Главная / Чамъият / Одамкушон дастгир шуданд

Одамкушон дастгир шуданд

Кормандони милитсияи Точикистон дар хамкори бо хамтоёни руси худ дар як амалиёти муштарак ду шахрванди чумхуриро, ки дар катли ду шахрванди Русия айбдор мешаванд дар нохияи Варзоб дастгир намуданд

Бино ба иттилои ВУД Точикистон, хангоми гузаронидани амалиёти муштарак кормандони милитсияи Точикистону Русия ду шахрванди Точикистонро дар худуди нохияи Варзоб дастгир намуданд.

“Кормандони ВУД Точикистон дар якчояги бо кормандони Раёсати кофтукови чиноятии шахри Октябрскии Чумхурии Бошкирдистони Русия, сокини 30-солаи шахри Душанбе, ки пеш бо моддахои 248, 281 ва 331 Кодекси чиноятии Точикистон махкум шуда буд ва марди 37-солаи сокини нохияи Ёвон, ки пеш бо моддаи 115 Кодекси чиноятии Русия махкум шуда буд, аз худуди нохияи Варзоб, бо чурми одамкуши дастгир кардаанд”, — гуфтааст манбаъ.

Манбаъ таъкид намудааст, ки ин ду нафар бо маслихати пешаки рузи 23-юми марти соли 2016 дар шахри Октябрскии Чумхурии Бошкирдистони Русия бо истифода аз туфангчаи “Макаров” ба кафаси синаи ду марди 40-солаи сокинони шахри Октябрскии Чумхурии Бошкирдистон се маротиба паррондаанд.

“Дар натича як нафари онхо чарохати вазнини чисмони бардошта дар беморхона ба халокат расидааст. Нафари дуввум бошад, чарохати вазнини чисмони бардошта дар беморхона бистари карда мешавад”, —афзуд манбаъ.

Манбаъ таъкид намудааст, ки кирдори содиркардаи онхоро Точикистон низ чиноят эътироф карда, Прокуратураи генералии Точикистон нисбаташон парвандаи чинояти огоз кардааст. дар холи хозир тафтишот идома дорад.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …