Главная / Гуногун / Оилаи занбакихо

Оилаи занбакихо

Ба оилаи занбакихо 4000 намуди растанихои бисёрсолаи алафи дохил мешаванд. Онхо бештар дар минтакахое пахн шудаанд, ки тобистонаш гарму хушк ва бахору тирамохаш камбориш аст.

Занбакихо гиёххои пиёзакбех, лундапиёзак ва решапоядор мебошанд. Барги онхо нештаршакл, тасмамонанд ва дарозруя мешавад.

zanbaqiho

Гули растанихои мансуби оилаи занбакихо дорои гулпуши одди буда, пайвастгулбарг ё чудогулбарг мебошад. Микдори гулбаргхо ва гардбаргхо шаштогианд. Гули занбакихо дучинса буда, онхо майда ё калони хеле хуб назаррасанд. Гулхо дар хушагулхои гуногуншакл чойгиранд. Баъзан якто гули тока доранд.

Гули лола яке аз намояндагони маъмули оилаи занбакихо мебошад. Лола растании худруи зеботарин ба хисоб рафта, нав- бахорон гул мекунад. Бисёр навъхои гуногуни мазруии он ба вучуд оварда шудааст. Хар як навнихоли лола 59 якто гул дорад. Гулпушаш чудобарги одди аст. Гулбаргхои гулпуш сетоги дар ду давра (сето дар давраи берун ва сетои дигар дар давраи дарун) чой гирифтаанд. Мачмуи гулбаргхо дар якчояги шакли зангулаи калонро гирифта, рангашон сурх, зард, сафед, бунафш мебошад.

Гардбаргхо низ шашто буда, дар ду давра сетоги чой гирифтаанд. Дар миёначои гул тухмдони калон чойгир аст, ки аз сутунча ва гард- гираки сепарра иборат аст.

Нишондодхои болоиро ба эътибор гирифта, формулаи гули лола умуман занбакихоро ин тавр тасвир кардан мумкин аст: л Г М [1]

Меваи лола гузаи сертухми хушк мебошад. Умуман, дар Точикистон 25 намуди лолаи худруй меруяд. Гулшукуфти лола аз мохи апрел-май то мохи июн давом мекунад.

Лола дар талу теппахо. доманакуххо, дар чангалзори пистаю фарк ва бодому арчазорхо нашъуиамо карда, ба габиат хусни тоза зам мекунад. Вале, мутаассифона, баъзе одамон (хусусан кудакону наврасон) окибати кори худро наандешида, дар фасли бахор онро беинсофона бисёр мечинанд. Аз ин ру, сол аз сол микдори он кам шуда, майдони табиии рушду нумуи он махдуд шуда истодааст. Ба- рои хифзи он хамчун растании нодиру пуркимат, ки ба он хатари нестшави тахдид мекунад, гули лола ба “Китоби Сурхи Точикис- тон” дохил карда шудааст.

Селексионерон (навъофарандагон) аз баъзе намудхои нодири лола навъхои зиёдеро ба вучуд овардаанд. Ин навъхо бо хусну таровати зебояшон гулгашту хиёбонхо, гулбогу чорбогхоро оро медиханд.

Растании дигари фоиданоку камёфти занбакихо холмон мебо- шад. Холмон гиёхи бисёрсолаи пиёзакбех аст. Пояи рост дошта, аз 40—50 см то 150 см кад мекашад. Вай растании сербарг буда, баргаш чадвалмонанд, нештаршакл ва чилодори нугтез мебошад. Гулхояш калони зангулашакл, ранги гулбаргхояш сурх, сурхи норинчй, зарди сурхтоб мешавад. Холмон мохи апрелу май гул мекунад ва мева мебандад. Мевааш гузаи парраноки сертухм мебошад.

Холмон дар нохияхои маркази ва чанубии Точикистон дар зери буттаву дарахтон, дар нишебихои серсангу регдор вомехурад. Ми- кёси пахншавиаш низ чун гули лола сол аз сол махдуд мегардад. Зеро бисёр одамон онро барои гулхои зебо ва охари (нишостаи) пиёзакбехаш берахмона чамъовари мекунанд. Холмон низ ба “Ки- тоби Сурхи Точикистон” дохил карда шуда, зери химояи конун карор дорад.

Растании дигари ин оила, ки хушагули калону зебо дорад, сич ё суч (ширеш) мебошад. Сич гиёхи худруй буда, баргхои наздирешагии тасмашаклу сермагз дорад. Аз мобайни ин баргхо пояи рости бебарг, ки аз 0,5 то 2 м дарози дорад, месабзад.

Дар кисми муайяни (болоии) пояаш гулхои хурди рангашон сафед, гулобии зард ва сурх (вобаста ба намудхои гуногуни сич) инкишоф ёфта, боиси пайдо шудани хушагули дарози (то 120 см) силиндршакл мешаванд. Дар хушагули баъзе намудхои сич (масалан, сичи азимчусса) то 800 гул чойгир шуда метавонад.

Дар Точикистон 28 намуди сич маъ- лум аст. Сич дар заминхои санглох, зери чангалхои зарангу фарк, бодому писта ва дар байни буттахои настаран ва камолу юган меруяд.

Аз решаи бисёр намудхои сич ши- реш ва барои ранг намудани ма- тоъхои пахтагин ва абрешимин рангхои гуногун ба даст оварда мешавад.

Бисёр намудхои сич, ки хушагули зебо доранд, хамчун растании ороиши барои парвариш дар хиёбону гулгаштхо тавсия шудаанд.

Хамчун растании хонаги дар гулдонхо растании бисёрсолаи хаме- шасабзи ороиши ва давои уд (алоэ, сабр)-ро парвариш меку- нанд. Уд дар шароити табии гиёхи хамешасабзи дарахти мебошад Пояи рости сершоху сербарги уд то 4 м кад мекашад. Баргаш шам- шершакли сергушту сероби тагоякмонанд мебошад. Хушагули да- розу (20-40 см) зугуташакли сергул дорад. Гулбаргхояш норинчи, мевааш гузаи сертухм аст.

  1. Аз руи кадом аломатхояшон растанихои оилаи занбакихоро ба синфи якпаллагихо дохил мекунанд?
  2. Сохти гули лола чи гуна аст?
  3. Формулаи гули растанихои оилаи занбакихоро чи тавр тасвир мекунанд?
  4. Меваи растанихои оилаи занбакихо чи гуна сохт дорад?
  5. Гулпуши содда аз гулпуши мураккаб чи фарк дорад?

[1]Агар гул пегигули содда, яъне танхо косагул ё гулбарг дошта бошад, онро бо 0 ё Г ифода мекунанд.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …