Главная / Чамъият / ПАЙДОИШИ ИСЛОМ

ПАЙДОИШИ ИСЛОМ

Дини ислом дар нимчазираи Арабистон дар иклими Хичоз ба вучуд омад. Дар таърих замони пеш аз пайдоиши исломро давраи чохилият меноманд ва дар ин давра Макка ва Мадина шахрхои калонтарин ва марказхои маданию фархангии Хичоз буданд. Макка дар мавкеъи гарм карор дошта, аз ду тарафи он теппахои на чандон баланд вокеанд. Тобистон ба сабаби тангии хаво ва рамзои /гармои/ Макка нафасгири хатто мушкил мегардид.

Дар ин шахр ибодатгохи умум -Каъба карор дошт. Ахолии шахр асосан ба сандо машгул буданд, корвонхоро то бахри Сурх ва хатто укёнуси атлантик хамрохи менамуданд. Ахолии он асосан аз кабилаи Курайш иборат буд, чанд авлод кудрати сиёси ва иктисодиро дар ихтиёри худ дошт. Аз чумла бани Хошим, ки хазрати Мухаммад /с.а/ аз он буд, бани Умия, бани Зухра, бани Махзум, бани Асад ва гайра.

paydoishi-islomИн шахри хурд дар сари рохи тичорат карор дошта, Ироку Шом /Сурия/-ро бо Яман мепайваст ва байни Машрику Магриб кишвархои сохили бахри Миёназамин, Африкаю Осиё бо ин рох алока баркарор мегардид.

Корвонхои савдои ин шахр то хадде бузург Буда, баъзан наздики 2000 шутурро ташкил мекарданд. Алокаи корвон дар тамоми тули рох бо шахр ба воситаи косидон таъмин мегардид. Фоидае, ки аз гузарондан ва иштирок дар савдо ахли Макка дошт, баъзан нисфи маблаги онро ташкил мекард.

Маблаги даромади хонаводахои дорои Маккаро рибо – суди маблаги ба савдо гузошташуда боз хам афзунтар месохт. Каъба – зиёратгохи араб, нуфузи Маккава кабилаи Курайшро бештар месохт,харчанд, ки Каъба хоси ахли Макка ва Курайш набуда, ба тамоми арабхо таалук дошт.

Мувофики ривоятхои дар ин чо 360 бути кабоили араб мавчуд буд ва хатто дар сутунхои он тасвири Марям хам дучор омадааст ва ин гувохи медихад, ки масехихо хангоми аз Мака гузаштанашон ва ё икоматашон ба ин ибодатгох рафта, дар он русуми динии худро ичро мекарданд. Дар байни худохои ин ибодатгох, аллох худои аз хама сохибкудрат, вале на ягонаю бемисл, шумурда мешуд. Дар баробари Аллох чандин худохои дигар буданд, ки минбаъд дар Куръон маъбудони манфиро ташкил доданд.

Аз чумла Лот-худои офтоб дар шакли буте аз санги сафед, Манот-худои такдир, маргу ачал, ки ба сурати буте аз санги сиёх, парастида мешуд, Уззо-Зухра /ба ин худо ахли Курайш эхтироми махсус дошт/. Ривоятхои зиёд дар бораи парастиши ин худоён накл мешаванд. Намунахои онро, чунон ки баъдтар мушохида хохем кард, дар Куръон дучор шудан мумкин аст.

Нисбат ба ин худоён маросимхои тавоф /чунон ки имруз дар хаччи Каъба аст /, масх – молидан бо чизе /аз ин чо масехият-молида шуда/ курбони ба чо оварда мешуд. Ба арабхо тавофи Каъба ахамияти махсус дода, мукаддасоти ин одатро катъан риоя мекарданд. Парастиши Аллох дар ин маросимхо хамчун холики замину осмон мавриди таваччухи хоси арабхо буд.

Унсурхои фетишизм дар маросимхои арабхо таъсири багоят бузург дошт. Аз чумла одати сангпарасти. Арабхо пораи сангро хамчун нишонаи худохои худ бо худ ба сахро мебурданд ва агар дар рох санги дигаре пайдо мекарданд, ки аз ин санг зеботар бошад, санги пештараашонро дур андохта, санги нав пайдокардаашонро бо худ хамрох мегирифтанд. Рибохорони (сузхурони) Макка бенавоёни он ва гирду атрофро дар хакикат горат менамуданд. Пул ба карз дода аз он фоидаи бисёре ба даст меоварданд. сол 4 мохро моххои харом мегуфтанд, ки дар онхо тавофи Каъба ва табодули колоро анчом медоданд.

Арабхои бадавии нимчазираи Арабистон, аглаб ба чорводори машгул буданд. Дар байни онхо зиддиятхои кабилави ба андозае шиддат пайдо карда буд, ки оромии ин Каъбаи мукаддас  минтакаро ба кулли аз байн бурда, чангу чидолро вусъат медод ва чузви хаёти арабхои давраи чохилият, воситаи ба даст овардани заминхои нав барои чарогох, ситондани интикоми хешу таборхои худ гашта буд. Одати интикоми хуни, тазоди кабилахо вазъияти бе ин хам ноороми ин минтакаро боз хам шиддатноктар месохт.

Дар охири асри VI ва ибтидои асри УП вазъияти пуршиддати минтака, хатто вазъи савдо ва корвонхои савдоро хеле мураккаб сохт.

Супориш ва саволхо.

  1. Дар бораи Арабистон ва шахрхои Мака ва Мадина чихоро медонед?
  2. Чаро давраи бисёрхудоиро дар Арабистон давраи чохилия меноманд?

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …