Главная / Чамъият / ШАРИАТ – МАЧМУИ КОНУНХОИ ИСЛОМИ

ШАРИАТ – МАЧМУИ КОНУНХОИ ИСЛОМИ

Шариат чист? ШАРИАТ маънии рохи дуруст, конун, мачмуи коидахоро, ки ичрояшон хатми аст, дорад. Он аз мачмуи таърифот, конуну коидахое аст, ки ичрои онро Куръони карим ва суннати набави муайян мекунад, ахлоку рафтор, тасаввуроти мусулмононро дар бораи хаёти дуняви ва ухрави фаро мегирад.

Кабл аз хама мутобики оёти Куръони карим рохи дуруст /сироти мустаким/ ва рафтори шоистаи мусулмононро муайян  месозад, ки ба ичрои ахкоми шаръи мусулмонон ба хадди камоли ахлоки, саодати дуняви ва ухрави расида, ба бихишт мераванд. Манбахои шариат Куръони карим ва аходиси набави мебошад. Дар мавриди манобеъи шариат дар байни мусулмонон гуногуни акида вучуд дорад. Масалан, зохирихо танхо он оётеро саршачмаи шариат медонанд, ки дар онхо ин ё он рафтору тасаввуротро ошкоро баён кардабошанд. Аксари гайр аз манобеъи зикршуда, шархи факехонро дар бораи ин ва ё он коидаю конун чун манбаъ дохил мекунанд.

shariat

Онхо таъкид менамоянд, ки масъалахои гуногун ва тасаввуроти норавшан ба воситаи иттиходи уламои дин муаян мегардад, зеро Куъон ва суннат хамаи коидаю конун, рафтори мусулмононро дар хар мавриди зиндаги фаро гирифтаанд, васоити онхоро дуруст фахмида, дарк кардан лозим аст.

Шариат мачмуи акоид, ибодот, муомилот ва ахлок аст. Аз руи шариат амалу рафтор тасаввурот ба халолу харом чудо м ешавад. Он чи аст /ал-амру-би-л-маъруф/ ва инсонро аз амали харом шариат манъ м екунад /ан-нахю- ани-л-мункар/. Хар он ки ба харом даст мезанад, лобуд рафтори зишту бад содир менамояд ва баръакс, хари ки рафтору кирдор ва андешааш ба халол аст, кори неку хайр карда, савоб мегирад.

Аз мачмуи амалу рафтор корхое хаст, ичрои онхо ба хар як фарди мусулмонон хатми, яъне фарз аст. Он кабл аз хама ичрои аркони ислом:

калимаи шаходат, панч вакт намоз, рузаи мохи шарифи рамазон, закоти молу хачро дар бар мегирад. Амалхои дигар хастанд, ки аз ичрои онхо дида, ичро накарданашон бехтар аст ва аъмоле хаст, ки мусулмон аз онхо манъ карда шудаанд, он барои хар шахси мусулмон харом аст. Шариат нисбат ба хар як навъи аъмоли мазкур меъёрхои муаян ва дар сурати саркаши, чазохои аъмоли худро дар охират мебинанд. Шариат на танхо рафтору кирдори некро таргиб менамояд, балки онро ба воситахои гуногун кушиш менамояд, ки дар чомеа чори кунад.

Супориш ва саволхо

  1. Мувофики шариати мусулмони кадом рафторхои ношоям маккум мешаванд?
  2. Шумо ва дар оилаи Шумо кадом акоиди шариат риоя мешаванд?

 

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

paydoishi-islom

ПАЙДОИШИ ИСЛОМ

Дини ислом дар нимчазираи Арабистон дар иклими Хичоз ба вучуд омад. Дар таърих замони пеш …