Главная / Ҷамъият / ШАРИАТ – МАҶМЎИ ҚОНУНҲОИ ИСЛОМӢ

ШАРИАТ – МАҶМЎИ ҚОНУНҲОИ ИСЛОМӢ

Шариат чист? ШАРИАТ маънии роҳи дуруст, қонун, маҷмўи қоидаҳоро, ки иҷрояшон ҳатмӣ аст, дорад. Он аз маҷмўи таърифот, қонуну қоидаҳое аст, ки иҷрои онро Қуръони карим ва суннати набавӣ муайян мекунад, ахлоқу рафтор, тасаввуроти мусулмононро дар бораи ҳаёти дунявӣ ва ухравӣ фаро мегирад.

Қабл аз ҳама мутобиқи оёти Қуръони карим роҳи дуруст /сироти мустақим/ ва рафтори шоистаи мусулмононро муайян  месозад, ки ба иҷрои аҳкоми шаръӣ мусулмонон ба ҳадди камоли ахлоқӣ, саодати дунявӣ ва ухравӣ расида, ба биҳишт мераванд. Манбаҳои шариат Қуръони карим ва аҳодиси набавӣ мебошад. Дар мавриди манобеъи шариат дар байни мусулмонон гуногуни ақида вуҷуд дорад. Масалан, зоҳириҳо танҳо он оётеро саршачмаи шариат медонанд, ки дар онҳо ин ё он рафтору тасаввуротро ошкоро баён кардабошанд. Аксари ғайр аз манобеъи зикршуда, шарҳи фақеҳонро дар бораи ин ва ё он қоидаю қонун чун манбаъ дохил мекунанд.

shariat

Онҳо таъкид менамоянд, ки масъалаҳои гуногун ва тасаввуроти норавшан ба воситаи иттиҳоди уламои дин муаян мегардад, зеро Қуъон ва суннат ҳамаи қоидаю қонун, рафтори мусулмононро дар ҳар мавриди зиндагӣ фаро гирифтаанд, васоити онҳоро дуруст фаҳмида, дарк кардан лозим аст.

Шариат маҷмўи ақоид, ибодот, муомилот ва ахлоқ аст. Аз рўи шариат амалу рафтор тасаввурот ба ҳалолу ҳаром ҷудо м ешавад. Он чи аст /ал-амру-би-л-маъруф/ ва инсонро аз амали ҳаром шариат манъ м екунад /ан-наҳю- ани-л-мункар/. Ҳар он ки ба ҳаром даст мезанад, лобуд рафтори зишту бад содир менамояд ва баръакс, ҳари ки рафтору кирдор ва андешааш ба ҳалол аст, кори неку хайр карда, савоб мегирад.

Аз маҷмўи амалу рафтор корҳое ҳаст, иҷрои онҳо ба ҳар як фарди мусулмонон ҳатмӣ, яъне фарз аст. Он қабл аз ҳама иҷрои аркони ислом:

калимаи шаҳодат, панҷ вақт намоз, рўзаи моҳи шарифи рамазон, закоти молу ҳаҷро дар бар мегирад. Амалҳои дигар ҳастанд, ки аз иҷрои онҳо дида, иҷро накарданашон беҳтар аст ва аъмоле ҳаст, ки мусулмон аз онҳо манъ карда шудаанд, он барои ҳар шахси мусулмон ҳаром аст. Шариат нисбат ба ҳар як навъи аъмоли мазкур меъёрҳои муаян ва дар сурати саркашӣ, ҷазоҳои аъмоли худро дар охират мебинанд. Шариат на танҳо рафтору кирдори некро тарғиб менамояд, балки онро ба воситаҳои гуногун кўшиш менамояд, ки дар ҷомеа ҷорӣ кунад.

Супориш ва саволҳо

  1. Мувофиқи шариати мусулмонӣ кадом рафторҳои ношоям маққум мешаванд?
  2. Шумо ва дар оилаи Шумо кадом ақоиди шариат риоя мешаванд?

 

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …