Главная / Чамъият / Озод кардан аз андоз

Озод кардан аз андоз

Моддаи 169-и Кодекси Андоз. Озод кардан аз андоз

  1. Озод кардан аз андоз аз арзиши иловашуда маънои онро дорад, ки тахвили молхо, ичрои корхо ва хизматрасонихои аз андоз аз арзиши иловашуда озодкардашуда амалиёти андозбандишаванда намебошанд ва арзиши онхо аз чониби андозсупоранда ба амалиёти андозбандишаванда дохил карда намешавад, воридоти аз андоз аз арзиши иловашуда озодкардашуда бошад, ба арзиши воридоти андозбандишаванда дохил карда намешавад. Хамзамон, мутаносибан арзиши чунин тахвили молхо, ичрои корхо, хизматрасонихо ва чунин воридоти молхо барои аз чониби андозсупоранда тибки моддаи 181 Кодекси мазкур хисоб кардани андоз аз арзиши иловашуда асос шуда наметавонад.
  2. Тахвили молхо (ба гайр аз содироти молхо), ичрои корхо ва хизматрасонихои зерин, ки дар Чумхурии Точикистон анчом дода шудаанд, аз андоз аз арзиши иловашуда озод мебошанд:

1) Фуруш, супоридан ё ичораи молу мулки гайриманкул, ба гайр аз:

а) фуруш ё супоридани бинои мехмонхонахо ё манзилгох барои истирохаткунандагон;

б) фуруш ё супоридани бинохои истикоматии нави сохташуда;

в) фуруш ё ичораи молу мулки гайриманкул, ки барои максадхои сохибкори истифода бурда мешавад, ба истиснои фуруш ё супоридан мутобики моддаи 165 Кодекси мазкур.

2) Хизматрасонихои алохидаи молияви бар ивази подошпули, ки номгуи онхоро Вазорати молияи Чумхурии Точикистон дар мувофика бо Бонки миллии Точикистон ва макоми ваколатдори давлати муайян менамояд, аз чумла молу мулки моддии истехлокшаванда тибки амалиёти ичораи молияви (лизинг) (аз чумла хавопаймохо), ки мутобики моддаи 15 Кодекси мазкур анчом дода мешавад, ба истиснои молу мулки гайриманкул, автомашинахои сабукрав ва мебел.

3) Тахвили пули милли ва (ё) асъори хоричи (ба гайр аз максадхои нумизмати), инчунин когазхои киматнок.

4) Хизматрасонихои дини ва маросими аз чониби ташкилоти дини.

5) Хизматрасонии тиббии муассисахои давлати, ба истиснои хизматрасонихои ё косметологи, дандонпизишки ва санаторию курорти.

6) Хизматрасонихои зерини муассисахои давлатии аз хисоби бучети давлати маблаггузоришаванда дар сохаи маориф (дар холати мавчуд будани ичозатнома, агар он зарур бошад):

а) тахсилоти томактаби;

б) тахсилоти ибтидои, умумии асоси ва миёнаи умуми;

в) тахсилоти ибтидоии касби ва миёнаи касби;

г) тахсилоти олии касби;

д) тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими;

е) тахсилоти иловаги ва махсус.

7) Ройгон супоридани (даст кашидан аз) молхо ба манфиатидавлат, тахвили молхо, ичрои корхо ва хизматрасонихо ба сифати кумаки башардустона.

8) Тахвили молхо, ичрои корхо, хизматрасонихое, ки бевосита аз чониби муассисахои ичрои чазои чиноятии Чумхурии Точикистон ё корхонахои давлатие, ки ба системаи ичрои чазои чиноятии Чумхурии Точикистон шомиланд, истехсол намудаанд (ичро кардаанд, хизмат расонидаанд).

9) Тахвили махсулоти махсуси истифодаи инфироди барои маъюбон мувофики номгуе, ки аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.

  1. Тахвили металлхои киматбахо ва сангхои киматбахо, маснуоти заргари аз металлхои киматбахо ва сангхои киматбахо, алюминийи аввалия, консентрати металлхо, маъданхои моли, оханпораи металлхои сиёх ва ранга, металлхои дигари дар Чумхурии Точикистон истехсолшаванда, пилла, нахи пахта, калобаи пахта, пахтаи коркарднашуда, аз чумла барои содирот, аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешавад. (КЧТ аз 18.03.15с., №1188)
  2. Намудхои зерини воридот аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд:

-воридоти пули милли ва (ё) асъори хоричи (ба гайр аз максадхои нумизмати), инчунин когазхои киматнок;

-воридоти металлхои киматбахо ва сангхои киматбахо аз чонибиБонки миллии Точикистон ва Вазорати молияи Чумхурии Точикистонбарои Хазинаи давлатии сарватхо;

-воридоти молхое, ки ройгон ба макомоти давлатии Чумхурии Точикистон дода мешаванд, воридоти молхо ба сифати кумаки башардустона, воридоти молхое, ки ба ташкилотхои эхсонкори ба максади рафъи окибатхои офатхои табии, садама ва фалокатхо ройгон дода мешаванд;

-воридоти техникаи таъиноти кишоварзи, тачхизоти истехсолию технологи ва маснуоти такмилии (комплектии) онхо, ки мачмуи ягонаи технологиро ташкил медиханд. Номгуи техникаи таъиноти кишоврзи, тачхизоти истехсолию технологи ва маснуоти такмили ба он мутобики номгуи молхои фаъолияти иктисодии хоричи аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик карда мешавад;

-воридоти дорувории тибби, тачхизоти тибби, фармасевти ва асбобхои тибби мувофики номгуи муайяннамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон;

-воридоти молхое, ки барои татбики лоихахои сармоягузории Хукумати Чумхурии Точикистон дар доираи маблагхои созишномахои гранти (карзи) амали мешаванд;

-воридоти молхо барои сохтмони объектхои махсусан мухим, ки номгуи онхоро Хукумати Чумхурии Точикистон муайян менамояд; (КЧТ аз 18.03.15с., №1188)

– воридоти тачхизоту техника ва маводи сохтмонии иншооти сайёхи (аз чумла мехмонхона, осоишгох ва истирохатгоххои табобати, марказхои сайёхи ва дигар иншооти сайёхи). Руйхати иншооти сайёхи, номгуй, микдори тачхизоту техника ва маводи сохтмонии воридшаванда аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик карда мешавад;  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1423)

-воридоти молхо (ба истиснои молхои зераксизи) тибки номгуй ва хачми муайянкардаи Хукумати Чумхурии Точикистон, ки бевосита истехсолкунандагонбарои истехсоли алюминийи аввалия анчом медиханд;

-воридоти алюминийи аввалия;  (КЧТ аз 14.11.16 с., №1367)

– воридоти техникаи  харби, агрегатхои асоси, силох, лавозимоти чанги ва дастгоххои парвозкунандаи таъиноти мудофиавидошта, инчунин арзиши хизматрасонии таъмир ва кисмхои эхтиёти ба онхо;  (КЧТ аз 28.12.13с., №1046); (КЧТ аз 14.11.16 с., №1367)

-воридоти махсулоти махсуси истифодаи фарди барои маъюбон мувофики номгуе, ки аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …