Главная / Биология / Оилаи пиёзгулон

Оилаи пиёзгулон

Ба ин оила авлоди васеъпаҳншудаи пиёз дохил мешавад, ки қариб 500 намудро дарбар мегирад. Пиёз дар дашту нимбиёбонҳо, доманакӯҳҳо ва миёнакӯҳҳо паҳн шудааст. Намудҳои гуногуни пиёз дар нишебиҳои серсангу регӣ, дар теппаҳо, дашту марғзорҳо, зери дарахту буттаҳо аз баландии 450 м то баландии 4500 м аз сатҳи баҳр вомехӯранд.

565

Аломати хоси пиёз доштани бӯи тези махсус аст, ки он ба мав-: чудияти равғани эфир вобаста аст.

Пиёз дорои пояи кӯтоҳ буда, решаҳояш дар қабати на он қадар чуқури хок воқеъ аст. Пиёзаки пиёз паҳн, гирдаи дарозрӯя, гирд буда, рангаш сафед, зард, бунафш мешавад.

Барги пиёз борики найчамонанд ё паҳни тасмашакли рангаш сабз ё сабзи хираранг буда, бо мумпарда пӯшида шудааст. Дарозии барги он аз 20 то 50 (60) см мерасад. Гулпоя дар соли дуюми парвариш ба вуҷуд омада, шаклаш дукмонанд мебошад ва то 1,5 м қад мекашад.

Сохти гули пиёз ба гули дигар намояндагони оилаи занбақиҳо монанд аст. Гулҳои хурди (майдаи) пиёз дар хӯшагули чатршакли оддӣ ҷойгир шудаанд. Хӯшагул то давраи гулшукуфташ бо ғилофи аз 1 ё 2 барги пӯшиш таркибёфта иҳота шудааст. Гулпӯши гули пиёз аз 6 гулбарги рангаш сафед, сабзтоб, бунафш ё гулобӣ иборат аст. Гардбаргҳо низ 6-то буда, асоси поячаи онҳо васеъ гардида, қисман бо ҳам пайвастанд. Гардолудшавии гули пиёз ба туфайли ҳашарот амалӣ мегардад. Меваи он гӯзаи сеқирра ё сепалла аст, ки аз 4 то 6 тухм дорад. Тухмҳо сеқирраи сиёҳ мебошанд.

Пиёз растании ба сармо тобовар буда, тухмаш дар харорати 3— 5°С неш мезанад ва дар ҳарорати 19—25°С нағз сабзида, пиёзакаш ба воя мерасад.

Пиёз дар давраи нашъунамояш ба намӣ ва’ нуриҳои маъданӣ эҳтиёҷи калон дорад. Дар Тоҷикистон навъҳои гуногуни пиёз, аз қабили пиёзи испанӣ 313, кулчапиёзи ленинободӣ, марғилонӣ, са-марқандии сурх ва

Пиёз аз витаминҳои А, Вр В,, В,, РР, Е ва хусусан аз витамини С. ки барои табобати касалии зангила (цинга) ниҳоят муҳим аст, хеле бой мебошад. Инчунин пиёзро дар таом хеле фаровон исти- фода мекунанд.

Дар Тоҷикистон зиёда аз 80 намуди пиёзи худрӯй мерӯяд. Соки- нони ватанамон аз қадимулайём пиёзакбеху баргпояи сабзи онҳо (масалан, кӯҳпиёз, модел, моделак, сиёҳалаф, камч, хурёк, гӯши бузак, сири даштӣ ва ғайраҳо)-ро чӣ дар шакли тару тоза ё хушконидашуда барои тайёр кардани таомҳо истифода мебаранд. Хусуан, пиёзи ансал (пиёзи анзур ё ансул) аҳамияти калон дорад.

  1. Сохти гули пиёз чӣ гуна аст?
  2. Бӯи тунди пиёз ба чӣ вобаста аст?
  3. Дар Тоҷикистон кадом навъҳои пиёз бештар парвариш карда мешаванд?
  4. Аломатҳои хоси растаниҳои оилаи пиёзро номбар кунед.

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …