Главная / Маданият ва санъат / СИЁСАТИ ГАРАВ (Низомнома Дастурамал)

СИЁСАТИ ГАРАВ (Низомнома Дастурамал)

Маълум аст, ки амволи гарав яке аз намудхои пахнгардидаи таъминоти баргардидани карзи Бонк и ба хисоб меравад. Дар амал татбик гардидани гарав дар тачрибаи муносибатхои карзи – мавчудияти механизми махсуси истифодабарии онро дар назар дорад. Аз ин ру Бонкхангоми пешниходи махсулотхои карзи дар радифи тахлили вазъи молияви, кобилияти саривакт баргардонидани карз ва сарчашмахои аввалиндарачаи пардохти карзи Бонк и ба таъминоти гаравии мизоч таваччухи махсус зохир менамояд.

сиёсати гаравДар амал татбик намудани кор бо гарав дар Бонк дар асоси омузиши тачрибаи Бонк хои тичоратии пешсафи Россия, Казокистон ва якчанд Бонк хои тичоратии Аврупо, инчунин бо назардошт ба талаботи конунгузории ЧТ, Дастурамали №177-и БМТ, Дастурамали №181-и БМТ ва тавсияхои аудиторони ширкатхои байналхалкии аудитории «Грант тортон», маводхои машваратии кумитаи Базели оиди назорати фаъолияти Бонк  ба рох монда шудааст.

  • Шартхо 

Сиёсати гаравии Бонк- ин хуччати дохили системавии Бонк  буда стратегияи Бонк-ро оиди ташкили системаи кафолати саривакт баргаштани карз ва танзими хамаи муаммохое, ки бо таъминоти карз алокаманд мебошад инъикос менамояд.

Сиёсати гаравии Бонк илова ба сиёсати карзии Бонк  аст, ки принсипхои асоси ва равандхои ташкили кор бо таъминоти гаравиро ифода менамояд.

Сиёсати гаравии Бонк дар асоси шартхои таъминноки ва баргардонидан дар вакташ тартиб дода шудааст:

Сиёсати гаравии Бонк ва дигар тартиботхои Бонк, ки бо амволи гарав (гузаронидани санчиш, нархгузори, мониторинг, бакайдгири ва фуруши амволи гарав) алокаманд хастанд мутобики талаботи конунгузории Чумхурии Точикистон тартиб дода шудаанд.

Коида ва тартиботи амики амалигардонии амалиётхои гарави дар Дастурамалхо ва Низомномахои махсуси дохилисистемавии Бонк оварда шудаанд.  

  • Максадхо

Тавассути сиёсати Гаравии мазкур ва ташкили шароитхои зарури барои амалигардонии он Бонкнакша дорад ба ин максадхо ноил гардад:

а) Чори намудани стратегия ва максадхои сиёсати карзии Бонк  барои ба дастории даромади максимали дар сурати мавчуд будани хавфи минимали.

б) Чобачогузории талаботхои тавозуни (сбалансированных) нисбати сифату таркиби чорабинихо дар чорчубаи кор бо гарав барои бавучудории тартиботе, ки дарачаи хавфи талафоти карзиро дар сурати сарфаи минимали таъмин менамояд:

в)Ташкили сандуки гаравии босифат, пардохтпазир ва гурухбандишуда. (диверсифицированный).

г) Хамохансози дар ташкили коллективе, ки аз кормандони баландихтисос-нархгузорон (мутахассисони касби ва кормандоне, ки кобилияти тахлили чукури бозори доранд), барои ташкили сандуки гаравии босифат ва пардохтпазир гурухбандишуда иборат мебошанд.

Барои риояи чунин шартхо ва ноил гардидан ба максуду-хадафхои худ Бонк дар чорчубаи конунгузории амалкунандаи Чумхурии Точикистон фаъолият мебарад, инчунин бахри дар амал татбик намудани барномахои муштарак ухдадорихои дар назди хамкорони ватаниву хоричи будаи худро ичро менамояд.

  • Вазифахо. 

Бо максади дар амал татбик намудани Сиёсати гаравии мазкур Бонк барои халли ин масъалахо кушиш менамояд: таъминоти кредит аз хисоби манбахои вокеии дуюминдарача бахри руйпуш намудани карз;

  • Паст намудани хавфи ичро нагардидани ухдадорихо аз тарафи карзгирандагон дар назди Бонк тавассути барасмиятдарории босифат ва босаводонаи Гарав аз чихати хукуки:
  • Муайян намудани стратегия, рушду инкишоф ва амалигардонии фаъолияти Бонк дар доираи таъминоти карзхо:
  • Дар амал татбик намудани усулхои тафтишоти амволи багарвгузошташуда:
  • Пайдоиши саривактии асосхои поёнравии хусусиятхои шуморави ва сифатии амволи ба гаравгузошташуда ё ин, ки дигар тагйиротхо:
  • Муайян намудани талабот нисбати сохт, таркиб, ва сифати таъминоти гарав, чобачогузории номгу ва намуди таъминоти амволи ба гаравгузошташаванда:
  • Тартиб ва бавучудории системаи стандартии бахисобгирии натичахои кор бо гаравхо:
  • Дар амал татбик намудани мониторинги вазъи амволи гарав:
  • Ташкили маълумоти базавии сохтори бозории намудхои асосии амволе, ки ба гарав гирифта мешаванд:
  • Дар амал татбик намудани усулхои тахлил ва бахогузории таъминоти гарави:
  • Фаъолияти босамари чорабинихои бахогузори:
  • Такмили ихтисоси доимии мутахассисони кор бо гарав:

БОБИ 2.    ЧИХАТХОИ АСОСИИ СИЁСАТИ ГАРАВИИ БОНК

2.1. Мафхуми умуми

Шарти зарурии пешниходи хамаи намудхои карзхо дар Бонк  мавчудияти таъминот (гарав), яъне кафолати саривакт ва пурра ичро гардидани ухдадорихо аз тарафи карзгирандагон ба хисоб меравад.

Шартномаи карзи то дарачае бояд таъмин гардад (таъминот бо гарав, замонат ва гайра), ки сатхи пардохтпазирии карзгир ба он чавобгу бошад.

Амволи гарав хамчун омили асоси, бояд нисбати роххои эхтимолноки баргардидани карз ба таври амик дар амал татбик гардад ва нишондихандадхои шуморавию сифатии воситаи гарав бояд аз руи вазифахое, ки онхо ичро мекунанд муайян карда шаванд:

Дар шартномаи карзи-гарави вазифахои зеринро бояд ичро намояд:

  • Гарав – сарчашмаи дуюминдарачаи баргардонидани карз:
  • Гарав – хавасмандии карзгир бахри баргардонидани карз;
  • «Гарав – сарчашмаи маълумот оиди вазъи кунунии гаравдех;
  • Гарав – манбаи маълумот оиди вазъи тичорати карзгир – гаравдех (агар карзгир ва гаравдех як шахс бошад);
  • Гарав – омили махдудкунандаи афзоиши таъминоти карзи кредитори; 

Гарав набояд аз кобилияти пардохтпазирии мизоч боло гузошта шавад.

Хавфи карзи бояд новобаста аз мавчудияти микдор ва сифати таъминоти гарав бахогузори гардад. Ягон намуди карз набояд танхо бо назардошти таъминоти гарав дода шавад. Сарчашами аввалиндарачаи баргардидани тичорати мизоч карз махсуб меёбад. 

2.2. Зариби руйпуши гарав

Бо максади пушонидани харочотхои Бонк бо талафотхои камтарин, ки бо мониторинги карзу гарав, ситонидан ва фуруши амволи гарави алокаманд аст, арзиши бархамдихии (пардохтпазирии) таъминот бояд маблаги ухдадорихои таъминот бо гарав инчунин  5% зиёдтар аз хачми кредитро руйпуш намояд. Арзиши бархамдихии (пардохтпазирии) гарав барои хисоботи Зариби пушонидани гарав зарур мебошад(ЗПГ). Дар навбати худ ЗПГ сарчашмаи асосии кифоягии таъминоти карз бо гаравро ифода менамояд. ЗПГ ба таври зайл хисоб карда мешавад:

ЗПГ – зариби пушонидани гарав

Мачмуи гарави карз – ин хамаи амволхое, ки ба сифати таъминоти гаравии кредит гузошта мешавад.

Арзиши бархамдихии мачмуи гаравхо – ин маблаги бархамдихии арзиши хамаи амволхоест, ки ба сифати таъминоти гарав гузошта мешавад.

Арзиши бархамдихии бахогузории объект – ин арзиши объектест, ки он дар бозор дар холати зарури фавран фурухта мешавад.

Дар доираи сиёсати гаравии мазкур:

Арзиши бархамдихи = Арзиши бозории амвол х Зариби пардохтпазирии амвол (Зариби пардохтпазири нигар.кисмати 2.4.)

Зариби пушонидани гарав вобаста аз намуди мизоч ва мухлати кредит метавонад тагйир ёбад. Дар чадвали зерин талаботхои минимали нисбати бузургии ЗПГ бар таъмин будани кредитхое, ки дар системаи Бонк дода мешаванд оварда шудааст. 

Талботхои минимали нисбати бузургии ЗПГ

Чадв.1

№№

 

Мухлати кредит Намуди мизоч Бузургии ЗПГ Эзох:
1 То  1 сол Нав На кам аз  1,50  
Такрори На кам аз 1,35  
2 Аз 1 то 3 сол Нав На кам аз 1,65 Бо шарти азнавбахогузории харсолаи амволи гарави.
Такрори На кам аз 1,45
3 Аз 3 то 5 сол Нав На кам аз  1,75
Такрори На кам аз 1,50
4 Зиёда аз 5 сол Нав На кам аз 2,00
Такрори На кам аз 1,60

*Эзох: Бонк  дар давоми 2 соли авали фаъолияташ, бо максади чалби мизочони боэътимод ва хамзамон барои ракобатпазири дар бозори карз, метавонад ЗПГ-ро аз бузургии мукарраргардида пастар амали намояд.     

2.3. Намудхои таъминот

Бахри дар амал татбик намудани Сиёсати мазкур дар Бонк намудхои зерини таъминот кабул карда мешаванд.

Гарав – усули таъмин намудани ухдадорихоест, ки дар сурати аз тарафи карзгир ичро нагардидани он Бонк  хукук дорад аз хисоби фуруши амволи ба гарав гузошта шуда ичрои ин ухдадорихоро ба амал барорад.

Амонат (Заклад) – намуди гаравест, ки  амволи ба гарав гузошта шуда дар ихтиёри гаравгир (Бонк ) гузошта мешавад.

Замонат (Поручительство) – усули таъминоти ухдадорихои Карзгир дар назди Бонк  мебошад, ки Зомин бахри саривакт ичро гардидани ухдадаорихои карзии Карзгир бапурраги ва ё кисман дар назди Бонк  чавобгу хисобида мешавад.

Кафолати Бонки – усули таъминоти ухдадорихои Карзгир дар назди Бонк  аст, ки Кафил (Бонк , муассисаи карзи ё ширкати сугуртави) бо дархости Карзгир мутобики шартхои хаттии ухдадорихое, ки Кафил додааст маблаги пулиро бо талаботи хаттии Бонк  оиди пардохти он ичро менамояд. 

2.4. Намудхои объектхои гарав (амонат-заклад). Руйхати намудхои афзалиятноки таъминот бо гарав.

Ба сифати таъминоти гаравии карз Бонк метавонад амволи манкул ва хам гайриманкулро мутобик ба Кодекси Граждании Чумхурии Точикистон кабул намояд, ки мутобик ба конунгузории ЧТ бо истифодаи Зарибхои пасткунандаи арзиши бозори аз тарафи Гаравдех мусодира мегардад (Зариби бозоргири).

Зариби пардохтпазиризариби поёнкунандаи арзиши бахогузори буда зарурияти то кадом андоза поён кардани арзиши бахогузории (бозори) воситаи гаравро муайян менамояд, ки дар он мухлати фуруши воситаи гарав хавaсмандии Карздихандаро конеъ мегардонад. Зариби пардохтпазири бо максади таъмин намудани зарархои назаррасе, ки бо хурдашавии воситаи гарав, пастшавии сифати он ва тагйирёбии арзиши бозории он алокаманд мебошад амал мекунад.

 Зариби пардохтпазири барои хар як намуд ва зернамуди амволи гарави бо Карори Раёсати Бонк  мукаррар карда мешавад ва бояд на зиёда аз 75% (Кл  ≤ 0,75) аз арзиши вокеии бозории амволро ташкил намояд (ба гайр аз воситахои пулии дар пасандоз буда ва ё амонатхо).

Хамин тавр арзиши гаравии мачмуи гарав (таъминот) аз хачми маблаги кредити додашаванда аз 2 баробар зиёд шуда наметавонад.

Руйхати намудхои афзалиятноки таъминот бо гарав.

     чадвали.2

Воситаи гарав Бузургии зариби пардохтпазири Эзох
  Амволи гайриманкул:
  О  Объектхои фонди истикоматии  амволи гайриманкул, манзилхои истикомати, хонахо, хучрахо ва гайрахо.

 

  (вобаста аз дарачаи пардохтпазири, мутобик ба меъёрхои мукаррар намудаи Бонк ), инчунин ба кисмати 3,3 нигар.
  – дар марказхои нохияви, шахри ва вилояти то 0,75
  – дар дигар нуктахои ахолинишин то 0,6
  Объектхои гайриистикомати

(истехсоли, тичорати, анборхона ва гайра)

 
  –  дар марказхои нохияви, шахри ва вилояти то 0,75
  –  дар дигар нуктахои ахолинишин то 0,6
     Амволи манкул:
  Д    Пул;

Воситахои пулии дар Пасандоз ва амонат буда

0,9  
  Маснуоти тилловори (маснуот аз сангхо ва металлхои кимматбахо) На зиёда аз 0,8-0,9 Ё ин, ки мутобик ба меъёрхои мукаррар намудаи Бонк
  Когазхои кимматнок

Давлати ва гайридавлати,

Сахмияхо дар хамкорихои шарики ва г.

На зиёда аз 0,6  
       Мошинхо, дастгоххо, воситахои наклиёт:    
   –  то 3(се) сол аз соли барориш 0,6  
  –   зиёда аз 3(се) сол аз соли барориш то 0,5  
  Хукуки истифодабари    
  Хукуки ичораи амволи манкул ва гайриманкул бар истиснои конугузории мукарраргардидаи ЧТ

 

   
  Молхои дар гардиш буда (маводхои гуногун, арзишхои пули-моли, махсулотхои тайёр ва молхо барои хариду фуруш) На зиёда аз 0,5 Вобаста аз арзиши яклухти фуруш
  Амволи хонагии шахсони вокеи (аудио/видео, техникаи маиши, мебел, колинхо, тачхизотхои компутери ва г.) На зиёда аз 0,5 Вобаста аз арзиши вокеии бозори бо назардошти хурдашавиашон.
  чорво (чорвои калони шохдор ва ё чорвои майдаи шохдор) На зиёда аз 0,5  
  хосили ояндаи зироат (хамаи намудхои зироатхои хочагии кишлок) На зиёда аз 0,5  
  Намудхои дигари амволи манкул На зиёда аз 0,5  

2.5. Сохт ва таркиби таъминоти гарав. Гурухбандии таъминоти гарави.

Бо максади паст намудани хавфи бекурбшавии таъминоти гарави, Бонк  таъминоти гаравии омехтаро истифода мебарад то, ки хамзамон имконияти гурухбандии таъминоти гаравиро ба амал барорад.

Сохт ва таркиби таъминоти гарави.

чадв.3

Намуди амвол Махдудияти мачмуи нисбии сохтори умумии таъминот, %
1 Амволи гайриманкул (бинохои истикомати ва гайриистикомати) На кам аз 75
2 Амволи манкул На кам аз 25

     Хангоми поён рафтани арзиши амволи ба гарав гирифташуда, талафоти он, зарар ёфтан ва ё катъ гардидани хукуки моликиятдории он Бонк хукук дорад аз Карзгир баркарор намудани воситаи гарав ва ё иваз намудан бо гарави арзанда-ро талаб намояд.

     Хукукхои Бонк дар шартномахои амволи гарави ва шартномахои карзи ба таври амик кайд гардидаанд. 

2.6.  Махдудият дар кабули амволи гарави

Воситахои зерин ба сифати гарав баромад карда наметавонанд:

  • Воситахое, ки мутобик ба конунгузории амалкунанда аз гардиш бароварда шудаанд (мисол, яроку аслиха, воситахои радиоактиви ва изотопхо, махсулотхои наркотики ва психотерапевти ва гайрахо).
  • Амволе, ки хукуки сохиби дорад.

(мисол, хукуки эчоди-авторское права, хукук ба алимент)

  • Амволи шахрвандоне, ки мувофики хуччатхои ичроияви ва мутобик ба руйхати мукаррароти ЧТ ситонида намешавад;
  • Амволе, ки хукуки идоракунии он бо сабаби дар хабс будани амвол мутобик ба конунгузории амалкунанда махдуд мегардад;
  • Амволе, ки фуруши озодонаи он мутобик ба конунгузории амалкунанда манъ гардидааст, ё ин, ки махдуд шудааст (мисол, воситахои санъат, арзишхои бадеи, коллексияхо ва г.);
  • Амволе, ки беиштироки сохиби амвол низ аз тарафи Гаравгир идора карда мешавад.
  • Амволе, ки дар ихтиёри якчанд нафар карор дорад ва берозигии сохибони дигар ба гарав гирифтани ин амвол ва ё фуруши он махдуд мегардад;
  • Амволе, ки кувваи конунии амалкунанда ва ё шартномахои басташударо дорад, ки байни Гаравдех ва шахсони сеюм ба истиснои шартномахои ичорави, лизинги ва шартномахои ипотекие, ки бахри таъмини шартномахои амалкунандаи карзии байни Гаравдех ва Бонк ба имзо расида ба расмият дароварда шудааст.
  • Молхои дар гардишбудае, ки хукуки шахсони сеюмро дорад.
  • Амволе, ки дар баробари амволхои дигари Гаравдех гузаронидани мониторинги он гайриимкон аст;

Баррасии амволи зерин ба сифати гарав тавсия дода намешавад: 

Объектхои амволи гайриманкул:

  • Бинохои муассисахои маъмури ва давлати;
  • Бинохои дини;
  • Кубурхои обгузар, купрукхо, роххо, обанборхо ва дигар иншоотхои мухандиси;
  • Иншоотхои таъиноти номуайян,
  • Иншоотхое, ки мувофики тартиботи мукаррагардида корношоям хисобида мешаванд (бинохои басадама гирифтор шуда, бинохое, ки дар минтакаи нокулай чойгир шудаанд ва гайра);
  • Иншоот ва бинохое, ки худсарона сохта шудаанд ва аз кайдхои давлати нагузаштаанд;
  • Хонахои истикоматие, ки моликияти давлат мебошанд;
  • Объектхое, ки дар чойхои дастнорас чойгир шудаанд ва хариду фуруши онхо имконнопазир мебошад (дехаву кишлокхое, ки дар баландкуххо чойгир шудаанд ва бинохое, ки роххои дурусти мошингард надоранд).

Мошинхо, дастгоххо ва тачхизоту воситахои наклиёти.

  • Мошинхои корношоям, дастгоху тачхизотхо, хатхои технологи ва дастгоххои техникии таъиноти махсус. 

 Ба сифати таъминоти гарав чунин амволхои манкул баромад карда наметавонанд:

  • Амволе, ки мухлати истифодабариаш дар давоми фаъолияти шартномаи карзи на зиёда аз 180 рузро ташкил медихад. (мисол: махсулотхои тезвайроншаванда, махсулотхои хурока, махсулотхои шири ва гушти, махсулотхои нимтайёр ва гайра;
  • Амволе, ки шароити махсуси нигохдориро талаб менамояд, яъне дар сурати риоя накардани ин талаботхо ба пастшавии сифати махсулот ё ин, ки ба нобудшавии он оварда мерасонад (ба ин талаботхо- харорати мукарраргардидаи бинои нигохдори, истифодаи чойхои махсусгардонидашуда, шароитхои махсусуи равшанидихи, фишори махсус ва гайрахо дохил мешаванд), инчунин дар холате, ки сугуртаи хавфи талафот/пастшавии сифати таркибии амвол, ки бо шароити махсуси нигохдори алокаманди дорад вучуд надоранд.
  • Амволи гаравии берун аз худуди Бонк чойгир буда, ки гузаронидани монитoринги он гайриимкон аст, ки ин бар хилофи талаботхои сиёсати гарави мебошад.

Инчунин ба сифати гарав баромад карда наметавонанд:

  • Сангхои кимматбахо ва чавохироти нодир;
  • Молхои санъат ва арзишхои бадеи;
  • Чизхои нодир;
  • Махсули фикри;
  • Намунахои тачрибавии коркарди саноати.

Мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон замин ба сифати гарав (таъминот) кабул карда намешавад. 

  • Талаботхои асосии нисбати амволи ба гарав гузошта шаванда (воситаи гарав).

Амволи гаравие, ки ба сифати таъминоти махсулотхои карзи аз тарафи карзгирандагон гузошта мешаванд бояд ба чунин талаботхои асосии чавобгу бошанд:

  • Гаравдех бояд хукуки истифодабарии амволи гаравиро (дар ин сурат розигии сохибмулк зарур аст) ё ин, ки хукуки сохибии онро дошта бошад, инчунин амволи гарав дар гардиши озод карор дошта бошад, яъне аз шахси сеюм вобастаги надошта набошад.
  • Амволи гарав бояд бозоргир бошад (зуд фурухта шавад ва кобилияти тез ба пул табдил ёфтанро дошта бошад).
  • Амволи гарави бояд барои Карзгир /Гаравдех воситаи пурарзиш махсуб ёбад.
  • Бонк бояд имконияти назорати воситаи гаравиро, инчунин дар холати зарури фуруши онро дошта бошад. 

Хамзамон талаб карда мешавад: 

  • Мавчудияти хуччатхои аслии тасдиккунандаи хукуки Гаравдех нисбати амволи гарави;
  • Амвол ва хукуки амволи бояд аз хукуки шахси сеюм озод бошад;
  • Набудани ухдадорихо аз тарафи Гаравдех дар назди андоз ва дигар ухдадорихои пардохтнашудаи бучави, ки ба амволи гарав алокаманди доранд.
  • Сугуртаи амволе, ки воситаи гарав махсуб меёбад ва дар холати зарури тибки талаботхои Сиёсати Гаравии Бонк мутобик ба конунгузории Чумхурии Точикистон аз тарафи Гаравдех/Карзгир дар амал татбик мегардад.
  • Хукуки истифодабари ба амволи дар гарав буда бояд дар макомотхои дахлдор кайд карда шаванд, ки хукуки кайди давлати ба амволи мазкурро ба вучуд меоранд;
  • Ба гарав гузошта шудани амволе, ки моликияти давлати хисобида мешавад, бо карори макомотхои давлатии дахлдор амали гардонида мешавад;
  • Нигохдории Гарав ва шартхои зарурии амволи багаравгузошташуда аз тарафи Гаравдех ба амал бароварда мешавад;
  • Имконияти муайян сохтани арзиши вокеии воситаи гарав (нисбатан бахогузории гарав дар мавриди кабули карор оиди додани карз ва хамчунин дар мархилаи истифодашавии кредит);
  • Назорат, ба осони муайян намудани мавкеи чойгиршавии амволи гарав, маълумот дар бораи хукукхои худ ба он ва сохибшудан ба амволи багарав гузошта шуда;
  • Имконияти назорат нисбати нигохдории сифати амволи гарав.
  • Гаравдех

Мутобик ба конунгузории амалкунандаи Чумхурии Точикистон Гаравдех шуда метавонанд: (КГ, мд. 364)

  • Худи карзгир ва инчунин шахси сеюм.
  • Сохиби амвол ё шахси дигаре, ки ба он хукуки сохибмулки дорад метавонад Гаравдех бошад.
  • Шахсе, ки хукуки сохибмулки ба амвол дорад мутобики кисми 2-и моддаи 312 КГ ЧТ метавонад берозигии сохиби он хамчун Гаравдех баромад намояд.
  • Шахсе, ки хукуки ба гарав гузориро дорад метавонад Гаравдех бошад.
  • Хукуки Гаравро ба ичора додан ё дигар амлиётхо тавассути гарав берозигии сохиби он ё шахсе, ки ба он хукуки сохибмулки дорад мумкин нест.
  • Гаравдех берозигии Гаравгир хукук надорад воситаи гаравро дар ягон амалиёт истифода барад. Тартиботи мазкур ба авмоли гарави дар гардишбуда вобастаги надорад. Дар сурати кор бо гарави дар гардишбуда Гаравдех хукук дорад, аниктараш, имконият дорад моли багаравгузошташударо ба фуруш барорад ва ё сохт ва намуди табии онро  тагйир дихад ба шарте, ки арзиш ва хачми умумии он тагйир наёбад. 

БОБИ 3. БАХОГУЗОРИИ АМВОЛИ ГАРАВ

3.1. Мукаррароти умуми

Баходихии амволи устувори гарави, яке аз мархилахои мураккаб ва пурмасъулияти татбики сиёсати гаравии Бонк махсуб меёбад. Хатоги дар баходихии гарав ба окибатхои манфи оварда мерасонад, ки ин барои Бонк  ва тарафи дигар «мизоч» гарони меоварад.

Амволи гаравие, ки баланд бахогузори мешавад, дар холатхои бухрони ба талафот оварда мерасонад.

Дар мавриди паст бахогузории амволи гарав хачми карздихи махдуд мегардад ва дар навбати хеш ба нагирифтани даромади дилхох мусоидат мекунад.

Чавобан ба овозахои пахн шуда дар хусуси он, ки барои пасттар бахогузори намудани гарав Бонк хо манфиат доранд, айни замон Бонк бештар аз хама дар баходихии вокеии арзиши амволи гарав хавасманд аст. Аз ин лихоз дар ин самт Бонк диккати махсус дода, барои баланд бардоштани тахассуси мутахассисони бахогузор, тахлилгарони бозори намудхои асосии амволи гарави ва дигар кормандони Бонк, ки ба баходихии амволи гарави Бонк  вобастаанд мусоидат мекунад.

3.2. Баходихии арзиши. Асос барои гузаронидани баходихи, максад ва натичахои баходихи.

Асос барои гузаронидани баходихи, ин аризаи мизочи боэътимод барои гирифтани махсулоти карзи ва хулосаи мусбии хукукии Бонк аз руи мачмуи хуччатхои гарави ба хисоб меравад. Максади гузаронидани баходихи ё азнавбахогузори ин муайян намудани арзиши бархамдихии амволи гарави мебошад. Асос барои муайян намудани арзиши бархамдихи-арзиши бозории(одилона) – амвол махсуб меёбад.

Баходихи ва азнавбахогузории амволи гарави чихати муайян намудани арзиши бозори аз чониби бахогузорандагони Бонк, хамчунин бахогузорандагони мустакил, ки дар назди Бонкичозатнома доранд (тафтиши пешаки барои тайёрии хукуки ва касби) ба рох монда мешаванд.

Арзиши бархамдихии амволи гарави танхо аз чониби бахогузорандагони Бонк , мутобики талаботхои сиёсати гаравии мазкур, нисбати арзиши бозори дар таносуби фоизи муайян карда мешавад. Дар натичаи баходихи хисобот тартиб дода мешавад, ки аз руи мазмун ва мундарича бояд ба конунгузории амалкунандаи Чумхурии Точикистон дар сохаи бахогузори мутобикат намояд.

Харочотхои бахогузори ва азнавбаходихи пурра ба зиммаи карзгиранда гузошта мешавад.

3.3.  Бахогузории  пардохтпазирии амволи гарав

Бонкбо рохи амаликунонии сиёсати гаравии дар боло зикр гардида, кушиш менамояд, ки сандуки гаравии бозоргир созад.

 Дар Бонк  ба сифати гарави асоси, амволи «пардохтпазир» кабул карда мешавад (дар навбати аввал амволи гайриманкули «пардохтпазир», баъдан тачхизот, воситахои наклиёт ва хоказо).

«Шартан- пардохтпазир» амволи гараве, ки танхо ба сифати гарав хамчун гарави иловаги кабул карда мешавад.

 «Пардохтпазири» яке аз мухимтарин сифатхои амволе, ки хамчун гарав ва объекти нархгузоришаванда шуморида шуда, объект кобилияти мубаддалшави ба воситахои пули бе талафот, яъне гум кардани арзиши аввала дар муддатхои муайянро дорад.

Намудхои асосии амволи гарав (амволи гайриманкул, воситахои наклиёт, мошинахо ва тачхизотхо) аз  нуктаи назари «пардохтпазири» ба се гурухи калон таксим карда мешавад:

  1. Амволи «Пардохтпазир»
  2. Амволи «Шартан- Пардохтпазир»
  3. Амволи «Пардохтпазир набуда» 

Баходихии пардохтпазирии амвол аз тарафи бахогузорандагони Бонк  гузаронида мешавад (шахс ва/ё шахсони мутасаддии Бонк , ки нархгузории арзишии амволи гаравро мегузаронад).

 Ба сифати нишондихандахои «пардохтпазири» муддати миёнаи дебоча (экспозисия) истифода бурда мешавад (мухлат аз санаи пешниходи объект барои фуруш ба таври озод бо арзиши комилан мувофик (одилона) то мухлати фуруш) дар мавзеъхои анику муайян (махал, нохия) барои объектхои хамон кисмати (сегмент) бозор, ки объекти бахододашаванда ва аз руи таркибу тавсиф монанд мебошанд.

      Хар як дарачаи «пардохтпазири»-ро метавон таносуб кардан ба вусъату андозаи муайяни дисконти (фоизи) гарав, ки барои коида ва тартиботи хисоб кардани арзиши «пардохтпазиранда» имконпазир мебошад.

Тавсиф ва нишондихандахои пардохтпазирии амволи гайриманкули гуруххои «Пардохтпазир» ва «Шартан- Пардохтпазир» бо максади гарав

Тавсифи пардохтпазири Нишондихандахои пардохтпазири
Гурухи пардохтпазири «Пардохтпазири» «Шартан»-«Пардохтпазир»
Мухлати миёнаи фуруш (экспозиция)-и объект, моххо 1-3 3-6 6-12 12-18 18-24
Пардохтпазири баланд миёна пасттар аз миёна паст Пасттар аз паст
Андозаи дисконти (фоизи) гарав % 25-30 30-40 40-50 Аз 50 ва пасттар аз он Аз 60 ва пасттар аз он
Коэффисенти пардохтпазири(Кл) объект, ки ба арзиши бозории объект зарб карда мешавад. 0,75-0,7 0,7-0,6 0,6-0,5 Аз 0,5 ва пасттар аз он Аз 0,4 ва пасттар аз он

Гуруххбандии мошинахо, тачхизотхо ва воситахои наклиётии  ба гурухи «Пардохтпазир» ва «Шартан»-«Пардохтпазир» дохилшаванда вобаста аз мухлати  фуруш ва дарачаи пардохтпазири

Тавсифи пардохтпазири Нишондихандахои пардохтпазири
Гурухи пардохтпазири «Пардохтпазир» «Шартан»-

« Пардохтпазир»

Мухлати миёнаи фуруш (экспозиция)-и объект, моххо 1-2 2-4 4-6 6-12 12-24
Пардохтпазири баланд миёна пасттар аз миёна паст Пасттар аз паст
Андозаи дисконти (фоизи) гарав % 25-30 30-40 40-50 Аз 50 ва пасттар аз он Аз 60 ва пасттар аз он
Коэффисенти пардохтпазири(Кл) объект, ки ба арзиши бозории объект зарб карда мешавад. 0,75-0,7 0,7-0,6 0,6-0,5 Аз 0,5-04 Аз 0,4 ва пасттар аз он

Тадричи (градация) пардохтпазири аз руи дарачабанди кулай, имкон медихад аз руи хар як дарачаи пардохтпазири барои такозои меъёри муайяни андозаи фоиз (дисконт) ва ташкили тартиби хисобкунии арзиши пардохтпазири.

БОБИ 4. ТАТБИКИ СИЁСАТИ ГАРАВИ

4.1. Макомотхои дахлдор. Татбики Сиёсати гарави ба Бонк , ки хамаи чора ва тадбирхои заруриро меандешад, вогузор карда мешавад, Дар навбати худ, Директори Бонк  барои дар амал татбик намудани ин масъалахоро ба зиммаи сохторхои дахлдор ва айни замон комиссияи бахогузори вогузор менамояд.  Назорат аз болои кори чунин сохторхои дахлдорро метавонад ба яке аз чонишинхои худ вогузорад.

Сохтори масъули Бонк , дар масъалаи амали гардонидани сиёсати гаравии мазкур Директори Бонк  буда, корбарии кумитаи карзи ва хамаи дигар сохторхои Бонк ро назорат мебарад, ки вазифаи асосиашон хамкори бо якдигар дар гузаронидани  амалиётхо мебошад.

4.2. Вазифахои кумитаи карзи

Кумитаи карзии Саридора ва Кумитаи карзии кисмхои дигар сохторхои Бонк , ки дар асоси Низомнома «Дар бораи Кумитаи карзии Бонкамал мекунанд, хайати идоракунанадаи Бонк  хисоб меёбад.

Кумитахои карзи дар худуди салохиятхои худ, дар вакти баррасии дархостхои мизочон ухдадоранд, ки таъминнокии карзхо, коэффисиенти бозоргирии одилона нисбати гаравхоро ба назар гирад ва карори худро барорад.

Раисони кумитахои карзи ва Рoхбарони дигар сохторхои Бонк барои ичро нашудани коидахои низомномаи мазкур шахсан чавобгари мебаранд.

БОБИ 5. ИДОРАКУНИ ВА НАЗОРАТИ САНДУКИ ГАРАВИ

5.1. Гуншави (консентратсия) ва меъёр

Чорабинихо оиди идоракунии сандуки гарави барои ба даст овардани  босуботи ва меъёри фоидаи пешгуишавандаи кобили кабул  бо назардошти хавфи карзи равона шудаанд. Дар раванди идоракунии сандуки гарави бояд ба гуншавии (консентрацияи) он (сандуки карзи) аз руи ин ё он аломат (намуд, мавкеи чугрофи, соха ва гайрахо) рох дода нашавад ва барои гузаронидани чунин  сиёсати гарави мусоидат намуд, ки он  окибатхои ногувори мавчудияти гуншавиро  (консентрация)  кам намояд.

Бо ин максад  тавсия дода мешавад, ки меъёрхои зерин барои сандуки гаравии Бонк , ки ба онхо бо назардошти холати вокеии баамаломада метавонанд ислох дароварда шаванд, риоя карда шаванд:

Гуншавии (концентрасияи) сандуки гарави,  меъёр аз руи таркиб ва дарачаи пардохтпазирии амволи гарав

Намуди амвол Махдудият аз руи вазни киёсии умумии сохтори таъминноки , % Эзох:
Аз руи таркиб Аз руи дарачаи пардохтпазири
Пардохтпазир Шартан- Пардохтпазир
1 гайриманкул На кам аз 75 На кам аз 80 На зиёда аз 20 Дар таркиби амволи гарави хар як мизоч
2 манкул На зиёда аз 25 На кам аз 70 На зиёда аз 30

Меъёрхои зикргардида тавсиядиханда буда, вокеан метавонанд нисбатан ба сандуки гаравии умуми, вобаста ба зарурият ва мувофики максад будани тичорат тагйир ёбанд.

Меъёрхо метавонанд тагйир ёбанд, вобаста ба хусусият ва натичахои татбик, хамчунин бо назардошти хавфи таъминноки.

5.2. Усулхои назорат                                  

            Дар Бонкду намуди назорат, ки дар вакти омузиш, маъкул донистан, ва дигаргунии шарту шароити карздихи кабул шудааст.

Мувофики сохтори амалкунандаи идоракунии Бонк , назорати ичроиши шартхо ва талаботхои сиёсати гарави, ба зиммаи Бек-офисхои сохторхои дахлдори Бонк ,  аз он чумла ба Шуъбахои карздихи,  ва ба аудиторони дохилии Бонк  вогузори карда шудааст.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …