Главная / Гуногун / Оилаи занбақиҳо

Оилаи занбақиҳо

Ба оилаи занбақиҳо 4000 намуди растаниҳои бисёрсолаи алафӣ дохил мешаванд. Онҳо бештар дар минтақаҳое паҳн шудаанд, ки тобистонаш гарму хушк ва баҳору тирамоҳаш камбориш аст.

Занбақиҳо гиёҳҳои пиёзакбех, лӯндапиёзак ва решапоядор мебошанд. Барги онҳо нештаршакл, тасмамонанд ва дарозрӯя мешавад.

zanbaqiho

Гули растаниҳои мансуби оилаи занбақиҳо дорои гулпӯши оддӣ буда, пайвастгулбарг ё ҷудогулбарг мебошад. Миқдори гулбаргҳо ва гардбаргҳо шаштогианд. Гули занбақиҳо дуҷинса буда, онҳо майда ё калони хеле хуб назаррасанд. Гулҳо дар хӯшагулҳои гуногуншакл ҷойгиранд. Баъзан якто гули тоқа доранд.

Гули лола яке аз намояндагони маъмули оилаи занбақиҳо мебошад. Лола растании худрӯи зеботарин ба ҳисоб рафта, нав- баҳорон гул мекунад. Бисёр навъҳои гуногуни мазрӯии он ба вуҷуд оварда шудааст. Ҳар як навниҳоли лола 59 якто гул дорад. Гулпӯшаш ҷудобарги оддӣ аст. Гулбаргҳои гулпӯш сетогӣ дар ду давра (сето дар давраи берун ва сетои дигар дар давраи дарун) ҷой гирифтаанд. Маҷмӯи гулбаргҳо дар якҷоягӣ шакли зангӯлаи калонро гирифта, рангашон сурх, зард, сафед, бунафш мебошад.

Гардбаргҳо низ шашто буда, дар ду давра сетогӣ ҷой гирифтаанд. Дар миёнаҷои гул тухмдони калон ҷойгир аст, ки аз сутунча ва гард- гираки сепарра иборат аст.

Нишондодҳои болоиро ба эътибор гирифта, формулаи гули лола умуман занбақиҳоро ин тавр тасвир кардан мумкин аст: л Г М [1]

Меваи лола ғузаи сертухми хушк мебошад. Умуман, дар Тоҷикистон 25 намуди лолаи худрӯй мерӯяд. Гулшукуфти лола аз моҳи апрел-май то моҳи июн давом мекунад.

Лола дар талу теппаҳо. доманакӯҳҳо, дар ҷангалзори пистаю фарк ва бодому арчазорҳо нашъуиамо карда, ба габиат ҳусни тоза зам мекунад. Вале, мутаассифона, баъзе одамон (хусусан кӯдакону наврасон) оқибати кори худро наандешида, дар фасли баҳор онро беинсофона бисёр мечинанд. Аз ин рӯ, сол аз сол микдори он кам шуда, майдони табиии рушду нумӯи он махдуд шуда истодааст. Ба- рои ҳифзи он ҳамчун растании нодиру пурқимат, ки ба он хатари нестшавӣ таҳдид мекунад, гули лола ба “Китоби Сурхи Тоҷикис- тон” дохил карда шудааст.

Селексионерон (навъофарандагон) аз баъзе намудҳои нодири лола навъҳои зиёдеро ба вуҷуд овардаанд. Ин навъҳо бо ҳусну таровати зебояшон гулгашту хиёбонҳо, гулбоғу чорбоғҳоро оро медиҳанд.

Растании дигари фоиданоку камёфти занбақиҳо ҳолмон мебо- шад. Ҳолмон гиёҳи бисёрсолаи пиёзакбех аст. Пояи рост дошта, аз 40—50 см то 150 см қад мекашад. Вай растании сербарг буда, баргаш ҷадвалмонанд, нештаршакл ва ҷилодори нӯгтез мебошад. Гулҳояш калони зангӯлашакл, ранги гулбаргҳояш сурх, сурхи норинҷй, зарди сурхтоб мешавад. Ҳолмон моҳи апрелу май гул мекунад ва мева мебандад. Мевааш ғӯзаи парраноки сертухм мебошад.

Ҳолмон дар ноҳияҳои марказӣ ва ҷанубии Тоҷикистон дар зери буттаву дарахтон, дар нишебиҳои серсангу регдор вомехӯрад. Ми- қёси паҳншавиаш низ чун гули лола сол аз сол маҳдуд мегардад. Зеро бисёр одамон онро барои гулҳои зебо ва оҳари (нишостаи) пиёзакбехаш бераҳмона ҷамъоварӣ мекунанд. Ҳолмон низ ба “Ки- тоби Сурхи Тоҷикистон” дохил карда шуда, зери ҳимояи қонун қарор дорад.

Растании дигари ин оила, ки хӯшагули калону зебо дорад, сич ё суч (ширеш) мебошад. Сич гиёҳи худрӯй буда, баргҳои наздирешагии тасмашаклу сермағз дорад. Аз мобайни ин баргҳо пояи рости бебарг, ки аз 0,5 то 2 м дарозӣ дорад, месабзад.

Дар қисми муайяни (болоии) пояаш гулҳои хурди рангашон сафед, гулобии зард ва сурх (вобаста ба намудҳои гуногуни сич) инкишоф ёфта, боиси пайдо шудани хӯшагули дарози (то 120 см) силиндршакл мешаванд. Дар хӯшагули баъзе намудҳои сич (масалан, сичи азимҷусса) то 800 гул ҷойгир шуда метавонад.

Дар Тоҷикистон 28 намуди сич маъ- лум аст. Сич дар заминҳои санглох, зери ҷангалҳои зарангу фарк, бодому писта ва дар байни буттаҳои настаран ва камолу юған мерӯяд.

Аз решаи бисёр намудхои сич ши- реш ва барои ранг намудани ма- тоъҳои пахтагин ва абрешимин рангҳои гуногун ба даст оварда мешавад.

Бисёр намудҳои сич, ки хӯшагули зебо доранд, ҳамчун растании ороишӣ барои парвариш дар хиёбону гулгаштҳо тавсия шудаанд.

Ҳамчун растании хонагӣ дар гулдонҳо растании бисёрсолаи ҳаме- шасабзи ороишӣ ва давоӣ уд (алоэ, сабр)-ро парвариш меку- нанд. Уд дар шароити табиӣ гиёҳи ҳамешасабзи дарахтӣ мебошад Пояи рости сершоху сербарги уд то 4 м қад мекашад. Баргаш шам- шершакли сергӯшту сероби тағоякмонанд мебошад. Хӯшагули да- розу (20-40 см) зуғӯташакли сергул дорад. Гулбаргҳояш норинҷӣ, мевааш ғӯзаи сертухм аст.

  1. Аз рӯи кадом аломатҳояшон растаниҳои оилаи занбақиҳоро ба синфи якпаллагиҳо дохил мекунанд?
  2. Сохти гули лола чӣ гуна аст?
  3. Формулаи гули растаниҳои оилаи занбақиҳоро чӣ тавр тасвир мекунанд?
  4. Меваи растаниҳои оилаи занбақиҳо чӣ гуна сохт дорад?
  5. Гулпӯши содда аз гулпӯши мураккаб чӣ фарқ дорад?

[1]Агар гул пегигули содда, яъне танҳо косагул ё гулбарг дошта бошад, онро бо 0 ё Г ифода мекунанд.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …