Главная / Биология / ПАЙДОИШ ВА ИНКИШОФИ ПАРРАНДАҲО

ПАЙДОИШ ВА ИНКИШОФИ ПАРРАНДАҲО

Паррандаҳои ҳозира ва хазандаҳо аломату хусусиятхои хоси монандӣ доранд, зеро ин паррандаҳо таърихан аз хазандаҳо пайдо шудаанд. Аз ҷумла: I. Пӯсти хазандаҳо ва паррандаҳо қариб, ки тамоман ғадуд надоранд. 2. Пӯсти хазандагонро пулакчахои шоҳин пӯшидааст, ки ин аломатро дар соқи пойи паррандагон ҳам мебинем. 3 Пари паррандагон ҳам аз моддаи шоҳине иборат аст, ки аз ҷиҳати пайдоиш ба пулакчаҳои пусти хазандаҳо монанд мебошад. 4. Сохти дарунии тухм, ки аз зардӣ бой аст, аломати ҳар ду синф мебошад. 5. Тухми ҳамаи онҳо ҷилди оҳакӣ дорад. 6. Эмбриони паррандаю хазанда зоҳиран монанд буда, дар давраи аввали инкишофи дохили тухм нишонахои ғалсамагӣ доранд.

Парандахои зебо хушруй

Хусусияти монанд будани паррандагону хазандагон аз аҷдоди кадимаи онҳо маълум мегардад. Онҳо бо ду пойи ақиб роҳ мерафтанд, устухонбандии ҳаводор (пневматикӣ) допгганд, пойҳои пешашон сепанчагӣ буда пармонанд будаанд. Аввалин паррандаҳо дар давраи пеш ба буҷуд омадаанд, кн онҳоро орнетозуха («орнето» парранда, «зуха» — қадима) меноманд. Парҳо дар давраи қадим дар паррандаҳон қадима ба вуҷуд омадаанд ва баданашон бо пару патҳои кушод пӯшида шуда, думи бодбезакшакл, пой, дасти болӣ устухонҳои андак сабук, тумшуки нӯлдор, дар нӯги панҷаҳои пой нохун, пулакча допгганд, вале дур парвоз карда наметавонистанд.

Паррандаи аввалине, ки аз бозёфтҳои палеонтологӣ (қадима) ёфт шудааст, ҳаҷман ба кабӯтар ё алошақшака баробар буда, дандон, 20 мӯҳра, 4 ангушт дошт, парҳои думаш аз ҳар як мӯҳра якҷуфтӣ баромада буд.

Сохти паррандаи қадимаи ба мо маълум — археоптерикс шоҳидӣ медиҳад, ки аввалин намояндагонаш дар шохаи дарахтони беша зиста, оҳиста-оҳиста парвозро ёд гирифтаанд. Баъзе паррандагон дертар барои дар боғоту дашту биёбону ҷариҳо, дар соҳилиҳавзхою ботлоқзорхо зиндагӣ кардан мутобиқ шуданд.

Ба гуруҳҳо тақсим кардани паррандаҳои замони ҳозира

Паррандаҳои ҳозира ба 2 зерсинф ҷудо мешаванд:

  1. Зерсинфи паррандаҳои калтакалосдум ё ин ки кадимаӣ мунқаризшуда.
  2. Зерсинфи бодбезакдумони ҳозиразамон. Ин зерсинф ба 3 болоқатор ҷудо мешавад.

Болоқатори бетеғаи синагиҳо (ҳамворсинагон)

Ба ин қатор шутурмурғҳои африкоӣ, америкоӣ, австралиягӣ дохил мешаванд, ки пойи дароз дошта, тездав мебошанд ва аз ин сабаб дар онҳо бол нағз инкишоф наёфтааст. Шутурмурғҳо дар ҷойҳои васеъ ҳаёт мегузаронанд. Пояшон 5 панҷа дорад, аз он 3-тояш дар пеш ва 2-тояш дар ақиб аст. Дарозии бадани шугурмурғҳо то 3,54 м шуда, 75-90 кг вазн доранд, ҳар як қадамашон 2-3 м буда, хар як ҷаҳишашон 11-12 м аст. Бадани онҳо бо пар пӯшида шуда, ғадуди равғанӣ надоранд. Наслҳояшон ҷуфт-ҷуфт зиндагӣ мекунанд. Насли модина 3-7 тухм мегузорад. Тухмро дар қабати қуми гарм гузошта. рӯзона наринааш ва шабона модинааш пахш мекунанд. Ҳар як тухми шутурмурғ 1 л гунҷоиш дошта, аз тухми мурғ чандин маротиба калон аст. Ҳоло баъзе боқимовдаи шутурмурғони майдаҷуссаи кадимаро орнитологхо (паррандашиносҳо) аз ҳудуди Украина ва Қазокистон ёфтаанд. Онҳоро дар шароити ҳозираи Украина, Кавказ, Қазоқистон, Осиёи Миёна ба шароитн нав мутобик карда, парвариш мекунанд.

Нанду ном шутурмурғи америкоӣ ба таври полигамӣ (як хурӯсу якчанд мокиён дар як ҷо) зиндагӣ мекунанд ва ҳамаи онҳо тухмашонро дар як ҷо мегузоранд. Пахш кардани тухм то чӯҷа баромадан вазифаи хурӯс аст. Шутурмурғони австралиягӣ (казуарҳо) бебол, паташон мӯйшакли пурқимат аст. Як намуди он Эму ном дошта, дар Гвинеяи Нав зиндагӣ мекунад ва сергӯшт аст. Шутурмурғи кивӣ тамоман бебол буда, ҳаҷман хурд мебошад, 4 панҷаи пой дорад, дар зери буттаҳои кӯҳӣ зиндагӣ карда, ҳашарот мехӯрад. Онҳо 1 -2 тухм гузошта, бештар ҳаёти шабона мегузаронанд.

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …