Главная / Илм / РАВЗАНАХОИ WINDOWS

РАВЗАНАХОИ WINDOWS

Яке аз мафхуми асосии дигари системаи Windows равзана мебошад, ки он тарчумаи калимаи англисии window (тиреза, равзана) аст. Номи системаи оператсионии Windows низ махз бо хамин мафхум вобаста аст. Хамин тарик, равзана, папка, хуччат ва программа он мафхумхоеро ташкил медиханд, ки истифодабарандаи МЭХ дар вакти кор бо системаи Windows доимо бо онхо сару кор дорад. Ин мафхумхоро хамчун объектхои кории Windows низ ном бурдан мумкин аст.

ravzanahoi-windows

Ёдовар мешавем, ки:

  •  равзана – объекти графикии Windows буда, барои идоракуни ва коркарди информатсияи объектхои дохилиаш хизмат мерасонад;
  •  папка – барои нигох доштани зерпапкахо, хуччатхо, программахо ва ярлики папкаю программахо истифода бурда мешавад;
  •  хуччат – барои нигох доштани информатсияи табиати гуногундошта, ба монанди матнхо, расмхо, таблитсахои электрони, сигналхо, базаи ахборот ва гайра истифода бурда мешавад;
  •  программа – пеш аз хама барои сохтани хуччатхо истифодабурда мешавад. Вале кайд кардан лозим аст, ки дар системаи Windows хамчунин программахое мавчуданд, ки бо ёрии онхо хуччатхо сохта намешаванд. Чунин программахо барои ичро намудани баъзе амалиёти характери ёрирасондошта хизмат мерасонанд.

Хангоми пахши дукаратаи муш ба нишонаи папка (Расми 6), дар экран чоркунчае намудор мегардад, ки онро равзанаи ин папка меноманд. Шакли он дар асл хам ба равзана монанд аст. Чунин равзанахо дар вакти кушодани папкахо ва хуччатхои дилхох пайдо мешаванд. Дар равзанаи папка Расми 6. Равзанаи папкадидан мумкин аст, ки дар дохили он кадом зерпапкахо, хуччатхо ва программахо чойгир шудаанд. Бинобар хамин хам гуфтан метавон, ки равзанаи папка шакли кушодаи худи папка аст. Хамаи равзанахои папкахо кариб аз элементхои идоракунии якхела иборатанд.

Хамин тарик, равзанаи папка контейнереро мемонад, ки мазмуну мундаричаи он тасвири графикии мазмуну мундаричаи папка аст. Хар гуна папкаи Windows махз дар равзанаи он кушода мешавад. Микдори равзанахои дар як вакт кушодашуда метавонад хеле зиёд бошад. Ин микдор аз параметрхои намуди компютери мушаххас вобаста аст.

Хамаи амалиёте, ки бо объектхои Windows гузаронида мешаванд, аслан дар равзанаи Мизи кори ё равзанаи ягон папка амали мегарданд.

МИСОЛ:

Дар равзанаи папкаи Kafedra (Расми 6) яке аз зерпапкахо номи Хисоботро дорад. Хангоми кушодани ин папка низ, дар экран равзанаи он пайдо мешавад (Расми 7). Дар дохили равзанаи папкаи Хисобот нишонахои панч хуччатро дидан мумкин аст, ки онхо бо ёрии протсессори матнии Microsoft Word 2000 сохта шудаанд.

Ба гайр аз равзанахои папкахо дар Windows намудхои хеле зиёди равзанахои дигар низ мавчуданд. Аз руи элементхои якхелаи идоракуни ва тарзи ороиши равзанахо онхоро ба намудхои зерин чудо намудан мумкин аст:

  •  равзанахои папкахо;
  •  равзанахои робитави (диалоги);

Равзанаи папкаи Хисобот дар экран

  •  равзанахои системахои маълумотдиханда;
  •  равзанахои кории замимахои Windows;
  •  равзанахои хуччатхо.

Бо намудхои равзанахои Windows ва тарзхои истифодабарии онхо дар оянда шинос хохем шуд.

Саволхо:

  1. Барои чи системаи оператсиони Windows ном гирифтааст?
  2. Мафхумхои равзана ва папка дар Windows бо хамдигар чи алока доранд?
  3. Оё хуччат объекти Windows шуда метавонад?
  4. Равзанаи папка аз равзанаи хуччат ягон фарки чиддие дорад ё не?
  5. Ба гайр аз равзанахои папкахо ва хуччатхо боз кадом равзанахоиWindows-ро номбар карда метавонед?

Супориш:

  1. Матни мавзуъро бодиккат хонед ва онро накл кунед.
  2. Мафхумхои равзана, папка, хуччат ва программаро маънидод намоед ва мухтасар таърифи онхоро дар дафтаратон сабт намоед.
  3. Бо ёрии муаллим дар Мизи кории Windows барои худ папка созед, ба он номи худро гузоред ва равзанаи онро кушода аз нав пушед.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …