Гейзер – чашмаи гарм, ки зери фишор доиман фавворахои оби гарм ва бугро ба сатхи замин партоб мекунад. Гейзерхо яке аз зухуроти мархилаи охири вулконизм ба шумор рафта, дар минтакауои фаъолияти муосири вулкони пахн гардидаанд (расм. 41, 42).
Гейзерхо дар навохии муосир ё начандон пеши вулконизм вомехуранд. Дар як оташфишони гейзер метавонад то 1000 литр обро ба масофаи 40 метр партоб кунад. Фаъолияти гейзер аз мархилаи оромиши ,мавсими, пуршавии чохбун
бо об, фавворакунии моеъи обибуги ва партоби бошиддати бут, ки тадричан ба партоби оромтар мубаддал мегардад, катъи партоби бут ва бозгашт ба мархилаи оромиш ташкил меёбад.
Дар Камчатка зиёда аз 100 гейзер вомехуранд, дар Исланди наздики 30 гейзер, дар Япония, Зеландияи Нав, Чин ва ИМА то 200 гейзер вучуд доранд. Аз хама гейзери маъруф Олд-Файтфулд дар боги миллии Йеллоустон (ИМА) ба шу- мор меравад. Дар инчо гейзери аз хама бузург вокеъ гардидааст, ки хар 53-70 дакика обро ба масофаи 42 метр партоб мекунад. Гейзерхо барои ба даст вардани оби гарм ва неруи барк метавонанд мавриди истифода карор дода шаванд.
Савол ва супоришхо
- Харакати кишри Замин чист? Ва ба кадом навъхо такисмбанди мегардад?
- Якчанд вулкони маьруфро номбар кунед ва онхоро дар харита нишон дихед.
- Пайдоиши заминларза ва вулконхоро шарх дихед.
- Чашмахои гарм ва гейзерхо чистанд? Накши онхоро дар фаъолияти хочагидории инсон ва ахамияташонро барои саломатии инсонхо шарх дихед.