Главная / Ҷамъият / Намояндагони шахси ҳуқуқӣ

Намояндагони шахси ҳуқуқӣ

Моддаи 28-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Намояндагони шахси ҳуқуқӣ 

  1. Ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шахси ҳуқуқӣ, ки нисбати ӯ парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ пеш бурда мешавад ё шахси ҳуқуқие, ки ҷабрдида эътироф шудааст, аз тарафи намояндагони онҳо ҳимоя карда мешаванд.
  2. Намояндагони шахси ҳуқуқӣ мутобиқи Кодекси мазкур роҳбари он, инчунин дигар шахсе мебошад, ки мутобиқи қонун ё ҳуҷҷатҳои таъсисӣ мақоми шахси ҳуқуқӣ эътироф гардидааст. Ваколати намояндаи шахси ҳуқуқӣ бо ҳуҷҷатҳои собиткунандаи вазъи хизматии ӯ тасдиқ карда мешавад.
  3. Парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбат ба шахси ҳуқуқие, ки ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содир кардааст, бо иштироки намоянда ва ё ҳимоятгари ӯ баррасӣ карда мешавад. Дар ғоибии ин шахсон баррасӣ кардани парванда танҳо дар сурате мумкин аст, ки дар бораи огоҳии саривақтӣ ва дахлдори ин шахсон доир ба маҳал ва вақти баррасии парванда маълумот мавҷуд бошад ё онҳо дар бораи мавқуф гузоштани баррасии парванда дархост пешниҳод накарда бошанд ва ё чунин дархост рад карда шуда бошад.
  4. Ҳангоми баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбат ба шахси ҳуқуқие, ки ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содир кардааст, судя, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор), ки ин парванда дар баррасии онҳо мебошад, ҳуқуқ доранд иштироки ҳатмии намояндаи шахси ҳуқуқиро зарур шуморанд.
  5. Ҳангоми аз ҳозир шудан саркашӣ кардани намояндаи шахси ҳуқуқӣ, ӯ дар асоси таъиноти судя, қарори мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор), ки дар пешбурди онҳо парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ қарор дорад, мувофиқи Кодекси мазкур аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ маҷбуран оварда мешавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …