Главная / Илм / КОСНи

КОСНи

kosniКОСНи (Cichorium intybus), коснич, шири харак, гиёхест бисёрсола. Аз 30 то 150 см кад мекашад. Пояи рости сершох, барги пармонанд, гултудаи сабадак, гули нилгун ё кабуд дорад. Аз бахор то тирамох гул мекунад. Одатан дар канори руд, рох, богу сахро, заминхои партову бекорхобида, галлазору юнучказор меруяд. Дар хама нохияхои чумхури вомехурад.
К. гиёхи доруист. Хосияти шифобахшии он ба табибони номи Фарскал, Горатсий, Теофраст, Чолинус маълум буд. Абуалии Сино К.-ро барои табобати нуксонхои дилу чигар ва узвхои хозима истифода мекард. Бино ба маълумоти «Махзану-л-адвия» К. кабзиятро мекушояд, ба чигар таъсири мусоид мерасонад, роххои пешоб ва гурдаро тоза мекунад. Чушоби решаи К.-ро хангоми зардпарвин ва обхура истифода мебаранд. Чушоби шохча, барг, гул ва решаи он барои табобати табларзаи музмин ва шадид, обхура, иллати сипурз, варами дасту по тавсия шудааст.
Дар тибби халкии точикон К.-ро аз кадим кор мефармоянд. Бо обзани он кудаконро хангоми офтобзадаги табобат менамоянд. Хокистари К.-ро ба каймок омехта ба шукуфа, захму чарохат мемоланд. Шираи К.-и сабз барои муоличаи варача истифода мешуд. К. барои илочи беморихои чигар ва зардпарвин муфид аст. Барои ин 40 г (4 чумча) баргу пояи хушк ё 200 г (2 чумча) решаи майдакардаи онро дар 1л об 30 дакика чушонда, рузе 2 – 3 маротиба ¼ истакон менушанд. Чушоби гули К. ва бобунаро барои дармони нуксонхои гурда, сипурз, чигар ва меъда ба кор мебаранд. Шираи К. дарди шикамро таскин мебахшад; решаи тараки онро хангоми исхоли хунин истеъмол мекунанд. Тухми К. хамчун давои табшикан ва араковар машхур аст. Сокинони Дарвозу Каротегин барги К.-ро куфта ба омосхо мебанданд. Дар тибби муосир решаи К. барои муоличаи диабет ва иллати хозима ба кор меравад. Ба акидаи табибони халки реша ё тухми К.-ро дар об чушонда, он обро дар дахон гардонанд, дарди дандонро таскин медихад. Барги онро куфта, бо орди чав хамир сохта гузошта банданд, дилбозиро, ки аз гарми бошад, шифо мебахшад. К.-ро бихуранд, гирехи чигарро мекушояд, зардпарвин ва истискои гармро шифо мебахшад, гиреххои рагхоро мекушояд, чигарро кувват медихад. Барги тар, тухм, гул ва решаи К.-ро дар об чушонда он обро бинушанд, иллатхои сипурзро шифо мебахшад, варами дасту поро ба ибро меорад.
Ад.: Ковалева Н. Г., Лечение растениями, М., 1972; Турова А. Д., Лекарственные растения СССР и их применение, М., 1974; Гаммерман А. Ф., Гром И. И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976; Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

telefon

Ба мактаб бо телефони мобили рафтан мумкин нест!

ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН ОИД БА МАНЪ НАМУДАНИ ИСТИФОДАИ ТЕЛЕФОНХОИ МОБИЛИ ДАР МАКТАБХОИ …