Главная / Маданият ва санъат / ШАМСУДДИН ШОХИН

ШАМСУДДИН ШОХИН

Шамсуддин Мухаммад махдуми Шохин соли 1859 дар Бухоро, дар оилаи мулло Амони Хатлони таввалуд шудааст. Мулло Амони Хатлони дар овони чавони барои илмомузи ба Самарканд омада, баъди ду соли тахсил азми Бухоро намуда, дар ин маркази илмию адабии Мовароуннахр мадрасаро хатм мекунад. Пас аз хатми мадраса Мулло Амон чанд муддат дар яке аз мадрасахои Бухоро мударриси хам кардааст. Шохин баъдхо дар маснавии «Тухфаи дустон» гамхории волидайнашро дар бораи худ аз забони падараш чунин ёдовари мекунад:

Агарчанд умрам ба хафтод рафт,

Кунунам гами пири аз ёд рафт.

Падар чун ба модар суруд ин калом,

Ба тахсили илмам намуд эхтимом.

Шамсиддин Шохин хангоми мактабхони тахминан дар хашт ё нухсолаги ба шеър гуфтан шуруъ кардааст. Инчунин, у дар хушнависи махорати том дошта, баъди хатми мактаб падараш ин хунари Шохинро дида, вайро пешаи мирзои меомузонад. Хаттотон нозукихои ин пешаро ба Шохин ёд медиханд. У тули ду-се соли шогирди тарзи хатнависи ва иншоро хуб ёд мегирад. Баъдтар дар синни 15-16- солаги Шохин барои тахсили илм ба мадраса дохил мешавад.

Падару бобоёни Шохин аз тоифаи ахли фазлу адаби Хатлон будаанд. Баъдтар падари Шохин ба Самарканд ва аз он чо ба Бухоро меояд, ки максадаш танхо тахсили илм будааст. Аз руи ишораи сарчашмахои ин аср, Шохин фарзанди хурдтарини хонадон мебошад ва аз баъзе ишорахои шоир маълум мешавад, ки дар хонадони онхо духтаре хам ба дунё омада будааст. Зеро Шохин вафоти хохарзодахои худро дар як китъаи таърих ишора мекунад:

Таърихи фавти хар ду зи Шохин бихостанд,

Маъсумаву Муаззама гуфту кашид ох.

Ин чо моддаи таърих 1300 мешавад, ки ба соли 1883 мелоди баробар аст.

Баъд аз хатми мадраса Шамсуддин Шохин чанд гохе имомати низ мекунад. Шоир дар «Тухфаи дустон» 87сол умр дидани падарашро таъкид кардааст. Таъмини рузгор пас аз вафоти падараш бар ухдаи у меафтад. Дар ин айём яке аз шайхони Бухоро – Абутохир Зарири Чуйбори ба шоир хаматарафа ёри мерасонад. Ба ин маъни Шохин мегуяд:

Шукри Худо, ки чун падар аз ман канора чуст,

Шуд илтифоти хочаи офок ёварам.

Вале баъд аз чанде Зарири Чуйбори низ вафот мекунад ва Шохин дар ин бора низ дар як тарчеъбандаш, ки ба номи козикалони Бухоро – Бадруддин навиштааст, мегуяд:

Он ки буди маро ба чои падар,

Рахт барбаст аз ин сароча бадар.

Ман дар ин кунчи узлат аз гами у

Чун сипанде, ки сухт дар мичмар.

Ман ятиму туи карим, зи лутф Бармадор аз ятими хеш назар.

Дар хар сурат козикалон низ ба шоир то ба хадде ёрии моддии хешро дарег надоштааст, зеро баъзе ишорахои Шохин ба он гувоханд. Аммо касби имомати Шохинро конеъ кунонида наметавонад ва у дар баъзе шеърхои худ ин холро шарх додааст:

Сохибо, гар накунад арзи ман эчоби малол,

Аз имомат кадаре шарх дихам сурати хол.

Хафтае нест, ки андар паи наъше наравам,

То сари пушта зи масчид ману кавм аз дунбол.

Аз сари куча гар овози муаззин ояд,

Ба умеди хабари мурда кунам истикбол.

Гах занад ханда ба ман ходиму гах кадбону,

Гах нихад таъна ба ман суфию гах оксакол.

Хукми хар масъала гуфтам чи савобу чи хато,

Нони хар моида хурдам чи харому чи халол!

Нест суре, ки дар у ман наравам чун лули,

Нест суге, ки дар у ман наравам чун гассол.

Хар чи хосил шавад аз мурдаву аз зинда маро,

Бе таваккуф равад аз даст чу об аз гирбол.

З-ин хама бори гаму гусса, ки дар дил дорам,

Синаи ман шуда чун мухраи нушби хаммол.

Аз ин шеър маълум мегардад, ки рузгори Шохин аз нигохи модди чандон мувофики максуд набудааст. Аз ин ру, дар ин касб чандон зиёд машгул нашудааст. Баъдтар аз соли 1885 сар карда чанд гохе яке аз мукаррабони дарбори амир мешавад.

Абдулахад ба хизмати мирзои Шохинро пазируфта, у дар дарбор хамчун хушнависи машхур ва хаттоти номи маълум мегардад. Парвоначии дарбор – Абдулкодир шоири чавонро хамачониба месанчад. Яъне на танхо касби уро, балки илму дониш ва фазилату истеъдоди Шохинро пай бурда, вайро хамчун фарзанди худ эхтиром менамудааст. Хатто бо дахолати парвоначи Шохин дар ситоиши Абдулахад касидахо низ менависад. Ин холат хасудони Шохинро бедортар менамояд ва онхо ба шоир фишор меоваранд. Аз тарафи дигар, бо фармони амир Абдулкодири парвоначи хокими Шеробод таъин карда мешавад ва у аз Бухоро меравад. Дарбориён аз фурсат истифода намуда ба Шохин сахттар хучум мекунанд. Ин аст, ки парвоначи Абдулкодир бо бахонаи химояи Шохин ба у духтарашро хонадор менамояд. Домод шудан ба хокими Шеробод Шохинро аз хамлаи хасудон то андозае эмин мегардонад. Аз тарафи дигар, амир Абдулахад низ ба Шохин аз наздик шинос гардида, донишу махорати шоирро хис намуда, мехохад уро хамсухбати бевоситаи худ намояд. Амир чунин хам кард ва хатто дар сафархояш Шохинро бо худ гирифта мебурд.

Дар ин миён завчаи шоир вафот мекунад ва ин мусибат ба Шохин таъсири сахт менамояд. Аз тарафи дигар, Шохин баъзе нуксонхои мушохидакардаи худро мехохад, ки таввасути панду андарз бевосита ба худи амир расонад. Бинобар ин у асари «Тухфаи дустон»-ро менависад ва мехохад ба ин восита баъзе нуксонхои чиддиро нишон бидихад. Аммо ин ба амир Абдулахад писанд намеояд.

Каме пештар аз ин Шохин достони «Лайли ва Мачнун»-ро таълиф намуда буд. Мувофики ахбори сарчашмахо, шоир ин достонашро дар вафоти завчаи худ-духтари Абдулкодири парвоначи эчод кардааст. Санаи таълифи достони «Лайли ва Мачнун» соли 1305 (1887-1888) буда, асар зохиран ба амир Абдулахад эхдо шудааст. Аз баъзе фахрияхои Шамсиддин Шохин бармеояд, ки у басо окилу фарзона, донишманду заки, фозилу доно будааст:

Ман аз ин вокеа бишкуфтаму гуфтам, ки манам,

Истикоматчии дарбори шаханшохи чахон.

Чун шуниданд хадиси ман аз чумла касе,

Натавонист намудан ба камолам китмон.

Алхак, аз халки чахон гуи фатонат бурда,

Хар ки шуд ходими ин боргахи файзрасон.

Албатта, Шохин дарборро аз руи зарурат «боргахи файзрасон» мегуяд.

Агар эчодиёти Шамсуддин Шохин нозуку дакик омухта шавад, пай бурдан душвор нест, ки аз огози солхои 90-уми асри XIX дар лирикаи у охангхои шикояти, майлхои хеле кавии танкиди кувват гирифтаанд. Намунаи чунин охангхову майлхо, ки боз тобиши фахрияви низ гирифтаанд, газали зерини Шохин шуда метавонад:

Сухан хар он чи ки хуштар бувад, манаш гуфтам,

Гухар хар он чи ки бехтар бувад, манаш суфтам.

Вале чи суд, ки умрам ба гунчаги бигзашт,

Ба бод рафтаму чун гул ба бог нашкуфтам.

Надидам ин хама хосил зи рузгори вучуд,

Чуз ин кадар, ки ба шоми адам фуру хуфтам

. Набаста сурати чамъияте ба худ Шохин,

Зи тундбоди ачал чун губор ошуфтам.

Албатта, ин бесабаб набуд. Шоир дар ин давра ба асари оламшумули Ахмади Дониш «Наводир- ул-вакоеъ» ошнои пайдо намуда буд. Мутолиаи асар тафаккури сиёсии адибро кавитару гиротар намуд. Чуръати Шохин аз таълифи «Тухфаи дустон» таквият пайдо менамояд. У хатто бевосита ба худи амир мурочиат намуда мегуяд:

Ту бишнав манорам сухан дар суруш,

Ки аз ахди пешин барояд хуруш.

Гахе мадх, гах панд гуям туро,

Рахи расми неки бичуям туро.

Ва гар харфи талхе ба маъчуни панд,

Сириштам чу Сабри Сакутар ба канд.

Ба нафъаш нигар, не ба талхии он,

Ки талх оварад суду ширин зиён.

Гар аз панд холи бувад мадхи шох,

Масал осмонест холи зи мох.

Чунин тарзи тахаввули фикри амирро водор намуд, ки дар хусуси ин шоири чавон андешаи дигар дошта бошад. Ин тарзи баёни андеша миёни шоиру шох мухолифати фикрро тезонд. Шояд яке аз сабабхои нотамом мондани маснави низ хамин низоъи шоир бо шох бошад.

Бо вучуди ин хама Шохин аз эчоди адаби даст накашид. Танхо инро хам хис кард, ки тавассути хикмату панд, мавъизоту андарз акидаи ин амирони чахилро тагийр дода намешавад. Бинобар хамин хам Шохин асари дигари худ – «Бадоеъ-ус-саноеъ»-ро таълиф намуд.

Мо ошноии комил пайдо намудани Ахмади Донишро аз як маснавии хурди у, ки дар охирхои умраш навишта буд, пай бурда метавонем. Зеро Шохин аз мадху санои салотин ва амирон сахт мутаассир гардида, пушаймонии худро чунин изхор кардааст:

Ду-се руз чуёи эхсон шудам,

Сарояндаи мадхи дунон[1] шудам.

Бибурдам ба ороиши назм ранч

В-аз он кардам офокро пур зи ганч.

Хареро Масехо насаб рондаме, Суро[2]

Сурайё[3] лакаб хондаме.

Сагеро, ки чома дариди ба дев,

Фаришта аз у даргирифти гирев.

Чунон барзадам сирати мардуми,

Ки гуи назода чуз у одами.

Камоле, ки аз хар фан омухтам,

Ба тавсифи бедонишон сухтам.

Ба подоши он нуктахои баланд,

Ба по кайдам уфтод, дар халк банд.

Турушчабхагон сирка ангехтанд,

Сириштанду дар коми ман рехтанд.

Нагуфтанд, к-ин ринди ширинзабон,

Табарзад[4] ба мо карда буд армугон.

Ба лавзинааш[5] сир чун афканем.

Чаро шири софи ба хун афканем?

Шохин нимахои аввали солхои навадум ба дарбор сахттар чалб карда шуда буд. Уро дар хар як сафари дуру наздики хеш амир хамрох мебурд. Бар болои ин шоир ба бемории сил мубтало гардида буд. Боре дар яке аз сафархои амир, ки Шохин бо шох хамрох буд, холаш хеле бад мешавад. Ин сафари навбати ба Карши буд. Амир уро дар Карши гузошт ва Шохин соли 1894 дар хамон чо вафот намуд. Оромгохи шоир дар шахри Карши вокеъ гардидааст.

[1]     Дунон- нокасон

[2]     Суро – кабати пасти замин

[3]     Сурайё – ситораи парвин

[4]     Табарзад – набот

[5]     Лавзина – халво.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

mechet-dushanbe-2

Масчиди нав-калони шахри Душанбе

Масчиди калонтарини шахри Душанбе яке аз мачитони калонтарини дунё ва аз хама бузургтарин дар Осиёи …