Главная / Маданият ва санъат / Некбахт ва бадбахт

Некбахт ва бадбахт

Некбахт ва бадбахт

Овардаанд, ки ёздах хислат бар хар ки бошад, нишонаи некбахтии уст:

Аввал, кори дунёро сахл гирифта ба кори охират кушиш дошта бошад.

Дувум, химмати худро ба ибодат ва тиловати Куръон сарф кунад.

Сеюм, суханро ба кадри зарурат гуяд.

Чахорум, панч вакт намозро дар вакти худ адо кунад.

Панчум, худро аз харом ва шубха нигох дорад.

Шашум, хамеша бо мардони олим ва солех сухбат намояд.

Хафтум, мутавозиъ бошад ва кибр накунад.

Хаштум, сахи ва карим бошад.

Нухум, рахмдил бошад, ба халки худо.

Дахум, манфиатрасон бошад ба халк.

Ёздахум, зикри маргро бисёр кунад.

Овардаанд, ки аломати шаковат (бадбахти) низ ёздах аст:

Аввал, ба чамъ кардани мол харис бошад.

Дувум, дар зиннат ва лаззати дунё машгул гардад.

Сеюм, сухани бехуда бисёр гуяд ва гайбати бародари мусулмонро кунад.

Чахорум, дар намозхои панчвакта сусти ва кохили намояд.

Панчум, ба сухбати бадон бисёртар рагбат кунад.

Шашум, бандагони Худоро зарар расонад.

Хафтум, мутакаббир ва саркаш, яъне нофармон бошад.

Хашгум, шахсе ба бандаи муъмин ёри расонад, у манъ кунад.

Нухум, бар мусулмонон рахм накунад.

Дахум, бахил бошад.

Ёздахум, маргро фаромуш карда бошад.

Расули акрам (с) фармудаанд, ки рузи киёмат хамаи кудакони ба балогат норасидаи мусулмонон, ки аз дунё гузаштаанд, дар махшар чамъ гарданд. Аллох таъоло амр кунад, ки, эй Чабраил, атфоли муслиминро дохили чаннат  гардон.

Чабраил алайхиссалом бо амри Аллох таъоло хамаи тифлаконро бар дари бихишт оварда гуяд, ки дароед дар бихишт.

Тифлон гуянд, ки падару модари моён кучост?

Фариштагон гуянд, ки падару модари шумоён ба рохи нафсу шайтон рафта ибодати Парвардигори худро накарда, амри уро ба чо наоварда, гирифтори дузах шудаанд.

Тифлон ин суханро шунида фарёд ва гиря карда, гуянд, ки аз моён муносиб нест, ки бе падару модари худ дохили бихишт гардем. Аз Аллох таъоло умед мекунем, ки гунохи падару модари моёнро бахшида, хамрохи моён дохили чаннат гардонад. Ва агар падару модари моро набахшад, мо бо хамрохии падару модари худ ба дузах меравем.

Аз Аллох таъоло нидо ояд, ки, эй Чабраил, ба дузах рафта падару модари тифлонро оварда, ба тифлон супор, ки ба шафоати тифлон гунохи онхоро афв ва магфират кардам.

Кудакон ин суханро шунида хурсандона аз дасти падару модар дошта, дохили бихишт гарданд ва падару модари худро аз Хавзи Кавсар сероб гардонанд.

Илохо, хамаи бандаи муъмин ва муъминотро аз саъодати дунё ва охират насибу рузи гардонида, аз шаковати хар ду чахон дар хифзу амони худ нигох дори, омин.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

modar

Шеърхои бехтарин дар васфи Модар

Мухаббати модар Писар, рав, кадри модар дон, ки доим Кашад ранчи писар бечора модар. Бирав, …