Главная / Илм / РАВАНДХОЕ, КИ ДАР ЛИТОСФЕРА БА АМАЛ МЕОЯНД

РАВАНДХОЕ, КИ ДАР ЛИТОСФЕРА БА АМАЛ МЕОЯНД

Равандхои дар литосфера ба амал меомада – Заминларза ва сабабхои пайдоиши онхо. Ба мо маълум аст, ки литосфера кишри замин ва кабати болоии мантияро дарбар мегирад.

Кишри замин хамеша дар холи харакат аст. Ин харакатхои бо равандхое, ки дар каъри замин ба амал меоянд, алокаманд аст. Харакати кишри замин – заминларза, вулконизм, фаъолшавии гейзерхо. Харакат дар кишри замин ба уфуки ва амуди чудо мешавад.

zaminlarzaХаркати уфуки дар литосфера даххо ва хазорхо километр чоро фаро мегирад. Масалан, чуноне, ки маълум аст, калимхо ба чойи шаш материки имруза материк Гондван ва Лавросиё вучуд доштанд. Харакати амуди дар литосфера ба болошави ва поёншавии массивхои зиёди сатхи замин алокаманд аст. Дар натичаи чунин харакатхои заминларзахо, ихрочи вулконхо, инчунин табдилшавии чйнсхои кухи ба амал меояд.

Харакат сатхи замин дар зери таъсири куввахои табии замин ларза номида мешавад. Заминларза чор хел мешавад: тектоники, вулкони, ярч ва масауъи

Намудхои заминларза аз руйи пайдоиш

  1. Тектоникй – Дар натичаи –  харакатхои тектоники дар литосфера ё дар мантияи болои ба амал меояд. Бавайронихои зиёд дар сатхи Замин оварда мерасонад.
  2. Дар натичаи вулконизм – Аз сабаби ба сатхи Замин ихроч ва афтидан чараёни макма ба амал меояд. Вайрони дар нохияи вулкон ба амал меояд.
  3. Ярч – Аз сабаби чойивазкунии ёнахои кух ба амал меояд.
  4. Сунъй – Чунин заминларзахо аз сабаби фаьолия- ти хочагидории одамон ба амал меояд.

Нохияе, ки аз хама зиёд кувваи вайронкунанда ба он таъсир кардааст минтака ё маркази зилзила номида мешавад.

Ба андозаи дуршавй аз маркази зилзила (рас. 34) кувваи заминларза кам мешавад. Заминларзахои сахт масохати калонро фаро мегирад, лагжиши кисми замин дар куххо ба амал меояд, сохтмонхо вайрон мешаванд, зарари зиёде оварда мешавад. Масалан, 26-уми декабри соли 2006 дар дехаи Кочкори нохияи Кочкори вилояти Нарин заминларзаи андозаи 7 балл ба амал омада буд, хеч талафоти чони ба кайд гирифта нашудааст.

Заминларзаи ба вулконизм иртибот дошта хангоми ихрочи вулконхо, вакте магма аз кабати болоии мантия ба сатхи замин мебарояд, ба амал меояд. Масалан: заминларза хангоми ихрочи Кракатау, Мон-Пеле, Везувия, вулконхои дар чазирахои Гавайи кисми шимолии Укёнуси Ором ба амаломада.

Заминларзахои ярчи, инчунин, аз сабаби фурупошй ва гечишхои пуркувват ба амал меояд. Чунин заминдарзахо ярчй ном дорад, онхо хусусияти махаллй доранд ва кувваи кам доранд.

Заминларза метавонад сунъй хам бошад: масалан, таркиши микдори зиёди маводши тарканда ё хангоми таркиши ядрой, сохтмон ё хангоми гузаштани катор (поезд) дар накбхои кухй ба амал омаданаш мумкин аст.

Ба нохияхои фаъолияти сейсмикии барзиёд бо заминларзахои зуд-зуд нохияхои укёнус Ором, хусусан нохияхои сохилии он, галачазираи Малайя, минтакахои кухии Осиёи Миёна, Осиёи Марказй ва Осиёи Хурд, Аврупои Чануби, Исландия, каторкуххои Марказй- атлантики.

Кувваи заминларза бо чадвали 12 балла чен карда мешавад (рас. 36).

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …