Главная / Чамъият / Пойтахти Чумхурии Точикистон

Пойтахти Чумхурии Точикистон

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

Дар бораи статуси пойтахти Чумхурии Точикистон

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон  соли 1996, № 23, мод.335; соли 2009, № 5, мод.325)

Ин Конун статуси пойтахти Чумхурии Точикистонро мукаррар намуда, шартхои ташкили, хукуки, иктисоди ва ичтимоии аз тарафи шахри Душанбе ичро гардидани вазифахои пойтахти Чумхурии Точикистонро муайян мекунад.

poytaxti-jt

Моддаи 1. Пойтахти Чумхурии Точикистон

Тибки Конститутсияи Чумхурии Точикистон шахри Душанбе пойтахти Чумхурии Точикистон мебошад.

Шахри Душанбе маркази сиёси, илми, таърихи-мадани буда, дар он макомоти олии хокимияти давлатии Чумхурии Точикистон, намояндагии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, намояндагихои дипломатии давлатхои хоричи ва намояндагихои ташкилотхои байналмилалидар Чумхурии Точикистон чойгир шудаанд.

Худуди пойтахти Чумхурии Точикистон худуди шахри Душанбе мебошад.

Моддаи 2. Конунгузори дар бораи статуси пойтахти Чумхурии Точикистон

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи статуси пойтахти Чумхурии Точикистон ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни конститутсионии Чумхурии Точикистон «Дар бораи макомоти махаллии хокимияти давлати», Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ва санадхои меъёрии хукукии байналмилалие, ки Чумхурии Точикистон онхоро эътироф намудааст, иборат мебошад. (КЧТ аз 19.05.09, № 518)

Моддаи 3. Мафхуми статуси пойтахти Чумхурии Точикистон

Тахти мафхуми статуси пойтахти Чумхурии Точикистон макоми хукукии шахри Душанбе фахмида мешавад, ки ба он хусусиятхои хоси мукарраркардаи хамин Конун оид ба хукук ва вазифахои макомоти хокимияти давлатии шахри Душанбе бинобар вазифаи пойтахти Чумхурии Точикистонро ба амал баровардани шахри Душанбе боис гардидааст.

Шахри Душанбе аз руи статуси худ шахри дорои ахамияти чумхурияви мебошад.

Моддаи 4. Танзими хукукии статуси пойтахти Чумхурии Точикистон

Статуси пойтахти Чумхурии Точикистонро тибки Конститутсияи Чумхурии Точикистон хамин Конун мукаррар менамояд.

Макомоти хокимияти давлатии Чумхурии Точикистон дар сурати  зарурат ба тартиби мукарраркардаи Конун метавонанд ба макомоти  хокимияти давлатии шахри Душанбе ба амал баровардани  як кисми ваколатхояшонро, ки хамин конун пешбини кардааст, супоранд. Макомоти хокимияти давлатии шахри  Душанбе бо мувофикаи макомоти хокимияти давлатии Чумхурии Точикистон ба амал баровардани як кисми ваколатхояшонро,  ки хамин Конун  мукаррар намудааст, ба он супорида метавонанд.

Муносибатхои байни макомоти хокимияти давлатии Чумхурии Точикистон ва макомоти хокимияти давлатии шахри Душанбе, ки тавассути ин Конун танзим нагардидаанд ва онхо бинобар вазифаи пойтахти Чумхурии Точикистонро ба амал баровардани шахри Душанбе ба  миён меоянд, бо шартномахои байни макомоти мазкур танзим карда  мешаванд.

Моддаи 5. Ваколати макомоти хокимияти давлатии шахри Душанбе бинобар вазифаи пойтахти Чумхурии Точикистонро ба амал баровардани шахри Душанбе

Бинобар вазифаи пойтахти Чумхурии Точикистонро ба амал баровардани шахри Душанбе макомоти  хокимияти давлатии шахри  Душанбе:

бо тартиби мукарраргардида ба макомоти хокимияти давлати Чумхурии Точикистон, намояндагии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, инчунин ба намояндагихои дипломатии давлатхои хоричи, намояндагихои ташкилотхои байналмилали дар Чумхурии Точикистон китъахои замин, бино, иншоот, манзил, фонди манзил дода, хизмати манзилию коммунали, наклиёти ва дигар намудхои хизматро мухайё менамоянд;

барои гузаронидани тадбирхои умумидавлати ва байналмилали шароити зарури мухайё мекунанд;

дар тартиб додан ва амали гардонидани барномахои сохавии  тараккии шахри Душанбе — пойтахти Чумхурии Точикистон ширкат  меварзанд;

дар сариштаву равнаки системахои алока, роххои мошингарди  истифодаи умум ва системахои дигари  наклиёти  худуди шахри Душанбе иштирок менамоянд;

лоихаи накшаи умумии тараккиёти шахри Душанберо бо макомоти давлатии Чумхурии Точикистон  мувофика мекунанд;

намояндагихои шахрро дар хорича таъсис медиханд;

таъсиси намояндагихои вилоятхо, шахру нохияхо, хамчунин бародаршахрхои хоричиро дар пойтахти Чумхурии Точикистон кафолат медиханд. 

Моддаи 6. Кумаки макомоти хокимияти давлатии нохияхои тобеи марказ ба шахри Душанбе дар ичрои вазифахои пойтахти Чумхурии Точикистон

Макомоти  хокимияти давлатии нохияхои тобеи марказба шахри Душанбе дар ичрои вазифахои пойтахти Чумхурии Точикистон бо иштироки худ дар тадбирхои зерин кумак мекунанд:

дар тартиб додан ва амали гардонидани барномахои сохавии тараккиёти шахри Душанбе — пойтахти Чумхурии Точикистон, ки худуди нохияхои тобеи мерказро фаро мегиранд;

дар сохтмону таъмир ва сариштаи иншоотхои худуди нохияхои тобеи марказ, ки барои вазифахои пойтахти Чумхурии Точикистонро мутобики карордодхои бо макомоти  хокимияти давлатии шахри Душанбе имзокарда ба чо овардани шахри Душанбе заруранд;

дар сариштаву тараккиёти системахои алока, роххои мошингарди истифодаи умум ва системахои дигари наклиёти худуди нохияхои тобеи марказ, ки бо вазифахои пойтахти Чумхурии Точикистонро ба чо овардани шахри Душанбе алокаманданд;

дар тараккиёти иншооти коммунали, ки талаботи умумии шахри Душанбе ва нохияхои тобеи марказробачо меоваранд;

дар гузаронидани чорахои якчояи хифзи табиат дар шахри Душанбе ва нохияхои  тобеи  марказ.

Харочоти нохияхои тобеи марказ, ки бо кумак кардан ба шахри Душанбе дар ичрои вазифахои пойтахти Чумхурии Точикистон алокаманд, аз хисоби маблаги (субвенсияи) бучети чумхури, аз хисоби хизмати нохияхои тобеи марказ, ки макомоти хокимияти давлатии Чумхурии Точикистон ва корхонаю муассиса ва ташлкилотхои дахлдор мегузаронанд, пардохт мешавад. 

Моддаи 7. Пардохти харочоти шахри Душанбе бинобар вазифахои пойтахти Чумхурии Точикистонро ба чо овардани он

Харочоти шахри Душанбе бинобар вазифахои пойтахти Чумхурии Точикистонро ба чо овардани он пурра аз хисоби  кумаки молиявии бучети чумхури, аз хисоби пули хизматрасонии шахр, ки макомоти хокимияти давлатии Чумхурии Точикистон ва хамчунин намояндагихои дипломатии давлатхои хоричива намояндагихои ташкилотхои байналмилалии Чумхурии Точикистон медиханд, пардохта мешавад.

Кумаки молияви аз бучети чумхури барои вазифахои пойтахти Чумхурии Точикистонро ба чо овардани шахри Душанбе бо сатри алохида дар бучети чумхури чудо карда мешавад. 

Моддаи 8. Хусусиятхои планкашии перспективии тараккиёти шахри Душанбе — пойтахти Чумхурии Точикистон

Лоихаи накшаи умумии тараккиёти шахри Душанбе — пойтахти Чумхурии Точикистон  аз тарафи Хукумати шахри Душанбе тахия гардида, дар  бобати вазифаи пойтахти Чумхурии Точикистонро ичро кардани шахри Душанбе бо Хукумати Чумхурии Точикистон мувофика кунонида мешавад ва онро Мачлиси вакилони халки шахри Душанбе тасдик мекунад.

Бахсхоеро, ки дар масъалаи планкашии тараккиёти перспективии шахри Душанбе ба амал меоянд, комиссияхои созиш хал мекунанд, ки аз тарафи макомоти манфиатдори хокимияти давлати дар асоси баробари ташкил карда мешаванд.

Моддаи 81. Истифодабарии худуди пойтахти Чумхурии Точикистон

Дар холатхои алохида дар шахри Душанбе бо максади амали гардонидани вазифахои пойтахти Чумхурии Точикистон тибки накшаи генералии рушди шахр бо карори Мачлиси вакилони халки шахри Душанбе ва ризоияти Хукумати Чумхурии Точикистон хангоми истифодаи худуди шахр мумкин аст махдудиятхо мукаррар карда шаванд.

Дар худуди марзию маъмурии пойтахти Чумхурии Точикистон, ба гайр аз минтакахое, ки бо карори Мачлиси вакилони халки шахри Душанбе муайян гардидаанд, парвариш ва нигохдории чорвои калони  шохдор, чорвои хурд,  инчунин асп, хар, парранда ва дигар хайвоноти хонаги, ба истиснои гурба, саг ва паррандахои хурди гайриистеъмоли манъ аст. Парвариш ва нигохдории гурба, саг ва паррандахои хурди гайриистеъмоли тибки талаботи конунгузории Чумхурии Точикистон оид ба бойтори   ичозат дода мешавад. (КЧТ аз 19.05.09, № 518)

Моддаи 9. Моликияти иморатхо, сохтмонхо, иншоот ва бинохое, ки макомоти олии хокимияти давлатии Чумхурии Точикистон ишгол мекунанд ва китъахои замине, ки дар онхо ин иморатхо, сохтмонхо ва иншоот вокеъ гаштаанд.

Иморатхо, сохтмонхо ва иншооте, ки дар каламрави шахри Душанбе мебошанд, бинохое, ки дар онхо макомоти олии хокимияти конунгузори, ичроия ва судии Чумхурии Точикистон чойгир шудаанд, хамчунин китъахои замине, ки он чо иморатхо, сохтмонхо ва иншооти мазкур вокеъ гаштаанд, моликияти Чумхурии Точикистон мебошанд. 

Моддаи 10. Ба макомоти хокимияти давлатии Чумхурии Точикистон, ба намояндагихои макомоти хокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо, шахрхо, нохияхо, хамчунин намояндагихои дипломатии давлатхои хоричи ва намояндагихои ташкилотхои байналмилалии мукими Чумхурии Точикистон ба ичора додани иморатхо, сохтмонхо, иншоотхо ва бинохое, ки моликияти шахри  Душанбе мебошанд.

Иморатхо, сохтмонхо, иншоот ва бинохое, ки моликияти коммуналии шахри Душанбе мебошанд, аз тарафи Раиси шахри Душанбе ба макомоти хокимияти давлатии Чумхурии Точикистон, намояндагии  Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо, шахрхо, нохияхо барои ичора ба тартибе дода мешаванд, ки  конунгузории Чумхурии Точикистон  мукаррар кардааст.

Ба хамин тартиб иморатхо, сохтмонхо, иншоот ва бинохо ба намояндагихои дипломатии давлатхои хоричи ва намояндагихои ташкилотхои байналмилалии мукими Точикистон ба ичора дода мешаванд, агар дар шартномахои байналмилалии Чумхурии Точикистон тартиби дигар пешбини нашуда бошад. Дар халли масъалахои ба ичора додани иморатхо, сохтмонхо, иншоот ва бинохои мазкур, манфиатхои намояндагихои дипломатии давлатхои хоричи ва намояндагихои ташкилотхои   байналмилалии мукими Точикистонро дар муносибати онхо бо макомоти хокимияти давлатии шахри Душанбе макомоте ифода мекунанд, ки ба онхо Хукумати  Чумхурии Точикистон ваколат додааст. (КЧТ аз 19.05.09, № 518) 

Моддаи 11. Хусусиятхои гузаронидани гирдихамоихо, мачлисхо, рохпаймоихо, намоишхо ва тазохурот дар шахри Душанбе — пойтахти Чумхурии Точикистон

Гузаронидани гирдихамоихо, мачлисхо, рохпаймоихо, намоиш ва тазохурот дар шахри Душанбе — пойтахти Чумхурии Точикистон дар минтакахое мумкин нест, ки мустакиман дар пахлуи иморатхое, ки макомоти олии хокимиятхои конунгузори, ичроия ва судии Чумхурии Точикистон ишгол кардаанд, чойгиранд, ба истиснои намоишхои шахрвандон ва паради кушунхо ба муносибати тачлили санахои таърихи бо карори макомоти олии хокимияти давлатии Чумхурии Точикистон,  худуди минтакахои мазкурро Раиси шахри Душанбе бо мувофикаи макомоти олии хокимияти давлатии зикршуда мукаррар мекунад.

Шароиту тартиби гузаронидани гирдихамоихо, мачлисхо, рохпаймоихо, намоишхова тазохуротро конунхои Чумхурии  Точикистон муайян мекунанд. 

Моддаи 12. Оиннома ва Нишони шахри Душанбе — пойтахти  Чумхурии Точикистон

Шахри Душанбе — пойтахти Чумхурии Точикистон дорои Оиннома ва Нишон (эмблема) мебошад.

Оиннома ва Нишони (эмблемаи) шахри Душанбе — пойтахти Чумхурии Точикистонро Мачлиси шахрии вакилони халк  кабул мекунад.

Дар мавриди лоихаи Оинномаи шахри Душанбе дар бобати вазифахои пойтахти Чумхурии Точикистонро ичро кардани шахри Душанбе ва Низомнома дар бораи Нишони (эмблемаи) шахpи Душанбе ризояти Раёсати Мачлиси Олии Чумхурии Точикистонва Хукумати Чумхурии Точикистон гирифта мешавад.

Ба Оиннома ва Низомномаи Нишон (эмблема) айнан ба хамин тартиб тагйироту иловахо дохил карда мешаванд.

Моддаи 13. Чавобгари барои вайрон кардани Конуни мазкур

Шахсони вокеи ва хукуки барои вайрон кардани мукаррароти Конуни мазкур тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.(КЧТ аз 19.05.09, № 518)

         Президенти

Чумхурии Точикистон                                                   Э. РАХМОНОВ

ш. Душанбе 13 декабри соли 1996,

№ 311 

 

КАРОРИ МАЧЛИСИ ОЛИИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

 

Дар хусуси  тартиби мавриди амал карор додани Конуни Чумхурии Точикистон

«Дар бораи статуси пойтахти Чумхурии Точикистон »

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон соли 1996, № 23, мод.336)

 

Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон  карор  мекунад:

  1. Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи статуси пойтахти Чумхурии Точикистон »  аз рузи нашри расмии он  мавриди амал карор дода шавад.
  2. Хукумати Чумхурии Точикистон :

–   дар хусуси мутобик гардонидани санадхои конунгузории Чумхурии Точикистон  ба Конун «Дар бораи статуси пойтахти Чумхурии Точикистон » бо тартиби мукарраргардида таклифхо пешниход намояд;

–   карорхои худро ба Конуни мазкур мутобик намояд;

–   санадхои дахлдореро, ки аз хамин Конун бармеоянд, кабул кунад;

  1.         Кумитаи Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон оид ба сохтмони давлати бо иштироки макомоти хокимияти давлатии шахри Душанбе дар хусуси тартиби мувофик гардонидани Оиннома ва Низомномаи Нишони (эмблемаи) шахри Душанбе таклиф тахия карда, барои тасдики Раёсати Мачлиси Оли пешниход намояд.

 

 

Раиси Мачлиси Олии

Чумхурии Точикистон                                                                        С. РАЧАБОВ

ш. Душанбе  13 декабри соли 1996,

№ 312

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …