Главная / Маданият ва санъат / ШЕЪРХОИ МИРСАИД МИРШАКАР

ШЕЪРХОИ МИРСАИД МИРШАКАР

ОТАШИ ИШК

Ба гумонам, ки чадди ман Зардушт,
На ба хар оташе садокат дошт,
Оташи ишкро парастиш кард
К-у ба дил нури зиндаги мекошт!

Шояд аз ин сабаб ман аз хурди
Оташи ишкро парасторам,
Дил фурузон бувад аз ин оташ,
Ман таб аз тобу сузи он дорам.

Дар дили хар касе фурузон шуд
Оташи ишку шуълахои умед,
То абад мекунад ба вай таъзим,
Сар фароварда аз фалак Хуршед!

mirsaid-mirshakar

ЧАШМХОИ ТУ…

Чашмхоят сиёху зебоянд,
Мисли хусни ту оламороянд,
Аз нигохат аён, ки чашмонат
Чашм не, нури чашми дунёянд.
Метавон дид бо чунин чашмон
Ин чахонро фасеху равшантар.
Чустучу мекунам ман аз чашмат
Бахти худро. Даме ба ман бингар,
Чашмхоят чи хубу зебоянд,
Госиби беамони дилхоянд.

ТУРО ДОДУ НАКУ ДОД

Табиат кадди барноро ба ту дод,
н о чашми шуху шахлоро ба ту дод,
Лаби гулгун, рухи зебо ба ту дод,
Ба ман танхо туро доду наку дод!

БАХОР ОМАД…

Чахон гулпуш аз файзи бахор аст,
Бахори ошикон дидори ёр аст.
Биё, бо хам равему гул бичинем,
Ки бе руи ту гул дар чашм хор аст.

НАМЕПУРСИ…

Миёни хар ду абруи ту хол аст.
Ба наздат омадан амри махол аст.
Намеои ба наздам гох-гохе,
Намепурси, ки шоир дар чи хол аст.

ДАР ДИДААТ ЧУЯМ ПАНОХЕ

Агар бигзаштааст аз ман гунохе,
Бибахшоям, азизам, бо нигохе,
Факат дар назди ту хастам гунахгор,
Факат дар дидаат чуям панохе,

ТИЛИСМИ ЗИНДАГОНИ

Тилисми зиндагониро шикастам.
Аз ин нангинкафас як умр растам.
Ман акнун мурги озоди замонам,
Лачоми зиндагониям ба дастам.

ТУРО МЕПАРАСТАМ

На бутро мепарастам, не худоро,
Туро танхо, азизам, мепарастам.
Ба уммеде ба куят сар ниходам,
Дилам бигзошта бар руи дастам.
Бигир аз дастам онро, дилбари кун,
Ки ман аз дасти он овора хастам.

МАЧНУН БИСОЗАД МАРО…

Азизам!
Табиат туро
Аз он дилбару дилрабо офарид,
Ки Мачнун бисозад маро.
Бароям туро офарид.
Вале чун нигохаш ба руят фитод
Ба якбора хушаш парид.
Хичил гашту дар куи ту сар ниход,
Вале сир надод…

ГУЛИ СУРХ…

Гули сурхе, ки хамранги рухи туст,
Тамошо кун, нихолаш бар лаби чуст
Нихолашро дар он чо ман шинондам,
Зи хар гул бештар медорамаш дуст.

ЧАХОНИ МОВУ ТУ

Чахони мову ту аз хар чахон бех,
Замони мову ту ,аз хар замон бех,
Барон халки кишвар хар чи хуб аст,
Барои мову ту, чоно, хамон бех!

УМЕДИ ФАРДО

Хар кас нарасад ба кадри имруз,
Асло накунад умеди фардо…

РУХИ ХУБИ ТУРО

Додаанд оро рухи хуби туро:
Бахти хуш,
Сидку вафо,
Шарму хаё!

МОХИ ШУГНОНИЯМ

(Суруд)

Эй мохи шугнониям,
Лаъли бадахшониям,
Эй чон,
Эй чонам,
Ба ту курбонам,
Ёраки кухистонам.

Ман садкаи чашмонат,
Афтодаам дар домат,
Хайхот!
Ай чонам,
Аз нав нишонам
Бар тири мижгонат.

Мохваши дилрабо,
Бурдаи диламро,
Эй чони ман.
Ошики шайдоям,
Эй гули раъноям,
Хохам туву ман
Шинем дар чаман,
Ераки гулпирахан.

Эй гули себи Шугнон,
Ахдатро карди вайрон,
Охир, аз паймон
Гашти пушаймон,
Хуб нест ин корат,
Эй чон!
Эй гул, пушаймон машав,
Чонам, аз наздам марав,

Бе ту
Бетобам,
Шабхо
Бехобам,
Бо чашмони пуробам.

Рахм намо бар холам,
Эй бахту икболам,
Эй чони ман.
Ин газали Миршакар,
Тухфаи ту лабшакар,
Эй чон
Эй чонам,
Ба ту курбонам,
Ёраки кухистонам.

ШИРИН, ШИРИН

(Суруд)

Ширин, ширин,
Ширинтари аз чони ширин.
Ширин, ширин,
Ширинакам ба пахлуям шин.

Ба дил чо шав, ки гам аз дил барояд,
Табассум кун, ки гам дигар наояд,
Хамеша ду дили якгаштаи мо
Суруди шодии моро сарояд.
Н а к а р о т:
Дарои дар гулистон мисли булбул.
Ба ракс ояд гули садбаргу сунбул.
Чи сон гул бе ту хандад дар гулистон,
Туи, эй нозанинам, чехраи гул.
Н а к а р о т:
Ба бахти мову ту, эй дилбари чон,
Хамеша сабзу хуррам шахри пуршон,
Накардаст одат ин шахри азизам
Ки бе ту по нихам дар кучаи он.
На к а ро т:
Махи Шугнон, хамеша гул ба сар бош,
Ба фаркам човидони чилвагар бош.
Нависад Миршакар дар васфи ту шеър,
Ба вай илхомбахши бохунар бош!

БИШНАВ ЧИ МЕГУЯМ ТУРО

Сабр кун,
Бишнав чи мегуям туро,
Ин кадар бехуда ашкатро марез.
Рафта будам дар сафар, боз омадам,
Хат накардам гар, сабаб дорад, азиз.
Хат ба хар кас метавонам кард, лек
Дил ба хар кас доданам мушкил бувад.
Кас чи сон, чонам, фаромуш мекунад
Дилбареро, ки умеди дил бувад?

ИШКУ АМАЛ

Фасли хуби бахор,
Сохили Вахш,
Сабзаю лола буду боди сахар…
Менишастем хар ду дар гулзор
Бе маю бе пиёлаю согар.
Масти дидори якдигар гашта
То дами субхи нав намехуфтем,
Рози дилро ба зери пардаи шаб
Фош кардему як ба як гуфтем.

То сахар хамсадои мо буд Вахш,
Роз бо мавч гуфта мечушид.
Аз паси куххои сабзбадан
Сар баровард бехабар хуршед…
Бо дили пур зи орзую умед
Чониби Вахш—неъмати кухсор,—
Бо суруди сахар равон гаштем,
Мисли хар субхдам, ба манзили кор
Ёри мо буд бахти мо…
Оре!

Зиндаги бебахотарин гухарест!
Лек бе орзую ишку амал
Зиндаги дашти хушки бесамарест!

ГУЛИ МАГНОЛИЯ

Ба вакти хайрухуш дар сохили бахр
Гули магнолия дода ба дастам,
Табассум карда, рафти.
Он чи сир буд,
Ки бо як ишваат доди шикастам,
Диламро банда карди бо табассум?
Агар чанде пас аз як рузи дигар
Гули магнолия пажмурда гардид,
Вале пажмурда харгиз менагардад
Ба лавхи дил гули паймону уммед,
Ки онро зинда карди бо табассум.

ЗУХРАИ МАСТ

Зухраи сехрноку мастура…
То парам тезтар ба чониби он,
Гул фиристодамаш, никобашро —
Канда партофтам ба амри замон.
Дар тааччуб фитода з-ин чуръат,
Зухраи маст суи ман нигарист!
Рашк бурда, азизи ман бо кахр
Дод зад: «Ин хунукситора кист?»
«Зухра»,— гуфтам.
Бигуфт: «Зухра манам!»
Гуфтам: «Эй Зухраи замин, бингар
Суратат дида, сар фаровардаст
Зухраи оомони нилуфар…»

РАШК БИНМУДА…

Рашк бинмуда ман аз холи лабаш пурсидам:
Ки бигуй, эй хинду
Посбони шакари?
Ё ки торочгари лаъли лабаш?
Е харду?
Холи лаб фахркунон,—
Гуфт:
— Хокистари як ошики овора ба руи оташ.

ОФАРИДАМ ТУРО

Эй бут, эй сояи хаёлотам,
Офаридам туро, ки дар шаби тор
Шамъи рохам шави,
Вале, хайхот
Садди рохам шуди ту дар хар кор.
Ман бибояд туро зи нав шиканам,
Нахурам то фиреб дигар бор…

БИГЗОР МОНАД

«Сафеди хаст дар муи сари ту,
Бикан онро!»—зи ман хохиш намуди.
Чаро онро канам?
Бигзор монад, —
Нишон з-он дам, ки аз ту дур будам.

ФАСЛИ ГУЛ

Хама чо сабзу хурраму гулпуш,
Гарми ракс аст лола дар сахро.
Гарчи пирам, нарафтааст аз дил
Оташи ишку орзую вафо.
Мекунад ханда бар лаби чубор
Суи ман хар сахар гули наргис.
Медихад мужда, ки расид бахор
Фасли гулхез шуд, зи чо бархез!
Фасли гулхез шуд…
Ба ёдам хаст,
Он сахар ки ба хам дучор шудем,
Бори аввал гирифта даст ба даст,
Суи гулзор рахсупор шудем.

ГУЗАШТА ВА ОЯНДА

Гирам падари ту буд, фозил
Аз фазли падар туро чи хосил?
Саъдй
Оре, чу кадам ба пеш монам,
Созам ба кафо назар гахе ман,
Аммо набувад муродам аз ин
Хар дам ба гузашта сачда кардан.
Максудам аз ин нигах хамин аст
Бинам баду неки худ дигар бор.
То сахву хатой рузи рафта
Фардо нашавад дубора такрор.
Алхак, ки гузаштагони мо низ
Бо фахр гузаштаро сутуданд.
Оянда гули умедашон буд,
Побанди гузаштагон набуданд.

ЧАХОН РОЗ АСТ

Асрори азалро на ту дониву на ман.
Умари Хайём
Манам инсону фарзанди замонам,
Чахон роз асту ман кашшофи онам,
Агар ин кор аз дастам наояд,
Ба души зиндаги бори гаронам.
* * *
Вучуди ман шахиди сузу соз аст,
Чахони ман пур аз накшуда роз аст,
Барои банди хар розаш кушудан
Талошу ранчи ман дуру дароз аст.
* * *
Агарчи аз азал будам замингир,
Маро хуршедпарвар кард такдир.
Фалак дар хайрат аст аз хикмати ман,
Ки то хуршед рах бикшодам охир.
* * *
Аё мурги сахар, бинмой парвоз,
Расон бар Хофизи хушхони Шероз,
Ки вакти хушёри бар ситора
Намудам хукму кардам бар фалак ноз!

ДИЛИ БЕКАРОР

Боз чун хар субхдам биншастаам
Руи санге, бар лаби Бахри Сиёх.
То шавад ором дил, дил бастаам
Ман ба ин бахри азиму мавчхо…

Худсарона мевазад боди бахор,
Нарму форам…
Чониби ман хар замон
Мавчхои хешро беихтиёр
Мефиристад бахри шуху бекарон.

Аз вазидан монд боди дилкушо,
Мавчхо гаштанд гоиб аз назар.
Бахр хам ором шуд…
Охир, чаро,
Эй дили ман, бекарори ин кадар?

Не!
Дар ин чо дил намеёбад карор.
Хайр
Эй базфи азим, эй мавчхо.
Боз дар бахри бузурги рузгор
Орзу дорад дилам созад шино.

ЧАРО ЧУН ШАМЪ СУЗЙ?

Чаро чун шамъ сузй?
Бебако уст,
Ки андар оташаш маргаш нихон аст.
Ту аз Хуршед омуз ин хунарро,
Ки месузад валекин човидон аст!

ЧУСТУЧУ ДОРАД ДИЛАМ

Зинда кун дар сина он сузе, ки рафт,
Дар чахон, боз овар он рузе, ки рафт
Икбол
Амр карди:
«Зинда кун сузе, ки рафт,
Дар чахон, боз овар он рузе, ки рафт!»
Хар чи фармои ба чашм!
Аммо шунав,
Арзи ин чуяндаи асрори нав:
Сузи навро орзу дорад дилам,
Чои он сузе, ки рафт,
Рузи навро чустучу дорад дилам,
Чои он рузе, ки рафт!

ЗАМИН САЙЁРА АСТ

Рузу шаб бедор хастам,
Дар дилам,
Шамъи ишку орзу афрухта,
Чониби сайёрахову коинот
Асрхо шуд, ки нигохам духта.
Лек медонам, ки дар сайёрае
Бахри кашфам олиме овора аст.
Чунки бахри коинотхои дур
Коинотиям, Замин сайёра аст.

КИСМАТИ ОСМОН БА ДАСТИ МОСТ

Шуд кухан киссае, ки мегуфтанд:
«Кисмати хокиён ба дасти самост»
Баъд аз ин фахр карда, бояд гуфт:
— Кисмати осмон ба дасти мост!

ОДАМ…

Одами оддиям!
Шунав, Одам,
Бахри бахту саодатат шабу руз,
Хар чи омад зи дасти ман, кардам…
Пир гаштам.
Намехурам афсус,
Ки чавонии хеш бахшидам
Ба диёрам, ки у чавон гардад,
Ташналаб будаму бикушидам,
Об дар чуи у равон гардад.
Ранч бурдам на аз барои ганч,
Ранч бурдам на бахри шухрати хеш,
Ранч бурдам, ки то чу руди Панч
Биравад халки ман хамеша ба пеш.
Нигахам духта ба оянда,
Кор кардам барои бахти Ватан.
Сарфарозам, нарафт бехуда
Мехнату гайрати чавонии ман!

ГУЛИ УММЕДИ ДИЛХОЙ

Бинокори чахони нав!
Чахон бо ту сарафроз аст,
Дилам, шеърам,
вучудам бо ту хамовозу хамроз аст,
Гули уммеди дилхои,
Фуруги чашми бинои.
Ба истикболи хуршеди саодат рохпаймои.
Матарс аз мушкилихои сафар,
Аз рохи нохамвор,
Матарс аз неши хор,
Аз хавли дашт,
Аз дахшати кухсор.
Замон бо ту!
Кадам бебоктар нех, эй накуоин,
Чахон бо ту!
Кадам чолоктар нех,
Амри вакт аст ин!

ИНСОН

Асрхо боз чустучуйкунон
Ру ба хуршед дар сафар хастам.
То шавад мушкилоти рах осон,
Мекунам, хар чи ояд аз дастам.
Рахи хуршеди бахт нохамвор,
Рахи хамворро намечуям.
Гарчи дар пеш куллаи бисёр,
Даст аз максадам намешуям.
Пои худ хеч гах намемонам
Ба рахи тайнамудаи дигарон.
Рахкушо аз барои инсонам,
3-ин сабаб номи ман бувад Инсон.

БО НИДОИ ТУ

Ин хакикат бувад, ки кураи арз
Гирди хуршед бе ту хам мегашт,
Бе ту хам бахр буду дарё буд,
Чангалу лолазору куху дашт…

Лек бе ту чахону хастии он
Зишту носуфта буду беколиб,
Дагалу сард буду худсар буд,
Бекасу бенизому бесохиб.

Бо нидои ту орзую ишк
Бо нидои ту чустучую амал
Машъали гайрати чавони шуд,
Гавхари точи зиндагони шуд!

Зиндагиро ту зиндаги карди,
Хусни дигар ту доди бар олам,
Байраки ифтихори дунёи,
Эй худованди олам, эй Одам!

БА ОСМОН ПАРДОХТАМ МАН

Ту кори Заминро наку сохти,
Ки бо осмон низ пардохти?
Саъди
Бале, бо осмон пардохтам ман,
Фалак аз чуръатам гардид хайрон!
Маро дар ин сафар хамроху хамкор,
Тавоно офтоби акли Инсон…

Бихохам, ки ба даст орам ба ёриш
Дили сузони Хуршеди чахонро
Ба теги илму хикмат пора карда,
Кушоям рози оташбори онро.

Фалакро нотавону мот созам,
Набардорад ба касдам сар дигар бор.
Расонам дасти худ бар чархи гардун,
Бифармоям, ,ки бо амрам кунад кор…

Бале, бо осмон пардохтам ман,
Валекин такягохи ман замин аст.
Бихохам, ки шавад кораш накутар,
Мурод аз кушиши ман хам хамин аст.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …