Главная / Маданият ва санъат / Наводир-ул-вакоеъ: Сохт ва мундарича

Наводир-ул-вакоеъ: Сохт ва мундарича

«Наводир-ул-вакоеъ» дар мероси адабии Ахмади Дониш мавкеи маркази дорад. Ин асар захмати 15-сола ва маводи якумраи гирдовардаи муаллиф аст. Нависанда ба таълифи асар соли 1870 огоз намуда, онро соли 1885 ба итмом расонидааст. Таълифи ин асар муаллифи онро миёни ахли чомеаи онрузаи Бухоро хамчун адиби тавоно ва мутафаккири забардаст шиносонид. Ахмади Дониш дар ин асар бисёр масъалахои мухимми фалсафию ичтимоиро, ки мавриди казовати файласуфон ва мутафаккирони гузашта буд, аз дидгохи нав ва дар ахди бархурдхо бо тамаддуни Аврупои ба тахлилу тасвир гирифтааст.

Аз ин ру, «Наводир- ул-вакоеъ» барои бедории фикри, барои чунбиши мафкуравии миллат ва умуман муосирони Ахмади Дониш, пайравони у ва зиёиёни пешкадами охири асри XIX ва ибтидои садаи ХХ таъсири амику дакик гузоштааст. Зеро солхои тахсил дар мадраса, робита бо дарбору дарбориён, махсусан сафархои у ба Россия, муносибат бо олимон, харбиён, сиёсатмадорони Аврупо чахонбини ва тафаккури уро нисбат ба сиёсат ва иктисодиёти аморати бухоро тагйир дода буд.

Сохтори асар «Наводир-ул-вакоеъ» аз нигохи сохту таркиб бисёр чолиб аст. Асар хати яклухти дорои сужети муайян нест ва кисматхои сужетро хам дар бар намегирад. Асар дар мачмуъ аз бисту се боб иборат мебошад, вале боби 15-уми он фарк дорад. Зеро ин боб «Рисола дар назми тамаддун ва таовун» ном дошта, дорои мукаддима ва се боби чудогона мебошад, ки баъдтар онро шарх хохем дод. Бобхои «Наводир- ул-вакоеъ» гуногунмавзуъ буда, чахордах боби асар тахлилу тадкики муаллиф аст, ки дар боби понздах чамъбасти он ба сифати як навъ рисолаи чудогона оварда шудааст.

Умуман, хамаи бобхои асар аз нигохи гояву мазмун ва максади муаллиф ба хам як навъ пайванди мантики дошта, яке дигарро таквият медихад, пурра мекунад. Мушохидакор ё тахлилгар, ки баёни бобу накли хикоёт низ ба у тааллук дорад, шахсияти олиму доно, мутафаккир ва чомеъашиноси бузургест, ки Шаркро бо тамоми чузъиёт ва Гарбро хам хуб медононад. Метавонад мушохидакор шахсияте бошад, ки чахонбинии нихоят васеъ, сафаркарда, таълимдида ва киёскунанда бошад. Дар асл чунин хам хаст. Ахмади Дониш хамчун чомеъашинос чамъиятро бе сардор имконпазир медонад.

Аз ин ру, дар «Наводир-ул- вакоеъ» оид ба тарбияи авлоди инсон, муносибати нихоят чидди ва эхтиёткорона нисбат ба фарзандон ва тарбияи мунтазами онхо, хусусан оид ба ахлок ва муомилаи табакахои чамъияти, ахлоки табакахои хукмрон, риояи адолат ва махкум намудани ноадолати, накши амир, козиву муфти, вазиру кушбеги ва гайра дар бобхои чудогонаи асар андешахои шахсии худро баён намудааст.

Ахмади Дониш маориф, тахсил ва таълиму тарбияро асоси чомеа медонад. Вай барномаи тахсил, сабку усули таълим, китобхои дарси, чараёни дарсхо ва гайраро дар таълимдихандахои Бухорои замони муаллиф, яке аз масъалахои марказии асари худ медонад.

Масъалахои мазкур дар бобхои «Дар тахкики хукуки абавайн (падару модар) ва хадду хукуки онхо», «Дар тахкики матои дунё ва хакикати муомилоти он», «Дар васоёи фарзандон ва баёни хакикати касбу пешахо» ва г. хеле бо далелу бурхони котеъ баён шудааст.

Мазмуну мухтавои асар. Мазмуни мухтасари «Наводир-ул-вакоеъ» такрибан чунин аст:

Мукаддима. Дар ин чо муаллиф сабаби таълиф шудани асарро бо мазмуну мундаричаи он зикр мекунад.

Боби якум. «Дар тахкики хукуки абавайн…» Оид ба тарбияи фарзандон ва шинохти падару модар аст.

Боби дуюм. «Дар тахкики матои дунё ва хакикати муомилоти он». Др ин боб бештар кормандони корхои давлати ва фаъолияти онхо ба тахлил гирифта шудааст, ки бояд онхо маънавияти бой дошта бошанд, то аз хариси пархез кунанд.

Боби сеюм. «Дар тахкики таърихи олам ва тафтиши худусу кидам». Хатто аз унвони боб пайдост, ки оид ба пайдоиши олам ва умуман фалсафаи офариниш бахс рафтааст.

Боби чахорум. «Дар иллати накбати укало ва сабаби давлати суфахо». Дар ин боб оид ба сабабхои бадбахтии окилон ва хушбахтии бедонишон бахс меравад. Ахмади Дониш таъкид мекунад, ки инсон махз ба хотири манфиатхои модди талош наварзад, балки бештар ба маънавият таваччух зохир намояд. Бояд инсон танхо нафърасони чомеъа бошад.

Боби панчум. «Дар хикояти фаромушхона ва баёни курби соат».

Боби шашум. «Дар хикояти Хочи ва манофеи сафар ва хислати занон» Доир ба саргузашти марди бухорои, ки ба сайхат баромада хеле тулони сафар кардааст, накл карда мешавад.

Боби хафтум. «Дар хикояти Абулкосимби ва сафари русия».

Боби хаштум. «Дар сафорати Абулкодирбек ва ачоиби чашни Руссия».

Боби нухум. «Дар хикояти гирдоби Искандар ва ганои марди ачами».

Боби дахум. «Дар тахкики ишку мухаббати хакики ва мачози ва одоби ишкбози». Ин боб низ мисли дигар бобхо бо усули суолу чавоб навишта шудаанд.

Боби ёздахум. «Дар одоби никох ва баёни хусусияти модаршу».

Боби дувоздахум. «Дар тахкики казову кадар» Дар ин бахш Ахмади Дониш вучуди зиндагиро дорои чор рукн: хурдан, пушидан, зану фарзанд кардан ва маскан сохтан медонад.

Боби сездахум. «Дар васоёи фарзандон ва баёни хакикати касбхову пешахо».

Боби чордахум. «Дар тахкики рух ва нисбати тааллуки он ба абдон».

Боби понздахум. «Рисола дар назми тамадун ва таовун». Ин ягона боби «Наводир-ул-вакоеъ» аст, ки комилан мустакил буда, аз мукаддима, се фасл ва хотима иборат мебошад.

Дар мукаддима сабабхои пайдоиши одами, хайри он ва ихтиёри у дар чист… ва г. бахс рафтааст.

Фасли аввал – «Дар фазилати аморат ва раёсат ва муомилати салотин бо Хак».

Фасли дуюм – «Дар сулуки умаро бо сипох ва хадам ва хашам».

Фасли сеюм – «Дар тарики раиятдори ва фукаропарвари ва расидан ба гаври мухоммии зердастон».

Хотима. Дар таъйини мулук ба нудамо ва мукаррабон.

Дар ин рисолаи хурд оварда мешавад, ки инсон шарифтарини махдукот аст. Хама чиз барои инсон офарида шудааст. Зоти инсон аз акли шарифа ва нафси касифа мураккаб аст.

Инсон бояд илму маърифат омузад ва аз руи илму маърифат ва аклу фаросат рохи дурустро паймояд.

Боби шонздахум. «Дар тахкики хайати арз ва такаввуни маодин ва мо юносаба золика». Дар ин боб Ахмади Дониш оид ба чинсхои кухи, конхо, маъданхои зеризамини, заминчунби, вулконхо маълумот медихад.

Боби хабдахум. «Дар фарач баъд аз яъсу хамул».

Боби хаждахум. «Дар наводири холоти ашхос, ки аз чанги сибоъ частанд».

Боби нуздахум. «Дар таъбири руъёи хоила, ки далолат бар худуси вокеа мекард». Муаллиф доир ба хобхои дидаи хеш хикоят мекунад. Ин хобхо баъзе лахзахои шархихолии худи муаллиф низ хаст. Яъне бисёр лахзахои тарчумаихолии Донишро низ равшан месозад.

Боби бистум. «Дар тахрири маъноии баъзе абёт, ки афозили аср истадъо намуда буданд». Дар ин боб Дониш баъзе байтхои Бедилро шарху тавзех медихад.

Боби бисту якум. «Хикояти бузинаи таббох».

Боби бисту дуюм. «Дар маънии хадиси «Сакф-ул-чаннати аршу-р- Рахмони ва баёни хашру Нашр».

Боби бисту сеюм. «Дар ташхиси ахлоки инсон». Ахмади Дониш дар ин боб менависад, ки инсон дар хулку атвор мисли тилло ва нукра аст, зеро тилло ва нукра то ин ки холис шаванд, аз чандин кураву бута мегузаранд. Инсон хам бояд аз чандин тачрибахои рузгор гузарад, то ин ки хислатхои разилаву бади худро рафъ созад. У бештар аз сокинони чомеаи онрузаи Бухоро намунахо меорад. Барои он ки инсони окил ва инсони чохилро аз хам фарк гузоред, бояд онхоро санчид.

Лахзахои тарчумахолии Дониш дар асар хеле зиёданд. Дар «Наводир-ул-вакоеъ» аз огоз то анчом мо накши эчодкори онро мушохида мекунем. Зеро аксари бобхои асар ба тарики суолу чавоби муаллиф бо образи асосии боб, ки дустони муаллиф мебошанд, сомон ёфтаад. Чунончи, дар боби панчум «Дар хикояти фаромушхона ва баёни курби соат» омадааст:

«Навбате мухаррири сутурро бо чамъе аз дустон дар зиёфате иттифоки мачлисе афтод. Мизбон ба такриби хикояте овард, аз он чи бар у гузашта буд. Ва ман чун гушу чашм ба иборат кушода доштам, сурати он базмро дар силки такрир кашидам.

Мизбон чун аз накизу радди сухани ёрон очиз буд, дар аксари мукаддимот мухаррири сутурро ба шаходат мекашад, ки агар бовар надоред ва дар шак бошед, аз мехмон пурсед, ки вай дидааст ва хуб шунида ва медонад ва дар аксари ин маорику мачолис расида ва хуб медонад.

Ва ман низ дар он чи дида будам ва якин дониста, гувохи медодам…»

Агар дар ин бобхо чараёни вокеахо ба тарики суолу чавоб сурат гирифта бошад, дар баъзе хикоёти дигар адиб комилан саргузашти худро баён месозад. Масалан, бобхои хафтуму хаштумро метавон номбар кард. Ин бобхо сафархои Ахмади Донишро ба Россия дар бар мегирад. Чунончи: «Навбате, ки ба масхуби Сайид Абдулфаттура ва рафокати Абулкосим-би ба сафорати Рус иттифоки вуруд афтод, расм аст, ки дар чо элчиёнро барои изхори чоху дастгохи давлати хеш ва мачолису махофили бузург ва тамошохонахо имороти олия ва хазоину дафои мегардонанд ва бад-он тафохуру мубохот мекунанд…

Ва билчумла шабе мутарчим аз кибали вазир омада, моро ба мачлисе «сурония» ном таклиф намуд. Бо чахор нафар дар он базм рафтем. Дар иморате рафеъ ва манеъи олии зарандуд даромадем, мабно бар хонахо ва хучароти бисёр ва дархои ойинакори ва аз хама дархо пардахои харир фурухишта, муштамил ба кату каровати зарнигор ва ойинахои ситабри бузург баробари кадди одами нихода». ва гайра. Яъне фаъол гардидани симои адиб дар ин боб, чунон ки маълум шуд, бештар ба назар мерасад. Зеро мушохидагар ва наклкунанда худи адиб аст.

Аз тарафи дигар, боби мазкур холи аз хама гуна хаёлбофиву тасвирсозихост. Зеро муаллиф хар он чизеро мебинад, мушохида мекунад, онро айнан ба калам меорад. Ин бобро метавон очерки сафари номид. Вокеан чунин тарзи сафарноманависи дар таърихи адабиёти точик аз Носири Хусрав («Сафарнома»-асари насри) шакли манзуми он бошад аз Хоконии Шарвони («Тухфат-ул-Ирокайн») огоз шудааст. Давоми мантикии боби хафт боби хаштум ба шумор меравад, ки «Дар сафорати Абдулкодирбек ва ачоиби чашни Русия»-ном дорад. Ин боб низ мисли очерки сафари буда, Ахмади Дониш саргузашти худ ва мушохидахои сафарашро ба калам додааст. Чунончи: «Навбате ба масхуби Абдулкодирбеки Додхох дар мавриди туи императури Рус хам ва хукми давлати Бухорои Шариф ва пойтахти давлати Русия ба расми тахният ва сафорат бо тухаф ва хадоёи лоика иттифоки вуруд вокеъ шуд… Ва хар боре, ки мутарчим бо мо мулокот мекард, аз ман мепурсид, ки:

-Охир агар шеъре бастаи, дар назар ор, то бинам, ки чи мазмун гуфтаи?

-Ман гумон кардам, ки мабодо маро имтихон кунад ва очиз ёбад. Дар охир номи домод ва номи арус пурсидам.

-Гуфт:

Алфред ва Мори… Мачмуъ нух харф буд. Пас нух харфро ба аввали нух байт мувашшах намуда ба дасташ додам…» ва гайра.

Ин аст, ки «Наводир-ул-вакоеъ» баробари таълиф як чунбиши фикри, ангезаи зехни ва бархурдхои мафкуравиро ба вучуд овард. Махсусан, барои адибони ибтидои асри ХХ. Устод С.Айни, ки бо ин асари Ахмади Дониш дар охири солхои 90-уми асри XIX шинос шуда буд, ахволи рухия ва таассуроти одамони пешкадами он даврро аз хондани ин асар аз забони худ чунин баён намудааст:

«Чохои ба ман таъсирбахши «Наводир-ул-вакоеъ» он чохо буданд, ки ман он ходисахоро дар зидаги дида будам ва аз он ахвол дилтанг мешудам, аммо хеч гох ислох кардан ва ислох шудани он ахвол дар хотирам намегузашт ва гумон мекардам, ки дунё хамин тарз омадааст, хамин тарз хаст ва хамин тарз хам меравад, чи бояд кард? Аммо вакте ки ман он ахволи фалокатиштимолро дар мундаричоти «Наводир-ул- вакоеъ» бо тасвири реали, бо тасвире, ки худ дар зиндаги дида будам, хондам, ба ман холати дигар руй дод. Ман дар дили худ гуфтам, ки ин ахволро ислох кардан лозим аст, модом ки ман ислох карда наметавонам, аз вай нафрат кардан зарур аст. Инкилоби фикри кам хам бошад, дар ман ана дар хамон вакт руй дод».

Умуман, дар «Наводир-ул-вакоеъ» масъалахои сиёси: усули мамлакатдории Бухоро ва Россия, муносиботи давлат бо раъият, макомоти кудратии ин ду кишвар; масъалахои иктисоди: зироати будани Осиёи Миёна ва саноати будани Россия; фарханги: нашри рузномаву мачаллахо, нашриёту китобчопкуни, шахрсози ва зебу зинати хиёбонхову гулгаштхо, толорхои консерти ва бинохои мухташам; ороиши кушкхову манзилхои истикомати, системаи абёрии шахрхо ва гайра.

Дар масъалахои ахлоки ва тарбияви бошад, баъзе хикоёту бобхои асар хеле чолибанд. Хусусан боби панчум «Дар хикояти фаромушхона» ё худ дар он чойхое, ки Шукурбек ширкат варзида ва у ба ахли чоху мансаб бархурдхои фикри зохир намудаву ахли захматро чонибдори кардани вай ба тасвир омадаанд ва гайра.

Дар асар андешахои Ахмади Дониш хамчун адиби маорифпарвар дар баъзе бобхо бисёр чолиб аст. Андешахои адиб дар хикоят ва киссахои бадеи хеле хуб ифода шудааст. Мутафаккир ба воситаи образхои бадеи хадафи худро ифода мекунад. Масалан, «Дар хикояти Хочи ва манофеи сафар ва хислати занон» чунин омадааст, ки марди Бухорие, ки ба максади зиёрати Каъба сафар кардааст. Нависанда дар ин фасл нишон додааст, ки аз каламрави Бухоро ба берун баромадан ва сайри олам кардан то чи андоза инсонро аз нигохи маънави гани мегардонад. Марди хочи хангоми сафар ба Хиндустон меравад, дар он чо бо шахсони олиму фозил сухбат мекунад, дар шахрхои Хиндустон иншоотхои саноати, киштихои азими боркашу сафари ва гайраро тамошо мекунад, дар шахрхо ба маърифату маориф, илму фарханг то андозае шинос мешавад. Марди сафари ин пешравихоро дида, хаёлан ин шахрхоро ба Бухоро мукоиса мекунад. Кучаву хиёбонхои пур аз лой, роххои качу нохамвор, иморатхои бетартиби бе накша сохташуда ва гилин, хусусан шабхангом торику вахмнок ва гайра. Ё худ:

«-Марди хочи бо хусни хати хеш ба саркори як шахр хеле маъкул мешавад ва он саркор, ки аслан забону адабиёти форсиро намедонист, марди хочиро ба хидмат кабул карда, ба у пули бисёре дода, асархои олимони форсу точикро нависонда мегирад. Марди хочи дар шахр сайр мекард ва боре дид, ки одамони бисёре ба лаби бахр хок мерехтанд ва мехостанд дар он чо банде андохта, дуконхо кушоянд. Марди хочи дар хайрат афтода меандешад, ки барои як оё ин кадар захмат кашидан раво бошад? Саркор дар чавоб мегуяд:

-Акли шумо (мардуми Бухоро) ба ин кор намерасад ва агар гуем хам, дарк карда наметавонед. Ва моро ба дунё оварданд, ки чахонро обод дорем ва бахрхову конхо бикшоем ва ачоиботи олами моддиро зохир гардонем… Миллатхои гуногуни олам аз чахон манфиати бисёре бардоштанд, аммо онро ба холи худ гузоштанд, наздик буд, ки чахон хароб шавад. Набини, ки токи ангур, агар тарбият накуни, хар соле мева аз соли гузашта камтар медихад ва охир хушк мешавад. Шумо мева аз ток мехуред, дигар гам надоред, агар бехи уро кирм занад ва сарашро сармо».

Дар казовати боло назири Ахмади Дониш ба кафомондагии Бухорои феодали баён шудааст.

Дар лахзахои боло Бухорои замони Ахмади Дониш тасвир шуда бошад, акнун мебинем, ки Петербург-пойтахти давлати Россия дар мукоиса чи гуна аст. Яъне Ахмади Дониш Петербургро чи гуна дарёфтааст.

Ахмади Дониш мушакпарониеро, ки дар чашни шохона дар Петербург барпо гардида буд, чунин тасвир кардааст: «Ва аз чумлаи ачоиботи он туй яке чарогоне тартиб дода буданд дар болои яхбанди дарё, ки тахминан шаш хазор кадам мушаки рангин дар хаво сар дода буданд, ки руи осмон пушида шуд ва хаво хама аз моххои сурху зард ва сапеду зангори пур шуда буд, то ки заррахо бар руи замин намоён мешуд». ва гайра.

Чунон ки дида мешавад, дар мамлакатхои пешрафта ахволи мардумонаш, ки нисбатан хуб аст, чахонбини ва муносибати мардум, сатхи зинаги ва тафаккури онхо дигар аст. Албатта, ин пеш аз хама, ба системаи сиёсии давлатдори, усули рохбари, чахонбинию махорат ва донишу истеъдоди сиёсатмадорон сахт вобастаги дорад.

Боби аввали «Наводил-ул-вакоеъ»-и Ахмади Дониш чунон ки каблан хам зикр намуда будем, «Дар тахкики хукуки абавайн ва хадди укуки онхо»-ном дошта, боби мазкур асосан чанбаи назарияви дорад. Яъне назари Ахмади Дониш ба фарзанд, падару модар, оила, одоби муошират, инсон ва чомеа ва гайра баён шудааст».

Дар ин боб омадааст, ки дар мачлисе хар кас аз хар бобе сухбат мекарданд. Баъзе аз бедирами, чамъе аз душвории касбу зироат, чавке аз суубати рохи ишку мухаббат. Яке мегуфт: Падарам чафокор аст. Дигаре мегуфт: Модарам саросар озор, то сухан дар хадди хукук ва меъёри хукуки абавайн карор гирифт. Яке мегуфт:

-Чун ман дар иёли падарам, агар изхори эхтиёч кунам ва дар мутолаба ибром барам, хукм ба куфру исёни ман мекунад. Дигаре мегуфт: Дар умури сахлатулхусул, ки карду нокарди он дар шариату футувват базах ва исме надорад, агар икдом намоям, модар садои икоку ишкок мезанад. Яке гуфт: Падар маро барои инфоки явмия ба умури номашруъ рухсат медихад ва агар ибо кунам, озурда мешаваду ок мекунад. Дигар мегуфт: Модарам мутриба аст, хохарамро ба раксу самоъ таргиб мекунад, вай мутанаффир аст, бонг бар у мезанад…»

Дар мухокимаронихои боло муносибатхои гуногуни оилави дар хонадони мардуми Бухоро дида мешавад. Падаре фарзандро бо бахонае бо рохи носавоб хидоят мекунад. Модаре барои ривочи кори худ, духтарашро ба он рох гайри ихтиёри фарзандаш бурдани мешавад.

Бисёрхо мешавад, ки ин корхои абавайн хилофи ахлоки исломист, вале онхо ин корро барои рузгорашон пеш мегиранд.

Баъзан чунин хам шудааст, ки бисёр оилахо аз руи талаби волидайн дигар шудаанд. Яъне аз хам чудо шуда, оилахои дигар бунёд кардаанд:

«-Дигаре истифто менамуд, ки модаре дорам хариф шуда, агар саранчоми мухимми манзил ба модар супорам, аз ухда барнамеояд, агар ба дасти зан нихам, норози аст. Ва бар сари хар обу таом гавго бунёд мекунад ва зиёдасарию зиёдаталаби мекунад, то хадде, ки гуё дигаронро хеч хакке намемонад, гуё хама аз они уст ва барои у. Собик ду зан аз ман ба талоку фирок овард ва дар зани сеюм низ хол хамон аст, ки дар аввал ва дуюм. Агар ба хукуки зан киём орам, модарам хушнуд намешавад, магар ба талок, ки чабре ихтиёр кунам. Ман ташхис наметавонам кард, ки риояти кадом тараф кунам. Агар чониби модар гирам, бояд, ки аз хакки зан даст бардорам ва агар тарафдории зан кунам, бояд ки оки модарро ихтиёр намоям.»

Албатта, хамаи масъалахои хукуки ва дигар масъалахое, ки марбут ба рузгори инсонист, дар асоси конунхои исломи матрах, халлу фасл шудаанд. Аз ин ру, Ахмади Дониш ин масъалахоро дар хамин замина хеле нозук ба муоина мегирад. У ба бахсхои дар боло оварда аз хамин мавкеъ, вале на чун мутаассиб, балки басо чидди ва огох ба кор мегирад. Аз ин чост, ки Ахмади Дониш ба он бахс чунин хамрох мешавад:

«Гуфтаанд: Бале, матлаб хамин аст, ин ишколро аз пеш бардори ва хакикати холро камохи мутобики офоку анфус шарх дихи.

Гуфтам: Падару модар мавриди эхсону шукранд, бар такдире, ки солех бошанд ва ба фарзанди худ некихоханда ва салохи холи у чуянда, ки агар фосик бошанду ба фарзанд неки намехоханд ва салохи холи уро наметалабанд, балки гарази худро мечуянд, мавриди он хукук, ки дар оёту аходис омада нестанд. Ва хол он ки хар як аз абавайн муддаии инанд, ки мо дар хама акволу афъол, ки аз мо содир мешавад, хайри фарзандро мехохем… Яъне бояд, ки кавлу феъли абавайн муфзи ба хилофи шаръ нашавад ва дар дину муруввати фарзанд халал наёрад, то фарзанд барои дарёфти ризогии онхо муртакиби махзуроту махчурот нагарад. Масалан, барои нафакаи онхо дуздию кимор пеша накунад ё барои дарёфти хушнудии модар зани солехаи худро талок дода ба фиску фасод ва зинову ливотат наяфтад.»

Ё худ агар масъалахои боло тамоман ичтимои бошанд, дар «Наводир-ул-вакоеъ» масъалахои сиёси низ чои намоён доранд. Масалан, дар боби «Муомилаи салотин ба фукаро ва раъият»… омадааст, ки:

«.Раъият махалли дахли вилоятанд ва аскария маврии харч. То дахл набувад, харч мутахаккик нашавад, балки салтанат бе раъият мутасаввир нагардад ва раъият бе истимолату мархамати султон мучтамеъ нагардад. Пас подшох, ки мушфики дарвеш аст, нигахбони мулку давлати хеш аст, адлу раъфати султон мучиби амну истикомат аст мар раъиятро, то иморату зироат беш иттифок афтад. Ва чун иморату зироат ва адлу раъфати султон ва арзони баландовоза шавад, бозаргону мусофирон дар ин шахр рагбат оранд ва галлаву кумош ва дигар матоъ биёваранд, пас мулк ободон шавад ва хазоин маъмур гардад. Ва бад ин сабаб лашкариён серу фарохдаст гарданд. Ва чун лашкар кави бошад, хавзаи миллат махфуз монад ва шариат ривоч ёбад.»

Доир ба донистани худуди кишвар ва арзиши минтакахо ва кадом минтака чи дорои доштану холати он ва дар ин бора муносибати шох бо сарзамини худ ва хамчиворон хикояти хеле оличанобе аз тарафи як сайёхе ва муносибати он дар муколимае миёни, уву марди аврупои чизхои чолиб мавриди арзёби карор дода мешавад:

«Яке аз сайёхон гуфт: Дар Пешовар пеши хоким будам, ки аз кибали фаранги фармонраво буд. Рузе ба такриб пурсид, ки Бухоро чи микдор замини солехи заръ дорад?

Гуфтам: Такрибан си фарсах шаркану гарбан ва понздах фарсах шимолану чанубан.

Гуфт: Самарканд чанд аст?

Гуфтам: Нисфи он.

Гуфт: Насаф?

Гуфтам: Сулси он.

Гуфт: Аксарияти дохилии Бухоро чанд аст?

Гуфтам се хазор, дар вакти ошуб дувоздах хазор, ба замми атроф бист хазор.

Гуфт: Мавочиби онхо аз кучост?

Гуфтам: Аз ушру хирочи иртифоот.

Гуфт: Агар осмон набораду замин надихад?

Гуфтам: Аз чуълу андоз.

Гуфт: Агар халк очиз оянд ва натавонанд?

Гуфтам: Аз мусодараю яргу, ки тавонгаронро афтад…

Гуфт: Аз Шумо то Бадахшон чи микдор рох аст? Гуфтам: Тахминан хаштод фарсах.

Гуфт: Аз махкуми кист?

Гуфтам: Ба сари худ аст.

Гуфт: Чаро подшохони шумо онро дар тасарруфи худ намеоранд? Гуфтам: Он чи замин аст?

Бихандиду гуфт: Шумо турфа мардуми бетамизед, чое ки зар бояд сарф кард, шумо зар металабед ва чое, ки зар аст, намечуед. Бадахшон замине аст, ки дар он чахор маъдан: тилло, нукра, лаълу лочувард.

Пас, химмати подшохона он иктизо дорад, ки зар аз кону дурр аз бахр биталабад ва ба фукарою раият сарф кунад, то чахонро обод дорад ва ба кушодани нахрхо ва буридани куххо ва зироати арозии майита. Ва кушодани кон бе раъият имкон надорад ва гайра.»

Дар казоватхои зикршуда мо чахонбинии шохон, масъулиятшиносии онхо, усули кишвардори, муносибат бо халк ва макомоти давлатиро ба хуби фахмида метавонем. Мибинем, ки амирони мангити ба чуз рохи зуриву тарсонидани мардум кори дигареро фикр хам накардаанд. Аз ин чост, ки оддитарин аврупои дар боби кашвардори нуксону сустии амирони мазкурро медонад. Ин аст, ки назари Ахмади Дониш низ ба ин сулола хуб нест ва онхоро мутанаффир, кутохандешу бетамиз меномад.

Чизи дигареро низ метавон таъкид намуд, ки дар «Наводир-ул- вакоеъ» мавзуъхои хамоси хам ба назар мерасанд. Масалан, боби XVIII, саргузашти муллои Бойсуни – Холмухаммад, ки марди шучоъу далер ва шикорпеша аст. Рубарушавии у бо хайвоноти даррандаи вахши, мисли шер, хирс ва г. ки гохе бо зури ва баъзан бо хилла чон ба саломат мебарад, аз часурию далерии Холмухаммад шаходат медихад. Хатто аспи худро ба болои дарахт мебардорад. Яъне тахамтан хам хаст.

Хамин Холмухаммад накл мекунад, ки:

«-Дар он овон Шукурбек ном дузди шабрав дар Бухоро истило ёфта, басе захиму часим ва айёрипеша буд. Дар шаб бо сад нафар мукобил шуди. Харчанд диловарони зурозмо ва баходурони разморо сари рохаш мегирифтанд, тоби мукобала наёварда руй ба гурез мениходанд.

Бо ин хама чаббори ва мардумозори карампеша, олихиммат буд, ки мол аз тавонгарони бахил ситада ба мустахаккикони алил расониди ва бо ахли илм ва талабаи мадраса ионои карди. Амир барои уро дастгир кардан 100 динор зари сурх ба гарав монда буд.

Мулло Холмухаммад инро шунида назди мударрис меояд ва ичозат мепурсад, ки барои дастгир намудани Шукурбек ба у ичозат бидихад. Мударрис мегуяд: Зинхор ин чуръат мекуни, ки пои хасмро надида, сар ба бод дихи. Надони, пил шикори гавазн нашавад ва шер мусаххараи рубох нагардад:

Хар ки бо фулодбозу панча кард,
Соида симини худро ранча кард.

Хулоса, мударрисро бовар кунонидам ва у ба ман ичозат дод ва таъкид намуд, ки эхтиёт кунам. Ман – мегуяд Мулло Холмухаммад, ба назди асас рафтам ва арзи максад намудам. У низ хандид. Чун уро низ бовар кунонидам, у як микдор пул ба ман доду гуфт, ки мондагиашро баъд аз овардани Шукурбек мегири. Ман рафтам. Рохи омадани Шукурбекро аник кардам. Уро шабонгах ёфтам ва хостам бо калтак ба сари у фурорам, вале намедонам, ки чи шуд.

Хамин кадар ёд дорам, ки руи синаам кухи гароне афтида буд.. Шукурбек максади маро пурсид ва ман чизеро аз у пинхон накарда росташро гуфтам. У дигар маро азоб надод ва бо худ ба мадрасаи Кукалтош, ба яке аз хучрахои он бурд. У дар он чо аз максади ман комилан огох шуду як панча зари сурх ба ман дод ва гуфт, ки ба зодгохат рав. Агар бори дуюм фирефта шавию ба дастам афти, зинда намерахи.

Ман чунин кардам.»

Дар ин хикояти саргузаштии вокеи Шукурбек айёрпеша, дузд ва рохзан аст. Гумон меравад, ки ноадолатихои замона уро ба ин рох бурдааст. Агар у ноодил мебуд, баробари хучуми Мулло Холмухаммад уро бо андак зарба нобуд мекард. Вале у ин амалро дар нисбати як нафар толибилми бебизоат раво надид.

Холмухаммад низ як тан толибилми дилсофу поктинат, вале харису комчу аст. Аз ин ру, у хам аз тахсил ва хам аз истикомат дар Бухоро махрум мемонад.

Образи Шукурбек аз он чихат чолиб аст, ки у ба мукобили ноадолатихо мебарояд. Онхоеро, ки аз хисоби истисмор сохиби сарват гардидаанд, ба онхо кинаварзи мекунад. Моли ба ягмо бурдаашро ба толибилмон, бенавоён, дармондагон, тангдастон таксим менамояд.

Умуман, «Наводир-ул-вакоеъ»-и Ахмади Дониш дар адабиёти асримиёнагии точик як падида, як бозёфти адаби аст, ки дар он хам аз сиёсат, аз ичтимоиёту иктисодиёт, аз илму фарханг ва аз таъриху адабиёт, аз бархурди фархангхову тамаддунхо, аз накши инсон ва чамъият бахсхои сершумор ба миён меорад.

У барои пешрафти давлат, инкилобхои фикрии мутафаккирон, эчодкорон зимомдорони вакт, амирони мангитиро сахт ба зери тозёнаи танкид мегирад. Баробари хондани асар дар пеши назари хонанда шахсияте намудор мешавад, ки аз илму маърифат, фархангу таърих, сиёсат, усули кишвардори, шеъру адаб, дину ойин, тамаддуну хикмати милли хеле ва хеле амику дакик огох аст. Яъне нависандаи китоби мазкур сиёсат, иктисодиёт, илму фарханги миллиро комилан медонад. Дар баробари ин, у аз сиёсат, иктисодиёт ва илму фарханги Аврупои низ огохи дорад. Ин аст, ки Ахмади Дониш мушаххасан Бухоро ва каламрави онро бо Россия ва ба ин восита бо Аврупои Гарби то ба андозае мукоиса мекунад.

Аз ин чихат танкиди Ахмади Дониш танкиди зохири ва хар чи бодобод нест! У он масъалаеро, ки махкум кардани шавад, хеле хуб аввал пахлухои онро месанчад, муойина мекунад. Чанбахои нораво ва нуксондори онро дармеёбад ва бо далелхои сершумор ба зери тозёнаи танкид мегирад.

Ахмади Дониш дар «Наводир-ул-вакоеъ» бештар масъалахои хеле мухими фалсафиву ичтимоиро, ки мавзуи бахси бузургони пешин карор доштанд, ба миён мегузорад. Онхоро тачдиди назар мекунад. Аз дидгохи нав, аз руи талабу такозои замони нав, шароиту заминахои нави таърихи ба тадкику мушохида мегирад.

Албатта, дар огози сари кудрат омаданаш назари амир Музаффар ба Ахмади Дониш дигар будааст. Ахмади Дониш хайати сафорати Бухороро дар бесаводию бедониши муттахам намуда, онхоро кутохназар, худбину худхох, бемасъулият, кафомонда меномад. Бо вучуди хамаи ин, амир Музаффар хидмати Ахмади Донишро кадр менамояд. Аз руи салохияте, ки амир дар ихтиёр дошт, у ба Ахмади Дониш рутбаи илми-ифтихории Урокро раво мебинад. Зеро Амир борхо чанбаи амалии машваратхои Ахмади Донишро тачриба намуда, дар амалияи муносибат бо Россия дидаву санчида буд.

Аз ин ру, ба Ахмади Дониш чанд мансаби давлатиро низ пешниход мекунад. Ахмади Дониш холати дохилии дарбору дарбориёнро дида, супоришхои амирро ба таъхир меандохт. Ахмади Дониш хуб медонист, ки «ба як гул бахор намешавад». Танхо бо омадани Ахмади Дониш ба дарбор тагйироти чиддие дар сиёсат пайдо намешавад. Зеро хасудону чоплусон амирро хеле хуб ихота кардаанд.

Ахмади Дониш дар «Наводир-ул-вакоеъ» дар аксари бобхои он масъалахои мухимтарини назариявию амалиро аз мавкеи хикмати тамаддуну таовун ба тахлилу тадкик мегирад. Чордах боби асар (то рисолаи сиёси) ба масъалахои басо мухим-фалсафаи зиндаги, хикмати амали бахшида шудаанд. Дар ин фаслхо масъалахои чамъияти инсони, бехбудии рузгори мардум, химояи адолати ичтимои ва роххои он ба риштаи тахлил кашида шудааст.

Умуман, бобхои «Наводир-ул-вакоеъ» харчанд ба мавзуъхои гуногун бахшида шудаанд, мухим он аст, ки ба максади ягонаи муаллиф- яъне чи гуна ташкил намудани хаёти ичтимои ва шахсияти инсон равона карда шудааст.

Гояи асосии «Наводир-ул-вакоеъ» Ахмади Дониш як бошад хам, вале мавзуъхои бобхо мухталифанд. Дар бобхои асар масъалахои фалсафи, сиёси, ичтимои, ахлоки, тарбияви, иктисоди, илми ва гайра баён шудаанд.

Маълум аст, ки «Наводир-ул-вакоеъ» барин асар наметавонад махсули мехнати як ё дусола бошад. Ахмади Дониш ин асарашро дар тули наздик ба понздах сол руи кор овардааст. Вале муносибати мантикии бобхо хеле кави аст. Аз тарафи дигар, дар хар як боб муаллиф чонибдори адолати ичтимои буда, онро пайваста чонибдорию химоя менамояд. Танхо бобхои 16-23 андак дигартар буда, дар ин бобхо накши фалсафа ва шеъру адаб зиёдтар аст. Аз суи дигар, ашъори ахлоки- тарбияви дар ин кисмат зиёдтаранд. Аз ин ру, Ахмади Дониш ба ашъори Саъдии Шерози бештар ру оварда, бо порахои шеъри чанбаъхои тарбияви ахлоки ва таълимии хикояхои асари худро таквият медихад. Ин аст, ки порахои шеъри низ барои тасдики андешаву афкори муаллиф оварда шудаанд.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

sayidoi-nasafi

Адабиёт дар асрхои XVII-XVIII

Асри XVII- нимаи аввали асри XVIII даврахои бисёр мухими таърихи адабиёти точик мебошад. Дар ахди …