Главная / Биология / ПАЙДОИШ ВА ИНКИШОФИ ПАРРАНДАХО

ПАЙДОИШ ВА ИНКИШОФИ ПАРРАНДАХО

Паррандахои хозира ва хазандахо аломату хусусиятхои хоси монанди доранд, зеро ин паррандахо таърихан аз хазандахо пайдо шудаанд. Аз чумла: I. Пусти хазандахо ва паррандахо кариб, ки тамоман гадуд надоранд. 2. Пусти хазандагонро пулакчахои шохин пушидааст, ки ин аломатро дар соки пойи паррандагон хам мебинем. 3 Пари паррандагон хам аз моддаи шохине иборат аст, ки аз чихати пайдоиш ба пулакчахои пусти хазандахо монанд мебошад. 4. Сохти дарунии тухм, ки аз зарди бой аст, аломати хар ду синф мебошад. 5. Тухми хамаи онхо чилди охаки дорад. 6. Эмбриони паррандаю хазанда зохиран монанд буда, дар давраи аввали инкишофи дохили тухм нишонахои галсамаги доранд.

Парандахои зебо хушруй

Хусусияти монанд будани паррандагону хазандагон аз ачдоди кадимаи онхо маълум мегардад. Онхо бо ду пойи акиб рох мерафтанд, устухонбандии хаводор (пневматики) допгганд, пойхои пешашон сепанчаги буда пармонанд будаанд. Аввалин паррандахо дар давраи пеш ба бучуд омадаанд, кн онхоро орнетозуха («орнето» парранда, «зуха» — кадима) меноманд. Пархо дар давраи кадим дар паррандахон кадима ба вучуд омадаанд ва баданашон бо пару патхои кушод пушида шуда, думи бодбезакшакл, пой, дасти боли устухонхои андак сабук, тумшуки нулдор, дар нуги панчахои пой нохун, пулакча допгганд, вале дур парвоз карда наметавонистанд.

Паррандаи аввалине, ки аз бозёфтхои палеонтологи (кадима) ёфт шудааст, хачман ба кабутар ё алошакшака баробар буда, дандон, 20 мухра, 4 ангушт дошт, пархои думаш аз хар як мухра якчуфти баромада буд.

Сохти паррандаи кадимаи ба мо маълум — археоптерикс шохиди медихад, ки аввалин намояндагонаш дар шохаи дарахтони беша зиста, охиста-охиста парвозро ёд гирифтаанд. Баъзе паррандагон дертар барои дар боготу дашту биёбону чарихо, дар сохилихавзхою ботлокзорхо зиндаги кардан мутобик шуданд.

Ба гуруххо таксим кардани паррандахои замони хозира

Паррандахои хозира ба 2 зерсинф чудо мешаванд:

  1. Зерсинфи паррандахои калтакалосдум ё ин ки кадимаи мункаризшуда.
  2. Зерсинфи бодбезакдумони хозиразамон. Ин зерсинф ба 3 болокатор чудо мешавад.

Болокатори бетегаи синагихо (хамворсинагон)

Ба ин катор шутурмургхои африкои, америкои, австралияги дохил мешаванд, ки пойи дароз дошта, тездав мебошанд ва аз ин сабаб дар онхо бол нагз инкишоф наёфтааст. Шутурмургхо дар чойхои васеъ хаёт мегузаронанд. Пояшон 5 панча дорад, аз он 3-тояш дар пеш ва 2-тояш дар акиб аст. Дарозии бадани шугурмургхо то 3,54 м шуда, 75-90 кг вазн доранд, хар як кадамашон 2-3 м буда, хар як чахишашон 11-12 м аст. Бадани онхо бо пар пушида шуда, гадуди равгани надоранд. Наслхояшон чуфт-чуфт зиндаги мекунанд. Насли модина 3-7 тухм мегузорад. Тухмро дар кабати куми гарм гузошта. рузона наринааш ва шабона модинааш пахш мекунанд. Хар як тухми шутурмург 1 л гунчоиш дошта, аз тухми мург чандин маротиба калон аст. Холо баъзе бокимовдаи шутурмургони майдачуссаи кадимаро орнитологхо (паррандашиносхо) аз худуди Украина ва Казокистон ёфтаанд. Онхоро дар шароити хозираи Украина, Кавказ, Казокистон, Осиёи Миёна ба шароитн нав мутобик карда, парвариш мекунанд.

Нанду ном шутурмурги америкои ба таври полигами (як хурусу якчанд мокиён дар як чо) зиндаги мекунанд ва хамаи онхо тухмашонро дар як чо мегузоранд. Пахш кардани тухм то чуча баромадан вазифаи хурус аст. Шутурмургони австралияги (казуархо) бебол, паташон муйшакли пуркимат аст. Як намуди он Эму ном дошта, дар Гвинеяи Нав зиндаги мекунад ва сергушт аст. Шутурмурги киви тамоман бебол буда, хачман хурд мебошад, 4 панчаи пой дорад, дар зери буттахои кухи зиндаги карда, хашарот мехурад. Онхо 1 -2 тухм гузошта, бештар хаёти шабона мегузаронанд.

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …