Главная / Гуногун / Обёри дар Аморати Бухоро ва хонии Хуканд

Обёри дар Аморати Бухоро ва хонии Хуканд

Дар аморати Бухоро ва хонии Хуканд корхои бузурги обёри анчом дода шуданд. Мухимтарин шабакахои обёрии водии Фаргона ба вучуд омаданд. Масалан, аз дарёи Норин ва Карадарё якчанд шабакахои обёри, аз чумла нахри Янгиарик канда шуд. Ба сабаби обёрии заминхои беоб шахрхои нав бунёд ёфтанд. Яке аз чунин шахрхо, ки бо кувваи асирони Уротеппаги поягузор гашт, Шахри Хон мебошад.

blank_01_tj

Дар хавзаи Зарафшони аморати Бухоро низ корхои зиёди обёри анчом меёфтанд. Дар давраи хукмронии амир Шохмурод (охири асри XVIII) дар дарёи Зарафшон каналхои Казон-арик, Тайман-арик, Тукуз-арик ва дигархо кофта шуданд. Ба гайри инхо аз Окдарё ва Карадарё, ки шохобхои Зарафшон мебошанд, нахрхо канда шуданд.

aleksandriya-eskhata-ili-khujand

Дар худуди Панчакент нахрхои Чуи Хурми ва Чуи Саразм заминхои бисёреро обёри гардонданд. Ба номи кушпули андози махсус чори гардид, ки маблагхои ба ин восита чамъовардаро аввалхо барои кандани нахрхои нав истифода мебурданд ва баъдтар барои эхтиёчоти дигар низ сарф мекардаги шуданд.

Нахру чуйборхоро нафакат хукумат, балки феодалони калон хам месохтанд. Яке аз чунин шахсон Хасан халифа буд, ки дар худуди Точикободи Каротегин ва нохияи Панчакент чуйборхо канда об баровардааст.

Заминхои нави аз хисоби шахсони сарватманд сохташуда ба ихтиёри худи онхо мегузашт. Онхо мехнати дехконони камбагалро дар ин заминхо истифода мебурданд.

Барои кандан ва тоза кардани нахру чуйборхо мардуми гирду атрофро ба хашар чалб мекарданд.

Дар ин бора хатхои руи сангхо гувохи медиханд. Масалан, дар худуди дехахои Поршнев ва Шидзи нохияи Рушони Бадахшон дар руи сангхои солхои 1758 чунин матнхо сабт гаштаанд: «Умаршохи Назарбек дар кандани ин нахр бисёр ранч кашидааст». Ё худ, аз навиштахои соли 1764 маълум мешавад, ки чуйборро Шогадо писари Хоча Салмон, ки аз авлоди Сайид Носири Хусрав буд, кандааст.

Дар катори заминхои оби киштзорхои лалми дар баландихо, нишебихо ва доманахои куххо бисёр буданд.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

Магозаи гулхо «Райхон» дар Душанбешахр

Магозаи РАЙХОН ин на танхо магозаи гулхо мебошад балки дар он инчунин тухфахо барои зодруз-мавлуд …