Главная / Гуногун / Ривоят оиди Абдуллох ибни Умар

Ривоят оиди Абдуллох ибни Умар

Абдуллох ибни Умар (раз) ривоят кунад аз Расулуллох, (с), ки: “Хар ки ба зиёрати кабри модару падари худ равад, фариштагон ба зиёрати кабри вай оянд».

Абухурайра (раз) аз Расулуллох (с) ривоят кунад ки: “Хар ки дар рузи чумъа як бор ба зиёрати кабри модару падари худ равад, омурзиш ёбад ва номи у аз аброр[1] шавад»[2] .

Дар зиёрат ба такбиру салавот ва дуо ва тиловати Куръони Мачид машгул шавад, на ба навхаву суханони носавоб, ки эшон (мурдагон)-ро аз он ранчу азоб бувад. Дар тафсири «Мугни» омада, ки: Хар кас, ки зиёрати кабри модару падари худро кунад ва эшонро дуо кунад, Хак таоло хамаи гунохони вайро биёмурзад ва бар падару модари вай рахмат кунад.[3]

[1] Аброр – некукорон.

[2] Хамчунин дар китоби «Хайрату-л-фукахо» меорад, ки: “Хар ки дар рузи чумъа кабри падару модарро зиёрат кунад, Хак таоло уро савоби дах хач бидихад».

[3] «Риёзу-н-носехин». Сах 199.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

alai-modar

Аллаи Модар

Матни суруди – Шеъри АЛЛАИ МОДАР Бибичони дилбаста, Дар руйи кат нишаста: Кати нарми бобои …