Главная / Чамъият / Намояндагони шахси хукуки

Намояндагони шахси хукуки

Моддаи 28-и Кодекси хукуквайронкунии маъмури. Намояндагони шахси хукуки 

  1. Хукуку манфиатхои конунии шахси хукуки, ки нисбати у парвандаи хукуквайронкунии маъмури пеш бурда мешавад ё шахси хукукие, ки чабрдида эътироф шудааст, аз тарафи намояндагони онхо химоя карда мешаванд.
  2. Намояндагони шахси хукуки мутобики Кодекси мазкур рохбари он, инчунин дигар шахсе мебошад, ки мутобики конун ё хуччатхои таъсиси макоми шахси хукуки эътироф гардидааст. Ваколати намояндаи шахси хукуки бо хуччатхои собиткунандаи вазъи хизматии у тасдик карда мешавад.
  3. Парвандаи хукуквайронкунии маъмури нисбат ба шахси хукукие, ки хукуквайронкунии маъмури содир кардааст, бо иштироки намоянда ва ё химоятгари у барраси карда мешавад. Дар гоибии ин шахсон барраси кардани парванда танхо дар сурате мумкин аст, ки дар бораи огохии саривакти ва дахлдори ин шахсон доир ба махал ва вакти баррасии парванда маълумот мавчуд бошад ё онхо дар бораи мавкуф гузоштани баррасии парванда дархост пешниход накарда бошанд ва ё чунин дархост рад карда шуда бошад.
  4. Хангоми баррасии парвандаи хукуквайронкунии маъмури нисбат ба шахси хукукие, ки хукуквайронкунии маъмури содир кардааст, судя, макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор), ки ин парванда дар баррасии онхо мебошад, хукук доранд иштироки хатмии намояндаи шахси хукукиро зарур шуморанд.
  5. Хангоми аз хозир шудан саркаши кардани намояндаи шахси хукуки, у дар асоси таъиноти судя, карори макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор), ки дар пешбурди онхо парвандаи хукуквайронкунии маъмури карор дорад, мувофики Кодекси мазкур аз чониби макомоти корхои дохили мачбуран оварда мешавад.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …