Главная / Илм / НИШОНАҲО ВА ЯРЛИКҲО ДАР КОМПЮТЕР

НИШОНАҲО ВА ЯРЛИКҲО ДАР КОМПЮТЕР

Нишона гуфта, тасвири графикии объекти Windows-ро меноманд. Объектҳои асосии Windows-ро программаҳо, файлҳо ва папкаҳо ташкил медиҳанд. Ҳар он амалиёте, ки гўё бо нишонаи объект гузаронида мешавад, дар асл бо худиобъект иҷро карда мешавад. Масалан, нусхабардорӣ намудани нишона, дар асл нусхабардории объект аст. Нишонаро нест намудан – ин объектро нобуд сохтан аст.

Дар Windows объектҳо нишонаҳои худро доранд ва онҳо маҳз ба воситаи нишонаҳояшон идора ва коркард мешаванд. Нишонаҳои объектҳо шаклан хеле гуногунанд. Баъзе нишонаҳо ба программаҳои системавӣ, қисми дигарашон ба программаҳои амалӣ, қисми сеюмашон ба программаҳои хидматӣ, қисми чорумашон ба ҳуҷҷатҳои корӣ ва ғайра тааллуқ доранд.

yarlik

Ярлик низ як навъ нишона аст, яъне он низ гўё тасвири графикии ягон объекти Windows аст. Вале фарқи ярлик аз нишона дар он аст, ки агар нишона худи объектро тасвир кунад, он гоҳ ярлик танҳо сояи объект ё худ суроғаи онротасвир мекунад. Ярликҳоро асосан барои зуд кушодани папкаю ҳуҷҷатҳо ва ба кор даровардани программаҳо истифода мебаранд.

Барои ҳар як объект, бо номҳои гуногун, якчанд ярлик сохтан мумкин аст. Онҳоро дар як равзана ё равзанаҳои гуногун ҷойгир кардан мумкин аст. Ҳамин тариқ, ярликро нишондиҳандаи суроғаи объект низ номидан мумкин аст. Агар мо ярликро нест кунем, он гоҳ дар асл на худи объект, балки нишондиҳандаи суроғаи он нест карда мешавад. Айнан ҳамин тавр, нусхабардории ярлик на нусха бардории объект, балки нусхабардории нишондиҳандаи суроғаи он аст.

Аз ин нуқтаи назар, ярликҳо дар хотираи компютер (диск) ҷои бисёрро банд намекунанд ва истифодабарии онҳо дар папкаҳои гуногун, аз истифодабарии нишонаҳои объектҳо самараноктар аст.

Тарзи истифодабарии ярликҳо аз тарзи истифодабарии нишонаҳо ягон фарқе надорад. Ҳатто тасвири графикии онҳо низ дар экран якхела аст. Барои ярликро аз нишонаи объект фарқ кардан Windows дар кунҷи чапи қисми поёнии ярлик аломати тирча – мегузорад.

Аз нуқтаи назари программавӣ, ярлик дар асл файли идоракунандаи хурдест, ки бо ёрии он кушодани ҳуҷҷатҳо ва ба кор даровардани программаҳо хеле осон гардонида шудааст.

Саволҳо:

  1. Объектҳои асосии Windows кадомҳоянд?
  2. Нишона гуфта чиро мефаҳмед?
  3. Ярлик аз нишона ягон фарқе дорад?

Супориш:

  1. Матни мавзўъро бодиққат хонед ва онро нақл кунед.
  2. Мафҳумҳои нишонаву ярликро чӣ хеле ки мефаҳмед, ҳамон тавр маънидод кунед.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …