо, молу мулк доштанд, аз ин хабари нохуш ба хавотир афтода, дастгоҳи тиҷоратиашонро саросема барчиданду роҳи бозгашт пеш гирифтанд.

Корвон бо соҳили Баҳри Аҳмар роҳи биёбон мепаймуд. Вайро дастаи муҳофиз – бист нафар чокарони (сарбозон) мусаллаҳ, ки онҳоро бозаргонон аз ҷумлаи ҷавонони далери суғдӣ яккачин карда ба киро гирифта буданд, мушояат (ҳамроҳӣ) мекарданд. Бештарини чокирон аспсавор буданд, дигарҳошон дар каҷоваҳо ба хар, шутур дунафарӣ савор шуда мерафтанд.

Корвон дар чиҳил рўз ба Мадина расид. Акнун боз ҳамон гуна роҳи дур ва пурмашаққати Шом дар пеш буд.

Офтоб сўзон, ҳавои регзорон чун дами кураи оташ тафсон. Зангўлаҳои панҷсаду сӣ уштури пурбор дар хомўшии биёбони Ҳиҷоз нағмасози мақоми якнавохт… Рўзи савуми сафар баногоҳ дар ақиби корвон аз дурр сиёҳии савороне намудор гашт. Саворон аз хомаи баланди рег сарозер шуда тез-тез пеш меомаданд. Сарҳанги чокарон, ки бо нисфи дастаи худ дар думи корвон буд, аз эҳтиёт якеро сўи нисфи пешгарди даста давонд, ки огоҳ ва ҳушёр бошанд.

Саворони пайдошуда бо ҳамон гуна яроқе, ки чокарон доштанд, яъне бо шамшеру ханҷару найзаҳо мусаллаҳ буданд. Маълум набуд онҳо кистанд: сипоҳиёни амири Мадина ё сарбозони ягон шайхи бодия? Ё балки роҳзанон бошанд?

Бадтарин гумони корвониён рост баромад: саворони ношинос наздик омада якбора бо ҳаёҳу ба болои чокарон тохтанд. Чокарон сари роҳи онҳоро гирифтанд, задухўрд ба вуқўь пайваст. Муборизони ҳар ду тараф дар фаввораи гарди тафсон ба ҳам омехта шамшер мезаданд ва найза мекуфтанд.

Яке аз чокарон, марди сисолаи тануманд, шонафарох, ришсиёҳ, ҷавшан дар бар ва қулаҳхўди мисин бар сар, савори аспи саманди қашқа, бо нахустин ҳамла ду роҳзанро аз асп фурў ғалтонд ва найзаи савумиро бо як зарби шамшери дарозаш шикаст. Аз як роҳзани захмхўрда ҳангоми ғалтидани ў шамшерашро рабуда, бо ду шамшер ба ду даст бар чапу рост ва пасу пеш задан гирифт.

Ин мард сарҳанги чокарон буд. Виркан ном, ғуломи бозаргони бухороӣ Нуфарн. Яке аз роҳзанон, ки ҳамчунин ҷавшану кулоҳдор буд, ба Виркан дарафтид. Виркан араби миёнасоли зеботалъат ва хушсавлатеро дар баробари худ дид, ки зоҳиран саркардаи роҳзанон буд, ришу бурути кўтоҳи базебе, чашмони калону сиёҳи шарорафшон дошт, аз ваҷоҳаташ шуҷоат меборид.

«Шояд Молик ибн-ур-Райб ҳамин мард бошад» – ба дил гузаронид Виркан, зеро корвониён дар Мадина шунида буд данд, ки дар он навоҳӣ роҳзани бебоке, Молик ибн-ур-Райб ном, бо дастаи ғоратгарони худ пайдо шудааст. Виркан хато накард: саркардаи роҳзанон ҳақиқатан Молик ибн-ур-Райб буд. Дуяшон бо ниҳояти тундӣ ва шиддат шамшерзанӣ карданд.

 Ба зудӣ дасту гардан, китфу ронҳои ҳар ду хунин гашт. Араб дар ҳоли чорхези аспи тозиаш ба чапу рост чандонмехамид, ки сараш қариб ба замин мерасид ва аз таги асп ба шиками аспи ҳариф ё пои савори он шамшер заданӣ мешуд, ҳам гоҳо ба болои зин рост истода ҳамла меовард. Воқеанҷангисавори пурҳунаре буд. Аммо паҳлавони суғдӣ ҳам аз вай намемонд. Дар айни задухўрд чокарони пешгарди корвон ҳам даррасиданд ва ба роҳзанони латхўрдаву чанде қурбонҳо дода дарафтиданд.

Он гоҳ Молик навмед шуд, ў наърае кашида бо забони худ чизе гуфт, зоҳиран ба шариконаш фармони ақиб гаштан дод, ки онҳо якбора гурезон шуданд ва баъд саркарда ҳам аз пасашон фирор кард.

Мақтулу маҷрўҳони дастаи Молик дар регзор монданд,аспҳои ононро шариконашон етак карда бурданд. Аз чокарон ҳам як нафар ҳалок, се нафар захмӣ ва маиб шуда ғалтида монда буданд.

Рафиқонашон онҳоро бардошта сўи корвон, ки пештар рафта қарор гирифта буд, равон шуданд. Корвониён онҳоро бо нидоҳои таҳсину офарин истиқбол карданд. Чанде аз хизматгорон зуд ба гўрковӣ ва дафнии мурда, як корвонии солхўрда аз доруҳои эҳтиётии бозарго нон ба марҳам молидан дар ҷароҳатҳои се чокари захмдор машғул гардиданд.

 Дар ин асно аз Нуфарн, хоҷаи Виркан рафторе ба зуҳур омад, ки ҳеҷ кас ва алалхусус, Виркан мунтазири он набуд, Хоҷа чӣ гуна бо роҳзанон набард кардани ғуломашро назора карда буд, ҳоло вай нохост Виркани саропо дар гардурегу хун олударо оғўш карда, аз сару пешониаш бўсида баситоиш даромад:

– Дер зӣ, паҳлавонам, гурди сафдарам, диловарам!

Агар ту намебудӣ, ҳоли мо чӣ мешуд? Ту корвонро наҷот додӣ, моро аз аҷали муаллиқ раҳонидӣ!

Нуфарн он қадар ба таассур ва риққат омада буд, ки ҳатто дар чашмони аз офтоби сўзон ва гарди биёбон сурхгаштааш ашк ҳалқа зада, ду-се қатраи он ба риши сиёҳу сафедаш шорид. Сипас хоҷа ба корвониён муроҷиат карда гуфт:

Вирканро ман ба чорсад дирам харида будам, вай имрўз баҳои худро садчанд ва балки ҳазорчанд карда ба ман бозгардонд. Ҳамин ки сиҳат- саломат ба ватан расидем, ман ба мукофоти фидокорие, ки дар муҳофизати корвон ва ҷони мою шумо аз ин диловар ба зуҳур омад ва ба шукронаи наҷот ёфтанамон аз қатлу ғорат, Виркани азизамро аз ғуломӣозод мекунам. Оре, ман ба вай озодӣ мебахшам.

Шумоёнроба ҳамин қавли худ гувоҳ мегирам. Шарикони бозаргонии Нуфарн, чокарон ва дигар аҳли корвон ҳама ба вай офарин хонданд, олиҳимматии ўро си-

тоиш карданд ва ботинан хурсанд буданд, ки шарики савоби гуломозодкунӣ шуданд. Бозаргонон ба Виркан, ки аз ин пешомади ногаҳонӣ, аз ин хушбахтии ғайричашмдошт моту маҳбут ва забонаш лол гашта буд, хитоб мекарданд, ки:

– Ба хоҷаат таъзим кун, шукр гўй! Дасташонро бибўс! Паҳ лавон саросема ба хоҷааш ҳам таъзим кард, ҳам шукр гуфт ва ҳам дар пешаш ба зону афтида дасташро бўсид…

 Вай аз падари суғдӣ ва модари турк таваллуд ёфта буд.

Падараш Ревахшиён аслан самарқандӣ буда, бисту панҷ сол дар кишвари туркон

Читтесу (Ҳафтрўд) зист.

Суғдиён дар сарзамини туркон ҳам то ҳудуди Хитой сокин шуда, дар қади «Роҳи абрешим» ҷо-ҷо ба худ деҳаҳо, шаҳрчаҳо сохта буданд ё ки дар авулҳои туркон дар байни бошандагони тагҷоӣ мезистанд. Баъзе аз он деҳаю авулҳо манзилгоҳи корвонҳои роҳгузар буданд. Ревахшиён дар яке аз манзилгоҳҳои гумоштаи як нафар бозаргони самарқандӣ буд. Дар ҳамон ҷо вай туркдухтареро ба занӣ гирифт.

Зан дар вақти зоиши аввал мурд, кўдакаш зинда монд, вайро бошири буз, оҳу, асп парвариданд. Бача то бистсолагӣ дар Читтесу ба тарбияи падараш буд. Монанди ҳамсолони туркнажоди кўчманчии худ аз сесолагӣ аспсаворӣ омўхт.

Чун бавоя расид, ҷавони бокитфу бозу, нерўманд ва ниҳоят чобуке гардид. Аз аспи савории худ ба пушти аспи ромношудаи гурезон меҷаҳид ва онро то ром накунад, аз пушташ намефаромад. Шикордўст буд, бо шикорчиён пайваста ба шикори гург, рўбоҳ, гавазн мерафт.

Падараш дар пирсолагӣ ба Самарқанд баргашт, дар деҳаи Ревдод, ки зодгоҳаш буд, сукунат ихтиёр кард.

Фарзанди даштҳои беканор ва кўҳҳои баланд-Виркан бадеҳқонию боғдорӣ одат накард, ҳавасаш ба асп ва камон буду бас. Аспе дошт саманди қашқа, тезтаки пўлодсуми фарбеҳсинаи пуштфарох, ёлдарози говдум, ки ба вай Рахши пасин ном ниҳода буд, яъне Рахши пешин аспи Рустами Дастон аст ва ин пас аз вай. Ҷавон ҳар гоҳ, ки ба Рахши пасин менишаст, худро шаҳсавори ҷаҳон ҳис мекард. Бо он

асп ба шикор мерафт, чавгонбозӣ мекард, (чавгонбозӣ писандтарин бозии ҷавонони Суғд буд), дар маъракаҳо савора гўштӣ мегирифт. Дар ду бозии охир аксаран ғолиб мебаромад. Дар байни ин шуғлҳо вай ҳафтае як бор-ду бор аз дараи Киштут бо ду уштури падараш ангиштсанг кашонда дар бозори Самарқанд мефурўхт.

САВОЛ ВА СУПОРИШ:

  1. Зодгоҳ ва айёми бачагии Вирканро шарҳ диҳед.
  2. Виркан дар Ревдод ба чӣ корҳо машғул буд?
  3. Корвони суғдиёнро чӣ маҷбур кард, ки пеш аз мўҳлат бар ватан баргардад?
  4. Дар роҳ чӣ ҳодисаи мудҳиш рух дод?
  5. Виркан дар биёбони Ҳиҷоз чӣ корнамоӣ нишон дод?

НАНИМАНЧА

Дар Ревдод ҷомашўйзанаке буд. Наниманча ном духтаре дошт, ки хона ба хона гашта пўшоки чиркин меғундошт ва баъди шустан онро ба соҳибашон оварда медод. Вай ҳафт даҳро пур карда ба ҳаждаҳ қадам монда бошад ҳам, шавҳар

накарда буд, ҳол он ки духтарони чордаҳ-понздаҳсоларо бавоярасида медонистанд ва ба шавҳар медоданд. Наниманча худаш шавҳар кардан намехост, зеро аз якка мондани модари пири дардмандаш андеша дошт ва модараш ҳам аз ҳамин тарсида духтарашро маҷбур намекард. Занак барвақт

бева монда, дар чилсолагӣ аз меҳнату машаққати зиндагӣ пир гашта буд ва ҳам тез-тез бемор мешуд. Ду бор ду сағирро ёфта хонадомод карданӣ шуд, лекин духтараш онҳоро рад кард. Агар хостгоре мебаромад, ки розӣ мешуд, ки мо-

дарарўси ояндаашро ба хонаи худ бараду пояд, Наниманча шояд ҳоло шавҳардор мебуд, аммо чунин хостгоре ҳанўз набаромада буд. Духтарак ба чеҳра зебо набуд, лекин дил каш буд, пайкари рехтаи мавзуне дошт. Мардон ба вай бо

чашми ҳавас менигаристанд, ҷавонон гап мепартофтанд, аммо Наниманча аз ҷумлаи духтароне буд, ки мақоли «Даст расону ба бало мон» дар ҳаққи онҳо гуфта шудааст. Вай баболои чақчақию серғайратӣ шаттоҳ ҳам буд, бало буд, бо забони тундаш ба як гап ду гап мегардонду ба кулўхандоз санг меандохт. Дар хонаводаи ғарибашон мардина набуд, лекин ба ҷои мардина Наниманча бас буд, вай кори ҷавон мардиро мекард.

Модару духтар пўшоки Ревахшиён ва Вирканро ҳам мешустанд. Рўзе аз рўзҳо пўшоки шустаи онҳоро ба ҷои Наниманча модараш овард. Ҳангоме ки занаки нимҷон ва хастаҳол бўхчаи вазнинро ба замин гузошта аз даруни он пўшоки падару писарро мебаровард, Ревахшиён ба вай раҳмаш омад ва пурсид:

Чаро бўхчаро худат бардошта гаштаӣ, духтарат куҷост?

Занак ҷавоб надода ба замин нигарист, оби ба чашми чўки даи камнураш омадаро бо нўги сарпечи даридааш пок кард.

Чӣ хабар? Магар ба Наниманча ҳодисае рўй дод? – ба хавотир афтод пирамарди раҳмдил.

Ҳодиса гуфтию мондӣ, ҷавоб дод занак ва давоми суханашро бо душворӣ ба забон ронд: – Ин гапро ба кас гуфта намешавад, лекин ба ту мегўям, ту одами бохирадӣ, рози касонро ифшо намекунӣ. Духтарам… дуҷон шудааст. Зан дар ин ҷо боз гирист.

Шармандаам ман, додар. Ба мурданам сад бор розиям, лекин аҷал ҳам ба ман механдаду маро намегирад. . . .

– Аз кӣ? Аз кадом зиногари нокас бошад?

– Ман чӣ донам? Вай намегўяд. «Напурс, айб ба худам»,

-мегўяду дигар гап намезанад… Ҳомилагиаш маълум… Шарм карда аз хона намебарояд.

Ревахшиён андешаманд шуда, дигар пурсуков накард, ба музди ҷомашўӣ ним ғалбер ҷав бароварда дода, занакро гуселонд. Рози ғамангези занак дили пирамардро сиёҳ кард. Ва ин фақат аз роҳи раҳмдилӣ набуд, балки ваҷҳи дигаре ҳам дошт.

Чанде пеш Виркан аз падараш хоста буд, ки Наниманчаро ба зании ў хостгорӣ кунад. Гуфта буд: «Модарашро ҳам ба хона меорам, очаю духтар хизмати рўзгори туро ҳам мекунанд». Аммо Ревахшиён ин гапро ҳатто шунидан нахост, қатъиян рад кард. Вай аз хешии ҷомашўйзанаки дарбадар ор мекард. Ҳоло пирамард аз хаёли он ки бо рад кардани хоҳиши писараш аз ғайри ихтиёри худ як дараҷа сабабгори бадбахтии духтарак ва модари ў шудааст, азияти виҷдон мекашид.

Виркан аз шикор баргашт. Ревахшиён розро ба дилаш ғунчонида натавониста ба вай гуфт:

– Ҷомашўйзанак омада буд, гирёну нолон. Духтараш аз кадом як зиногари нокас обистан шудааст.

Виркан якбора дар ҷои нишастааш безобита шуд, чашмонашро калонтар кушода, сўй падараш хамида пурсид:

– Обистан?

– Оре, – аз безобита шудани писараш тааҷҷуб карда ҷавоб дод Ревахшиён.

Виркан бархост, андешаманд қадаме чанд дар рўи ҳавлӣ гашт, лаби ҷўй дикак нишаста дар оби он даст шуст, боз хест, мурғони сайд кардаашро аз ҷое, ки гузошта буд, бидуни зарурат бардошта, ба ҷои дигар гузошт: сипас баргашта назди падараш нишасту гуфт:

– Ман… Падари кўдакаш манам.

– Ту? – пирамард ба шунида бовар кардан намехост.

– Оре, падар, ман.

– Ту чӣ кор кардӣ, лаънатӣ? – шўрид Ревахшиён. – Агар ин роз ошкор шавад, туро ба дор мекашанд, ўро сангсор мекунанд!

– Ором бош, падар, Наниманчаро ба занӣ мегирам. Акнун ту не гуфта наметавонӣ. Кайҳост, ки дўсташ медорам.

Ревахшиён якбора дам фурў баст, ҳеҷ нагуфт. Фасли харбузапазӣ буд. Виркан аз полизча, ки падараш дар ҳаёти пушти боми хонаашон кошта буд, ду харбузаи калонро канда оварда ба хурҷин андохт, боз ду нони тобагӣ ва аз чорто мурғи титав, ки он рўз сайд карда буд, дутояшро андохт ва хурҷинро ба китфаш гирифта равон шуд.

 Нимвайрона кулбаи шустагарзанак дар канори деҳа ба лаби чилдиробаи сой меистод. Модару духтар аз болои тавораи пастаки хасин Виркани хурҷин бар душро, ки калонкалон қадам партофта ба сўӣ дари ҳавличаи онҳо меомад, дида ҳайрон шуданд: писари Ревахшиён пеш аз ин ба хонаи онҳо ҳеҷ наёмада буд. Наниманча бошад, ба болои ҳайраташ бедасту по ҳам шуд. Виркан низ ҳар дуро медид ва аз онҳо чашм наканда хандон меомад. Наниманчаи беқарор сурх шуд, сафед шуд ва ниҳоят саросемаю ҳаросон худро ба даруни кулба гирифта дари онро пўшид.

Модараш аввал аз ин ҳолу ҳаракати вай тааҷҷуб кард, сониян сабабашро ба фаросат дарёфт. Нахустин бор дарёфт ва ба худ ларзид.

– Шод бош, хола! – ин нидои ҷавонмард занакро ба худ овард. (Суғдиён ҳанўз «саломалайкум»-и арабиро намедо нистанд, ба ҷои салом «Шод бош» ё ки «Хуш бош» мегуфтанд.

 Кадбону ба суфачаи зери дарахти пири сершоху барги зардолу пўстак андохт. Виркан дар он нишаст.

– Ин камак савғотиро бигиру аз имрўз маро фарзанд бигў, – ҷавон ба хурҷини дар лаби суфа гузоштааш ишора кард.

– Духтаратро бихон.

Аммо аз занак пештар худи Виркан ба духтарак овоз дод.

– Баро, Наниманча, ман пеши ту омадам. Касон дуи моро ба ҳам пайвастан нахостанд, Худоён пайвастанд. Ту барои ман паҳлавонписаре хоҳӣ овард.

Ваҳ, чӣ суруре аз ин суханон бар синаи Наниманча роҳёфт, чӣ рўшноие ба дилаш тофт! Вай гўё аз ғайб овози фариштаи сурушро шунид, ки аз толеи фирўз ва истиқболи рахшонаш башорат медод. Дилшикастагӣ, тарсу ваҳми бадномӣ, ғами бекасӣ ва бепаноҳӣ, ки вақтҳои охир пас аз маълум шудани обистаниаш ҷони ўро дар шиканҷаи азоб андохта буданд, ба як бор нопадид гаштанд. Вай даст ба шиками як қадар баромадааш, – хаёлан ба китфи кўдаки ҳанўз  ба олам наёмадааш ниҳода, хушбахт ва ризоманд, ҳамчун касе, ки ғарки орзуи ширине бошад, бо чашмони намгирифта ба дуродур менигарист ва девори хона ҳам гўё ба ин дурнигарии ў монеъ намешуд. Гар дар ин дам назари Виркан ба вай меғалтид, чӣ малоҳати дилрабое дар вай медид ва шояд ба худ мегуфт, ки арўсаш воқеан зебост, нозанин аст.

Алҳақ, шодию хушбахтӣ ҳатто безебро зебо ва пирро барно мегардонад. Фақат Виркан дар ҷавоби даъваташ аз кулба чунин овозе шунид:

– Намебароям! Бирав!

Аммо ин овози ноз буд, на қаҳр. Виркан хандиду боз гуфт:

– Хуб, барову худатро ба ман бинамой, баъд меравам.

Модар ҳам духтарашро садо карда:

– Баро! Аз кӣ шарм медорӣ? Он вақт, ки бо ин ҷавон хилват мекардӣ, шарм надоштӣ ва акнун медорӣ? Баро зудтар, беҳаё, меҳмонро пазироӣ кун! – гуфт, лекин худаш даҳонашро бо нўги остин пўшонда табассум мекард; гуфтораш башунидан сарзаниш буд ва ба фаҳмидан навозиш.

Баъди андак фурсат Наниманча аз дари кулба намоён шуд; рўяшро бо банди дасташ панаҳ карда буд, паҳлўнокӣ дар дами дар истод. Виркан ба наздаш рафт, оҳиста даст ба китфаш гузошт, арўс китф ҷунбонда дасти ўро дур кард:

домод дар ҳоле, ки лабханд мекард, овозашро қасдан дурушттар намуда гуфт:

– Ба ман нигар, духтарак! Тезтар ана он титавҳоро пар бикан ва кабоб бикун, ки ман гуруснаам.

Наниманча ҳам акнун хандида, сурх шуда, як нигоҳи шармзадаи гурезон ба рўи Виркан афканду бо ҷадал сўи суфра равон шуд…

 САВОЛ ВА СУПОРИШ: 

  1. Дар бораи Наниманча ва оилаи ў маълумот диҳед.
  2. Симои ботинӣ ва зоҳирии Наниманчаро шарҳ диҳед.
  3. Машғулияти асосии Наниманча аз чӣ иборат буд?
  4. Модари Наниманча кӣ буд ва бо кадом хислатҳои хоси худ фарқ мекард?
Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

bobo

Бобое Файз

Рамаҳои колхози Рӯдакӣ зимистон ба даштҳои Ӯзбакистон мерафтанду тобистон ба чарогоҳҳои худамон, ба Тоҷи- кистон …