Главная / Илм / НИШОНАХО ВА ЯРЛИКХО ДАР КОМПЮТЕР

НИШОНАХО ВА ЯРЛИКХО ДАР КОМПЮТЕР

Нишона гуфта, тасвири графикии объекти Windows-ро меноманд. Объектхои асосии Windows-ро программахо, файлхо ва папкахо ташкил медиханд. Хар он амалиёте, ки гуё бо нишонаи объект гузаронида мешавад, дар асл бо худиобъект ичро карда мешавад. Масалан, нусхабардори намудани нишона, дар асл нусхабардории объект аст. Нишонаро нест намудан – ин объектро нобуд сохтан аст.

Дар Windows объектхо нишонахои худро доранд ва онхо махз ба воситаи нишонахояшон идора ва коркард мешаванд. Нишонахои объектхо шаклан хеле гуногунанд. Баъзе нишонахо ба программахои системави, кисми дигарашон ба программахои амали, кисми сеюмашон ба программахои хидмати, кисми чорумашон ба хуччатхои кори ва гайра тааллук доранд.

yarlik

Ярлик низ як навъ нишона аст, яъне он низ гуё тасвири графикии ягон объекти Windows аст. Вале фарки ярлик аз нишона дар он аст, ки агар нишона худи объектро тасвир кунад, он гох ярлик танхо сояи объект ё худ сурогаи онротасвир мекунад. Ярликхоро асосан барои зуд кушодани папкаю хуччатхо ва ба кор даровардани программахо истифода мебаранд.

Барои хар як объект, бо номхои гуногун, якчанд ярлик сохтан мумкин аст. Онхоро дар як равзана ё равзанахои гуногун чойгир кардан мумкин аст. Хамин тарик, ярликро нишондихандаи сурогаи объект низ номидан мумкин аст. Агар мо ярликро нест кунем, он гох дар асл на худи объект, балки нишондихандаи сурогаи он нест карда мешавад. Айнан хамин тавр, нусхабардории ярлик на нусха бардории объект, балки нусхабардории нишондихандаи сурогаи он аст.

Аз ин нуктаи назар, ярликхо дар хотираи компютер (диск) чои бисёрро банд намекунанд ва истифодабарии онхо дар папкахои гуногун, аз истифодабарии нишонахои объектхо самараноктар аст.

Тарзи истифодабарии ярликхо аз тарзи истифодабарии нишонахо ягон фарке надорад. Хатто тасвири графикии онхо низ дар экран якхела аст. Барои ярликро аз нишонаи объект фарк кардан Windows дар кунчи чапи кисми поёнии ярлик аломати тирча – мегузорад.

Аз нуктаи назари программави, ярлик дар асл файли идоракунандаи хурдест, ки бо ёрии он кушодани хуччатхо ва ба кор даровардани программахо хеле осон гардонида шудааст.

Саволхо:

  1. Объектхои асосии Windows кадомхоянд?
  2. Нишона гуфта чиро мефахмед?
  3. Ярлик аз нишона ягон фарке дорад?

Супориш:

  1. Матни мавзуъро бодиккат хонед ва онро накл кунед.
  2. Мафхумхои нишонаву ярликро чи хеле ки мефахмед, хамон тавр маънидод кунед.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …