Главная / Илм / РАВАНДҲОЕ, КИ ДАР ЛИТОСФЕРА БА АМАЛ МЕОЯНД

РАВАНДҲОЕ, КИ ДАР ЛИТОСФЕРА БА АМАЛ МЕОЯНД

Равандҳои дар литосфера ба амал меомада – Заминларза ва сабабҳои пайдоиши онҳо. Ба мо маълум аст, ки литосфера қишри замин ва қабати болоии мантияро дарбар мегирад.

Қишри замин ҳамеша дар ҳоли ҳаракат аст. Ин ҳаракатҳои бо равандҳое, ки дар қаъри замин ба амал меоянд, алоқаманд аст. Ҳаракати қишри замин – заминларза, вулқонизм, фаъолшавии гейзерҳо. Ҳаракат дар қишри замин ба уфуқӣ ва амудӣ чудо мешавад.

zaminlarzaҲаркати уфуқӣ дар литосфера даҳҳо ва ҳазорҳо километр ҷоро фаро мегирад. Масалан, чуноне, ки маълум аст, қалимҳо ба ҷойи шаш материки имрӯза материк Гондван ва Лавросиё вуҷуд доштанд. Ҳаракати амудӣ дар литосфера ба болошавӣ ва поёншавии массивҳои зиёди сатҳи замин алоқаманд аст. Дар натиҷаи чунин ҳаракатҳои заминларзаҳо, ихроҷӣ вулқонҳо, инчунин табдилшавии чйнсҳои кӯҳӣ ба амал меояд.

Ҳаракат сатҳи замин дар зери таъсири қувваҳои табиӣ замин ларза номида мешавад. Заминларза чор хел мешавад: тектоники, вулқонӣ, ярч ва масаӯъӣ

Намудҳои заминларза аз рӯйи пайдоиш

  1. Тектоникй – Дар натиҷаи –  ҳаракатҳои тектоникӣ дар литосфера ё дар мантияи болоӣ ба амал меояд. Бавайрониҳои зиёд дар сатҳи Замин оварда мерасонад.
  2. Дар натиҷаи вулқонизм – Аз сабаби ба сатҳи Замин ихроҷ ва афтидан ҷараёни макма ба амал меояд. Вайронӣ дар ноҳияи вулқон ба амал меояд.
  3. Ярч – Аз сабаби ҷойивазкунии ёнаҳои кӯҳ ба амал меояд.
  4. Сунъй – Чунин заминларзаҳо аз сабаби фаьолия- ти хоҷагидории одамон ба амал меояд.

Ноҳияе, ки аз ҳама зиёд қувваи вайронкунанда ба он таъсир кардааст минтақа ё маркази зилзила номида мешавад.

Ба андозаи дуршавй аз маркази зилзила (рас. 34) кувваи заминларза кам мешавад. Заминларзаҳои сахт масоҳати калонро фаро мегирад, лағжиши қисми замин дар қӯҳҳо ба амал меояд, сохтмонҳо вайрон мешаванд, зарари зиёде оварда мешавад. Масалан, 26-уми декабри соли 2006 дар деҳаи Кочкори ноҳияи Кочкори вилояти Нарин заминларзаи андозаи 7 балл ба амал омада буд, ҳеч талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Заминларзаи ба вулқонизм иртибот дошта ҳангоми ихроҷи вулқонҳо, вақте магма аз қабати болоии мантия ба сатҳи замин мебарояд, ба амал меояд. Масалан: заминларза ҳангоми ихроҷи Кракатау, Мон-Пеле, Везувия, вулқонҳои дар ҷазираҳои Гавайи қисми шимолии Уқёнуси Ором ба амаломада.

Заминларзаҳои ярҷӣ, инчунин, аз сабаби фурӯпошй ва ғеҷишҳои пурқувват ба амал меояд. Чунин заминдарзаҳо ярчй ном дорад, онҳо хусусияти маҳаллй доранд ва қувваи кам доранд.

Заминларза метавонад сунъй ҳам бошад: масалан, тарқиши миқдори зиёди маводши тарқанда ё ҳангоми тарқиши ядрой, сохтмон ё ҳангоми гузаштани қатор (поезд) дар нақбҳои кӯҳй ба амал омаданаш мумкин аст.

Ба ноҳияҳои фаъолияти сейсмикии барзиёд бо заминларзаҳои зуд-зуд ноҳияҳои уқёнус Ором, хусусан ноҳияҳои соҳилии он, галаҷазираи Малайя, минтақаҳои кӯҳии Осиёи Миёна, Осиёи Марказй ва Осиёи Хурд, Аврупои Ҷанубӣ, Исландия, қаторкӯҳҳои Марказй- атлантикӣ.

Қувваи заминларза бо ҷадвали 12 балла чен карда мешавад (рас. 36).

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …