Главная / Илм / СОХТОРИ РАВЗАНАХОИ ПАПКАХО (Парванда)

СОХТОРИ РАВЗАНАХОИ ПАПКАХО (Парванда)

Дар расми 8 равзанаи папкаи системавии Windows оварда шудааст. Равзанахои папкахои дигар низ ба ин равзана шабохат доранд, агар компютери шумо дар асоси системаи оператсионии Windows 98 кор кунад.

Равзанаи папка элементхои хатмии зеринро дар бар мегирад: сатри сарлавха, нишонаи системави, тугмахои идоракунии андозаи равзана, сатри меню, панели асбобхо, сатри сурогави, майдони кори, тасмахои тобдихии равзана ва сатри вазъи равзана.

soxtori-papkaho

Равзанаи папкаи Windows

Сатри сарлавха. Дар ин сатр номи папка оварда мешавад. Аз усули лагжониши муш истифода бурда, равзанаи папкаро ба воситаи сатри сарлавха ба мавкеъхои гуногуни Мизи кори кучонидан мумкин аст.

Нишонаи системави. Ин нишона дар кисми чапи сатри сарлавха чойгир аст. Агар нишондихандаи мушро ба болои он гузорем ва тугмаи чапи мушро ду маротиба пахш кунем, он гох равзана пушида мешавад. Хангоми пахши яккаратаи Нишонаи системави Тугмахои идоракуни Cатри меню

Сатри сарлавха

Панели асбобхо

Сатри сурогави

Сатри вазъи равзана Майдони кори Тасмаи тобдихи тугмаи чап ё рости муш бошад, менюи хидматие кушода мешавад, ки ба воситаи командахои он андоза ва тарзи чойгиршавии равзанаро дар Мизи кори идора кардан мумкин аст. Аз ин меню бештар хангоми кор накардани муш истифода мебаранд.

Тугмахои идоракунии андозаи равзана. Ин тугмахо дар тарафи рости сатри сарлавха чойгир шуда, мувофикан тугмахои махкамкуни, пахнкуни ва гункуни ном доранд.

Тугмахои идоракунии андозаи равзана командахои менюи хидматиро такрор мекунанд. Агар муш кор кунад, он гох истифодабарии ин тугмахо нисбат ба командахои менюи хидмати самараноктар мебошанд.

Сатри меню. Сатри дуюми равзанаи папка Менюи равзана номида мешавад. Дар меню номгуи командахое нишон дода шудаанд, ки бо ёрии онхо бо объектхои равзана ин ё он амалиётро ичро кардан мумкин аст. Барои интихоб кардани бандхои меню аз нишондихандаи муш истифода мебаранд.

Масалан, агар мо банди Файли менюро интихоб кардани шавем, он гох нишондихандаи мушро ба калимаи Файл гузошта тугмаи чапи мушро пахш мекунем. Дар экран руйхати дигаре пайдо мешавад, ки онро зерменюи ин банди меню меноманд. Дар зерменю номгуи амалиёте нишон дода мешаванд, ки онхо ба банди интихобкардашудаи меню тааллук доранд. Хар як банди зерменю дар навбати худ метавонад ба зербандхо таксим шавад, агар пас аз номи он аломати  – секунча нишон дода шуда бошад.

Панели асбобхо. Дар ин панел тугмахои командавие чойгир шудаанд, ки онхо барои ичрои амалиёти зуд-зуд вохуранда хизмат мерасонанд. Истифодабарандаи компютер имконият дорад, ки микдори тугмахои ин панелро мувофики максадхои худ тагйир дихад.

Сатри сурогави. Дар ин сатр рох ба папкаи чори нишон дода мешавад. Аз тугмаи дар охири ин сатр овардашуда  истифода бурда, ба таври фаври ба дигар бандхои сохтори файли гузаштан мумкин аст.

Майдони кори. Дар майдони кории равзанаи папка нишонахо ва ярликхои объектхои папка нигох дошта мешаванд. Тарзи инъикоси нишонахо ва ярликхоро дар майдони кори бо ёрии элементхои махсус идора намудан мумкин аст.

Дар майдони кории равзанаи программа равзанахои хуччатхо ва панелхои кори инъикос карда мешаванд.

Тасмахои тобдихи. Агар андозаи равзана хеле хурд ё микдори нишонахои объектхои папка хеле зиёд бошанд, он гох аз тарафи рост ва кисми поёнии майдони кори тасмахои тобдихи пайдо мешаванд. Бо ёрии имкониятхои ин тасмахо тамоми мазмуну мундаричаи равзанаи папкаро аз назар гузаронидан мумкин аст.

Сатри вазъи равзана. Дар ин сатр маълумотхои иловаги доир ба вазъи кунунии система ё объект хорич карда мешавад. Масалан, агар папка файлхои системави ё махфиро дар бар гирифта бошад, он гох хангоми азназаргузаронии равзанаи папка нишонахои онхо дар майдони кори инъикос намеёбанд, вале дар бораи мавчудияти онхо дар сатри вазъиравзана информатсияи зарури инъикос карда мешавад.

Саволхо:

  1. Элементхои хатмии равзанаи папка кадомхоянд?
  2. Функсияхои сатри сарлавхаи равзана аз чи иборат аст?
  3. Нишонаи системавии сатри сарлавха кадом вазифахоро ичро менамояд?
  4. Кадом тугмахои идоракунии андозаи равзанаро медонед?
  5. Сатри менюи равзана барои ичрои кадом амалиёт пешбини карда шудааст?
  6. Тугмахои панели асбобхои равзанаи папка чи гуна функсияхоро ичро мекунанд?

Супориш:

  1. Матни мавзуъро бодиккат хонед ва онро накл кунед.
  2. Ба таври мухтасар вазифахои элементхои хатмии равзанаи папкахоро дар дафтаратон нависед.
  3. Равзанаи папкаеро, ки дарси гузашта сохта будед, бо диккат аз назар гузаронед, элементхои хатмии онро нишон дихед ва бо ёрии муаллим амалиёти оддитарини идоракунии равзанаро ичро намоед.
  4. Аз тугмахои идоракунии андозаи равзана истифода бурда, андозаи равзанаро дар экран тагйир дихед.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …