Главная / Илм / СОХТОРИ РАВЗАНАҲОИ ПАПКАҲО (Парванда)

СОХТОРИ РАВЗАНАҲОИ ПАПКАҲО (Парванда)

Дар расми 8 равзанаи папкаи системавии Windows оварда шудааст. Равзанаҳои папкаҳои дигар низ ба ин равзана шабоҳат доранд, агар компютери шумо дар асоси системаи оператсионии Windows 98 кор кунад.

Равзанаи папка элементҳои ҳатмии зеринро дар бар мегирад: сатри сарлавҳа, нишонаи системавӣ, тугмаҳои идоракунии андозаи равзана, сатри меню, панели асбобҳо, сатри суроғавӣ, майдони корӣ, тасмаҳои тобдиҳии равзана ва сатри вазъи равзана.

soxtori-papkaho

Равзанаи папкаи Windows

Сатри сарлавҳа. Дар ин сатр номи папка оварда мешавад. Аз усули лағжониши муш истифода бурда, равзанаи папкаро ба воситаи сатри сарлавҳа ба мавқеъҳои гуногуни Мизи корӣ кўчонидан мумкин аст.

Нишонаи системавӣ. Ин нишона дар қисми чапи сатри сарлавҳа ҷойгир аст. Агар нишондиҳандаи мушро ба болои он гузорем ва тугмаи чапи мушро ду маротиба пахш кунем, он гоҳ равзана пўшида мешавад. Ҳангоми пахши яккаратаи Нишонаи системавӣ Тугмаҳои идоракунӣ Cатри меню

Сатри сарлавҳа

Панели асбобҳо

Сатри суроғавӣ

Сатри вазъи равзана Майдони корӣ Тасмаи тобдиҳӣ тугмаи чап ё рости муш бошад, менюи хидматие кушода мешавад, ки ба воситаи командаҳои он андоза ва тарзи ҷойгиршавии равзанаро дар Мизи корӣ идора кардан мумкин аст. Аз ин меню бештар ҳангоми кор накардани муш истифода мебаранд.

Тугмаҳои идоракунии андозаи равзана. Ин тугмаҳо дар тарафи рости сатри сарлавҳа ҷойгир шуда, мувофиқан тугмаҳои маҳкамкунӣ, паҳнкунӣ ва ғункунӣ ном доранд.

Тугмаҳои идоракунии андозаи равзана командаҳои менюи хидматиро такрор мекунанд. Агар муш кор кунад, он гоҳ истифодабарии ин тугмаҳо нисбат ба командаҳои менюи хидматӣ самараноктар мебошанд.

Сатри меню. Сатри дуюми равзанаи папка Менюи равзана номида мешавад. Дар меню номгўи командаҳое нишон дода шудаанд, ки бо ёрии онҳо бо объектҳои равзана ин ё он амалиётро иҷро кардан мумкин аст. Барои интихоб кардани бандҳои меню аз нишондиҳандаи муш истифода мебаранд.

Масалан, агар мо банди Файли менюро интихоб карданӣ шавем, он гоҳ нишондиҳандаи мушро ба калимаи Файл гузошта тугмаи чапи мушро пахш мекунем. Дар экран рўйхати дигаре пайдо мешавад, ки онро зерменюи ин банди меню меноманд. Дар зерменю номгўи амалиёте нишон дода мешаванд, ки онҳо ба банди интихобкардашудаи меню тааллуқ доранд. Ҳар як банди зерменю дар навбати худ метавонад ба зербандҳо тақсим шавад, агар пас аз номи он аломати  – секунҷа нишон дода шуда бошад.

Панели асбобҳо. Дар ин панел тугмаҳои командавие ҷойгир шудаанд, ки онҳо барои иҷрои амалиёти зуд-зуд вохўранда хизмат мерасонанд. Истифодабарандаи компютер имконият дорад, ки миқдори тугмаҳои ин панелро мувофиқи мақсадҳои худ тағйир диҳад.

Сатри суроғавӣ. Дар ин сатр роҳ ба папкаи ҷорӣ нишон дода мешавад. Аз тугмаи дар охири ин сатр овардашуда  истифода бурда, ба таври фаврӣ ба дигар бандҳои сохтори файлӣ гузаштан мумкин аст.

Майдони корӣ. Дар майдони кории равзанаи папка нишонаҳо ва ярликҳои объектҳои папка нигоҳ дошта мешаванд. Тарзи инъикоси нишонаҳо ва ярликҳоро дар майдони корӣ бо ёрии элементҳои махсус идора намудан мумкин аст.

Дар майдони кории равзанаи программа равзанаҳои ҳуҷҷатҳо ва панелҳои корӣ инъикос карда мешаванд.

Тасмаҳои тобдиҳӣ. Агар андозаи равзана хеле хурд ё миқдори нишонаҳои объектҳои папка хеле зиёд бошанд, он гоҳ аз тарафи рост ва қисми поёнии майдони корӣ тасмаҳои тобдиҳӣ пайдо мешаванд. Бо ёрии имкониятҳои ин тасмаҳо тамоми мазмуну мундариҷаи равзанаи папкаро аз назар гузаронидан мумкин аст.

Сатри вазъи равзана. Дар ин сатр маълумотҳои иловагӣ доир ба вазъи кунунии система ё объект хориҷ карда мешавад. Масалан, агар папка файлҳои системавӣ ё махфиро дар бар гирифта бошад, он гоҳ ҳангоми азназаргузаронии равзанаи папка нишонаҳои онҳо дар майдони корӣ инъикос намеёбанд, вале дар бораи мавҷудияти онҳо дар сатри вазъиравзана информатсияи зарурӣ инъикос карда мешавад.

Саволҳо:

  1. Элементҳои ҳатмии равзанаи папка кадомҳоянд?
  2. Функсияҳои сатри сарлавҳаи равзана аз чӣ иборат аст?
  3. Нишонаи системавии сатри сарлавҳа кадом вазифаҳоро иҷро менамояд?
  4. Кадом тугмаҳои идоракунии андозаи равзанаро медонед?
  5. Сатри менюи равзана барои иҷрои кадом амалиёт пешбинӣ карда шудааст?
  6. Тугмаҳои панели асбобҳои равзанаи папка чӣ гуна функсияҳоро иҷро мекунанд?

Супориш:

  1. Матни мавзўъро бодиққат хонед ва онро нақл кунед.
  2. Ба таври мухтасар вазифаҳои элементҳои ҳатмии равзанаи папкаҳоро дар дафтаратон нависед.
  3. Равзанаи папкаеро, ки дарси гузашта сохта будед, бо диққат аз назар гузаронед, элементҳои ҳатмии онро нишон диҳед ва бо ёрии муаллим амалиёти оддитарини идоракунии равзанаро иҷро намоед.
  4. Аз тугмаҳои идоракунии андозаи равзана истифода бурда, андозаи равзанаро дар экран тағйир диҳед.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …