Главная / Ҷамъият / Пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи статуси пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли 1996, № 23, мод.335; соли 2009, № 5, мод.325)

Ин Қонун статуси пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистонро муқаррар намуда, шартҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии аз тарафи шаҳри Душанбе иҷро гардидани вазифаҳои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян мекунад.

poytaxti-jt

Моддаи 1. Пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Шаҳри Душанбе маркази сиёсӣ, илмӣ, таърихӣ-маданӣ буда, дар он мақомоти олии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, намояндагиҳои дипломатии давлатҳои хориҷӣ ва намояндагиҳои ташкилотҳои байналмилалӣдар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир шудаанд.

Ҳудуди пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳудуди шаҳри Душанбе мебошад.

Моддаи 2. Қонунгузорӣ дар бораи статуси пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи статуси пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад. (ҚҶТ аз 19.05.09, № 518)

Моддаи 3. Мафҳуми статуси пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таҳти мафҳуми статуси пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ҳуқуқии шаҳри Душанбе фаҳмида мешавад, ки ба он хусусиятҳои хоси муқарраркардаи ҳамин Қонун оид ба ҳуқуқ ва вазифаҳои мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бинобар вазифаи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба амал баровардани шаҳри Душанбе боис гардидааст.

Шаҳри Душанбе аз рӯи статуси худ шаҳри дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ мебошад.

Моддаи 4. Танзими ҳуқуқии статуси пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Статуси пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистонро тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамин Қонун муқаррар менамояд.

Мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати  зарурат ба тартиби муқарраркардаи Қонун метавонанд ба мақомоти  ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба амал баровардани  як қисми ваколатҳояшонро, ки ҳамин қонун пешбинӣ кардааст, супоранд. Мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳри  Душанбе бо мувофиқаи мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал баровардани як қисми ваколатҳояшонро,  ки ҳамин Қонун  муқаррар намудааст, ба он супорида метавонанд.

Муносибатҳои байни мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ки тавассути ин Қонун танзим нагардидаанд ва онҳо бинобар вазифаи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба амал баровардани шаҳри Душанбе ба  миён меоянд, бо шартномаҳои байни мақомоти мазкур танзим карда  мешаванд.

Моддаи 5. Ваколати мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бинобар вазифаи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба амал баровардани шаҳри Душанбе

Бинобар вазифаи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба амал баровардани шаҳри Душанбе мақомоти  ҳокимияти давлатии шаҳри  Душанбе:

бо тартиби муқарраргардида ба мақомоти ҳокимияти давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, инчунин ба намояндагиҳои дипломатии давлатҳои хориҷӣ, намояндагиҳои ташкилотҳои байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қитъаҳои замин, бино, иншоот, манзил, фонди манзил дода, хизмати манзилию коммуналӣ, нақлиётӣ ва дигар намудҳои хизматро муҳайё менамоянд;

барои гузаронидани тадбирҳои умумидавлатӣ ва байналмилалӣ шароити зарурӣ муҳайё мекунанд;

дар тартиб додан ва амалӣ гардонидани барномаҳои соҳавии  тараққии шаҳри Душанбе — пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат  меварзанд;

дар сариштаву равнақи системаҳои алоқа, роҳҳои мошингарди  истифодаи умум ва системаҳои дигари  нақлиёти  ҳудуди шаҳри Душанбе иштирок менамоянд;

лоиҳаи нақшаи умумии тараққиёти шаҳри Душанберо бо мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  мувофиқа мекунанд;

намояндагиҳои шаҳрро дар хориҷа таъсис медиҳанд;

таъсиси намояндагиҳои вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, ҳамчунин бародаршаҳрҳои хориҷиро дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат медиҳанд. 

Моддаи 6. Кӯмаки мақомоти ҳокимияти давлатии ноҳияҳои тобеи марказ ба шаҳри Душанбе дар иҷрои вазифаҳои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мақомоти  ҳокимияти давлатии ноҳияҳои тобеи марказба шаҳри Душанбе дар иҷрои вазифаҳои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки худ дар тадбирҳои зерин кӯмак мекунанд:

дар тартиб додан ва амалӣ гардонидани барномаҳои соҳавии тараққиёти шаҳри Душанбе — пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳудуди ноҳияҳои тобеи мерказро фаро мегиранд;

дар сохтмону таъмир ва сариштаи иншоотҳои ҳудуди ноҳияҳои тобеи марказ, ки барои вазифаҳои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистонро мутобиқи қарордодҳои бо мақомоти  ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе имзокарда ба ҷо овардани шаҳри Душанбе заруранд;

дар сариштаву тараққиёти системаҳои алоқа, роҳҳои мошингарди истифодаи умум ва системаҳои дигари нақлиёти ҳудуди ноҳияҳои тобеи марказ, ки бо вазифаҳои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҷо овардани шаҳри Душанбе алоқаманданд;

дар тараққиёти иншооти коммуналӣ, ки талаботи умумии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказробаҷо меоваранд;

дар гузаронидани чораҳои якҷояи ҳифзи табиат дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои  тобеи  марказ.

Хароҷоти ноҳияҳои тобеи марказ, ки бо кӯмак кардан ба шаҳри Душанбе дар иҷрои вазифаҳои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқаманд, аз ҳисоби маблағи (субвенсияи) буҷети ҷумҳурӣ, аз ҳисоби хизмати ноҳияҳои тобеи марказ, ки мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корхонаю муассиса ва ташлкилотҳои дахлдор мегузаронанд, пардохт мешавад. 

Моддаи 7. Пардохти хароҷоти шаҳри Душанбе бинобар вазифаҳои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҷо овардани он

Хароҷоти шаҳри Душанбе бинобар вазифаҳои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҷо овардани он пурра аз ҳисоби  кӯмаки молиявии буҷети ҷумҳурӣ, аз ҳисоби пули хизматрасонии шаҳр, ки мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчунин намояндагиҳои дипломатии давлатҳои хориҷӣва намояндагиҳои ташкилотҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон медиҳанд, пардохта мешавад.

Кӯмаки молиявӣ аз буҷети ҷумҳурӣ барои вазифаҳои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҷо овардани шаҳри Душанбе бо сатри алоҳида дар буҷети ҷумҳурӣ ҷудо карда мешавад. 

Моддаи 8. Хусусиятҳои планкашии перспективии тараққиёти шаҳри Душанбе — пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Лоиҳаи нақшаи умумии тараққиёти шаҳри Душанбе — пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз тарафи Ҳукумати шаҳри Душанбе таҳия гардида, дар  бобати вазифаи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистонро иҷро кардани шаҳри Душанбе бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа кунонида мешавад ва онро Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе тасдиқ мекунад.

Баҳсҳоеро, ки дар масъалаи планкашии тараққиёти перспективии шаҳри Душанбе ба амал меоянд, комиссияҳои созиш ҳал мекунанд, ки аз тарафи мақомоти манфиатдори ҳокимияти давлатӣ дар асоси баробарӣ ташкил карда мешаванд.

Моддаи 81. Истифодабарии ҳудуди пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар ҳолатҳои алоҳида дар шаҳри Душанбе бо мақсади амалӣ гардонидани вазифаҳои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи генералии рушди шаҳр бо қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ризоияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми истифодаи ҳудуди шаҳр мумкин аст маҳдудиятҳо муқаррар карда шаванд.

Дар ҳудуди марзию маъмурии пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ғайр аз минтақаҳое, ки бо қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муайян гардидаанд, парвариш ва нигоҳдории чорвои калони  шохдор, чорвои хурд,  инчунин асп, хар, парранда ва дигар ҳайвоноти хонагӣ, ба истиснои гурба, саг ва паррандаҳои хурди ғайриистеъмолӣ манъ аст. Парвариш ва нигоҳдории гурба, саг ва паррандаҳои хурди ғайриистеъмолӣ тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бойторӣ   иҷозат дода мешавад. (ҚҶТ аз 19.05.09, № 518)

Моддаи 9. Моликияти иморатҳо, сохтмонҳо, иншоот ва биноҳое, ки мақомоти олии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ишғол мекунанд ва қитъаҳои замине, ки дар онҳо ин иморатҳо, сохтмонҳо ва иншоот воқеъ гаштаанд.

Иморатҳо, сохтмонҳо ва иншооте, ки дар қаламрави шаҳри Душанбе мебошанд, биноҳое, ки дар онҳо мақомоти олии ҳокимияти қонунгузорӣ, иҷроия ва судии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир шудаанд, ҳамчунин қитъаҳои замине, ки он ҷо иморатҳо, сохтмонҳо ва иншооти мазкур воқеъ гаштаанд, моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. 

Моддаи 10. Ба мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба намояндагиҳои мақомоти ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо, ҳамчунин намояндагиҳои дипломатии давлатҳои хориҷӣ ва намояндагиҳои ташкилотҳои байналмилалии муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иҷора додани иморатҳо, сохтмонҳо, иншоотҳо ва биноҳое, ки моликияти шаҳри  Душанбе мебошанд.

Иморатҳо, сохтмонҳо, иншоот ва биноҳое, ки моликияти коммуналии шаҳри Душанбе мебошанд, аз тарафи Раиси шаҳри Душанбе ба мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагии  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо барои иҷора ба тартибе дода мешаванд, ки  қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  муқаррар кардааст.

Ба ҳамин тартиб иморатҳо, сохтмонҳо, иншоот ва биноҳо ба намояндагиҳои дипломатии давлатҳои хориҷӣ ва намояндагиҳои ташкилотҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон ба иҷора дода мешаванд, агар дар шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад. Дар ҳалли масъалаҳои ба иҷора додани иморатҳо, сохтмонҳо, иншоот ва биноҳои мазкур, манфиатҳои намояндагиҳои дипломатии давлатҳои хориҷӣ ва намояндагиҳои ташкилотҳои   байналмилалии муқими Тоҷикистонро дар муносибати онҳо бо мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мақомоте ифода мекунанд, ки ба онҳо Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколат додааст. (ҚҶТ аз 19.05.09, № 518) 

Моддаи 11. Хусусиятҳои гузаронидани гирдиҳамоиҳо, маҷлисҳо, роҳпаймоиҳо, намоишҳо ва тазоҳурот дар шаҳри Душанбе — пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Гузаронидани гирдиҳамоиҳо, маҷлисҳо, роҳпаймоиҳо, намоиш ва тазоҳурот дар шаҳри Душанбе — пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаҳое мумкин нест, ки мустақиман дар паҳлӯи иморатҳое, ки мақомоти олии ҳокимиятҳои қонунгузорӣ, иҷроия ва судии Ҷумҳурии Тоҷикистон ишғол кардаанд, ҷойгиранд, ба истиснои намоишҳои шаҳрвандон ва паради қӯшунҳо ба муносибати таҷлили санаҳои таърихӣ бо қарори мақомоти олии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  ҳудуди минтақаҳои мазкурро Раиси шаҳри Душанбе бо мувофиқаи мақомоти олии ҳокимияти давлатии зикршуда муқаррар мекунад.

Шароиту тартиби гузаронидани гирдиҳамоиҳо, маҷлисҳо, роҳпаймоиҳо, намоишҳова тазоҳуротро қонунҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон муайян мекунанд. 

Моддаи 12. Оиннома ва Нишони шаҳри Душанбе — пойтахти  Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шаҳри Душанбе — пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои Оиннома ва Нишон (эмблема) мебошад.

Оиннома ва Нишони (эмблемаи) шаҳри Душанбе — пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистонро Маҷлиси шаҳрии вакилони халқ  қабул мекунад.

Дар мавриди лоиҳаи Оинномаи шаҳри Душанбе дар бобати вазифаҳои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистонро иҷро кардани шаҳри Душанбе ва Низомнома дар бораи Нишони (эмблемаи) шаҳpи Душанбе ризояти Раёсати Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта мешавад.

Ба Оиннома ва Низомномаи Нишон (эмблема) айнан ба ҳамин тартиб тағйироту иловаҳо дохил карда мешаванд.

Моддаи 13. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани муқаррароти Қонуни мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.(ҚҶТ аз 19.05.09, № 518)

         Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                   Э. РАҲМОНОВ

ш. Душанбе 13 декабри соли 1996,

№ 311 

 

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Дар хусуси  тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

«Дар бораи статуси пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон »

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1996, № 23, мод.336)

 

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қарор  мекунад:

  1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи статуси пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон »  аз рӯзи нашри расмии он  мавриди амал қарор дода шавад.
  2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон :

–   дар хусуси мутобиқ гардонидани санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба Қонун «Дар бораи статуси пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон » бо тартиби муқарраргардида таклифҳо пешниҳод намояд;

–   қарорҳои худро ба Қонуни мазкур мутобиқ намояд;

–   санадҳои дахлдореро, ки аз ҳамин Қонун бармеоянд, қабул кунад;

  1.         Кумитаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтмони давлатӣ бо иштироки мақомоти ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар хусуси тартиби мувофиқ гардонидани Оиннома ва Низомномаи Нишони (эмблемаи) шаҳри Душанбе таклиф таҳия карда, барои тасдиқи Раёсати Маҷлиси Олӣ пешниҳод намояд.

 

 

Раиси Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                        С. РАҶАБОВ

ш. Душанбе  13 декабри соли 1996,

№ 312

 

Загрузка...

Дар борамон Meg S

meg-93@inbox.ru

Инчунин кобед

Детский садик Аркадий паравозов в Душанбе

Боғчаи бачагон (Кӯдакон) дар Душанбе

Ҳамаи волидон (падару модарон) дар ҷустуҷӯи боғчаҳои кӯдакон (бачагона) -и хуб дар шаҳри Душанбе –пойтахти …