Главная / Илм / РАВЗАНАҲОИ WINDOWS

РАВЗАНАҲОИ WINDOWS

Яке аз мафҳуми асосии дигари системаи Windows равзана мебошад, ки он тарҷумаи калимаи англисии window (тиреза, равзана) аст. Номи системаи оператсионии Windows низ маҳз бо ҳамин мафҳум вобаста аст. Ҳамин тариқ, равзана, папка, ҳуҷҷат ва программа он мафҳумҳоеро ташкил медиҳанд, ки истифодабарандаи МЭҲ дар вақти кор бо системаи Windows доимо бо онҳо сару кор дорад. Ин мафҳумҳоро ҳамчун объектҳои кории Windows низ ном бурдан мумкин аст.

ravzanahoi-windows

Ёдовар мешавем, ки:

  •  равзана – объекти графикии Windows буда, барои идоракунӣ ва коркарди информатсияи объектҳои дохилиаш хизмат мерасонад;
  •  папка – барои нигоҳ доштани зерпапкаҳо, ҳуҷҷатҳо, программаҳо ва ярлики папкаю программаҳо истифода бурда мешавад;
  •  ҳуҷҷат – барои нигоҳ доштани информатсияи табиати гуногундошта, ба монанди матнҳо, расмҳо, таблитсаҳои электронӣ, сигналҳо, базаи ахборот ва ғайра истифода бурда мешавад;
  •  программа – пеш аз ҳама барои сохтани ҳуҷҷатҳо истифодабурда мешавад. Вале қайд кардан лозим аст, ки дар системаи Windows ҳамчунин программаҳое мавҷуданд, ки бо ёрии онҳо ҳуҷҷатҳо сохта намешаванд. Чунин программаҳо барои иҷро намудани баъзе амалиёти характери ёрирасондошта хизмат мерасонанд.

Ҳангоми пахши дукаратаи муш ба нишонаи папка (Расми 6), дар экран чоркунҷае намудор мегардад, ки онро равзанаи ин папка меноманд. Шакли он дар асл ҳам ба равзана монанд аст. Чунин равзанаҳо дар вақти кушодани папкаҳо ва ҳуҷҷатҳои дилхоҳ пайдо мешаванд. Дар равзанаи папка Расми 6. Равзанаи папкадидан мумкин аст, ки дар дохили он кадом зерпапкаҳо, ҳуҷҷатҳо ва программаҳо ҷойгир шудаанд. Бинобар ҳамин ҳам гуфтан метавон, ки равзанаи папка шакли кушодаи худи папка аст. Ҳамаи равзанаҳои папкаҳо қариб аз элементҳои идоракунии якхела иборатанд.

Ҳамин тариқ, равзанаи папка контейнереро мемонад, ки мазмуну мундариҷаи он тасвири графикии мазмуну мундариҷаи папка аст. Ҳар гуна папкаи Windows маҳз дар равзанаи он кушода мешавад. Миқдори равзанаҳои дар як вақт кушодашуда метавонад хеле зиёд бошад. Ин миқдор аз параметрҳои намуди компютери мушаххас вобаста аст.

Ҳамаи амалиёте, ки бо объектҳои Windows гузаронида мешаванд, аслан дар равзанаи Мизи корӣ ё равзанаи ягон папка амалӣ мегарданд.

МИСОЛ:

Дар равзанаи папкаи Kafedra (Расми 6) яке аз зерпапкаҳо номи Ҳисоботро дорад. Ҳангоми кушодани ин папка низ, дар экран равзанаи он пайдо мешавад (Расми 7). Дар дохили равзанаи папкаи Ҳисобот нишонаҳои панҷ ҳуҷҷатро дидан мумкин аст, ки онҳо бо ёрии протсессори матнии Microsoft Word 2000 сохта шудаанд.

Ба ғайр аз равзанаҳои папкаҳо дар Windows намудҳои хеле зиёди равзанаҳои дигар низ мавҷуданд. Аз рўи элементҳои якхелаи идоракунӣ ва тарзи ороиши равзанаҳо онҳоро ба намудҳои зерин ҷудо намудан мумкин аст:

  •  равзанаҳои папкаҳо;
  •  равзанаҳои робитавӣ (диалогӣ);

Равзанаи папкаи Ҳисобот дар экран

  •  равзанаҳои системаҳои маълумотдиҳанда;
  •  равзанаҳои кории замимаҳои Windows;
  •  равзанаҳои ҳуҷҷатҳо.

Бо намудҳои равзанаҳои Windows ва тарзҳои истифодабарии онҳо дар оянда шинос хоҳем шуд.

Саволҳо:

  1. Барои чӣ системаи оператсионӣ Windows ном гирифтааст?
  2. Мафҳумҳои равзана ва папка дар Windows бо ҳамдигар чӣ алоқа доранд?
  3. Оё ҳуҷҷат объекти Windows шуда метавонад?
  4. Равзанаи папка аз равзанаи ҳуҷҷат ягон фарқи ҷиддие дорад ё не?
  5. Ба ғайр аз равзанаҳои папкаҳо ва ҳуҷҷатҳо боз кадом равзанаҳоиWindows-ро номбар карда метавонед?

Супориш:

  1. Матни мавзўъро бодиққат хонед ва онро нақл кунед.
  2. Мафҳумҳои равзана, папка, ҳуҷҷат ва программаро маънидод намоед ва мухтасар таърифи онҳоро дар дафтаратон сабт намоед.
  3. Бо ёрии муаллим дар Мизи кории Windows барои худ папка созед, ба он номи худро гузоред ва равзанаи онро кушода аз нав пўшед.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …