Главная / Биология / Оилаи пиёзгулон

Оилаи пиёзгулон

Ба ин оила авлоди васеъпахншудаи пиёз дохил мешавад, ки кариб 500 намудро дарбар мегирад. Пиёз дар дашту нимбиёбонхо, доманакуххо ва миёнакуххо пахн шудааст. Намудхои гуногуни пиёз дар нишебихои серсангу реги, дар теппахо, дашту маргзорхо, зери дарахту буттахо аз баландии 450 м то баландии 4500 м аз сатхи бахр вомехуранд.

565

Аломати хоси пиёз доштани буи тези махсус аст, ки он ба мав-: чудияти равгани эфир вобаста аст.

Пиёз дорои пояи кутох буда, решахояш дар кабати на он кадар чукури хок вокеъ аст. Пиёзаки пиёз пахн, гирдаи дарозруя, гирд буда, рангаш сафед, зард, бунафш мешавад.

Барги пиёз борики найчамонанд ё пахни тасмашакли рангаш сабз ё сабзи хираранг буда, бо мумпарда пушида шудааст. Дарозии барги он аз 20 то 50 (60) см мерасад. Гулпоя дар соли дуюми парвариш ба вучуд омада, шаклаш дукмонанд мебошад ва то 1,5 м кад мекашад.

Сохти гули пиёз ба гули дигар намояндагони оилаи занбакихо монанд аст. Гулхои хурди (майдаи) пиёз дар хушагули чатршакли одди чойгир шудаанд. Хушагул то давраи гулшукуфташ бо гилофи аз 1 ё 2 барги пушиш таркибёфта ихота шудааст. Гулпуши гули пиёз аз 6 гулбарги рангаш сафед, сабзтоб, бунафш ё гулоби иборат аст. Гардбаргхо низ 6-то буда, асоси поячаи онхо васеъ гардида, кисман бо хам пайвастанд. Гардолудшавии гули пиёз ба туфайли хашарот амали мегардад. Меваи он гузаи секирра ё сепалла аст, ки аз 4 то 6 тухм дорад. Тухмхо секирраи сиёх мебошанд.

Пиёз растании ба сармо тобовар буда, тухмаш дар харорати 3— 5°С неш мезанад ва дар харорати 19—25°С нагз сабзида, пиёзакаш ба воя мерасад.

Пиёз дар давраи нашъунамояш ба нами ва’ нурихои маъдани эхтиёчи калон дорад. Дар Точикистон навъхои гуногуни пиёз, аз кабили пиёзи испани 313, кулчапиёзи ленинободи, маргилони, са-маркандии сурх ва

Пиёз аз витаминхои А, Вр В,, В,, РР, Е ва хусусан аз витамини С. ки барои табобати касалии зангила (цинга) нихоят мухим аст, хеле бой мебошад. Инчунин пиёзро дар таом хеле фаровон исти- фода мекунанд.

Дар Точикистон зиёда аз 80 намуди пиёзи худруй меруяд. Соки- нони ватанамон аз кадимулайём пиёзакбеху баргпояи сабзи онхо (масалан, кухпиёз, модел, моделак, сиёхалаф, камч, хурёк, гуши бузак, сири дашти ва гайрахо)-ро чи дар шакли тару тоза ё хушконидашуда барои тайёр кардани таомхо истифода мебаранд. Хусуан, пиёзи ансал (пиёзи анзур ё ансул) ахамияти калон дорад.

  1. Сохти гули пиёз чи гуна аст?
  2. Буи тунди пиёз ба чи вобаста аст?
  3. Дар Точикистон кадом навъхои пиёз бештар парвариш карда мешаванд?
  4. Аломатхои хоси растанихои оилаи пиёзро номбар кунед.
Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …