Главная / Ҷамъият / ПАЙДОИШИ ИСЛОМ

ПАЙДОИШИ ИСЛОМ

Дини ислом дар нимҷазираи Арабистон дар иқлими Ҳиҷоз ба вуҷуд омад. Дар таърих замони пеш аз пайдоиши исломро давраи ҷоҳилият меноманд ва дар ин давра Макка ва Мадина шаҳрхои калонтарин ва марказҳои маданию фарҳангии Ҳиҷоз буданд. Макка дар мавқеъи гарм карор дошта, аз ду тарафи он теппаҳои на чандон баланд воқеанд. Тобистон ба сабаби тангии ҳаво ва рамзои /гармои/ Макка нафасгирӣ ҳатто мушкил мегардид.

Дар ин шаҳр ибодатгоҳи умум -Каъба қарор дошт. Аҳолии шаҳр асосан ба сандо машғул буданд, корвонҳоро то баҳри Сурх ва ҳатто уқёнуси атлантик ҳамроҳӣ менамуданд. Аҳолии он асосан аз қабилаи Қурайш иборат буд, чанд авлод қудрати сиёсӣ ва иқтисодиро дар ихтиёри худ дошт. Аз ҷумла бани Ҳошим, ки ҳазрати Мухаммад /с.а/ аз он буд, бани Умия, бани Зўҳра, бани Махзум, бани Асад ва ғайра.

paydoishi-islomИн шаҳри хурд дар сари роҳи тиҷорат қарор дошта, Ироқу Шом /Сурия/-ро бо Яман мепайваст ва байни Машриқу Мағриб кишварҳои соҳили баҳри Миёназамин, Африкаю Осиё бо ин роҳ алоқа барқарор мегардид.

Корвонҳои савдои ин шаҳр то ҳадде бузург Буда, баъзан наздики 2000 шутурро ташкил мекарданд. Алоқаи корвон дар тамоми тўли роҳ бо шаҳр ба воситаи қосидон таъмин мегардид. Фоидае, ки аз гузарондан ва иштирок дар савдо аҳли Макка дошт, баъзан нисфи маблағи онро ташкил мекард.

Маблағи даромади хонаводаҳои дорои Маккаро рибо – суди маблағи ба савдо гузошташуда боз ҳам афзунтар месохт. Каъба – зиёратгоҳи араб, нуфузи Маккава қабилаи Қурайшро бештар месохт,ҳарчанд, ки Каъба хоси аҳли Макка ва Қурайш набуда, ба тамоми арабҳо таалуқ дошт.

Мувофиқи ривоятҳои дар ин ҷо 360 бути қабоили араб мавҷуд буд ва ҳатто дар сутунҳои он тасвири Марям ҳам дучор омадааст ва ин гувоҳӣ медиҳад, ки масеҳиҳо ҳангоми аз Мака гузаштанашон ва ё иқоматашон ба ин ибодатгоҳ рафта, дар он русуми динии худро иҷро мекарданд. Дар байни худоҳои ин ибодатгоҳ, аллоҳ худои аз ҳама соҳибқудрат, вале на ягонаю бемисл, шумурда мешуд. Дар баробари Аллоҳ чандин худоҳои дигар буданд, ки минбаъд дар Қуръон маъбудони манфиро ташкил доданд.

Аз ҷумла Лот-худои офтоб дар шакли буте аз санги сафед, Манот-худои тақдир, маргу аҷал, ки ба сурати буте аз санги сиёҳ, парастида мешуд, Уззо-Зуҳра /ба ин худо аҳли Қурайш эҳтироми махсус дошт/. Ривоятҳои зиёд дар бораи парастиши ин худоён нақл мешаванд. Намунаҳои онро, чунон ки баъдтар мушоҳида хоҳем кард, дар Қуръон дучор шудан мумкин аст.

Нисбат ба ин худоён маросимҳои тавоф /чунон ки имрўз дар ҳаҷҷи Каъба аст /, масҳ – молидан бо чизе /аз ин ҷо масеҳият-молида шуда/ қурбонӣ ба ҷо оварда мешуд. Ба арабҳо тавофи Каъба аҳамияти махсус дода, муқаддасоти ин одатро қатъан риоя мекарданд. Парастиши Аллоҳ дар ин маросимҳо ҳамчун холиқи замину осмон мавриди таваҷҷўҳи хоси арабҳо буд.

Унсурҳои фетишизм дар маросимҳои арабҳо таъсири бағоят бузург дошт. Аз ҷумла одати сангпарастӣ. Арабҳо пораи сангро ҳамчун нишонаи худоҳои худ бо худ ба саҳро мебурданд ва агар дар роҳ санги дигаре пайдо мекарданд, ки аз ин санг зеботар бошад, санги пештараашонро дур андохта, санги нав пайдокардаашонро бо худ ҳамроҳ мегирифтанд. Рибохорони (сўзхўрони) Макка бенавоёни он ва гирду атрофро дар ҳақиқат ғорат менамуданд. Пул ба қарз дода аз он фоидаи бисёре ба даст меоварданд. сол 4 моҳро моҳҳои ҳаром мегуфтанд, ки дар онҳо тавофи Каъба ва табодули колоро анҷом медоданд.

Арабҳои бадавии нимҷазираи Арабистон, ағлаб ба чорводорӣ машғул буданд. Дар байни онҳо зиддиятҳои қабилавӣ ба андозае шиддат пайдо карда буд, ки оромии ин Каъбаи муқаддас  минтақаро ба куллӣ аз байн бурда, ҷангу ҷидолро вусъат медод ва ҷузви ҳаёти арабҳои давраи ҷоҳилият, воситаи ба даст овардани заминҳои нав барои чарогоҳ, ситондани интиқоми хешу таборҳои худ гашта буд. Одати интиқоми хунӣ, тазоди қабилаҳо вазъияти бе ин ҳам ноороми ин минтақаро боз ҳам шиддатноктар месохт.

Дар охири асри VI ва ибтидои асри УП вазъияти пуршиддати минтақа, ҳатто вазъи савдо ва корвонҳои савдоро хеле мураккаб сохт.

Супориш ва саволҳо.

  1. Дар бораи Арабистон ва шаҳрҳои Мака ва Мадина чиҳоро медонед?
  2. Чаро давраи бисёрхудоиро дар Арабистон давраи ҷоҳилия меноманд?

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …