Главная / Гуногун / Мусаввири ва хаттоти дар асрхои XVII-XVIII

Мусаввири ва хаттоти дар асрхои XVII-XVIII

Дар китобхона ва музейхои мамлакатхои чахон нусхахои хаттии китобхои гуногун мазмуни асрхои XVII- XVIII махфузанд. Баъзе аз онхо бо миннатюраи мусаввирони Осиёи Миёна зинат ёфтаанд. Аз намунаи кори онхо маълум мешавад, ки анъанаи мактаби миниатюрии асри XVI давом ва инкишофи босазои худро дар асрхои баъдина пайдо намудааст. Мисоли онро мо дар асари Шарафиддин Алии Язди “Зафарнома” мебинем. Ин нусха соли 1628 дар Самарканд китобат шуда, 12 миниатюраро дар бар мегирад. Хамаи расмхо бисёр зебо ва чолибанд. Мусаввири забардаст дар сахнахои рамзи бо як махорати хайратангез тавонистааст микдори зиёди симохои одамро чой дихад. Дар ин миниатюра симои 28 одам ва 18 асл мавчуд аст. Дар миниатюра чанги 20 кас тасвир ёфтааст. Сахнаи базми Темур низ пуродам аст: дар ин чо ахли кибор, сипохиён, мутрибон, хофизон, ровиён ва сокиёнро метавон дид. Сахнахо хеле зебо ва хушранг офарида шудаанд.

im10

Ба хамин навъ санъати баланд асари муаллифи масчохи Масъуд ибни Усмони Кухистони — “Таърихи Абдулхайрхон”, асари Хотифи — “Темурнома” зеб ёфтаанд. Яке аз мусаввирони забардасти замон Мухаммадмуроди Самарканди буд. У асари маъруфи Саъдии Шерози “Бустон”- ро бо санъати волои худ зеб додааст.

Китобхои гуногунмазмун, махсусан девони шоирони замонхои мухталиф, аз тарафи хаттотони маъруфу машхури асри XVII-ибтидои асри XVIII руйнавис мешуданд. Нисбат ба мусаввирон хаттотон афзалият доштанд. Хушхаттарин ва маъруфтарини онхо дар дарбори хонхо ва ашроф хизмат мекарданд. Хаттотони маъруфи ин аср Мир Имод ва Хочи Ёдгор буданд. Хаттоти як навъи боэътибори касбу хунар ба шумор мерафт. Азбаски шоирони доирахои шахр ба воситаи шеър зиндагии худро таъмин карда наметавонистанд, бисёри аз онхо баробари шеъргуи хушнависи ва хаттоти низ мекарданд. Ин хунар барояшон мадори маош мегардид. Якс аз устодони хат Хочи Мухаммад Собири Самарканди хам шоир, хам устоди хафткалам (яъне устоди хафт намуд хат) буд. Дигар устоди хат шоири забардаст Мумтози Самарканди ба шумор мерафт.

Санъати баланди хаттотие, ки дар навиштани китобхо мушохида мешавад, аз хатхои руи санги кабрхо фарк мекунад. Аз катибахои бокимондаи кухистони точик—Мастчоху Фалгар, бармеояд, ки дар асри XVII хунари зебои асри XV-XVI ру ба таназзул нихода буд. Устодони хатти руи сангхо дар кухистон Хочи Махмуд, Боки писари Мухаммад ва дигарон буданд.

Ба санъати мусаввирон ва хаттотони забардаст хунари саххофон (муковакунандаи китоб) чур буд. Зебои ва бозоргир шудани китоб ба хунари онхо низ вобастаги доштт. Муковаро устохо аз чарм сохта, руи онро бо гулхо оро медоданд. Ба руи мукова ба гайр аз гулу гулкори ном ва соли чилдсозиашонро устохо сабт мекарданд. Яке аз саххофони устокори асри XVII Мулло Ортук писари Суфи Турсун буд. У соли 1683 Куръонро чунон устокорона мукова кардааст, ки бинандаро дар хайрат мегузорад.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …