Главная / Гуногун / Обёрӣ дар Аморати Бухоро ва хонии Хуқанд

Обёрӣ дар Аморати Бухоро ва хонии Хуқанд

Дар аморати Бухоро ва хонии Хуқанд корҳои бузургӣ обёрӣ анҷом дода шуданд. Муҳимтарин шабакаҳои обёрии водии Фарғона ба вуҷуд омаданд. Масалан, аз дарёи Норин ва Қарадарё якчанд шабакаҳои обёрӣ, аз ҷумла наҳри Янгиарик канда шуд. Ба сабаби обёрии заминҳои беоб шаҳрҳои нав бунёд ёфтанд. Яке аз чунин шаҳрҳо, ки бо қувваи асирони Ӯротеппагӣ поягузор гашт, Шаҳри Хон мебошад.

Дар ҳавзаи Зарафшони аморати Бухоро низ корҳои зиёди обёрӣ анҷом меёфтанд. Дар давраи ҳукмронии амир Шоҳмурод (охири асри XVIII) дар дарёи Зарафшон каналҳои Казон-ариқ, Тайман-ариқ, Туқуз-ариқ ва дигарҳо кофта шуданд. Ба ғайри инҳо аз Оқдарё ва Қарадарё, ки шохобҳои Зарафшон мебошанд, наҳрҳо канда шуданд.

aleksandriya-eskhata-ili-khujand

Дар ҳудуди Панҷакент наҳрҳои Ҷӯи Хурмӣ ва Ҷӯи Саразм заминҳои бисёреро обёрӣ гардонданд. Ба номи қушпулӣ андози махсус ҷорӣ гардид, ки маблағҳои ба ин восита ҷамъовардаро аввалҳо барои кандани наҳрҳои нав истифода мебурданд ва баъдтар барои эҳтиёҷоти дигар низ сарф мекардагӣ шуданд.

Наҳру ҷӯйборҳоро нафақат ҳукумат, балки феодалони калон ҳам месохтанд. Яке аз чунин шахсон Ҳасан халифа буд, ки дар ҳудуди Тоҷикободи Қаротегин ва ноҳияи Панҷакент ҷӯйборҳо канда об баровардааст.

Заминҳои нави аз ҳисоби шахсони сарватманд сохташуда ба ихтиёри худи онҳо мегузашт. Онҳо меҳнати деҳқонони камбағалро дар ин заминҳо истифода мебурданд.

Барои кандан ва тоза кардани наҳру ҷӯйборҳо мардуми гирду атрофро ба ҳашар ҷалб мекарданд.

Дар ин бора хатҳои рӯи сангҳо гувоҳӣ медиҳанд. Масалан, дар ҳудуди деҳаҳои Поршнев ва Шидзи ноҳияи Рушони Бадахшон дар руи сангҳои солҳои 1758 чунин матнҳо сабт гаштаанд: «Умаршоҳи Назарбек дар кандани ин наҳр бисёр ранҷ кашидааст». Ё худ, аз навиштаҳои соли 1764 маълум мешавад, ки ҷӯйборро Шогадо писари Хоҷа Салмон, ки аз авлоди Сайид Носири Хусрав буд, кандааст.

Дар қатори заминҳои обӣ киштзорҳои лалмӣ дар баландиҳо, нишебиҳо ва доманаҳои кӯҳҳо бисёр буданд.

Загрузка...

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

hosilshavii-tuxm

КОРМАНДОНИ РАЁСАТИ ТАНДУРУСТӢ

РӮЙХАТИ КОРМАНДОНИ РАЁСАТИ ТАНДУРУСТӢ ВА РОҲБАРОНИ МУАССИСАҲОИТАБОБАТИЮ ПРОФИЛАКТИКИИ ЗЕРТОБЕИ РАЁСАТИ ТАНДУРУСТИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ   № НОМ …